Устодони бузургро дар як хона ҷамъ кунед ва онҳо дар ҳама масъала забон меёбанд ва аҳд мекунанд. Ба ҷойи онҳо шогирдони эшонро ҷамъ оред ва онҳо сари ҳар масъала бо ҳам баҳс хоҳанд кард.

(Брюс Ли)

 

Сулҳ бастан кори осоне нест ва на ҳамеша муяссар мешавад. Пеш аз ҳама ба шахсияти тарафҳои сулҳкунанда вобаста аст. Аз манфиати худ гузаштанро талаб менамояд. Ва на ҳар кас метавонад аз хешу манфиати хеш гузарад. Агар ки дар ин миён хун бошад, боз ҳам бахшидани ҳамдигар душвортар аст. Албатта, такрори масали “хунро бо хун мешӯянд”-ро дар миёни мо — тоҷикон дӯст медоранд, аммо дар воқеият кам иттифоқ меафтад, то он амалӣ гардад.

27-уми июн Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин рӯз Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, ки ба ҷанги дохилӣ дар кишвар хотима гузошт, баста шудааст. Садҳо ҳазор гуреза аз хоки Афғонистон ба Ватан баргаштанд.

Ҷанг панҷ сол идома ёфт. Аз соли 1992 то соли 1997. Тақрибан 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион тан муҳоҷир гардиданд ва ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Лоиқи равоншод бо хушнудӣ аз сулҳи миёни тоҷикон суруда буд:

…Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад

Мисли Лоиқи нотакрор бузургони мо ҳамеша сулҳро ситоиш намудаанд ва ҷангро ҳамчун ҳаммаънои вайронӣ, харобӣ, хунрезӣ накуҳиш кардаанд. Махсусан, “Шоҳнома”-и Фирдавсии бузург моломол аз ситоиши сулҳ аст. Минҷумла, устоди сухан мегӯяд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг,

Наёяд, агар бошадаш ному нанг.

Ваҳдат муборак, ҳамватан!

Добавить комментарий