.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527

(Ҷавоби яке аз бунёдгузорони Фронти халқии Тоҷикистон, фармондеҳи Фронти халқии Кӯлоб Иброҳим Исмоилов ва як гуруҳ собиқадорони Фронти халқӣ ба изҳороти Қувваталӣ Муродов дар бораи интихоботи президентии соли 2020)


Дӯстони азиз, тавре хабар доред, рӯзи 1-уми марти соли 2018 шаҳрванд Муродов Қувваталӣ аз номи фаъолон ва собиқадорони «Фронти халқии Тоҷикистон» дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла аз тариқи радиои «Озодӣ» баромад карда, дар бораи як қатор масъалаҳои сиёсии кишвар изҳорот дод. Ӯ дар мусоҳибаи худ аз ҷумла оид ба интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистон сухан ронда, изҳор мекунад, ки гӯё фаъолони Фронти халқии Тоҷикистон ба ин интихобот тайёрӣ дида, номзади худашонро дар он пешниҳод мекардаанд. Ҳамчунин, ӯ аз номи фаъолону собиқадорони Фронти халқӣ дар масъалаҳои кам кардани миқдори имзоҳо барои довталабон ба мансаби президентӣ, коҳиш додани гаравпулии интихоботӣ, тақсими салоҳиятҳои роҳбарияти давлат ва Раиси ҳукумат ва ғайраҳо талабот пешниҳод кардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, банда ҳамчун яке аз ташкилкунандагон, фармондеҳон ва собиқадорони Гвардияи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Кӯлоб ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки аз моҳи майи соли 1992 дар Тоҷикистон “Фронти халқии Тоҷикистон” тамоман вуҷуд надорад. Ман ҳамчун роҳбари Фронти халқии Кӯлоб бо ҳамроҳии ҳамаи дӯстони ҳамсафонам дар ин ҳаракати мардумӣ бисёр зарур мешуморем, ки дар ин масъалаҳо чанд фикру мулоҳизаҳои қатъии худро баён кунем. Зеро, агар мо хомӯш нишинем, шахсони бесалоҳияту фурсатталаб метавонанд ҷомеаро ба гумроҳӣ андозанд.
Якум, Тоҷикистони азизи мо кишвари дунявии демократӣ буда, ҳар шаҳрванд метавонад фикри худро озодона баён кунад. Аз ин рӯ, Қувваталӣ Муродов ҳам ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон метавонад фикру мулоҳизаи худашро дар бораи масъалаҳои дилхоҳаш изҳор намояд. Лекин, аз сабабе, ки ӯ аз номи “Фронти халқии Тоҷикистон” ва дар бораи гӯё барномаҳо ва мавқеи Фронти халқӣ нисбат ба интихоботи президентӣ гап задааст, мо бетараф буда наметавонем ва ба таври қатъӣ изҳор менамоем, ки Қ. Муродов ҳаргиз чунин ҳуқуқро надорад! Зеро роҳбарияти Гвардияи миллии Точикистон ва минтақаи Кӯлоб ва фаъолону собиқадорони он дар вақтҳои охир дар ин масъалаҳо ягон хел ҷамъомад накардаанд ва дар ин мавзуҳо ягон хел қарор қабул карда нашудааст. Дар ин масъала аз ҷониби Гвардияи миллии Тоҷикистон ва минтақаи Кӯлоб ягон хел пешниҳодҳо таҳия нагардидааст ва махсусан ба Қ. Муродов ягон хел ихтиёроту салоҳияти аз номи Гвардияи миллӣ баромад кардан дода нашудааст. Бинобар ин, чунин изҳороти бемасъулиятона аз номи чунин ҳаракати обрӯманди халқӣ дар асл таҳқири Гвардияи миллӣ мебошад. Ин шахси худхонда ё «самозванетс» ягон салоҳият ва ихтиёроти аз номи Гвардияи миллии Тоҷикистон баромад карданро надошт. Яъне, изҳорот, фикру мулоҳизаҳо, пешниҳоду талабҳои ӯ ягон робита бо Гвардияи миллии Тоҷикистон надорад.
Дуюм, Қ. Муродов дар ҳақиқат дар солҳои 90-уми асри гузашта дар сафи Гвардияи миллии Тоҷикистон ҳамчун духтур фаъолият карда буд. Аммо дар 20 соли охир, ӯ аз аъзогӣ ва аз фаъолияти Фронти халқӣ пурра дур шуда, дар ягон ҷамъомад ва барномаҳои фаъолону собиқадорони он иштирок накардааст. Ӯ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун духтур ва баъдан то солҳои 2013 ҳамчун роҳбари истироҳатгоҳи «Харангон» кор карда, баъд умуман аз кори давлатӣ ҳам дур шудааст. Бо гуфтани ин маълумот, мехостам ду масъаларо ба Шумо маълум намоям:
1. Қ. Муродов ягон вақт фармондеҳ, командир ё узви роҳбарияти “Фронти халқии Тоҷикистон” набуд ва фақат як муддат ҳамчун духтури шахсии Роҳбари фронти халқӣ Сангак Сафаров кор кардааст. Бинобар ин, худашро намояндаи баландрутбаи Фронти халқӣ муаррифӣ кардани ӯ ва аз номи фаъолони ин ҳаракат сухан ронданаш дурӯғи маҳз аст. Ман аз органҳои давлатӣ хоҳиш мекунам, ки он шаҳодатномаи Фронти халқиро, ки Қ. Муродов сураташро дар расонаҳо нишон додааст, як бор аз санҷиш гузаронанд, зеро ӯ ягон рутбаи баланди ҳарбӣ ва хизматӣ надошт.
2. То ҷое, ки ҳама медонанд, Қ. Муродов дар давраи роҳбари истироҳатгоҳи «Харангон» буданаш, аз мансаб сӯйистифода карда, ин истироҳатгоҳи муҳимро ба номи худаш хусусӣ карда гирифта буд. Ӯ дар як қисми ин истироҳатгоҳи муҳими давлатӣ қасри шахсӣ сохта, замини истироҳатгоҳро аз худ карда буд. Аммо вақте Суди иқтисодии Тоҷикистон ин рафтори ғайриқонунии ӯро пешгирӣ кард, солҳо судбозӣ карда, кӯшиш менамуд, ки ин объекти муҳими иҷтимоӣ ва тандурустиро аз худ кунад. Аммо вақте Суди иқтисодӣ панҷ бор дурустии қарори худашро тасдиқ кард, Қ. Муродов раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойировро ҳамчун адвокат гирифта, аз болои мақомоти судии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят намуд. Бахши СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба ӯ ва адвокаташ ҷавоб гардонда буд, ки ҳалномаи суди Тоҷикистон дуруст аст. Бинобар ин, Қ. Муродов дар ин қазияи судӣ шикаст хӯрда, истироҳатгоҳ ба давлат баргардонида шуд.
Ҳамин хел, Қ. Муродов бо бадномию ҷанҷол аз хидмати давлатӣ ҳам дур карда шуд. Тамоми қаҳрамонӣ ва корномаи ӯ ҳамин қадар аст.
Сеюм, Қ. Муродов дар солҳои охир натанҳо аз фаъолону собиқадорони Фронти халқӣ, балки аз барномаҳо, принсипҳо ва арзишҳои Фронти халқӣ дур шудааст. Ӯ баъд аз муваффақ нашуданаш дар масъалаи аз худ кардани истироҳатгоҳи «Харангон» нисбат ба давлат ва қонун хусумат пайдо карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маъракаҳо фикрҳои тафриқаангез мегуфт. Ӯ дар протсеси судбозиҳояш бо раиси ҲСДТ Р. Зойиров наздик шуда, дар охир пурра зери таъсири ин шахсият гузашта, фикру ақидаҳои ӯро қабул кардааст. Шояд шикояти Қ. Муродов аз болои мақомоти Тоҷикистон ба ташкилоти бегонаи хориҷӣ ва баромади ӯ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон маҳз таъсири “ҳамкорӣ”-и ӯ бо Р. Зойиров бошад.
Дигар ин ки, маҳз дар радиои «Озодӣ» ташкил шудани мусоҳибаи ӯ дар бораи интихоботи Тоҷикистон ва маҳз аз тарафи расонаҳои хориҷӣ бо як овоз дастгирӣ шудани пешниҳодҳои подарҳавои ӯ нишон медиҳанд, ки Қ. Муродов дидаю дониста ба бозичаи дасти баъзе доираҳои тафриқаандози дохилию хориҷӣ табдил шудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ кардани баъзе фарзандони ӯ ҳам метавонад ба тамоюлҳои сиёсӣ ва мазмуни изҳоротҳои ӯ таъсир дошта бошад.
Ба таври умумӣ, ин рафтори Қ. Муродов дар шаъни як узви Фронти халқӣ набуда, иснод овардан ба мавқеи ватандӯстонаи аъзои ин ҳаракати халқӣ мебошад.
Масъалаи аз ҳама муҳимтаре, ки мо маҳз барои эълон кардани он аз Кӯлоб ба Душанбе омадем, мавқеи ҳақиқии фаъолон ва собиқадорони Фронти халқӣ мебошад. Мо собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистон, ки барои барқарории сохти конститутсионии кишвар заҳмати бевосита кашида, қурбониҳо додаем, имрӯз сиёсати сулҳу ваҳдат ва созандагию ободонии давлати Тоҷикистон, махсусан сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоем. Мо ба сиёсати давлат аз берун нигоҳ намекунем, балки мо худамон ҷузъи ҳамин сиёсат ҳастем.
Дар бораи муносибати мо ба интихоботи президентии соли 2020 бори дигар таъкид мекунам, ки фаъолону собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистон то имрӯз дар бораи ин интихобот, дар бораи пешниҳоди номзад ба он ё дар бораи тағйир додани шартҳои интихобот ягон ҷамъомад, ҳамоиш ё барномае надоштаанд. Фронти халқӣ дар ин масъалаҳо ба ғайр аз нишондодҳои Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон пешниҳодҳои иловагӣ ба миён нагузоштааст. Бинобар ин, касе ҳақ надорад, ки худаш аз номи баланди ин ҳаракати мардумӣ дар ин масъалаҳо гап занад.
Лекин агар мавқеи шахсӣ ва шаҳрвандии фаъолон ва собиқадорони Фронти халқии Тоҷикистонро гӯем, ман медонам ва боварӣ дорам, ки ҳамаи онҳо дар атрофи Пешвои миллат ҷамъ буда, онро пурра дастгирӣ мекунанд. Мо шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як неъмати бузург барои давлат ва миллати Тоҷикистон медонем ва дар тамоми ташаббусҳо, барномаҳо ва иқдомҳояш бо ӯ ҳамроҳ ҳастем. Гарчӣ имрӯз Тоҷикистон органҳои қудратии қавӣ ва босалоҳият дорад, аммо мо собиқадорони Фронти халқӣ имрӯз ҳам тайёр ҳастем, ки дар лаҳзаи даркорӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва барои ҳимояи Пешвои миллатамон ҷони худамонро дареғ надорем.
Ман ҳамчун яке аз ташкилкунандагон, фармондеҳони марказӣ ва собиқадорони Фронти халқӣ, ки тамоми марҳилаҳои фаъолияти онро тай кардаам, қотеъона изҳор менамоям, ки маҳз ҳамин тантанаи истиқлолияту озодӣ, ҳамин давлати дунявию демократӣ, ҳамин сулҳу ваҳдату сарҷамъии миллат, ҳамин Тоҷикистони ободу тинҷу осуда, ки имрӯз зери роҳбарии Пешвои миллат рушд мекунад, барнома ва мақсади асосии Фронти халқӣ буд. Яъне, Фронти халқӣ маҳз барои расидан ба ҳамин рӯз мубориза кард ва Фронти халқӣ пурра ба мақсадаш расидааст.
Бинобар ин, ҳар касе фикру ақидаи дигар дорад, ҳар касе мухолифи ин сохти конститутсионӣ ва мухолифи ин дастовардҳо бошад, ӯ на танҳо намояндаи Фронти халқӣ нест, балки мухолифи барнома ва ормонҳои Фронти халқӣ аст. Аз ин рӯ, метавонем бигӯем, ки инсонҳое чун Қувваталӣ Муродов, ки дар ҳамкорӣ бо доираҳои тафриқаандоз ва ба воситаи расонаҳои бегонаи хориҷӣ аз номи “Гвардияи миллӣ” худсарона чунин изҳоротҳо медиҳанд, дар асл ба принсипҳо ва ормонҳои патриотию ватандӯстонаи Фронти халқӣ хиёнат мекунанд. Касоне, ки бо фаъолияти ин ҳаракати мардумии ватандӯстона аз наздик шиносанд, нағз медонанд, ки Фронти халқӣ ҷабҳаи мардони ҳақиқӣ буда, хиёнатро намеписандад!

Чоршанбе, 28 Феврал 2018 16:08

Ҷоннисори роҳи ободӣ

"Ӯ бо хизмати содиқона, садоқатмандиву ростқавлӣ, кордонию маҳорати ташкилотчигӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ сазовори иззату ҳурмати ҳамагон гашта буд. Марҳум Асадулло Ғуломов дар давоми фаъолияти меҳнатии худ барои пешрафти Ватани азиз кӯшишу ғайрати зиёде ба харҷ додааст. Ӯ махсусан дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат - нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст".

Эмомалӣ РАҲМОН

Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед,

Чун гули санг зи куҳсор маро ёд кунед.
Ман ҳамонам, ки шумо дидаву каф кӯфтаед,
Бо ҳамон нангу ҳамон ор маро ёд кунед.

Асадулло Ғуломов - марди хирад, марди Ватан, марди сухан, марди заковату фаросат буд, ки бо рафтанаш базми суруду шавқу тараб аз ғамаш з-ошёни дӯстону наздиконаш бурун рафтанд.
Асадулло Ғуломов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ба хотири талошу заҳматҳои беандоза ва ватандӯстиву ватанпарвариаш бо ҷоизаи «Шараф» ва Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

Зикри хайр
Дар баробари суханҳои баланду қадрдонии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоиҳои ин абармард, сиёсатмадорон, шоирону олимон, вакилону вазирон ва шаҳрвандони оддии кишвар низ фикру андешаҳои худро иброз намудаанд, ки мухтасари онро садҳо очерку достон метавон навишт.
Руқия Қурбонова - собиқ муовини сарвазири ҶТ, Муҳаммад Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, Хайрулло Асозода - собиқ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ, Маҳдии Собир - сиёсатшинос, Нодир Одил - профессор, Алимурод Исломзода - директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва ғайра дар бораи шахсият ва корнамоиҳои Асадулло Ғуломов андешаронӣ намуда, хизмати шоистаи ӯро дар барқарорсозии иншооти бузурги аср, аз қабили нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун», Заводи кимиёвии Ёвон, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, сохтмони нерӯгоҳи обию барқӣ дар ВМКБ, инчунин сохтмонҳои азими кишвар ёдрас намудаанд.
Профессор Нодир Одил дар суханронии худ дар бораи Асадулло Ғуломов чунин ибрози назар карда буд: «Асадулло Ғуломов дар баробари сиёсатмадор будан инсони комил ва шахси донишманду файласуф низ буд. Ӯ ҳамеша бо чеҳраи хандон бо хурду калон муомилаи хуш дошт, инчунин ҳамсуҳбати хеле дилкаш ва меҳрубону ҳамдил буд».

Парвардаи обу нони Ватан
Асадулло Ғуломов 28-уми феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести "Кӯлобселстрой" оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии №17, сардори трести "Тоҷикхимстрой"-и ноҳияи Ёвон кор кардааст. Солҳои 1995-2001 муовини аввали раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон" ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Cинои шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Солҳои 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ҷаноби Ғуломов иҷрои барномаҳои энергетикӣ, сохтмон ва алоқаро назорат мекард.

Маҳбуб падар, ному нишонат боқист...
Имрӯз фарзандони баору номуси ӯ давомдиҳандаи роҳи пурмасъулияти падарашон буда, барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз бо хизматҳои шоиста, тавассути ширкатҳои тозабунёди худ, ба монанди ширкати ватании «Ғаюр» корхонаҳои зиёди истеҳсолиро аз қабили ташкилотҳои ҷамъиятии тарзи кушодаи «Хуаксин Ғаюр Семент», «Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент», «Хуаджиан Ғаюр Индастриал», «Ғаюр Саноат», «Ғаюр Пекидж», «Ғаюр 1» ва «Ғаюр Трейдинг» ба роҳ мондаанд.
Асадулло Ғуломов санаи 3-юми августи соли 2011 нобаҳангом ин дунёро тарк кард.
Рафтию талоши руҳу ҷонат боқист,
Ёди ту чу нури хонадонат боқист.
То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем,
Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.

… Боз баҳор мерасад …
Баҳор ҳам фаро мерасад. Пас аз як рӯзи ҷашни мавлуди шахсе, ки ин баҳорро натавонад дид. Зеро ин 7-умин сол аст, ки бе ӯ рӯзи зодрӯзаш ҷашн гирифта мешавад. Зодрӯзи фарзандони баору номус ва сарсупурдаи миллат фаромӯшнашаванда аст. Солҳо мегузаранду номи некашон дар дили мардум ва саҳифаи таърихи миллат чун нақш дар санг ҳаккокӣ мегардад. Ва бо гузашти вақт, ҳар сол аз нав, чун гулҳои тароватбахши Ватан эҳё мешаванд. Кош модари тоҷик чун Асадулло Ғуломов ҳазорҳо фарзандони дилсӯзу сарсупурда барои халқу ватани худ ба дунё оварад, ки давомдиҳандаи кору пайкори ӯ бошанду бо ташаббуси онон Ватани мо ободу зебо шуда, машҳури ҷаҳон гардад.

Бибиҷон АШӮРОВА

Сомонаи минтақавии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Sugdnews чун оҷонсии иттилоотӣ ба фаъолият идома медиҳад.

Sugdnews бо пахши як хабар иттилоъ додааст, ки баъди гузаштани ҳамаи зинаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Оҷонсии иттилоотӣ сабти ном шудааст: “Хонандагони гиромӣ! Мо дар оғози фаъолият гуфта будем, ки сомонаи мо ба Оҷонсии иттилоотӣ табдил хоҳад ёфт, аммо тавре маълум аст, ин кори осоне нест:  ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқию ҳуҷҷатгузорӣ. Новобаста ба ҳама мушкилиҳои пешомада бо хушҳолӣ хабар медиҳем, ки акнун SugdNews Оҷонсии иттилоотӣ аст”.

Муассисон ҳанӯз дар оғози фаъолият гуфта буданд, ки умедворанд сомонаи онҳо ба Оҷонсии иттилоотӣ табдил меёбад: «Мо умедворем, ки бо мурури замон, ин сомона ба як агентии иттилоотии муваффақи чандзабона табдил хоҳад ёфт».

Рӯзи оғози фаъолият, 1-уми июни соли ҷорӣ, мақсади ташкил намудани сомона дар муроҷиатномаи дастандаркоронаш ба хонандагон чунин шарҳ дода шуда буд:

- пур кардани фазои иттилоотии вилояти Суғд бо иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба сиёсат, ҷомеа, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, таърих ва ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони минтақа;

- муаррифии сомона миёни хонандагони ҷаҳон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ва тӯҳматҳои интернетӣ;

- тарбияи насли нави журналистони ҷавону ояндадор.

Оҷонсии иттилоотии SugdNews бори дигар хонандагонашро ба ҳамкорӣ даъват карда аз ҳамагон  хоҳиш кардааст, маводи иттилоотиашонро дар шакли хабар, гузориш, мусоҳиба ва мақолаҳои таҳлилӣ, видеоҳо ба почтаи электронии сомона ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) фиристанд: «Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи журналистии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастем. Ҳар шахс метавонад ҳамчун хабарнигори мардумӣ ё минтақавии мо бошад. Баъд аз таҳрир навиштаи онҳо дар сомонаи мо нашр карда мешаванд.  Мо мехоҳем ба ҷаҳониён диёри азизамонро аз ҳар зовия нишон диҳем».

Вазорати мудофиаи Русия аз нобуд карда шудани Гулмурод Ҳалимов хабар дод. АИР Новости хабар дод, ки бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Русия ба мавқеи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар наздикии Дайруззори Сурия полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла 40 нафар ҷангҷӯёни ин гурӯҳи террористӣ ва чанд тан аз фармондеҳон низ нобуд карда шудаанд. Дар миёни кушташудагон собиқ фармондеҳи гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, «амири» Дайруззор Абӯ Муҳаммад Ашшимолӣ низ будаанд.

Гуфта мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов моҳи сентябри соли 2016 “вазири ҷанг”-и гурӯҳи террористӣ таъин шуда будааст. Ӯ дар ин вазифа Тархан Батирашвилӣ, мулаққаб ба Абӯ Умар Ашшишониро иваз кардааст.

Ин бори аввал нест, ки дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов иттилоъ пахш мешавад, аммо ҳар бор ӯ бо паёме ё аксе аз зинда будани худ дарак медиҳад.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.