Бо фаро расидани насими гарми муносибат миёни кишварҳо, мардуми водии Зарафшон умедвори боз шудани шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд ҳастанд.

Хушбахтона, касе имрӯз аз вазъи роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки чандин сол дар сархати хабарҳо қарор дошт, шиква намекунад. Имрӯз ин роҳ шояд аз беҳтарин роҳҳои кишвар бошад ва мусофирон ба роҳат то зодгоҳ ё деҳаи худ мераванд. Ба болои ин, ниҳоят ба ин ноҳия нафаре раис таъин гардид, ки ба қавли мардуми ҳолдон, «аз оғӯши замин баромадааст». Раиси имрӯза Ислом Зиёзода аслан кишоварз аст ва солиёни зиёд ҳар ваҷаби ноҳияро қадам задааст. Аз оддитарин мушкили мардум хабар дорад, ҳар як мавзеъро ба хубӣ медонад. Ҳар як дастоварду иззату эҳтироми хешро аз баракати замин медонад ва то ҳоло фурсат ёфта, ба кишоварзӣ ҳам машғул мешавад. Шояд аз камтарин раисон аст, ки танқидро омили пешравӣ медонад. Боре ҳангоме дар «Фараж » маводи танқидӣ аз Панҷакент он шумора зиёд нашр шуда буд, шӯхиомез гуфтам:
— Хайр, ҳамин ду-се журналисти дигар мондааст дар шаҳр, ҳамонҳоро гӯем дигар маводи танқидӣ нанависанд…
Табассуме карду гуфт:
— Ҳарчӣ дар бораи Панҷакент менависанд, ҳатман мехонам. Агар чанд муддат касе маводи танқидӣ нанависад, ҳатто зиқ мешавам, ки чизе наменависанд. Набудани маводи танқидӣ далели он аст, ки пешравӣ нест, зеро маводи танқидӣ ҳам далели будани кор аст.
Вале, имрӯз дар Панҷакент, ки замоне чанд корхонаи саноатӣ ҳам буд, ба мисли заводи тамоку, заводи консерв ном мондаасту халос. Вазъи корхонаҳои саноатии шаҳр сахт ба вазъияти шаҳри Конибодом монанд аст. Дар ин шаҳр ҳам раисони собиқ ҳарчӣ буд, ба боди фано додаанд. Барои Ислом Зиёзода бошад, тақсимоти ғайриқонунии замин дар солҳои пеш ба мушкили азим бадал гардидааст. Ҳар дуюмин шикоят дар масъалаи замин аст, ки солҳои пеш ба вуҷуд омадаанд.
Дар тамоми шаҳр фақат як завод — заводи тилло фаъолият дорад, ки саҳмдори асосиаш чиниҳо ҳастанд ва як қисми мардони қобилияти корӣ дошта дар он ҷо фаъолият менамоянд.
Чанд сол муқаддам вақте ҳарф аз Панҷакент мерафт, баъзе аз он чун макони интиқоли маводи мухаддир ёд мекарданд, ки хушбахтона, вақтҳои охир ин доғ то ҷое шуста шудааст.
Дар ноҳия нашрияи ноҳиявӣ бо номи «Зарафшон» фаъолият дорад ва ҳамчунин телевизиони маҳаллӣ ҳам бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ аз навгониҳои ноҳия мегӯяд. Кӯшиши чанд нафари дигар, ки мехостанд шабакаи телевизионии нави маҳаллӣ созанд, бо сабабҳои номаълум самар наовардааст. Ҳол он ки, бо назардошти он, ки ин ноҳияи наздисарҳадӣ аст, бояд барои фаъолияти эшон мусоидат мекарданд.
Бо вуҷуди ин ҳама норасоиҳо то ба ҳоло «винои Панҷакент», «биринҷи Панҷакент» вирди забонҳо асту талабгорон онро бо душворӣ ҳам бошад, дастрас мекунанд.
Умед ҳаст, ки бо боз шудани дидбонгоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» миёни Самарқанду Панҷакент вазъи иқтисодии ноҳия беҳбуд меёбаду фарзанд ба дидори модар хоҳад расид.
Умед мекунем…

Хуршед АТОВУЛЛО,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here