.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Мусоҳиба

Саид Ризо ва ишқи суғдидухтар

РОЗИ АВВАЛ

Қадами нахустин

Модари меҳрубон ва чеҳракушод, падари дилсӯз ва ҷиддӣ дорад. Ҳар вақте ки падар сахтгирӣ карда, бо вай ҷиддӣ муносибат мекард, дар ҷустуҷӯйи оғӯши модар мешуд. Ӯ худро бештар ба модар монанд мебинад. Бо ҳама хулқу атвор ба модараш рафтааст. То синфи шашум дар мактаби деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент таҳсил кард. Баъдан, ба шаҳраки Суғдиён рафту онҷо таҳсилро давом дод. Мактаби миёнаро ҳамонҷо хатм кард. Ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Донишгоҳро хатм кард. Диплом гирифт, дипломи журналистӣ. Вале ӯро касе ҳамчун журналист намешиносад, балки ҳамагон шоираш мегӯянд. Яъне журналисте, ки ишқ шоираш кард ва шоир шиносондаш.

Аввалин маротиба соли 2013 дар як барномаи телевизионӣ вохӯрда будем. Аввал дӯсти маҷозӣ шудем ва баъдан ҳақиқӣ. Мо дар ин панҷ соли дӯстӣ чандин маротиба суҳбатҳои тӯлонӣ доштем. Аммо то ҳол ӯро шинохта наметавонистам. Зеро ҳар шеъраш аз дарде, мушкиле, нотавоние, ишқи беҷавобе, азоби танҳоие... қисса мекунад. Барои аз рӯзгори пушти шеъраш огаҳ шудан мо замону маконро муайян карда, қарор додем, ки вомехӯрем.

Имрӯз рӯзи вохӯрии мост. Рӯзи боронии сешанбест, ки мо ҳарду дар даромадгоҳи ошхонаи “Ориёно” вохӯрдем. 

 

РОЗИ ДУВУМ

Бемори модарзод

Зодаи ман сафару ишқи ту бошад зодам,

Ту чӣ ҳуснӣ, ки манат ошиқи модарзодам.

(Шаҳриёр)

 

- Саид, мегӯянд дар сари мард доимо дуд аст, дуди ғам ё дуди сигор...

- Агар пурсиданӣ бошед, ки дар сари ман кадомаш аст, бовар кунед, ҳардуяш ҳам ҳаст, аммо аввалааш зиёдтар.

- Гуфтаниед, ки дуди дувумро барои рафъи дуди аввал сар медиҳед?

- Бале!

- Пас дуди аввал аз куҷост?

- Он кӯрдуд аст, кӯрдуди ишқ.

- Гуфтаниед, ки он моли бехаридор ва таҷовузшуда ҳоло ҳам арзи вуҷуд дорад?

- Албатта, ки ҳаст...

- Ман миёни ду ҷавонро дар назар дорам...

- Барои ҳамин ба ман каме сахт расид. Мо солу моҳи дароз ишқ гуфта, нола мекунем, аммо Шумо ба буданаш шубҳа намуда, зери пояш кардед.

- Бигзор, гапи Шумо бошад. Вале метавонед ишқро аз ҳавас ҷудо карда бигӯед?

- Нигаред, фарз кардем, дар роҳ духтареро дидед ва ӯ ба Шумо писанд омад. Агар бигӯед, ки “оҳ, чӣ хел духтари зебо, кош, аз ман бошад”, ин ҳавас аст, зеро ҳатман, ки ба духтари навбатӣ низ ҳамин ҷумларо такрор мекунед. Ишқ бошад, тамоман чизи дигар. Дар ҳолати аввал мегӯед, ки “ин аз ман мешавад” ва барои расидан ба ӯ ҳама корро мекунед.

- Шумо медонед, ки ишқ инсонро беҷуръат мекунад?

- Ишқ танҳо назди маҳбуба беҷуръатат мекунад, тамом. Дар дигар мавридҳо нерӯ ва қуввати ғайриоддие мебахшад, ки ба корҳои аз дастат омада ҳатто худат ҳам ҳайрон мешавӣ.

- Ишқ кадоме аз инҳост: беморӣ, девонагӣ ва ё хаёл?

- Ишқ дар худ ҳамаи ин мафҳумҳоро дорост. Ҷое меояд, ки беморат мекунаду ҷои дигар девона ва табиист, ки дар вақтҳои холигӣ ва ҳушёрӣ хаёлпарварӣ мекунӣ.

- Ниҳоли ишқ кай мехушкад?

- Вақте, ки ба висол расидӣ. Ба таъбири маъмулӣ, ишқ то бистар аст.

- Агар ишқ бимирад...

- Пас, ман ҳам мемирам.

- Шумо аз кадом ишқ гуфта истодаед?

- Аз ишқи модарзодӣ...

 

РОЗИ САВУМ

“Дӯстон то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед”

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,

Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

(Лоиқ Шералӣ)

 

- Ишқ кай даратро кӯфт?

- Сентябри соли 2002 ман ба мактаби деҳаам рафтам. Ҳамон рӯзи аввал як ҳамсинфам ба ман писанд омад. Шояд он ишқ набуд, аммо бовар кунед, агар рӯзе намеомад, ба худ набудам ва дар ҳама ҷо ӯро меҷустам. Баъдан фаҳмидам, ки дӯсташ доштаам, аммо дер шуда буд, зеро вайро аз кӯдакиамон “гаҳворабахш” карда будаанд. 

- Чӣ гуна ӯ ба ёдатон меояд?

- Ман аз аввал бисёр мехостам, ки номашро нависам, аммо навиштан як тараф, балки ҳарфҳоро намешинохтам. Замоне, ки алифборо хатм кардем, ба мо китоби “Забони модарӣ” доданд. Ман ҳам беихтиёр дар болои китоб ҳарфҳоро “ҷанг” андохта, номашро болои китобам навиштам. Аз он ишқ чизе намондааст ба дилам, аммо ҳар вақт ки дар болои китобе чизе навишта мебинам, хоҳ-нохоҳ ба хотирам меояд. 

- Бо айби ҳамон дилрабо ба мактаби дигар гузаштед?

- Не, ман умедамро канда будам, замоне, ки номзад буданашро фаҳмидам...

- Баъзе ошиқонро булҳавас мегӯянд. Оё Саид Ризо низ аз кӯчаи булҳавасӣ гузар кардааст?

- Бояд як рози дигарро ба хонандаи закитабъ ошкор созам. Фикр мекунам, дар роҳи ишқ аз ман дида булҳавас касе набуд. Зеро дар муддати умри начандон тӯлонии хеш зиёд духтаронро писандидам. Фикр мекунам, устод Лоиқ байти “Дӯстон то умр бошад, ҳар баҳор ошиқ шавед”-ро махсус барои ман гуфтаанд (механдад). Аксари онҳо бо мурури замон аз қалбам зудуда шуданд,... аммо ишқе, ки дунёи маро билкул дигар кард, ин ишқи ҳамон суғдидухтар аст.

- Аҷиб... Тавлид ва марги ишқҳоятро бигӯ...

- Ман ҳар духтари зебоеро медидам, саломномаи ишқро барояш мехондам. Салоти ҷанозаи ишқро мегуфтам, вақте шавҳар мекарданд...

- Шавҳар кардани духтар ҳам метавонад марги ишқ бошад?

- Не, наметавонад, агар ишқ воқеӣ бошад.

 

РОЗИ ЧАҲОРУМ

Ифшои роз

Ишқ бемориест, ки аз он танҳо бемор лаззат мебарад.

(Арасту)

 

Дар маҳфили шоири саршиносе Саид Ризо ширкат варзид. Пас аз маҳфил назараш ба духтаре бархӯрду лаҳзае бехуд шуд. Ҷавони ошиқ бо ду чашми тар аз чанд ишқи (ҳавас) пешина сигоре дардод ва ба сукут рафт. Дар сукути танҳоӣ саволҳои зиёде ӯро барои ҷавоб ҷустан азоб медоданд. Сукуташ ду моҳ давом кард. Гӯё ин ду моҳ дар дигар дунё буд. Дунёи баде дошт, ба мисли фазову муҳити ҷаҳаннам. Ба кӣ дилашро холӣ карданро намедонист. Касеро барои ҷанг кардан намеёфт. Танҳо зӯраш ба дуди сигор, хомаву дафтаре мерасид. Тарзе вонамуд мешуд, ки ҳама ба ҳолаш механданд. Шахсеро мемонд, ки аз дигар сайёра омадаасту чӣ кор карданашро дар замин намедонад. 

Рӯзе дар телефони нафаре акси ӯро мебинад. Пас аз лаҳзаи дигар мефаҳмад, ки ба нафаре ошиқ шудааст, ки бояд намешуд. Шарм медошт, аз ифшои розаш, зеро ба духтари устодаш дил баста буд. Устодаш бошад, қавл дода буд, ки духтари мехостаашро хостгорӣ мекунад барояш...

Чанде гузашт. Рӯзе ҳама ҷуръаташро ҷамъ карда, дилашро ба апаи духтар холӣ кард. Ҷавоби мусбат гирифт. 

Боз пас аз чанде фаҳмид, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook бо вай дӯсти маҷозист. Саҳифаи хабарҳои шахсиро кушода, навишт. Навишт, аммо қадами нахустинро хато монд. Саволҳое дод, ки ба ягон духтар писанд намеоянд. Дар аввалин суҳбати як ба як гапашон гурехт.

Рӯзи дигар боз суҳбат карданд, зеро ишқ ногап буданро намедонад. Онҳо ҳеҷ гоҳ телефонӣ суҳбат намекарданд, танҳо суҳбати интернетӣ буд миёнашон. 

Бо гузашти вақт ба самимӣ буданаш духтар бовар кард. Соли 2016 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лагери “Уқобча”-и шаҳри Хуҷанд машварати адибони ҷавон баргузор гардид. Саид фаҳмид, ки чанде пеш духтар ба онҷо омада будааст. Шаб шуд. Ҳама хоб карданд. Аз ҷояш хеста, заминҳои ҳавлии “Уқобча”-ро бӯсид, бо умеде, ки шояд қадамҷояшро ёбад. Ишқ кӯраш карда буд. Ба касеву чизе аҳамият намедод: на ба дарс, на ба устодон ва на ба дӯстону пайвандон. 

Тақдири бад доимо азобаш медод. Даме ҳолу рӯзи осуда надошт. Соли 2017 хабар омад, ки духтар номзад шудааст. Ҳарчанд пурсидам чӣ ҳол доштанашро, гуфта натавонист. Ҳолате, ки барои мо бегона аст. Танҳо ногувор буданашро медонему халос. Китоби Ҳилолиро кушода, ғазалеро бо ашки талх сабт карда, ба духтар равон мекунад, аммо аз он сӯ ба ҷуз писханде, ки “набояд мард гиря кунад” дигар чизе намешунавад. Бале, бояд мард нагиряд, аммо ӯро ишқ мегирёнд, азобаш медод ва ҳолашро ба танг оварда буд. Дигар коре карда намешуд. Кор аз кор гузашта буд. Духтар аз они дигаре мешуд.

Андаке пас шаби арӯсии духтар расид. Бо садои мусиқии тӯйи вай Саид навишт:

Имшаб шаби арӯсии ҷононаи ман аст,

Марги муҳаббату дили девонаи ман аст.

Эй шаҳри Ишқ, чун дили ман гаштаӣ хароб,

Маъвои ту ба синаи вайронаи ман аст.

Яке рӯзгори пурнишот, дигаре пуралам дошт. Яке хандаи шабонарӯзӣ, дигаре оби чашмашро лаҳзае хушк карда наметавонист. Яке ҳаёти хушбахтонае дошт, дигаре бо хушбахтӣ ногап шуда буд... 

Духтар модар шуд. Саид гаҳ механдид, гаҳ мегирист. Ханда барои хушбахтии ӯ, гиря барои нарасидан ба ӯ. Хомаи Саид рӯйи варақи сафед он шаб поёну боло шуд. Дар охири саҳифа омада, ба аввалаш нигарист, ки достони зебое тавлид шуд:

Бояд падари ту мешудам ман,

Ҳамболу пари ту мешудам ман.

Тақдир вале кори дигар кард,

Бар бахти Саид бад назар кард.

Фарзанди каси дигар шудӣ ту,

Умру нафаси дигар шудӣ ту.

Ман ошиқи модари ту будам,

Ҷуз ӯ ҳавасе ба дил набудам…

 

РОЗИ ПАНҶУМ

Намози ишқ

 

- Ба осмон нигоҳ кун,- гуфтамаш шабе.

- Ана, нигаристам,- ҷавоб дод.

- Чиро мебинӣ?,- савол додам.

- Моҳтоби шаби чаҳордаҳро,- бо лутф гуфт.

Ин лаҳза шеъри устод Шаҳриёрро хондам:

Ҳар шаб ба моҳ дида туро ёд мекунам,

Бо маҳ фасона гуфтаву фарёд мекунам.

Шояд ту ҳам ба моҳ кунӣ Моҳи ман нигоҳ,

Бо ин хаёл хотири худ шод мекунам.

(Аз суҳбати Саид Ризо бо Н.)

- Агар он рӯзи маҳфил ихтиёр дар дастатон мебуд, оё вайро нигоҳ мекардед?

- Бале! Ман заррае пушаймон нестам аз нигоҳи кардаам. 

- Аз он ишқи ноком чизе мондааст, ки мо надонем.

- Намедонистаҳои Шумо хеле зиёданд.

- Масалан...

- Шабе гапамон гурехт. Дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ маро ба “рӯйхати сиёҳ” илова кард. Нафасам танг шуд. Ягона роҳи наҷотро дар аз хона берун шудан дидам. Дар роҳи қатора қариб як соат нишастам. Мақсадам буд, ки агар қатора биёяд, бигзор маро бо худ бубарад. Бигзор мардум узвҳои маро ҷамъ кунанд. Бигзор оламиён бидонанд, ки ҳоло ҳам дар дунё ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Аз нишастан хаста шудам. Ба шабакаи иҷтимоӣ даромадам. Ба хотире, ки то омадани қатора як бори дигар номашро бубинам. Ворид шудан замон дидам, ки аз вай хабар омадааст ва дар он бахшиш пурсидааст. Зуд аз ҷоям хестаму аз фикрам гаштам, зеро умри дубора бахшид бароям...

- Кадом суханонаш дар хотиратон мондааст?

- “Ту ба ман нарасӣ, хуб аст, шоир мешавӣ...”. 

- Ба нарасидан кӣ гунаҳкор аст: тақдир ва ё Шумо?

- Ман! Нарасидан ё расида натавонистан аз заъфи худам буд. Ман фақат гуфтам, шеър хондам, гиристам, нолидам... Аммо боре амал накардам. Вақте ҳушёр шуда, ба худ омадам, ки кор тарафи дигар ҳал шуда буд.

- Баҳонаҳои нарасидан чиҳо буданд?

- Намедонам, тамоман намедонам. 

- Оё вай арзанда аст, ки то ҳол дар ёдаш ҳастед?

- Бале, монанди ӯ дигар нест. Ман нуқта мондам дар ишқ ва ба худаш ҳам гуфтам, ки ба ҷуз ту ба дигаре намерасам, аммо бо ханда гуфта буд, ки «пас аз як сол салом медиҳамат». Аз миён солу моҳе гузашт, аммо саломе наомад...

- Кӯшиши пушти дар кардани меҳрашро накардед?

- Кардам, аммо бефоида.

- Ягон роҳ надорад?

- Танҳо як роҳ аст. Марг!

 

БЕРУН АЗ ҚОЛАБ

- Агар вай ин суҳбати моро хонда бошад...

- Бовар надорам, аммо бар ҳар ҳол агар чашмаш расида бошад, саломаш мегӯям...

- Бо чӣ хотима шудани ин суҳбатро мехоҳед?

- Ишқ...!

 

Мусоҳиб:

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 201
Моҳпайкар Ёрова: Ман хело хушҳол мешудам, агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд...

Моҳпайкар Ёрова  яке аз ҳунарпешаҳои даврони Истиқлолият буда, бо иҷрои нақшҳои гуногуну ҷолиб  дар театр  ва синамои тоҷик  маҳбуби  тамошобинон  гашта аст. Ӯ соли 1970 дар  шаҳри  Душанбе  ба  дунё  омадааст. Баъд аз хатми мактаби  миёна, таҳсилашро дар факултаи драмаи  Донишкадаи театрии ба номи М.С. Шепкин дар шаҳри Маскав  идома дода аст. Фаъолияти эҷодиашро бошад дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов оғоз намудааст. Ӯ соли 2013 бо Ифтихорномаи Президенти кишвар сарфароз гардидааст.

Аҷобаташ дар ин аст, ки хонум Ёрова дар суҳбат бо мо изҳор медорад, ки дар ҷавони ҳеҷ  фикри ҳунарпеша шудан, ҳатто дар хаёлаш набуд.

Пас чи сабаб шуд, ки шумо ҳунарпеша шудед?

-Ман дар хурдсолиам , сурудҳои сарояндаи машҳури рус Алла Пугачёваро доимо зам-зама мекардам, аммо ин як завқи кӯдакона буд. Вақте дар синфи даҳ мехондам, дар дилам орзуи омӯзгор шудан пайдо шуд, фикри ҳунарпеша шудан умуман дар сарам набуд. Падару модарам дар симои ман ҳунарпешаи оянададорро дида, сабабгор шуданд, ки ман ҳунарпеша шавам, онҳо маро ба Маскав барои таҳсил равон карданд. Пас  аз хатми Донишкада дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов фаъолияти худро оғоз намудам.

 Нақши аввалинатонро дар саҳна, дар хотир доред?

-Нақши аввалини ман дар саҳнаи театр, дар драмаи “Рӯдакӣ”  бо таҳияи режиссёр Музаффар Хаёлов буд, ки ман дар ин драма нақши Нигинаро мебозидам. Ин намоишнома барои ман яке аз лаҳзаҳои фаромушнашавандаи ҳаётам аст, зеро бо ин нақш қадамҳои  нахустини худро дар саҳнаи театр гузоштам. Минбаъд дар спектаклу драмаҳо аз қабили “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ”(соли 2018), “Чароғи сеҳрноки Аловуддин”(соли 2017), “Шабе дур аз ватан”(соли 2016) ва амсол аз инҳоро нақшофарӣ намудаам.

 Ба Донишкадаи театрии шаҳри Маскав дохил шудан , бароятон чӣ гуна муясар гашт?

- Соли 1987 дар шаҳри Душанбе як озмуни хеле калон барои қабули довталабон баргузор гардид. Озмун аз се давр иборат буд. Вақте, ки ман аз баргузории он озмун огоҳ шудам, алакай ҳама аз озмун гузашта буданд. Бо вуҷуди ин , бо дастгирии устоди аввалинам- Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов имтиҳони маҳорати актёриро бо мувафақият супоридам ва дар Институти театрии ба номи М.С. Шепкин  бо ҳамроҳии 18 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соли 1987 таҳсили худро оғоз кардем. Ҳамкурсони солҳои донишҷӯиям Зулфия Содиқова, директори Хонаи кинои ба номи Б.Кимёгаров, Умед Хисравов, саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи М.Назаров, Парвиз Пӯлодӣ, сароянда ва оҳангсози машҳур ва дигарон буданд, имрӯз дар ҷодаи ҳунар мувафақанд.

Театр ва кино кадоме аз инҳо дар дилатон ҷойгоҳи махсусро дорад?

-Дар театр, вақте, ки ҳунарпеша нақш меофарад, имконияти дубораю себора такрор кардани нақшро надорад,вале дар кино ин имконият ҳаст.Метавонӣ як лаҳзаи филмро барои хуб баромадан якчандбор такрор кунӣ. Дар театр нақш офаридан маҳорати баландро талаб мекунад. Новобаста аз ин, ҳам театр ва ҳам киноро дӯст дорам.

 Соли 2016 дар мусоҳиба бо сомонаи Sputnik Тоҷикистон “Дар баробари худ рақибе надорам гуфтаед, яъне шумо худатонро аз дигар ҳунарпешагони ҳамовардонатон боло медонед?

-На, ҳаргиз ман худамро аз дигар ҳамкасбонам  боло намедонам, аммо ҳар ҳунарпеша як образ, як хусусияту ампулаҳои худашро дорад. Ба он маъно рақиб надорам, ки дар синну соли ман аз рӯи ҳунарнамоӣ, аз рӯи нақшҳои офаридаам, бо забони кино агар гӯем “типаж” нест. Ман хело хушҳол мешудам, агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд, зеро вақте рақиб дошта бошӣ, кӯшиш мекунӣ, талош мекуни, ки нақшҳоятро боз ҳам беҳтару хубтар офарӣ.

Дар як нишасти хабарӣ гуфтаед, ки” режиссёрҳои ҷавон барои худашон филм мегиранд”, далели ин суханҳо чӣ буда метавонад?

-Бале, чунин гуфта будам. Имрӯзҳо режиссёрҳои ҷавоне, ки филм ба навор мегиранд, хеле зиёд шудаанд. Бисёр хуб аст, ки онҳо кӯшиш  мекунанд ва филм ба навор мегиранд.Ба ин васила барои рушди кинои тоҷик саҳм гузоштан мехоҳанд.Ман фикр мекнуам, ки ҳар як режиссёре, ки даст ба таҳияи филм ё драмаву спектакл мезанад, бояд пайваста омӯзад, дар ҷустуҷӯйи  як кори нав, эҷоди нав бошад, на ин ки филмеро ба навор мегирад, дар он ҳам нақши асосиро бибозад ва ҳам коргардон бошад.  Ман ин ақидаамро чандин маротиба ба режиссёрҳо гуфтаам, беҳтар мебуд коргардони ҳирфаиро даъват мекардед, яъне ё нақш бозанд ё таҳияи филмро ба уҳда гиранд. Мухлисонам  аз ман бисёр мепурсанд, ки чаро шумо дар ҳар гуна филмҳое, ки онқадар сатҳи баланд надоранд нақш меофаред? Агар кӯтоҳ ҷавоб диҳам, танқисии молӣ маҷбур месозад, ки ҳар гуна нақшеро аз филмҳо пешниҳод кунанд, бозӣ кунам.

 Ба фикри шумо ин гуна нақшҳо обрӯю эътибори ҳунармандро паст намекунад?

-На, ҳунармандро паст намекунад ва ман наметавонам ба ҳунарпешаҳое, ки дар ин гуна филмҳо нақш меофаранд, эрод гирам, зеро ҳар яки мо зиндагии худро дорем.Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо ҳунарпешаҳо зиндагии хубе дорем, вале намедонанд он пуле, ки аз филмҳо мегирем, пули кироӣ гуфтан ҳам нест. 

 Шумо ки хатмкардаи Донишкадаи Русия ҳастед, боре ба саратон фикри дар теат ва филмҳои Русия фаъолият карадан наомадааст?

-Маро чандин маротиба даъват карданд ва ҳам гуфтанд, ки чеҳраи нав ҳастед, кори шумо ба мо маъқул аст. Вале ман патриоти ватани худ ҳастам. Мо дар замони Истиқлолият зиндагӣ дорем , рӯз аз рӯз Тоҷикистон ободтару зеботар гашта истодааст ва ман ба умеди он, ки  дар оянда мушкилиҳои мо ҳунармандон бартараф мегардад, фаъолиятамро идома дода истодаам.

 Ба фикри шумо, чаро ҷавонону наврасон хеле кам ба театр мераванд ва агар раванд ҳам иҷборӣ аз тарафи мактаб ё донишгоҳ?

-Ин вобаста ба сатҳи драма ё пйеса аст. Он  бояд диққати тамошобинро ба худ ҷалб намояд. Агар муҳтавои асари саҳнавӣ  праблемаҳои имрӯзаи ҷавонону наврасонро дар бар гирад, албатта, завқи онҳо бедор мешавад. Дар театри мо ин гуна намоишҳо зиёд ҳастанд ва мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтаанд.Бояд ҳам мазмуну муҳтавои  намоиш, ҳам ороиши саҳна , сару либос ва маҳорати ҳунарпеша, дар сатҳи баланд бошад. Агар ин талаботҳо  набошанд, албатта, тамошобин ба театр намеравад. Ягона чизе, ки барои бартарафи мушкилоти театр пешбинӣ шудааст, ин нақшаи соланаи театр аст. Чунки аз ҳамин ҳисоб ба мо либос медӯзонанд, ороиши саҳна месозанд ва дигар камбудиҳоро рӯйпӯш менамоянд..

Дар филмҳо нақшҳои гуногунро меофаред, гоҳе хушдомани золим, гаҳ модари ғамхор ё зани сабукпо. Мехохем бидонем, Моҳпайкари ҳақиқии паси парда, чӣ гуна аст?

-Инро ман гуфта наметавонам ва худситоиро низ дӯст надорам, аммо зиндагии паси пардагии ман тамоман дигар аст.Вақте, ки ҳунарпеша нақши манфӣ ё мусбӣ мебозад, бояд ба тамошобин ҳамон нақшро ба таври аъло расонад.Дар масъалаи кор бисёр сахтгирам. Ман фикр мекунам Зан-Модар бояд ботамкин бошад,боодоб бошаду сабур, дар ин ҳол ӯ дар зиндагӣ бурд хоҳад кард.

 Дар якчанд филмҳои русӣ ҳам нақш офаридаед, чӣ тафовутеро байни кинои русу тоҷик мушоҳида кардед?

-Вақте  маро соли 2012  барои иҷрои нақш дар филми ҳунарии  “Золотой запас” даъват карданд, ман алалхусус аз муомилаи хуши онҳо дар шигифт афтодам. Ҳар рӯз маро бо мошин ба наворгирӣ мебурданд. Инчунин онҳо аз камази “Дулан”  либос, пойафзол ва пардозгарони махсус онҷо ҳастанд, ки хунарпешаро барои сабти навор омода месохтанд. Ҳар як режиссёр, ҳар як наворбардор ва ҳунарпешаҳо ёрдамчии махсуси худро доранд. Бояд қайд кард, ки дар филмҳои русӣ се-чор наворбардор аст. Дар филмҳои тоҷикӣ бошад ин тур талаботҳоро ҷавобгӯ нест. Мо ҳунарпешаҳо аз либосҳои худамон истифода мекунем. Яъне фарқият калон аст. Мушкилии асосии филмҳои мо маблағ аст. Агар дар мо низ сарпарастони филмҳо зиёд шаванд, чунин шароитҳо муҳаё хоҳанд шуд.

Ягон нақше ҳаст, ки дар дилатон орзуи офариданашро мепарваред?

-Албатта, ҳаст. Таърихи миллати мо хеле бой аст ва ман орзу дорам, ки як силсилафилми таърихии ба навор гирифта, шаваду ман нақши маликаи бузургро биофарам ва аз тамошои ин филм тамоми мардум бидонанд ки зани тоҷик кӣ буд ва кӣ аст.

Суҳбаторо Малика Сафарзода

Хонданд 280
Парвиз Шаҳчароғӣ: НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ!

Суҳбати ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада, ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таассубӣ ба зеҳни мардум.

- Ёд дорам даҳ сол қабл аз ин ба кишвари мо ташриф оварда будед, имрӯз онро чӣ гуна мебинед?

- Воқеан дуруст мегӯед, 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будам. Ин даҳ соли дигар моҳшуморӣ мекардам, ки кай фурсат даст бидиҳад, ки боз ба Тоҷикистон оям. Чун Тоҷикистонро порае аз сарзамини бузурги ниёгони мо медонам. Бо мардумаш ҳамеша муҳаббат меварзидам ва ҳамчунин ҳам ҳаст. Вақте аз Ванкувери Канада тавассути Франкфурти Олмон ба ҳавопаймои «Сомон-Эйр» нишастам, шояд барои Шумо боварнокарданист, садои тоҷикиро шунида, ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, мисли ин, ки ба хонаи худ мерафтам ва бастагонамро медидам.

Барои ман ва ҳамаи мо меҳанпарастон ҳавзаи тамаддуни ориёии   форс муқаддасу бузург аст. Ман бо вуҷуди он, ки бо баъзе иллатҳо Эронро тарк намуда, чанд соли ахир шаҳрвандии Канадаро пазируфтаам, шунидани ҳарфи ниёгон ҳамеша хуш аст. 

Ман ба ҳайси як эронии Канада гоҳо фикр мекунам, ки чаро Эрон ба ҷои дастгирии размандагони мазҳабӣ дар кишварҳои даргир сармояи худро барои рушди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабонаш мисли Тоҷикистон ва Афғонистон сарф намекунад. Бубинед, ки агар сармояҳои Эрон чанд соле қабл барои пружаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон равона мешуданд, имрӯз ба манфиати тамоми минтақа, бахусус Афғонистон буд. Ин танҳо назари ман нест, балки назари кулли меҳанпарастон аст, ки ба умеди дер ё зуд ба ҳувияти мардумӣ расидани Эронанд. Бар ин боварем, ки рӯзе захираҳои бузурги нафту гази Эрон барои ободии ҷумҳурии ҳамсояву ҳамзабон мисли Тоҷикистон ва аз чанголи ҷангу хушунат ва фақр раҳо ёфтани Афғонистон равона хоҳад шуд. 

Чаро ба ин мутмаинам? Бубинед, ки имрӯз дар ҷомеаи Эрон, ки фарҳанги қадима ва ориёӣ дорад, ифротгароӣ кам ва шояд комилан ба назар намерасад. Он чӣ, ки Шумо мебинед ин ғолибан хушунати давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, ки эътибори Эронро дар ҷомеаи башарӣ паст мезанад. 

- Яъне барои мардуми одии Эрон ин эҳсос бегона аст?

- Бале, бубинед, ки имрӯз ба Эрон гардишгарони (сайёҳони) зиёде аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Чину Ҷопон ташриф меоранд ва ман то ҳанӯз нашунидаам, ки мардуми одӣ бо онҳо муомилаи дурушт дошта бошанд. Баръакс мисли мардуми Тоҷикистон хеле меҳмоннавозу таҳаммулпазиранд. Имрӯз беш аз шаст ҳазор хонавода дар Эрон сабт шудаанд, ки ҳамасола гардишгарони хориҷиро ба таври ройгон пазироӣ мекунанд. Назири ҳамин чиз дар Тоҷикистон низ зиёд ба мушоҳида мерасад. 

Даҳ соли қабл, ки ба Тоҷикистон омада будам, камбуди барқу газ ва мисли ин  ба назар мерасид. Он рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд яке аз дӯстонам нақл кард, ки дар баъзе рустоҳо фасли зимистон ҳатто то ду соат барқ медиҳанд.  Роҳҳо ноҳамвор ва хатарнок буданд. Ҳавопаймоҳои куҳнаи шӯравӣ парвоз мекарданд, ки хеле тарсовар буд. Имрӯз мебинам, ки фурудгоҳҳо хеле зебо ва замонавӣ шудаанд, ҳавопаймоҳо  ҳама «Боинг», ки аз сервиси хизматрасонии кишварҳои Ғарб ҳеҷ фарқе надорад. 

Шаҳрсозӣ, ки ин чанд соли охир рух додааст, барои ман боваркарданӣ набуд. Бо ҳамаи он сармояе, ки Эрон дорад,  дар Теҳрон ин қадар хиёбону иншооти нав бунёд нашудааст. Ин сохтмонҳое, ки тӯли даҳ сол Шумо бунёд кардед, дар Теҳрон ба муддати чиҳил сол насохтаанд. Як масҷид, ки бо унвони «Масҷиди Мусаллои Теҳрон» маъруф аст, ки аз «Кохи Наврӯз»-и Шумо бештар нест, вале онро беш аз сӣ сол месозанд ва маблағи бамаротиб бештаре ҳам сарф кардаанд, вале ҳанӯз тамом нашудааст. «Кохи Наврӯз»-ро, ки ба ин зудӣ сохтаед ва меъмории беназири он, ки ҳувияти миллӣ дорад, ҳазор раҳ беҳтар аз сохтмонҳои ошуфтаву на классик ва на мудерни Теҳроншаҳр аст, ки инро ба шумо ба ҳайси мудири як ширкати сохтмони шаҳрсозӣ арз мекунам. Биноҳое, ки дар Душанбе дидам, ҳама дар доираи санъату ҳунари миллӣ бо омезиши модерн сохта шудаанд. Кайфияти сохтан хеле арзишманд буда, асари ҳеҷ меъмории бегона ба назар намерасад. Ба лиҳози покизагии шаҳрӣ ва рафтори иҷтимоӣ ҳамаи инҳо воқеан ҳам нишони пешрафтагист. 

- Лутф кардед…

-Ман ин ҳарфҳоро на ба хотири хушоянд будан ба Шумо мегӯям. Бовар кунед, ман рушди кишвари Шуморо ба даврони шоҳони Паҳлавӣ дар Эрон муқоиса кардам ва ба баъзе дӯстони тоҷики худ гуфтам, ки ҳаргиз носипосӣ накунед. Бубинед, ки чӣ гуна Эрони давраи Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавиро, ки обод буд, озод буд ва рӯҳияи пешрафта дошт, мазҳабиён дар як лаҳза ба хоки сиёҳ нишонданд.

Ҳамин гуна афроди носипос, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ хуб буду мардум эҳсоси амният мекарданд, дар давраи Шоҳ низ дар Эрон ба назар мерасид. Бубинед, ки мардум ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиндагии хубтару беҳтар аз бударо мехоҳанд. Имрӯз агар дар Ванкувери Канада аз мардум суол кунед, ҳамин шикоятеро мешунавед, ки музд кам аст, шуғл нест… Дар Канада беҳтарин хадамот ба ниёзи мардум ҳамеша расидагӣ мекунад, як соати кор ҳади ақал 12 доллар аст, вале боз ҳамин ҳарфҳоро мешунавед…

- Яъне носипосӣ гоҳе метавонад ба вазъи бадтаре замина гузорад? 

- Бале.  Манзури ман аз ин ҳарфҳо ин аст, ки мехоҳам мардуми тоҷикро ҳушдор диҳам: -Ун иштибоҳе, ки мо солҳои 1979-и қарни гузашта кардем, шумо накунед. Ҳамаи ин мушкилоти иҷтимоӣ ҳал шуданист. Нагузоред, ки аз ин вазъ муллову диндорони шумо истифода баранд. Инҳо, ки сари қудрат омаданд, на танҳо мол, балки илму фарҳанг, мактаб, зеҳн, андеша, имон ва виҷдони шумо ва ҳатто шодиву хурсандии шуморо ҳам хоҳанд бурд… 

Вале барои ман ин чиз шигифтовар аст, ки ҳанӯз даҳ сол пеш ҳангоме ки бо мардуми шумо гуфтугӯ мекардам, номи онҳо бештар ориёӣ буд. Имрӯз вақте дар ҷодаҳо бо ронандагони ҷавони токсӣ, ки беш аз 20-22 сола нестанд, суҳбат мекунам, исми ҳамаашон арабӣ аст. Шояд ибтидо ба назар расад, ки ин ҳеҷ айб надорад. Аммо…  Ба фарзанд гузоштани номи бегонаи арабӣ ва ор кардан аз номи зебо ва пурмаънои тоҷикӣ худ нишонаи мазҳабӣ будани андеша ва афкори волидайн аст, ки хатар дорад. 

Шумо имрӯз як испониёӣ ё инглисро намебинед, ки ба фарзандаш номи миллати бегона, мисли туркӣ, арабӣ ё олмониро гузорад ва ё ҳадди ақал ин амал сартосарӣ нест. Порсизабонон ягона мардуманд, ки таърих, фарҳанг ва кеши онҳо бо номашон пайванде надорад. Имрӯз, вақте ки  дар Аврупо номамонро мегирем, моро бо араб яке мебинанд, яъне фарқ намегузоранд. Ин яке аз нишона ва намунаҳост, ки аз мазҳабӣ шудани зеҳни мардум дарак медиҳад.

-Имрӯз дар Тоҷикистон феҳристи номҳо тоҷикӣ тартиб дода шудааст, ки бояд шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ аз он истифода кунанд…

- Ин ба унвони ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонагароӣ хеле хуб аст. Ин кор ҳатто дар баъзе кишварҳои Аврупо низ ҳаст.

-Хуб, ба унвони дигар нишонаҳо чӣ далел доред?

- Нишонаи дигар давлатгурезӣ аст. Чизе, ки дар Эрон рух дода буд, яъне ҷудоии миёни давлат ва ҷомеаву миллат… Имрӯз бояд  хеле нигарон буд, ки ҳизбҳо ва ҳаракати диниву мазҳабӣ бо таблиғоти нарм миёни мардум ва давлат ҷудоӣ наандозанд. Бубинед, таълимоти онҳо ҳарчанд хилофи сохти демократӣ аст, онҳо бештар аз демократия ва озодиҳои ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, мардумро фирефта мекунанд. Имрӯз мушкили Тоҷикистон демократия нест. Қувваҳои радикал мехоҳанд бо истифода аз демократия ва боварии мазҳабии мардуми тоҷик сари қудрат биёянд ва мутмаин бошед, ки баъд аз як моҳи қудрати онҳо дигар нишоне аз демократия нахоҳад монд. 

 Сохти демократӣ низ бо ҳамаи хубиҳош баъзе мушкилоти ҷиддӣ дорад. Имрӯз дар Канада ва ё як кишвари дигари аврупоӣ онҳоеро, ки ба ДИИШ ҳамроҳ шудаву даст ба қатлу куштор задаанд, аз Сурияву Ироқ бозмегардонанд ва гоҳе мешавад, ки як ҳимоятгари варзида онҳоро аз додгоҳ озод мекунад ва боз пайи ҳамун кори наҳсашон мераванд. 

Нагузоред, ки мисли Эрон мардумро бо ҳамаи он, ки донишманду соҳибилм буданд, гумроҳ кунанд. Беш аз чиҳил сол аст, ки аз ун демократияи ваъдашуда танҳо зоҳир боқӣ мондааст…  

-Бале, ҳамин сохтори демократӣ боиси сари қудрат омадани шахсиятҳое мисли Мусолинӣ ва Гитлер дар ҷомеаи пешрафтае мисли Аврупо гардид… Суоли дигари ман ин аст, ки сохти давлати моро ба унвони дунявӣ ва секулярӣ мешиносанд. Яъне мо ин мувозинатро ҳамеша нигаҳ медорем, ки дин аз давлат ҷудо бошад. Назари Шумо дар ин маврид?

- Роҳи интихобкардаи Шумо сад дарсад дуруст аст. Ин бузургтарин арзиш аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар шароити Тоҷикистон аз сохти демократӣ ҳам афзалиятҳои бештаре дорад. Дар кишварҳои Ховар бояд дин ҳеҷ гоҳ ба умури давлат ва ҳукумат дахолат накунад. Ин на танҳо назари ман, балки назари бузургони андеша аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд. Агар мо ба дарозои таърихи худ назар андозем, ҳатто беш аз ду ҳазор сол қабл, ки подшоҳони мо аз мафҳуми демократия огоҳ набуданд, ҷудо будани динро аз умури давлатӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Ҳамин раводорӣ, ки дар сарзамини бостонии мо динҳо паҳлуи ҳамдигар бо муросову оштӣ қарор доштанд, гувоҳи ин аст. Агар давлат динӣ мебуд, яҳудиён ҳанӯз дар давлати Куруш ба сарзамини мо роҳ намеёфтанд ва ба осоиш зиндагӣ намекарданд. Худи Куруши бузург яке аз маъруфтарин секюлорҳо дар замонаш буд. Агар ин тавр намебуд, вақте Куруши Кабир ба Бобул ворид мешуд, худои онҳо Мардукро ситоиш намекард ва эҳтиром намегузошт. Дар давлати ӯ бобулиён бо дини худ, яҳудиён бо дини худ ва форсҳо бо дини худ буданд ва ӯ ҳамаи инро гиромӣ медошт. Ҳатто дини Зардуштиро, ки аксарияти мардум ба он эътиқод доштанд намегузоштанд, ки бар дигар динҳо ғолиб бошад, бартарият дошта бошад. Пас ин идеяи ҷудоии дин аз давлат дар фарҳанги ниёгони мо ҳамеша будааст. Пешвои муаззами Шумо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориси Куруши Кабир аст, ки ба қадри ин арзишҳои бунёдӣ мерасад.

Шояд ҳамин ҳувияти фарҳангӣ аст, ки имрӯз мардуми эронӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Мехоҳам қиссаеро ба Шумо нақл кунам. Чанде қабл ҳангоми Наврӯз дар Эрон будам. Ба руфтагаре (ҷорӯбкаш), ки ҳар субҳ роҳ мерӯфт ба хотири ҷашни Наврӯз чизе туҳфа кардам. – Чӣ рӯзи баде расидааст, -мегуфт бо таассуф рӯфтагар. Чӣ шуд? -суол кардам аз ӯ. Сар такон медод ва мегуфт, ки рӯзе нест, ки даруни ин ашғол (партов) чанд китоби мазҳабиеро пайдо накунам. Чун рӯфтагар мӯйсафеди мутаассибе буд, чизе нагуфтам, вале андеша кардам, ки бубин кор то куҷо расидааст. Бо вуҷуди он, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз субҳ то шом бо охундҳои худ таблиғи дину мазҳаб мекунанд, мардум китоби эшонро дар партовгоҳҳо меафкананд. 

Чаро ин тавр шуд? Ҷомеаи имрӯз ҷомеаи сад соли пешин нест. Мардум гуфтор рафтори рӯҳониёнро муқоиса мекунанд ва ба хулоса меоянд.  

-Пас чӣ омилҳо сабаб гардид, ки ҳукумати шоҳӣ сарнагун шуд?

- Яке аз мушкилии ҳукумати шоҳӣ дар он буд, ки хондану таҳқиқи рисолаҳои динии Оятуллоҳ Ҳумайнӣ дар ҷомеа мамнуъ буд. Касе намедонист, ки оқои Ҳумайнӣ дар китобҳояш чӣ навишта буд. Касе намедонист, ки аввалин шахси мухолифи ҳаққи райъи занон дар интихобот ҳамин оқои Ҳумайнӣ буд. Охундҳо ба майдон фурӯ рехтанд, давлат онҳоро саркӯб кард, вале асли аъмоли эшонро ошкор накард. Мардум чун аз назару андешаҳои аслии Ҳумайнӣ огоҳ набуданд, китобҳои ӯро хонда ва таҳқиқ накарда буданд, фиреб хӯрданд. Олимон ва сиёсатмадорони Шумо бояд гуфта ва навиштаҳои мутаассибони диниро таҳқиқ ва ташреҳ кунанд ва ба гӯши мардум бирасонанд, то ҷомеа аз хатари эшон огоҳ бошад. Ҳумайнӣ китобҳое дошт бо унвони, «Кошиф-ул хитоб», «Кашф-ул-асрор», ки дар онҳо тамоми идеологияи давлати исломиро ташреҳ карда буд. Ин китобҳоро ҳатто рӯшанфикрони мо нахонда буданд, ки вакилон, ҳуқуқдонҳо, сиёсатмадорон аз ҷабҳаи миллӣ то ҷангароён буданд ва аз соири кишварҳои мутараққии ҷаҳон пушти ӯ гирд омаданд. Китобҳои Марксу Ленинро хонда буданд ва метарсиданд, ки идеологияи коммунистӣ дар Эрон ғалаба накунад, вале аз идеологияи мазҳабӣ ғофил монданд. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон таълимоти марксистӣ нуфуз пайдо кард ва хуб, ки вазъи он мисли Афғонистону Эрон нашуд. Бубинед, ки имрӯз дар Афғонистон на амният аст, на оромӣ ва на озодӣ. Таассуб то ҷое кашидааст, ки бонуи бегуноҳеро мисли Фархунда бо иттиҳоми ҳарфи беҳудае ваҳшиёна дар хиёбон сангсор карданд.

Манзури ман ин аст, ки ба ҳарфҳои зоҳирии ашхосе мисли Кабирӣ ва ҳизби ӯ фирефта нашавед. Вақте аз Ҳумайнӣ пурсиданд, ки ҷомеаи исломӣ чӣ гуна мешавад, посух дод, ки мисли ҷумҳурии Фаронса. Пурсиданд, ки озодии исломӣ чист, гуфт, ҳама озоданд ва ҳатто коммунистон. Вале вақте ки вориди Эрон шуданд, нахустин коре, ки даст заданд, куштори коммунистон ва дигарандешон буд. Дар соли 1367 хуршедӣ чанд ҳафта танҳо ҷавононе, ки синнашон зери 30 буд, беш аз чаҳор ҳазор нафар дар зиндонҳо ба дор кашида шуданд. Ҳатто беморонеро, ки ба пой намеистоданд, аз дасташон мебардоштанд, то сарашон ба ҳалқаи дор расад. Ин гуфтаҳои тахайюлии ман нест, балки ҳар яки ин санад, аксҳо ва филмҳо дорад. Ман ҳанӯз дар бораи қатли нахустин вазири зан Фаррухрӯ Порсо, ки вазири омӯзишу парвариш буд, сарфармондеҳу афсарони артиш, ки сарсупурдаи Ватан буданд ва онҳое, ки бенишон нопадид шуданд, чизе нагуфтаам. Инро занони мо намедонистанд. Вақте сӯи хиёбон раҳпаймоӣ мерафтанд ва нидои «Дуруд ба Ҳумайнӣ» мезаданд, рӯсариву ҳиҷоб надоштанд ва касе аз охундҳо намегуфт, ки аввал рӯсарӣ кун, баъд ба тазоҳуроти мо ҳамроҳ шав. Аммо Ҳумайнӣ, ки ба Ватан баргашта рафтанд ба дидораш, гуфтанд ҳар кас, ки ҳиҷоб надорад, роҳ надиҳед ва муҷозот кунед.  

Имрӯз, ки Кабирӣ ва атрофиёни ӯ ҳарфи зебо мезананд, чун ба қудрат расанд, аз охундҳову толибон ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт.  Дар мазҳаби шиа истилоҳе ҳаст бо унвони «тақия». Инҳо тақия мекарданд, ки маънии он то замоне, ки сари қудрат нестӣ нияти аслии худро пинҳон дор.  Яъне, дурӯғ гуфтану фиреб карданро фатво доранд. Шумо нагузоред, ки онҳо дар Тоҷикистон низ тақия кунанд. Нагузоред, ки нияти аслии онҳо аз назари мардум пинҳон монад. 

Агар чаҳор нафари онҳоро ба телевизион даъват бикунеду як рӯзноманигори қавии забондон суол диҳад, ки Бобои мулло оё чаҳор зан гирифтан дар ислом дуруст аст? Оё дуруст аст, ки духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил накунанд? Оё дуруст аст, ки духтари ноболиғро ба шавҳар диҳанд? Метавонад, ки инкор кунад? На! Болотар аз ними ҷамъияти Тоҷикистон, яъне беш аз чаҳор миллион зан аст ва вақте хостаҳои аслии онҳоро фаҳмиданд, бовар дорам, ки ҳатман ба даҳонашон мезананд.  

-Боз кадом кори муассиреро бояд анҷом диҳем, ки ифротиён дар ҷомеа нуфуз пайдо накунанд?

- Шумо дидед, ки як рӯҳонӣ бо кори манфиатоваре дар ҷомеа даст зада бошад? Аввалин коре, ки бояд карда шавад, онҳоро аз манобеи молиашон ҷудо бикунед. Бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, ки пул барои онҳо аз куҷо меояд. Бояд ҳисоби бонкии онҳо таҳти назорат бошад. Бубинед, ки имрӯз мову шумо агар мехоҳем, ки коре бикунем, душвории маблағгузорӣ пеш меояд, вале дар Аврупо дар ихтиёри Кабирӣ ва монандҳои ӯ садҳо ҳазор евро гузошта шудааст. Имрӯз чаро як нафар коргар барои пайдо кардани ғизо мушкилӣ мекашад, вале инҳо, ки ҳеҷ ҷо кор намекунанд, имкон доранд, ки ҳар сол ҳаҷ раванд? Чаро, ки бозориёну мардуми мутаассиб, ки бехудона аз думболашон медаванд, эшонро аз лиҳози пул таъмин мекунанд. Аз таассубу бесаводии мардум аст, ки худашон дар тиҳидастиву бечорагӣ қарор доранд, вале аз ҳисобашон мулло ду се зан дораду зиндагии хонаводагиаш аз ҳама имконот бархурдор аст. Худашон намедонанд, ки ин эътиқоду муҳаббати кӯр-кӯронаашон рӯзе ба сарашон бало меорад. Шумо бояд дар ин замина кор баред, ки таассуб аз замири мардум решакан шавад.

Хуб ин, ки мақомоти қудратӣ ифротиён ва террористонро пайгирӣ ва ҳабс мекунад, ҳанӯз мисли даравидани рӯи алаф аст. Яъне мисли буридани як гиёҳи ҳарза, ки ҳанӯз решааш дар замин пинҳон аст, мақомоти амниятӣ вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ки дуруст аст, яъне ҷомеаро безарар мегардонанд. Вале зери ин реша бояд тамоми риштаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кунанд, то ин гиёҳи мурдор дигар сабз нашавад.   

Дигар коре, ки дар ин замина муҳим аст, ҳар ифротгароеро, ки дар дохили ҳукумат аст бояд берун кард.  Дастгоҳи давлативу девону артишу амният бояд аз ҳар одаме, ки назару андешаи ифротӣ дорад,  пок шавад.  Касе, ки занаш рӯсарӣ мекунаду намегузорад, ки духтараш дар донишгоҳҳо таҳсилашро идома бидиҳад, ӯ дунявӣ ва ё ба истилоҳи дигар секюлорӣ нест, балки боварманд аст. 

Дар Қуръон ҳарфе дар мавриди ҳиҷоб нест. Агар касе мехоҳад, ки дар ин маънӣ ба Қуръон истинод кунад, наметавонад далеле пайдо кунад. Ҳиҷоби фарогирро ифротиён оварданд, чунки абзори контроли мардум аст. Ман аз чанд охунди шинохта суол кардам, ки оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ҳиҷоб гирифтанро барои ҳамаи бонувон ҳатмӣ шуморад? Ҳама инкор мекарданд, вале иддао мекарданд, ки гарчӣ далели нақлӣ надорад, ҳароина ақлӣ аст. Яъне гарчанде, ки дар китобҳо зикраш нарафтааст, инҳо ба «ақл» дарёфтаанд, ки беҳтарин василаи контрол аст. 

Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт, дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. Метавонанд дар ҳолати зарурат аз ҳама чиз гузашт кунанд, аммо ҳиҷобро раҳо нахоҳанд кард. Дар байни вакилону вазирону мудирон набояд онҳое бошанд, ки дузанаву сезанаанд ва ё муҳити хонаводагиашон сатрпӯш бошанд. Чун шахси давлатманд яъне корманди мақомот, ки дузана аст, чӣ гуна метавонад аз ҳуқуқи зан дифоъ кунад, ки аз шартҳои муҳими давлати дунявӣ ва демократӣ аст? 

- Ҳарфҳои Шумо дар боби парчам ва ҳиҷоб, воқеан ҳам ҷолиб буд…

- Бубинед, ки агар ин ҷо сад зани саркушода муқобили як зани ҳиҷобдор қарор бигирад, занҳои саркушода дарҳол бо эҳсоси хатар  худро ҷамъ мекунанд. Чун афкори онҳо ифротӣ нест ва мағзашон олуда нашудааст. Вале зани ҳиҷобдор агар касе ташхис диҳад, ки занҳои саркушода мурдору муртаданд омода аст, ки ҳамаи инҳоро пора-пора бикунад. Дар сари ӯ ҳамеша ин андеша ҳаст, ки ман бартарам, ҷойгоҳам назди Худо болотар аст ва ҳақ дорам, ки ҳамаи мардумро довар бошам.  Ислом чун ба сиёсат омехт аз намодҳое (рамзҳо) мисли таблиғу ҳуҷум иборат хоҳад буд, ки пайравони худро аз дигарон тафовут медиҳад. 

Вақте мо динро ба унвони як мавзӯи фардӣ нигоҳ мекунем, ниёзе ба тазоҳур надорем. Ман метавонам бо ҳар дину оине, ки дорам,  равам дар хона намоз гузорам ва бо Худои худ бо оромиш ниёиш кунам. 

Вале исломи радикалӣ мехоҳад қудрати худашро нишон бидиҳад. Фаразан дар Истамбули Туркия, ки аслан на кишвари аврупоисту на осиёист, масҷидҳои зиёде ҳаст. Аммо теъдоде аз мусалмонон ба ҷои он, ки бираванд дар масҷид намоз гузоранд, бештари вақт дар сари роҳу хиёбонҳо ин корро анҷом медиҳанд. Чаро? Мехоҳанд қудрати худро ба намоиш бигзоранд, мехоҳанд, ки заҳри чашм бигиранд, дар дили мардум тарсу ваҳшат эҷод мекунанд, то дар онҳо эҳсоси озодӣ набошад, ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд. 

-Чаро вақте ки бо аз ин диндорони мутаассиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекунӣ, дарҳол бо ҳарфи дурушт ва алфози қабеҳ посух медиҳанд?

- Усули баҳси инҳо ҳамин аст. Тавре ки дар боло гуфтам, онҳо ҳеҷ баҳсро қабул надоранд.  Аслан ба дин ҳам эътиқод надоранд ва онро ба ҳайси як абзори зиндагӣ истифода мекунанд.  Дар байни мусалмонони одӣ мардуми поке низ ҳастанд, ки ҳатто мӯреро озор намедиҳанд. Ба зиндагӣ ва эътиқоди касе ҳам кор надоранд. Вале ифротиҳо бо ин ҳама дигаронро наҷасу муртад эълон доштаанд, омодаанд, ки даст ба куштору қатл зананд. 

Чаро мо мисли онҳо, ки шеваи ваҳҳобиро пеш гирифтаанд ба дуруштиву лафзи қабеҳ баҳс намекунем. Мисли онҳо таҳдид ба қатлу сар задан намекунем, чунки касеро ва ҳатто ҷонвар ва ё дарахтеро ба хотири зинда буданаш озор надодан ҷузъе аз омӯзаҳои куҳани фарҳанги ниёгонамон будааст. Ба хотири ин, ки зерсохти фикрии мардуми тоҷик, ҳофизаи таърихии он аз азал гиромӣ ва пок доштани чаҳор унсур обу хоку боду оташ аст. Чӣ ҷои баҳс, ки инсон ва ё ҷонвареро озор диҳад? Хӯи меҳрубонӣ ҳазорсолаҳо дар хуни мардуми тоҷик парвариш ёфтааст. Бубинед, ки теъдоди ҳамаи ифротгароён дар Тоҷикистон як дарсад ҳам нест. (Онҳо ҳам, ки мағзашон шустушӯ шудааст ва дигар аслу насаби худро фаромӯш кардаанд, дигар тоҷик нестанд, балки як ваҳҳобиву салафиву таҳрирӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди кам будани теъдодашон хеле хатарноканд). 

- Пас барои шустушӯи мағзӣ нашудани ҷавонон  чӣ бояд кард? 

- Барои ҷомеа бештар ун касоне хатарноканд, ки аз кӯдакӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Чаро аксари интиҳориёни афғон мардуми пашту ҳастанд? Чаро, ки онҳоро аз хурдӣ дар мадрасаҳои Покистон ба ин кор омода мекунанд. Чаро як марди бузургсол аз ин фирқа даст ба интиҳор намезанад, вале ҷавононро ба ин кор раҳнамоӣ мекунад? Чаро ки бовар надорад, ки худро тарконаду муҷиби куштори чанд одами бегуноҳ шавад, биҳишт меравад. Ин корро танҳо ба хотири сарвату қудрат мекунад. Толибон дар Афғонистон пойгоҳҳо доранд, ки дар онҳо кӯдаконро аз хурдсолӣ ба террор таълим медиҳанд. Ҳатто дар Сурия ҷангиёни ДОИШ курдону эзидиҳоро мекуштанд ва кӯдакони онҳоро дуздида дар ӯрдугоҳҳо бомба бастану сар задану кушторро меомӯхтанд. Дар мағзи онҳо хушунату бадбиниро нисбати дигарон ҷо мекарданд. Илми равоншиносӣ собит намудааст, ки ҳар қадар инсон ҷавонтару содаву камақлтар бошад, шустушӯи мағзии он кори сахте нест. 

Мо кӯдакони худро аз кӯдакистонҳо чунин тарбия диҳем, ки дурусту бадро бо хирад санҷад. Бояд илму дониш омӯзад. Ҳар қадар инсон аз хурдӣ ба донишу маърифат алоқамандӣ пайдо кард, ҳамон қадар рушд мекунад, аз таассубу ҷаҳолат дур мешавад. Яъне бояд ба фарзандони худ шеваи дуруст андешиданро биомӯзем. Ҳар андешае, ки то синни ҳафт-ҳаштсолагӣ ба мағзу зеҳни кӯдак ҷой кардед, то охири умр ба он содиқ мемонад. Пас дуруст нест, ки ба ҷои мазҳабу хурофоту чизи дигар ба кӯдак илму маърифат омӯзем? 

Имрӯз гумон мекунам Тоҷикистон ба фаъолияти як ниҳоде ниёз дорад, ки шояд ба унвони як Созмони парвариши андеша роҳандозӣ шавад. Ин созмон бояд аз тариқи расонаӣ кардани ормонҳои миллӣ, андешаҳои солим, суханрониву шеъру суруд, филмҳои ҳунариву мустанад ба афкори мардум роҳ ёбад. Ҳамбандон, яъне узви ин созмон метавонанд олимон, сиёсатмадорон, устодони дабистонҳо бошанд. Гирди ин созмон бояд шахсиятҳои шинохта, донишварону андешамандон ҷамъ шаванд ва пеши мардум бираванд ва бо забони содаву фаҳмо, бо забони коргару кишоварз бо онҳо суҳбат бикунанд. Бубинед, чи аҳзоби ғайридинӣ дар тамоми навоҳиву шаҳристонҳо дафтари (сохтори) худро дорад. Вале мутаасибони динӣ аз ҳар минбари масҷид, ки дар шаҳраку рустоҳо ҳаст, ба унвони дафтару ситоди худашон истифода мекунанд. Бояд Шумо нагузоред, ки масҷидро инҳо ба унвони як пойгоҳи сиёсӣ, ҳизбии худ истифода кунанд. Мо дар шаҳру рустоҳо бояд анҷуманҳое, ки тавонанд мардум ҷамъ шаванду ҷойгузини масҷидҳо бошад, дуруст кунем. Масҷид ҷои ибодат аст на баҳсу сиёсат. Ин бархӯрдҳое, ки Ҳукумати Шумо имрӯз бо масҷидҳо дорад, яъне маҳдуд кардани мавъизаҳои сиёсии динӣ комилан дуруст аст ва хилофи ҳеҷ қавонини башарӣ нест.

- Сипос барои як суҳбати фарогир ва самимӣ. 

- Банда низ сипосгузорам, ки як имкони мусоид барои баёни назару андешаҳоям фароҳам овардед.    

Мусоҳиб

Б. ҲАМДАМ 

Хонданд 626

БОЗ БА «ДИДОР» МЕРАСЕМ!

Сен 22, 2018
Хонданд: 417
БОЗ БА «ДИДОР» МЕРАСЕМ!

Чун анъана ҳар ду сол аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад. Дар остонаи баргузории Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» бо мутасаддии асосии чорабинии мазкур, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, коргардон ва филмноманависи машҳур Сафари Ҳақдод мусоҳиб шудем. 

- 15-уми сентябр қабули дархостҳо барои иштирок дар Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» ба охир расид. То имрӯз барои ширкат дар ин кинофестивал чанд дархост ва аз кадом кишварҳо расидааст?

- То ин вақт мо беш аз 100 дархости ширкат дар озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳҳаҷм ва пурраметражро тариқи почтаи электронӣ ва сомонаамон гирифтем. Ба мо аз кишварҳои анъанавӣ, ки солҳои қаблӣ дар синамобазм иштирок мекарданд, дархост фиристодаанд. Ба ғайр аз ин, аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ – Литва, Эстония, Латвия, Беларусия ва Украина низ хоҳиши иштирок кардаанд. Ҳарчанд ки мо барои даъвати худи филмсозон маблағ надорем, иҷозати онҳоро гирифтем, то ки филмҳояшон дар озмуни байналмилалӣ иштирок бикунанд. Аз ҷумла, мо чанд филми кӯтоҳи онҳоро барои намоиш дар озмун интихоб кардем. Воқеан, мо кӯшиш мекунем, ки дар солҳои минбаъда филмофарони ин кишварҳо мустақиман дар ин синобазм ширкат карда, эҷоди худро муаррифӣ намоянд. 

Дар бахши байналмилалии озмун филмҳои пурраҳаҷм аз кишварҳои анъанавии иштирокчӣ аз қабили мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Қафқоз, Муғулистон, Эрон ва Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Аз ин кишварҳо дар бахши мусобиқаи филмҳои пурраҳаҷм 10 филм интихоб шудааст. Ҳамчунин имсол дар бахши байналмилали озмун аз Ҳиндустон низ ба мо чанд дархост расид ва ба ин васила домани фестивал васеъ гардид. 

Имсол дар бахши мусобиқаи филмҳои кӯтоҳ намоиши як филми муштараки Ҳиндустону Бангладешро интихоб намудем.  Умуман, дар бахши филмҳои кӯтоҳи мусобиқаи байналмилалӣ 12 филм иштирок хоҳанд кард. 

 Дар синамобазҳои пештара мо як барномаи вижаи «Фокус» ё «Панорама» доштем. Ҳоло як барномаи вижаи «Ҳамсояҳои хеле наздик» сохтаем, ки дар он 3-4 филмҳои гуногун аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд. Ҳоло раванди мувофиқа кардани барнома бо ҳамсоякишварҳо идома дорад. 

Мо як бахши вижаи дигар бо номи «Синамои кишварҳои форсизабон» дорем, ки дар он филмҳои пурра ва кӯтоҳҳаҷми Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар дохили ин барнома мо як бахши филмҳои миллӣ таъсис, додем, ки дар бахши филмҳои Тоҷикистон пахш мешаванд. Дар он 12 филмҳои ҳаҷман гуногун пешниҳод шудаанд. 

Имсол дар бахши «Синамои кишварҳои форсизабон» бештар филмҳои донишҷӯён иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон низ дар синамобазм бештар филмсозони ҷавон иштирок хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки барои филмофарони ҷавони Тоҷикистон як мусобиқаи алоҳидаи миллӣ низ таъсис додаем, ки ҷоизааш дар сатҳи байналмилалӣ аст. 

 Воқеан ҳам, имсол ҳудуди  80 дар сади филмҳои интихобшуда ба филмсозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доранд. Барои ҳамин ҳам дар охири синамобазм як мизи мудавварро барои филмофарони ҷавон дар назар дорем. Дар он бурду бохти филмофарони ҷавон аз ҷониби мутахассисони соҳа баррасӣ мегардад. Кори пажӯҳишии фестивал низ ҳамин аст, ки равияҳо ва равандҳои гуногуни синамоиро муайян бикунем.  

Бояд гуфт, ки дар синамобазм озмуни байналмилалӣ ва миллӣ доир мегардад. Дар маҷмуъ, дар Синамобазми 8-уми байналмилалии «Дидор» зиёда аз 60 филми гуногунҳаҷм интихоб шудааст. Ҳамчунин дар синамобазм чанд филми аниматсионӣ низ намоиш дода мешаванд.

- Вижагии Синамобазми 8-уми «Дидор» аз кинофестивалҳои пешин дар чӣ аст? 

- Ман гумон мекунам, ки вижагии асли синамобазми мо рӯ овардан ба эҷоди ҷавонон аст. Ҳоло дар синамобазм ҷавононе иштирок доранд, ки аввалин қадамҳои худро ба синамо гузоштаанд. Баъзеи онҳо ҳатто нав мактаби миёнаро хатм кардаанд. Ин дахл дорад ба синамои миллии мо ва синамои кишварҳои дигар. 

Вижагии дигари синамобазми мо дар он аст, ки имсол филмҳои мустанадро комилан интихоб накардем. Зеро мо тасмим дорем, ки минбаъд, дар байни холигоҳи солҳои баргузории «Дидор» шурӯъ аз соли 2019 Кинофестивали филмҳои мустанади «Дидор»-ро ба роҳ монем. Дар он ҳамаи намудҳои филмҳои мустанади миллӣ ва байналмилалӣ аз рӯи сабку жанрҳои гуногун ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Мехоҳем аз он биомӯзем, ки дар олами синамои филмсозии мустанад чӣ мегузарад. Зеро солҳои қаблӣ филмҳои мустанад дар сояи филмҳои бадеӣ мемонданд ва ба онҳо кам таваҷҷуҳ мекардем. 

- Кинофестивали «Навсоз», ки аз 16 то 18-уми сентябри соли равон дар Душанбе доир гардид, низ ҳамин ҳадафи муаррифии филмофарони ҷавонро дорад. 

 - Байни кинофестивали мо ва «Навсоз» тафовут ҳаст. Онҳо бештар ба филмҳои кӯтоҳҳаҷм таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳол он ки дар Синомобазми «Дидор» баъзе ҷавонон аввалин филми пурраҳаҷми худро ба намоиш гузоштаанд. Интихоби мо низ дар пешниҳоди филмҳо фарқ мекунад. Баъд, қазовати мо дар бораи филмҳо ягона нест. Бигзор дар кишвар чандин кинофестивалҳо доир гарданд, то ки раванди синамосозиро аз зовияҳои гуногун баррасӣ намоянд. 

- Оё баргузории Кинофестивали «Дидор» ба рушди синамои миллии тоҷик таъсире дорад?  

- Бале, ин ба рушди синамои миллӣ метавонад мусоидат намояд. Зеро вай ҷанбаи омӯзишӣ ва тарбиявӣ дорад. Масалан, ҳамин ду моҳи охир ба мо ҷавононе муроҷиат карданд, ки ҳатто филмҳояшон пурра басту банд нашудаанд. Мо ба онҳо маслиҳатҳо додем. Ин ҷавонон ҳавасманд ҳастанд, ки дар синамобазм иштирок кунанд. Албатта, вақте онҳо бо офаридаҳои ҳамсолони ҳирфаии худ аз кишварҳои дигар шинос мешаванд, таҷриба меомӯзанд. Вақте ки онҳо натиҷаи офаридаи ҳамсолони худро мебинанд, ин ба эҷоди минбаъдаи онҳо таконе хоҳад шуд.  

Ҳамчунин имсол дар назди тими «Дидор» курси шашмоҳаи мактаби кино низ таъсис додем, ки ба онҳо беҳтарин филмофарон машғулият гузарониданд. Умед дорем, ки аз байни дастпарварони ин мактаб низ филмофарони ҳирфаӣ ба камол мерасанд. 

- Барои суҳбати пурмаҳтаво ташаккур! 

Мусоҳиб Ҷовид Муқим

Хонданд 417
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.