.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” - яке аз барномаҳои муаллифӣ-таҳлилии телевизиони Тоҷикистон дар тӯли 6 соли пахш аз (7-уми феврали соли 2012) бисёр ҳаводорон ва мухлисони дохиливу хориҷиро пайдо кардааст. Мо бахшида ба 6-солагии таъсиси барнома суҳбате доштем бо муаллифи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, журналисти муваффақ Фатҳиддин Замон, ки фишурдаи он пешкаши шумост.
- Сараввал мехостем огаҳ шавем, ки барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” пешниҳод ва идеяи кӣ буд, то ин барнома дар Телевизиони Тоҷикистон таҳия ва пахш шавад?
- Пеш аз ташкили барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” мо соли 2010 барномаи “Паргор”-ро таъсис дода будем, ки фарогири масоили муҳими ҷаҳонӣ буд. Баномаи “Паргор” то соли 2012 таҳия ва пахш мешуд ва дар миён банда тасмим гирифтам барномаро ба “Тоҷикистон ва ҷаҳон” табдили ном кунам ва пахши онро аз санаи 7-уми феврали соли 2012 ба роҳ монем. Идеяи пешниҳоди барнома бошад, аз тарафари худи ман аст. Асоси пешниҳоди барнома ин илҳом аз талошҳо ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳмон дар роҳи ояндасозии Ватан, даъвати насли ҷавон барои ободӣ ва якпорчагии давлат буд.
- Барои чӣ маҳз номи барнома “Тоҷикистон ва ҷаҳон” шуд? Оё зарурате пеш омад барои таъсиси чунин як баномаи мураккаби таҳлилӣ дар Телевизиони Тоҷикистон?
- Дар фазои иттилоотии ВАО-и ҷаҳонӣ имрӯз телевизионҳо нақши калидӣ доранд ва таҳияи чунин барномаҳо тақозои вақту замон аст. Зеро ҳоло дар телевизионҳои давлатҳои хориҷӣ чунин барнома вуҷуд дорад, аз ҷумла дар телевизионҳои ИМА - “Амрико ва ҷаҳон”, дар Қазоқистон - “Қазоқистон ва ҷаҳон”, дар Куриё - “Куриё ва ҷаҳон”, дар Ҷопон - “Ҷопон ва ҷаҳон”. Дар кишварҳои ҷаҳон таҳти чунин ном барномаҳо пешниҳод мешаванд. Аммо зарурати таъсиси чунин як барнома бо чунин ном, бо чунин идея ва бо чунин андеша дар фазои расонаҳои ҷумҳурӣ, хусусан телевизионҳо вуҷуд дошт. Зеро дар фазои расонаҳои Тоҷикистон ҷойи чунин як барнома холӣ буд ва мо тасмим гирифтем барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро таъсис диҳем.
- Яъне “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ин таҳаввулоти навест дар радифи барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон. Пас мақсад ва мавзуоти муттамарказии барномаро чиҳо ташкил медиҳанд?
- Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” вазъи феълии сайёраи Заминро дар қиёс ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешкаш мекунад. Дар баробари дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳон Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи байналмилал дар ҳаллу баррасии мушкилоти ҷойдошта ҷойгоҳи худро нишон медиҳад. Дар ин радиф Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибистиқлол аз нигоҳи манфиату нуфузи кишвари худ дар ҷойгоҳи ҷаҳонӣ ҳифз мекунем ва мақсади асосии барномаи мо низ ҳамин аст. Мавзуҳои дар рафти барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” баррасишаванда гуногунанд. Мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маданӣ, ахлоқӣ, илмӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, буҳрони муҳоҷират, паноҳҷӯёни бесарпаноҳ, парвандаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳуқуқи зан ва кӯдак, баробарҳуқуқии зан ва мард, ваъият дар Ховари Миёна ва хоки Афғонистон, муҳимтарин дастовардҳои улуми кайҳоншиносӣ ва илму технологияи навинро барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар бар мегирад. Умуман, дар таҳияи барнома мо ҳеҷ гоҳ побанди як мавзуъ намешавем, яъне дар пахш барнома бо шаклу услуби дигар ба тамошобинон пешкаш мешавад.
- Баҳои журналистони хориҷӣ ба барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва қабули барнома аз тарафи тамошобинони бурунмарзӣ чӣ гуна аст?
- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар сомонаи «Ютуб», дар сомонаи Кумитаи телевизион ва радио бештар журналистони хориҷӣ оид ба барнома фикру ақидаҳои худро менависанд. Аз ҷумла, журналистони телевизиони БИ-БИ-СИ, телевизионҳои Афғонистон - «Тулуъ» ва «Паёми афғон», хусусан телевизионҳои афғон дар шаҳри Торонтои Канада гароиши зиёд доранд барои ҳамкорӣ ва дунболгирии мавзуоти доғи рӯзи хоки Афғонистон. Вақте мо пайгири ҳодисаи кушта шудани афғондухтар Фархунда шудем ва онро дар барномаи худ пахш кардем, як ҳодисае рух дод. Рӯзе дар идора будам ва занг шуд, ки дар берун касе шуморо интизор аст. Ба берун баромадам, ки як ҷавоне тайи ду соат мунтазири ман аст. Пас аз аҳволпурсӣ огаҳӣ пайдо кардам, ки ин ҷавон бародари Фархундаи кушташудаи афғон аст. Гиря мекард, ки хоҳарамро бегуноҳ куштанд ва аз ман хоҳиш кард, ки сабте аз барномаи ба Фархунда бахшидаро ба ӯ диҳам, то ба ватан бурда, дар телевизион намоиш диҳад. Пас мо як нусхае аз барномаро ба бародари Фархунда тақдим кардем ва эшон ин барномаро бурда дар телевизиони «Тулуъ - нюс» пахш карданд.
Вақте барномаро дар кишварҳои хориҷа сабт ва пешкаш мекунем, ҳама тарафдори мо мешаванд, ки бояд чунин як барнома, ки тарғибгари сиёсати Ҳукумати кишвар аст, вуҷуд дошта бошад. Ҳатто мо барои муаррифии Тоҷикистон барномаро вақте дар кадом маклакате сабт кунем, бо ҳамон забони кишвар тарҷума ва пешкаш мекунем. Барномаҳои ба мавзуҳои ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат дар самти обу экология, ҳамкориҳои СММ ва мубриза бо терроризму ифротгароӣ бахшидашударо мо ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ тарҷума мекунем, ки ҷумла ҳамаи инҳо аз тарафи тамошобинони хориҷӣ хуш пазируфта мешаванд.
- Ишора шуд, ки вақте дар хориҷа барномаро сабт мекунед, онро бо забони ҳамон давлат тарҷума мекунед. То имрӯз барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар кадом мамолики ҷаҳон сабт ва таҳия шудааст?
- Дар ҳар мамлакате, ки ман ташриф меорам, кӯшиш мекунам як-ду барнома сабт кунам. Мо дар шаҳрҳои Абу - Забии АМА, Токиои Ҷумҳурии Ҷопон, Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлатҳои Россия, Арабистони Саудӣ ва Қувайт баномаро сабт карда, ҳатто нусхаҳои онро ба ҳамин кишварҳо фиристодаем. Ман дар сафаре, ки ба Ҷопон доштам, бо журналистони телевизионҳои The Japan News ва Osaka TV суҳбат доштам ва чанде аз бахшҳои баномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро дар онҷо пахш кардему барнома аз тарафи онҳо хуш пазируфта шуд. Ҳатто журналистони Ҷопон изҳори боварӣ намуданд, ки «мо омода ҳастем бо журналистони Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем».
- Пас, дар оянда чӣ нақшаҳо ва дигаргуние дар барнома ба нақша гирифта шудааст, хусусан дар соли 2018?
- Дар фурсатҳои наздик барои тарғиби сиёсати кишвар ҳамаи нусхаҳои барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро, ки теъдодашон зиёда аз 470 бахшро ташкил медиҳад, пайдарҳам дар саҳифаи сомонаи «Ютуб» мегузорем, то ба хориҷиён дастрас бошад. Дар соли 2018 бошад, дар дохили барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшеро таҳия кардем, ки ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, мушкилоти соҳа ва даъвати кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон нигаронида шудааст. Мо бояд ҳамеша ҳамқадами ваҳдат ва иттиҳод бошем, зеро иттиҳоди мо - ин қудрати мост.
- Ногуфтаҳои Фатҳиддин Замон бо “Тоҷикистон ва ҷаҳон” чист?
- Дунё! Дунёи пур аз таззод аст. Зеро ҳар лаҳза вазъияти ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст. Ҳар сония, ҳар дақиқа ва ҳар соат ҷаҳонро таҳаввулоти нав фаро мегирад ва барои дастрас кардани ҳамаи ин навгонӣ ва пешкаш кардани он ба бинанда фурсат танг асту даст намедиҳад. Вале ҳоло навгониву воқеоту гузоришҳои барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар пешанд, зеро мо пайгири ҳар ҳодисаи рӯзмарраи ҷаҳонем. Ҷаҳон дар ҷойи худ ҳамеша дар ҳоли инкишофу навгонӣ пеш рафта истодааст ва ҳар нафас нав мешавад. Чунончи, Мавлоно гуфтааст:
Ҳар нафас нав мешавад дунёи мо,
Бехабар аз навшудан андар бақо.

Суҳбати Нуралӣ КАРИМ

Хонданд 596

Суҳбати ихтисосӣ бо Нур Ҳабиб Свотӣ, президенти Своти Қавм Танзими Покистон

Муборизаи тоҷикони бумии Покистон барои бозгардонидани ҳуввияти гумшудаи худ таҳаввулоти ҷолиберо аз сар мегузаронад. Cоли гузашта маҷаллаи инглисизабони The Friday times (Покистон), №4, 3 августи соли 2017) матлаби Ориф Ҳасан Охундзода, муҳаққиқи тоҷики покистониро таҳти унвони «Тоҷикони гумшудаи Покистон» ба нашр расонд (тарҷумаи онро ҳамон моҳ нашрияи «Самак» низ нашр кард). Бино ба он, замони ҳамлаи Бобури темурӣ ба Ҳинд Мамлакати Габр ё Салтанати Свот, ки ҳокимонаш тоҷик буданд, сарнагун шуд. Ба хотири расидан ба тахти Ҳинд Бобур аз пуштунҳои юсуфзойӣ мадад хост. Ахириҳо дар навбати худ аз ӯ тахти Свотро талаб карданд. Бобур розӣ шуд. Ҳамин тавр, салтанати 330 - солаи тоҷикони Свот (1190 – 1519) барҳам хӯрд ва таърихаш низ ба кунҷи фаромӯшӣ афтод. Тоҷикони Свот тобеияти ҳокимони паштунро пазируфтанд. «Деҳгонон» - аристократҳои тоҷик ба як кишоварзи иҷоракор – деҳқон ва тоҷик ба паштун табдил ёфт.
То Ориф Ҳасан Охундзода на як бору ду бор бузургони тоҷики свотӣ мавзӯи эҳёи ҳуввиятро ба миён гузоштанд, аммо дастгирӣ наёфтанд ва корашон ҳам пеш нарафт. Аммо имрӯзҳо тоҷикони Свот ба муваффақиятҳо даст меёбанд. Ин суҳбат бо Нур Ҳабиб Свотӣ, президенти Своти Қавм Танзими Покистон, созмони расман сабтиномшудаи тоҷикони Свот аст.

- Инак, Своти Қавм Танзим Покистон… Ин чӣ созмон аст?

- Своти Қавм Танзим Покистон созмони ҳифзи иҷтимоиест, ки тоҷикони Свотро дар атрофи андешаи баргардонидани ҳуввияти миллиашон муттаҳид мекунад. «Своти қавм» қабила нест, балки номи хоси тоҷикони водии Свот аст, ба монанди тоҷикони Афғонистону Эрону Ӯзбекистону Тоҷикистон. Тоҷикон дар қиёс бо халқҳои дигари минтақа қабила надоранд. Ҳар тоҷик, дар кадом гӯшаи дунё, ки ба сар набарад, аз чашмаи як таърих, фарҳанг, адабиёт ва забон об мехӯрад.

- Андешаи ташкили ҳамчунин созмон кай ва аз сӯи кӣ ба миён омад ва зарурати онро барои Покистон дар чӣ мебинед?

- Гомҳои аввалия дар амри эҳёи ҳуввияти миллии «свотӣ» чанд даҳа пеш аз сӯи чанд бузурги ноҳияи Дири музофоти Хайбар – Пахтунхваи Покистон бардошта шуда буд. Соли 1986 Ҳоҷӣ Заррин Свотӣ ва Ширин Хон Свотӣ, ду бузурги тоҷикони Свот, созмонеро таҳти унвони "Танзим барои таҳаффузи ҳуқуқи инсони свотӣ” ё Созмони ҳуқуқи башари свотиёнро роҳандозӣ карданд. Мутаассифона, фаъолиятҳои эшон самар надод ва кор ҳам то соли гузашта, ки матлаби Ориф Ҳасан Охундзода – “Тоҷикони гумшудаи Покистон” нашр шуд, пеш нарафт. Маҳз матлаби ӯ таваҷҷуҳи бесобиқаи мардуми моро зинда кард. Фикр мекунам, фурсат ҳам расид!

- Оё созмон расман сабти ном шудааст?

- Бале, ҳатман. Своти Қавм Танзим дар вазорати таъминоти иҷтимоии Покистон ва бар пояи Қонуни ҷамъият ва созмонҳо (1860) 25 октябри соли 2017 сабти ном шуд.

- Созмон Оинномаву Барнома дорад?

- Бале, ҳастанд ва мо аз рӯи онҳо корро пеш мебарем. Мо аллакай рӯи аҳдофи гузошташуда дар амри беҳбуди зиндагии мардуми худ кор мекунем. Тайи се моҳи охир чандин дафтар дар Покистон ва хориҷ аз он боз кардем. Дафтарҳои мо ҳамин ҳоло дар навоҳии Дир, Мансеҳра, дар умум водии Свот ва шаҳри Мардони музофоти Хайбар Пахтунхва кор мекунанд. Ду рӯзи пеш дафтарамон дар шаҳри Ровалпиндии музофоти Панҷоб низ ифтитоҳ шуд. Дирӯз дафтари марказиамон дар Исломобод ба кор шуруъ кард. Ҳанӯз дар оғози кор намояндагиҳоямон дар шаҳрҳои Риёзи Арабистони Саудӣ, Бостони ИМА ва Лондони Бритониё боз шуда буданд.

- Дафтарҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба кадом хотиранд?

- Ба хотири эҷоди афкори умум ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиаи байнулмилалӣ.

- Оё мешавад Своти Қавм Танзимро созмони сиёсӣ ё Ҳизби тоҷикони Покистон унвон кард?

- На. Дар ҳоли ҳозир, мо созмонро дар амри «хадамоти мардумони тоҷикони Покистон» кор мебарем. Ҳадафу вазифаҳои он ҳизбӣ нестанд, балки махсуси як созмони миллиянд, ки ҳуввият ва эҳёи ҷамоати тоҷикони Покистонро таблиғ мекунад. Пешниҳоди ташкили ҳизб низ буд, аммо дар марҳалаи кунунӣ мо ба ин омода нестем. Фақат ва фақат барномаҳои ҳуввияти миллии худро пеш мебарем. Нияти дар интихобот ширкат карданро ҳам надорем. Аммо ба рушди умумии сиёсӣ, қавмӣ ва фарҳангии тоҷикони Своти Покистон талош мекунем. Баъдтар метавон онро аз ҳисоби ҷамоати тоҷикони Деҳвори Балуҷистон низ тавсиа бахшид.

- Шумо бо тоҷикони Деҳвор тамос гирифтаед?

- Бале, албатта. Мо бо онҳо дар ҳама сатҳ музокираи ғайрирасмӣ дорем. Онҳо яке аз қишрҳои соҳибнуфузи ҷамъияти Балуҷистонанд. Тоҷирони сарватманданд, аммо тоҷикони на он қадар аҳл. Аммо ҳамагӣ медонанд ва ифтихор мекунанд, ки тоҷиканд. Ин муҳим аст. Раҳбари асосии онҳо, ҳамкасби ман Доктор Ториқ Хон мебошад. Чеҳраи дигари маъруф Мир Қурбон Тоҷикзода аст. Мо бо онҳо музокира дорем.

- Хуб, Шумо маҳз чӣ кор карданиед?

- Корҳои мо оддӣ ва шаффоф хоҳанд буд. Ба ҳамон корҳое даст хоҳем зад, ки барои эҳёи ҳуввияти тоҷикони Свот заруранд. Дар навбати аввал, мо ба соҳаи маориф авлавият додаем. Як «ҳавзи миллӣ» ё мактабҳои миллиро эҷод мекунем ва дар онҳо таърих, фарҳанг ва адабиёти тоҷикро таълим хоҳем дод.

- Тоҷикони свотӣ бо кадом забон ҳарф мезананд?

- Свотиҳо дар манотиқи қавмии мухталифи Покистон зиндагӣ мекунанд. Дар Своту атрофаш, ба шумули водии Пешовар, свотиҳо – тоҷикҳо пашту ҳарф мезананд. Аммо дар Ҳазораи он тарафи дарёи Синд ҳудуди 40% - и тоҷикон ба забони ҳиндку, як намуди дигари забони панҷобӣ ва ҳам пашту суҳбат мекунанд.

- Яъне свотиҳо забони тоҷикии форсиро намедонанд?

- Бале, аксарияти онҳо. Аз ин хотир, мо ният дорем ҳанӯз дар сатҳи ҷиноҳи ҷавонони созмон – «Рустамдор» забони модариамонро омӯзем. Омӯзгор дорем ва агар зарур бошад онҳоро аз кишварҳои ҳамсоя ворид мекунем.

- “Рустамдор”? Ин чӣ маъно ва чӣ рабте бо номи Рустами Достони устураӣ дорад?

- Бале, ҷиноҳи ҷавонон ба номи қаҳрамони устураӣ Рустам, писари Зол ва падари Суҳроб аз «Шоҳнома» аст... Ҳадафи он таблиғу роҳандозии тарбияи баданӣ, назму тартиб, одобу рафтор ва дониши хуб миёни ҷавонони тоҷики Покистон аст...

- Магар онҳо намехонанд ва одоб надоранд? Ё ман Шуморо нодуруст фаҳмидам? Аз кадом назму тартиб ва таҳсил мегӯед?

- «Рустамдор» як чизе монанд ба бойскаутҳо, ё пионеру комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ аст. Онҳо бо тарбияи баданӣ ва руҳии худ машғул хоҳанд буд, аммо сирф ба маънои тоҷикии он. Тавре дар «Авасто» омада: «Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек». Мо – калонсолон мехоҳем фарзандонамонро он гуна тарбия кунем, ки бояд бошанд. Ва маҳз тоҷик, ки дар тӯли таърих ҷаҳониён ӯро як фарди илму адаб, одобу ахлоқи ҳамида ва намунаи одаму одамгарӣ мешинохтанд.

- Ҷавонони Свот, ё тоҷикони бумии Покистон чӣ мехоҳанд ва дар бораи ояндаи худ чӣ фикр доранд?

- Онҳо ояндаи худро бо Покистон мебинанд ва мехоҳанд беҳтарин шаҳрвандони ин сарзамин тариқи илму дониш бошанд.

- Вақте тоҷиконе, ки дар канори пуштунҳо ва дигар ақвоми Покистон ба пашту, ҳиндку ва дигар забонҳо такаллум мекунанд, аз дигарон чӣ фарқ доранд? Албатта, ман тарзи зиндагӣ, тафаккур ва фарҳанги онҳоро дар назар дорам.

- Усулан, свотиён ба монанди дигарон покистониянд. Аммо онҳо ҳуввияти хоси худро доранд – свотӣ! Свотиён тоҷиканд, на паштун. Мо худро ҷузъе аз Покистони гуногунмиллат меҳисобем. Ватанамонро дӯст медорем ва ба он хизмат мекунем. Аммо мо мехоҳем моро ҳамон гуна эътироф кунанд, ки будем ва дар асл ҳастем. Мо таъриху фарҳанг ва адабиёти ғании худро дорем, он чӣ дигар ақвом надоранд.
Свотиён «ахлоқ» - рафтору одоб, тарзи зиндагии худро доранд ва аз решаҳои худ фавқулодда ифтихор мекунанд. Ростӣ, як фоҷиаи бузург хоҳад буд, агар моро дар як сатҳи поёнтаре – «паштун» дастабандӣ кунанд.

- Тоҷикони Свот аз тоҷикони дигари минтақа, масалан, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки тӯли таърих ба Покистон ҳиҷрат карда, онро ватан баргузидаанд, чӣ фарқ доранд?

- Суоли хеле хубест. Дар оғоз бояд шарҳ диҳем. Ин як таърихи хеле ҷолиб аст! Тоҷикон яке аз қадимитарин ҷамоатҳои бумии ин минтақаанд. Шалмониҳо аз ҷамоати ҳукмрони «деҳгон» буданд ва як таърихи рӯшан доранд. Иддае аз муаррихин бар инанд, ки тоҷикони шалмонӣ аз Курдистону Сурия омадаанд. Ба ҳамин қарибӣ як таҳқиқи генетикии олимон ва муҳаққиқини мустақили байнулмилалӣ ин нуктаро собит кард. Он замон ин минтақа (Ассурия) марзҳои ғарбии Империяи Форс буд. Муҳоҷирати тоҷикони шалмонӣ ба Пешовар (Гандҳара) то ибтидои империяи Ҳахоманишиён анҷом ёфтааст, агар аз ин ҳам барвақттар набошад. Аристократияи тоҷик – «деҳгон» аз Куруши Кабир маншаъ мегирад, ки дар Қуръон «Искандари Зулқарнайн» ёдоварӣ шудааст.
Гибарӣ ё Габарӣ як силсилаи шоҳонӣ шалмонӣ аст. Баъдтар дар даврони исломи ибтидоӣ онҳо салтанати худро ташкил доданд. Гибариҳо ҳамчунин «свотӣ» машҳур шуданд (аз калимаи арабии «сувад», ки маънои заминҳои ҳосилхези канори соҳили рудҳоро дорад). Дар минтақаи Гандҳара чунин рудхонаҳо ва маҳалҳои зисти одамон зиёд буданд. Тадриҷан мафҳуми «Сувад» (ё баъдтар Свот) – ро дар баробари ҳамон водие истифода мекарданд, ки маҳалли иқомати ҳукумати салотини Гибар буд ва сокинонаш ба «свотӣ» маъруф шуданд. Аммо тоҷикони шалмонӣ, ҳар куҷо набошанд ва зиндагӣ накунанд, ба унвони «свотӣ» ҳақ доранд.

- Шумо ҷуғрофиёи “Своти қавм” ё “тоҷикони Свот” – ро чӣ гуна тасвир мекунед?

- Тоҷикони Свот ҳамон шалмониҳое ҳастанд, ки дар ин минтақаи як замон маъруф ба Салтанати Свот/Гибар зиндагӣ мекарданд. Он аз Кобулу Кописо дар Ғарб то дарёи Ҷайлам ва Кашмир дар Шарқ густариш ёфта буд... Аммо ҳоло дар ҷамоаҳои свотии манотиқе назири Мансеҳра ва Баттаграм маҳдуд мешавад.

- Имкон дорад, ки теъдоди тоҷикони Свотро муайян кунед? Ҳадди ақал, тахминан…

- Свотиён як қавми бузурганд. Ҳудудан 800 000 нафаранд. Аммо тоҷикони пуштуншуда дар ҷойҳои дигар ва манотиқи атроф, ки эҳтимолан аз мансубияти қавмии аслии худ хабар надоранд, тақрибан 3 то 4 миллион нафар ҳастанд. Ин ҳама арқоми тахминиянд. То ба ҳол ягон нуфусшумории расмӣ сурат нагирифтааст ва дар тақсимбандии қавмии Покистон мафҳуми эътирофшудаи «тоҷик» вуҷуд надорад. Свотиёнро дар бахши «паштун» зикр мекунанд.

- Дар корҳои созмон кӣ Шуморо ҳамроҳӣ ва кӣ мадад мекунад?

- Моро худи свотиён сармоягузорӣ ва мадад мекунанд. Ҳар яки онҳо мехоҳад дар кори умум саҳми мусбати худро гузорад.

- Чӣ муваффақиятҳое дар кори Шумо дида мешавад?

- Тавре гуфта будам, мо корро соли гузашта аз нав шуруъ кардем. Шаш моҳ гузашт, аммо дар ин муддати кутоҳ шоҳиди пешрафт ва ибтикорҳои фавқулодда будем. Созмонҳои ибтидоӣ ва дафтарҳо дар тамоми сатҳҳо рӯи кор меоянд, худи мардум онҳоро ташкил ва ба раҳбарият муроҷиат мекунанд. Ин воқеан болотар аз он аст, ки мо интизорашро доштем!

- Оё он чиро, ки дар ибтидои кор мехостед, ба даст овардед?

- Бале ва таваққуъи мо аз ин бештар аст!

- Маҳз чӣ, агар сир набошад?

- Ин ҷо сирре нест. Мо мехоҳем худро тоҷики свотии Покистон собит ва хатои таърихиро, ки ҳуввияти моро аз мо гирифт, ислоҳ кунем.

- Мардуми оддӣ Шуморо чӣ гуна қабул дорад?

- Онҳо медонанд, ки мо дар кори эҳёи ҳуввияти эшон самимӣ ҳастем. Имрӯзҳо ман зиёд сафар мекунам ва дар чашмони мардум шуълаи умеду орзу ва бовариро мебинам.

- Кӣ Шуморо бештар дастгирӣ мекунад: бузургсолон ё ҷавонон?
- Мешавад гӯям, ки ҳама.

- То ба ҳол чӣ қадар узв пайдо кардаед?

- Мо аллакай чанд ҳазор узв дорем. Ҳоло сабти номи расмии аъзоро шуруъ накардаем. Аммо кори тавзеъи кортҳои узвият дар бархе манотиқ шуруъ шудаанд. Ба ҳамин наздикӣ дар бораи теъдоди мушаххаси аъзо метавонем омор пешниҳод кунем.

- Дар бораи Тоҷикистон чӣ медонед?

- Мо, албатта, медонем, ки бародарони қавмии мо дар шарқ хеле пеш соҳиби давлати худ шудаанд ва дар кишвари пешрафтае, ки ба номи Тоҷикистон маъруф аст, зиндагӣ мекунанд... Он ба марзҳои шимолии мо хеле наздик аст.

Суҳбати Фахриддини ХОЛБЕК


Мухтасари тарҷумаи ҳол:

Доктор Нур Ҳабиб Свотӣ 10 июни соли 1978 дар деҳаи Ҳоли ноҳияи Дири музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм карда, ба Коллеҷи ҳукуматии Тимергари шаҳри Дир дохил шуд. Касбаш пизишки дандон аст. Аз хурдӣ ба корҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ машғул буд. Ҳамчунин узви комиссияи ҳукуматии мубориза бо Толибон – Амана Ҷиргаи ноҳияи Дири музофоти Хайбар – Пахтунхва аст. Бо тахаллуси «Ноз» шеър мегӯяд. 

Хонданд 488

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи ҳайвонҳои ваҳшии Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе Эмомова Зуҳро


Ба «Боғи ҳайвонот» даромадан замон ба назарам панҷараи хирс афтод. Хирси даруни панҷара бо зане бозӣ мекард. Бо супоришҳои пай дар пайи зан, ки аз як панҷара гузашта буд, хирс гоҳ мерақсид, гоҳи дигар «салто» мезад. Ҳама тамошобинон ба ин манзара бо диққат нигариста, бархе сабт мекарданд, бархеи дигар акс мегирифтанд ин манзараро ва бархеи дигар якҷоя селфӣ мекарданд бо хирсу зан. Ин зан бо ҳама ҳайвонҳои даруни панҷара - хирс, гург, шер, паланг, яъне бо ҳайвонҳои ваҳшӣ якранг муносибат карда, дар даҳони онҳо ҳар гуна ширинӣ мемонд, пуштҳояшонро мехорид, суҳбат мекард, супориш медод, механдид… Мо суҳбате оростем бо ин зан, ки фишурдааш ба хонанда пешкаш мегардад.
- Салом!
- Воалейкум бар салом!
- Мо суҳбату бозӣ карданатонро дидем. Ҳатто миёни Шумо ва ҳайвонҳои ваҳшӣ танҳо як панҷара буд. Сабаби наҳаросиданатон дар чист?
- Ҳайвон ҳиссиёти одамро мефаҳмад. Агар шахс ба гандагӣ ва бо нияти зарар расонидан ё ғам додан ба онҳо наздик шавад, ё аз дур ҳам муносибат кунад, ҳатман огоҳ мешаванд. Ҳайвонотро ҳам Худо офаридааст, ҳамон Худое, ки моро офаридааст. Ман аз онҳо наметарсам, зеро онҳо ҳам фарзандони мананд. Онҳо ҳам дар навбати худ наметарсанд аз ман, зеро ман модари онҳо мешавам.
- Модоме, ки ин қадар бо меҳр худатонро бо ҳайвонҳо узви як оила мешуморед, ҳатман дар миён чӣ гапе ҳаст ба ҷуз ин муносибатҳоятон. Ё не?
- Каме ҳам бошад, фаҳмидед. Ман ба ин ҳайвонҳо шир додам, шири худамро ва фикр мекунам, сабаби асосии меҳри зиёд доштанам ба ҳайвонҳо ҳамин аст.
- Қиссаи чи тавр шир доданатнро нақл намекунед?
- Мекунам. Чаро не.
- Марҳамат!
- Ман вақте надоштам, ки ширамро ба фарзандам диҳам. Модарам мегуфт, ки ширатро дӯшида, зери дарахте рез. Ман бошам, ширамро ба ин ҳайвонҳо медодам. Ҳамин тавр, ман модару ин ҳайвонҳо фарзанд шудаанд.
- Чӣ Шуморо ба ҳайвонҳо мепайвандад?
- Якум ин ки, ман аз хурдӣ бо ҳайвонҳо муносибати наздик доштам, хеле наздик. Бузу мурғ, сагу гурбаи ромшуда доштам ва аз субҳ то шом бо онҳо мегаштам. Албатта, ин гуна муносибатро ягон модар намехоҳад ва маро пайваста ҷанг мекарданд. Фикр мекунам, ки меҳри ҳайвон дар хуни ман ҷой дода шудааст. Дуюм ин ки, ман 10 сол фарзанд наёфтам. Шояд инҳо дарди бефарзандиро аз ман каме гирифтанд.
- Инҷо чи гуна ба кор омадед?
- Баъди оилаам вайрон шудан дилам аз зиндагӣ тамоман монд. Аз одамон дида, дарду аламамро ба ҳайвонот холӣ мекардам. Ҳамроҳи гурбаву саги ҳамсояҳо гап зада мешиштам. Ин муносибати маро дида, ҳамсояҳо мегуфтанд, ки «рав, дар «Боғи ҳайвонот» кор кун». Хуллас, ҳамсояҳо роҳнамоӣ карданду ман ба кор омадам. Баробари шунидани мақсадам раиси онвақтаи «Боғи ҳайвонт» дар тааҷҷуб монда, аввал қабул накард. Ман ба зораву нола гузаштам ва аз 8-ум то 12-уми марти соли 2007 омада рафтан гирифтам. Рӯзи охирин бо раис рӯ ба рӯ истода, гуфтам, ки «бовар кунед, ман дигар роҳкиро барои омадан надорам. Маро ба кор мегиред ё не?». Намедонам чи хел шуд, ки маро ба кор гирифт ва ҳамин тавр, аз 12.03.2007 то имрӯз дар инҷо ба нигоҳубини ҳайвонҳои ваҳшӣ машғулам.
- Чанд соат кор мекунед?
- Аз соати 8 то 18.
- Дар як ҳафта чанд рӯз кор мекунед?
- Дар як ҳафта 6 рӯз кор мекунам. Рӯзи истироҳатии ман рӯзи душанбе аст.
- Шумо гуфтед, ки рӯзи душанбе рӯзи истироҳатиатон аст. Пас, рӯзи душанбе ин ҳайвонҳоро кӣ нигоҳубин мекунад?
- Ман рӯзҳои душанбе ҳам меоям. Меояму корҳоро ба барвақтӣ тамом карда меравам. Хӯрок медиҳам, тоза мекунам.
- Хӯрокдиҳӣ чи гуна аст ва чанд маротиба?
- Дари хӯрокдиҳӣ алоҳида аст. Вақте ман аз он дар меоям, ҳайвонҳо худашон эҳсос мекунанд, ки хӯрок овардаам. Бовар кунед, як дарро ман мекушоям, дари дигарро онҳо. Ҳар рӯз як маротиба ба ин ҳайвонҳо хӯрок медиҳам.
- Таги пойҳояшонро чи гуна тоза мекунед?
- Агар аҳамият дода бошед, дар шуъбаи мо 13 панҷара аст, ки дар дохилашон гург, шер, паланг ва хирс зиндагӣ мекунанд. Аз ҳамин миқдор панҷара як панҷарааш холӣ аст. Барои таги пойҳои инҳоро тоза кардан, ман бо тартиб ҳайвонҳои панҷараи дуюмро ба панҷараи якум мегузаронам ва панҷараи ифлоскардаашонро тоза мекунам. Бо ҳамин тартиб ҳамаашро ҳар рӯз тоза мекунам.
- Дар муддати ин қадар сол ягон воқеа рух надодааст?
- Худо нишон надиҳад, то ҳол дар ин кори ман ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст. Ҳайвонҳо на ба мардум ва на ба худам зарар нарасонидаанд.
- Чаро ба одамон нею ба ҳайвонҳо мудом дарду аламатонро холӣ мекунед?
- Чунки, фикр мекунам аз одамон дида ҳайвонҳо маро бисёртар мефаҳманд. Албатта, ман ҳар вақте зиқ шавам, бо ин ҳайвонҳо гиря мекунам, чӣ дарду ғаме, ки дорам, ба инҳо мегӯям ва фикр мекунам, инҳо маро мефаҳманд.
- Атрофиён, падару модар, хешу ақрабо ба ин касбатон чӣ назар доранд?
- Дар аввал падару модарам умуман розӣ набуданд ба корам. Онҳо дар ташвиш буданд. Ростӣ, ман пинҳонӣ ба ин кор сар кардам. Пас аз чанд моҳ кор карданам хабар ёфтанд. Фикр мекунам, ҳоло розиянд, зеро аллакай фаҳмиданд, ки ман бе ҳайвонҳо худамро тасаввур карда наметавонам.
- Ягон кори нав бо маоши хубтар пешниҳод кунанд, ҷавобатон чӣ мешавад?
- Ҳамин гуна пешниҳод буд. Раиси Сирки давлатӣ пешниҳод карда буд, ки дар онҷо кор кунам. Ҳам хона, ҳам кори сабуктар ва ҳам маоши зиёд буд, аммо натавонистам бе инҳо. Дар онҷо ҳамагӣ дуюним моҳ тоқат кардаму халос. Ин ҳам дар ҳоле, ки онҷо танҳо 2-3 соат кор мекардам.
- Ҳайвонҳоро чи гуна оббозӣ медоронед?
- Аз берун бо об мешӯям ва бовар кунед, ҳаловат ҳам мебарам аз ин кор.
- Саволи охирин ҳамин, ки мо ба шумо таклифи кор карданием, чӣ мегӯед?
- Раҳмат барои суҳбати самимӣ, аммо ин таклифатонро қабул карда наметавонам, зеро, гуфтам-ку, бе инҳо наметавонам. Ҳатто рӯзи истироҳатиам меоям.
- Шӯхӣ кардам, ба Шумо барори кор!
- Раҳмат, ба шумо ҳам! Кам-кам моро хабар гиред!
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Хонданд 403

Санъати асил ҳамсони насими руҳнавозест, ки равони инсонро таровату тавон мебахшад. Садои хушу ҷозибаноки Нуқра Раҳмат ҳамин махсусиятро доросту нишотафзост. Устоди санъат Нуқра Раҳмат дар баробари сарояндаи хуб будан дар синамо низ нақш дораду бо баҳрабарӣ ва пайравӣ аз ҳунари асилаш шогирдони соҳаи санъат касбу кори хешро сайқал медиҳанд. Суҳбати мо бо ҳунарманд ҳамин махсусиятҳоро бозгӯ месозад.

- Дуруст аст, ки дар ҳама ҷода инсонро ҳунару маҳорат ва талош пешбар аст?
- Албатта, андозаи муваффақият ва пешрафти ҳар нафар дар ҷодаи касбкардааш ба дараҷаи маҳорату малака ва кӯшишу ғайрат вобаста аст. Агар истеъдоди Худодода дар ниҳоди шахс бошад, бо сайқали ҳунар метавонад ҷойгоҳ касб намояд. Барои ҳунармандон ана ҳамин чиз яке аз омилҳои асосии пешрафт аст. Танҳо ҳунари асил ҷовидонисту санъаткорони касбиро истеъдоди баландашон некном мегардонад. Ана ҳамин ҳунари худодӣ буд, ки суруду таронаҳои маро низ мардум хуш қабул намоянд.
- Шумо бо симои зебо ва садои шево дар филми бисёр маҳбуб - «Коваи оҳангар», ки аз рӯйи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҳия гардидааст, нақш офаридаед. Чӣ шуд, ки маҳз Шуморо ба иҷрои ин нақш даъват намуданд?
- Ман хеле ҷавон, 16-сола будам, ки ба иҷрои ин нақш ҷалб гардидам. Бо Гурминҷ Завқибеков (Худо раҳмат кунад!), ки аз пайвандони ман ҳастанд, барои нақшофарӣ дар ин филм даъват гардидем ва якҷо нақш офаридем. Ман дар филм арӯси ҷавони палангпӯш ҳастам. Ин дар Қалъаи Ҳисор буд. Ҳоло филмро мебинаму ҳамон замону лаҳзаҳо ба ёд меояд.
Мо аз сафари Россия омада будему барои нақш дар филм тамоми духтарони зебои Тоҷикистонро гирд оварданд. Моро ба киностудияи «Тоҷикфилм» даъват карданду аксбардорӣ намуданд. Маро барои иҷрои ин нақш режиссёр интихоб кард. Нақш чандон мураккаб ҳам набуд. Мувофиқи сенария ва салоҳдиди коргардон, мо инҷо дар тӯйи хурсандӣ сарояндагӣ мекунем.
- Суруди филми «Коваи оҳангар» махсус эҷод карда шуд?
- Бале. Махсус Сулаймон Юдаков композитори филми «Коваи оҳангар» буданд. Аз Тошканд омаданд ва чанд нафарро даъват карда, дар назди ҳозирон бо забони русӣ гуфтанд, ки «нет, только она будет пет. Не Шоиста Муллоджанова, не Ханифа Мавлонова. Потому что она молодая а голос чтоб было собственная». Ана дар ҳамин ҷойе, ки муассисаи телевизиони «Сафина» аст, киностудия буд. Ҳаминҷо оркестри синфониро оварданд ва ман ҳамин сурудро сароидам:
Ман гули рӯйи туро баҳор гӯям…
- Дар бораи филмҳои ҳамсон назари Шумо чист ва то куҷо санъати сарояндагӣ киноро ҷолиб мегардонад?
- Ҳар нафаре, ки дар филм нақш мебозад, табиатан бояд худаш сарояд. Лекин аз давраи шӯравӣ ҳам буд, ки нақшро бозӣ мекарданду аз садои сарояндагони дигар истифода мебурданд. Шукри Худо, ки аз ман дар нақши худам овози худам, садои ҷавонӣ.
- Шояд як сабаби таваҷҷуҳ ба ҳунари Шумо садои шево ва табииятон бошад?
- Он вақтҳо диску ин гуна чизҳо набуд-ку! Мо дар консертҳо зинда мехондем ва албатта таваҷҷуҳ зиёд буд.
- Шумо зиёд сурудҳои маҳбуб доред ва табиист, ки яке аз онҳо таронаи дар филми «Коваи оҳангар» садодода аст…
- Баъди рӯйи кор омадани филм ҳама ба ман муроҷиат карда мегуфтанд, ки «апа, ҳамин қадар зебо будед, ин қадар суруди хуб сароидед». Дилбар Қосимова зиёд васф мекард, ки «чи қадар онҷо хуш суруд хондед». Мегуфтам, ки маро зиёд таъриф накунед, ситоиши зиёдро рости гап нағз намебинам. Вале, дар ҳақиқат ин филм ва суруд ҳам хеле ҷолиб баромадааст.
- Шояд аз маҳбубияти дошта ба тӯй ва маъракаҳои мардумӣ зиёд даъват мешудед?
- Ман умуман ба тӯйҳо намерафтам. Шодравон Нигина Рауфова, ки дугонаи ҷониам буду зиёд маҳбубият дошт ва ба тӯйҳои мардум даъват мешуд, мегуфт: «А духтар, биё равем». Мегуфтам, ки «не, ман шарм медорам. Мегӯянд, ки шавҳару фарзандҳояш дар хонаву худаш инҷо сурудхонӣ дорад». Баъдан як сол маро бо зӯрӣ гуфт, ки «агар наравӣ, дугонаи ман нестӣ». Ҳамроҳ ба Қӯрғонтеппа рафтем. Он ҷо барои сарояндагону навозандагон кати махсус гузошта шуда буд. Дугонаам баромада 45 дақиқа беист суруд хонд. Баъд раиси маҳфил номи маро гирифта, эълон дошт, ки дар ин ҷо боз сарояндаи хуби дигар ҳам ҳаст. Гуфтам, ки не, ман намехонам. Ҳама ба по хеста, қарсак мезаданду хотири баланди дугонаам ва мардум, хеста ба саҳна баромадам.
- Яқинан, назари неки хонавода ва ҳунари Шуморо хуш қабул доштани ҳамсаратон бошад, ки дар ин ҷода фаъолияти пурсамар нишон диҳед?
- Он кас ҳам ҳамон вақт худашон актёри Театри Лоҳутӣ буданд. Дар ҳамон филми «Коваи оҳангар» тӯйи арӯсии онҳо буд, аз Дилбар Қосимова ва Бахталӣ Сабзалиев. Он вақт мо ҳоло бо ҳам набудем. Баъд аз ҳамон филм тақдир ҳамин хел шуд, ки мо оиладор шудем. Ҳоло, шукри Худо, фарзандону набераҳои мо ҳама маълумоти олӣ доранду хонаободанд. Шукри фарзандону набераву абераҳо. Падари ман (руҳашон шод бод!) прокурор буданд. Модарам хонашин буданду дӯзандагӣ мекарданд. Падарам аз кор ки меомаданд, ҳатман бо рубоб ё сетор суруд мехонданд. Аз ашъори Ҳофизи Шерозиву дигар шоирон шеъру сурудхонӣ мекарданд. Мо ки хурд будем, ин чиз дар зеҳни ман монд. Модарам бошад, мегуфтанд, ки «чаро ин духтар суруд мехонад? Чаро бо ту овозхонӣ мекунад?». Сароянда шудани ман дуои падарам буд. Модарам мегуфт, ки «ӯ духтар аст, барои духтар дӯзандагӣ даркор аст». Ман ҷӯроббофиву ҳама ҳунарҳоро доштаму падарам гуфтанд, ки «не». Аз хонаводаи мо танҳо ман овозхон шудам.
- Назаратон ба ҳунари овозхонҳои ҷавон чи гуна аст?
- Давру замон дигар шуд. Он вақтҳо дигар буд, ҳоло дигар шудааст. Лекин ҳунари асил ҳамеша мавқеъ дорад. Овозхонро метавонад як суруди хубаш маҳбуб гардонад. Албатта дар нақшҳо ин вобаста аз режиссёрҳо аст, ки киро интихоб мекунанд. Барои филм ҳунарманди касбӣ ҳастӣ ё дар дигар соҳа, фарқ надорад. Лекин ба кадом нақш симову ҳунарат рост меояд, ҳамонро ба инобат мегиранд.
- Чӣ умедвориҳое аз насли ҷавон доред?
- Ман узви Шӯрои калонсолони Ваҳдати миллӣ ҳастам ва мехоҳам, ки ҷавонон миллат ва ватани худро дӯст доранд. Орзуву омолам ватанпарастии насли ҷавон аст.
- То куҷо ҳамкорӣ бо шоирони номвар метавонад боиси пешрафти ин ё он ҳунарманд гардад?
- Албатта, мо бо композиторону шоирон ҳамкорӣ мекардем. Ҳама шеъру оҳангҳои ман аз шоирони муосир аст. Суруду таронаҳои халқиву рубоиву фалак хондан зарур аст, зеро эҷодкориҳои мардуми худамон маҳсуб меёбад. Ҳозир санъаткорон бо шоирон то чӣ андоза сарукор доранд ё не, намедонам. Аммо, ҳатман ин корро бояд кунанд. Ман аз Мирсаид Миршакар, аз Сотим Улуғзода суруд хондаам. Ҳамин суруди ман, ки дар филм мехонам, аз Сотим Улуғзода аст. Аз Лоиқ Шералӣ ва аз тамоми шоирон суруд дорам.
Шоири маҳбуб Бозор Собир дар бораи ман шеъре дорад, ки дар дафтари хотиротам маҳфуз аст:
Чашмони кабуди обият Кӯли Сарез,
Чун чашми ту нест дар Бадахшон коррез.
Ҳар ҷо наравӣ, зулоли чашми ту бас аст,
Бар ташналабат чу туҳфаву дастовез.
- Сурудҳои марғубро сарояндагони зиёд бозхонӣ мекунанд. Инро чӣ гуна қабул менамоед?
- Нигина Амонқулова бо Фотима Машрабова, ки ба сурдхонии ман пайравӣ мекунанд, барои сурудани дуэти ману апаи Улфатмо ва Майсара Дилдорова занг зада, пурсон шуданд. Ин ҳам бошад, суруди аввалини сенафараи мо, ки як замон хеле машҳур шуда буд. Ғайр аз ин, бо апаи Улфатмо дуэти дигаре дорем, ки Фотима Машрабова бо Нигина Амонқулова онро барои бозхонӣ пурсон шуданд. Гуфтам, ки иҷозат гирифтед, марҳамат. Вале бе иҷозати мо, ки дар қайди ҳаёт ҳастем, мумкин нест. Масалан аз сурудҳои Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одина Ҳошим мумкин. Лекин, касе, ки дар қайди ҳаёт бошад, барои бозхонии сурудҳояш онҳо бояд ҳатман пурсанд.
- Ҳунармандон то куҷо дар тарғиби ҳунари миллӣ нақш дошта метавонанд?
- Ба Испания, Япония, Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон сафар доштаму сурудҳо хондам. Мутаассифона, бинем, ягон суруди тоҷикӣ дар радиову телевизионҳои ин кишварҳо садо намедиҳад. Ман сурудҳои афғонӣ, туркӣ, ӯзбекӣ хондаам. Ҳама гуна сурудҳо дар репертуари ман ҳаст. Масалан Ӯзбекистон рафта будем, суруди ӯзбекӣ хонда будам. Ҳунарманд бояд ҳама гуна сурудҳоро донад. Вақте дар дастаи ҳаваскорони санъат будам, як суруди хуби ҳиндӣ мехондам ва вақти ҳунарнамоии мо дар майдон мардуми зиёде ҷамъ мешуд. Он вақт Раҷ Капур хеле маъруф буд ва вақте мо ин гуна сурудҳоро мехондем, мардум хуш қабул мекарданд. Ин чизҳо даркор аст, аммо дар Тоҷикистон бояд барои насли наврасамон бештар суруду таронаҳои тоҷикӣ садо диҳад.
- Аз ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои баъдӣ чӣ хотироте доред?
- Баъди нақш дар филми «Коваи оҳангар» чанд даъвати дигар буд, вале ман не гуфтам. Танҳо дар як филми дигар нақши хаткашонро бозидаам. Ин ҳам филми тоҷикӣ буд. Маро ба шаҳри Орҷоникидзеобод, ҳозира Ваҳдат бурданд. Онҷо либоси хаткашонро, ки мактубу рӯзнома тақсим мекунад, пӯшида, нақш бозидам. Ҳамин нақш буду халос ва баъдан танҳо ба санъати суруду оҳанг таваҷҷуҳи беш додаам.

Мусоҳиб: Зулолаи НУР

Хонданд 604

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.