.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 20 Январ 2018 14:05

Гуфтед? Мегӯянд! (№3 2018)

Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:
- Ман қарорамро бекор накардаам.
Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег Сабур! Агар шумо қарорҳоятонро бекор кунед, ҳама дар Тоҷикистон террорист мешаванд. То охирин нафас зиди NGN мубориза баред!

Фирӯза САТТОРӢ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила”:
- Оё беҳтар нест, ки ба ҷойи ин қадар маблағи калон сарф кардану 4-5 соли умри худро беҳуда гузаронидан, ҷавонони мо касбу ҳунар омӯхта, харрот, дуредгар, кафшергар, ошпаз, ронандаи автобус, метро, поезд ё мошинҳои боркаш шаванд.
Тассало: Хонум Фирӯза! Инҷо гап сари имиҷи ҳамсоягии деҳа меравад, имиҷ, мефаҳмед? Агар тавсияҳои додаи Шуморо қабул кунанд, "занакои лаби об" бо таъна мегӯянд, ки писар ё духтарашон дар “университет” неву дар коллеҷ мехонад.

Чилахон ХОЛОВ, ҳунарманд:
- Дар назар дорам бо фонограмма овозхонӣ кардани аксар сарояндаҳоро, ки аз фиреби мардум беш нест.
Суол: Раҳмат ба ҳамон ихтироъгари фонограмма! Фақат росташро гӯед, агар фонограмма набошад, худатон ба садои сарояндаҳои имрӯз тоқат мекунед?

Комил ЁДГОРӢ, рассом:
- Медонед, мардуми мо то ҳол маърифати асари рассомиро харида дар хонааш овехтан надорад. Агар ман ҳоло асарҳоямро ба бозори «Панҷшанбе» барам, 5 сомонӣ ҳам намехаранд.
Маслиҳат: Ҳозир аз ҳама роҳи зӯр барои фурӯхтану фоида ба даст овардан маҷбурӣ обуна кардан аст. Шумо ҳам мардумро обуна кунед ва фарҳанги расмнигоҳдориро дар хонаҳо омӯзонед, ҳамчуноне, ки мардуми мо фарҳанги газетхониро бо ин роҳ аз худ карданд.

Баҳром ҒАФУРӢ, сароянда:
- Бе “Оила” аз дар дароям, занам маро ба хона роҳ намедиҳад.
Шакарханд: Ҳаҳаҳа, аз хандая куштед, акои Баҳром! Маълум мешавад, ки дар як ҳафта як маротиба ба хонаатон меравед, ин ҳам бошад, танҳо рӯзҳои чоршанбе. Зиқ нашавед, мо пешниҳод мекунем, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро ба рӯзнома табдил диҳанд.

Нодир ВАЗИРОВ, омӯзгори собиқадор:
- Ман, ки муаллими фанни забони русӣ будам, мушоҳида намудам, муаллимони ҷавони ин фан худашон дуруст бо забони русӣ гап зада наметавонанд...
Гӯшзад: Устод, ҷои нигаронӣ нест, аз ҳамон муаллимони забони русии русе, ки маоши хуб мегиранд, мегӯем як-ду нафарашонро ба мактаби шумо фиристанд.

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Чоршанбе, 17 Январ 2018 10:44

Гуфтед? Мегӯянд! (№2 2018)

Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:
- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар бораи нуқсҳои иҷтимоӣ ё камбудии зиндагии мардум суҳбат карда бошад. Магар зиндагии мо дар он замон камбудӣ надошт?

Эътироз: Дошт Устод! Фадеев гуфту аз тарси ҷазо худро овехт, Пӯлод Толис бо дод аз бедод рафт, Ҷумъа Одина бо марги тадриҷӣ кушта шуд, Иззатулло Ҳусайнӣ рӯи мизи корӣ ҷон дод. Имрӯз бошад, аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, намегӯянду зиёфат мехӯранд. Агар камбудиеро бинанд, дар ба дари суд зарари маънавӣ талаб мекунанд…

Олим БОБОЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ:
- Коррупсия миёни соҳибкоронро мешиканад.

Суол: Аввал аз соҳибкорон бояд пурсид, ки миёни киро шикаста, соҳибкор шуданд?

Ҳасани ЧИЛЛА, ширинкор:
- Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва намоишҳои зиёди театрӣ дорем, вале ягон телевизион барои сабт ба дарамон намеояд.

Маслиҳат: Кормандони телевизион намеоянд, онҳоро меоранд! Шикамашонро сер кардан лозим, ҳаққи қалам додан лозим, хандондан лозим! То ин ҳикмати корро нафаҳмед, ҳаргиз намеоянд!

Павел ГЛОБА, фолбин:
- Путин курсии президентиро аз даст медиҳад.

Шубҳа: Ҳамин мабодо Трамп ё Навалний барои ин фол гонорар надода бошанд? Бояд решаи ин фоли Шуморо ФСБ кобад!

Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигор:
- Яъне, кулли корҷӯёне, ки дар пайи ҷустуҷӯйи кор дар вазоратҳо, кумитаҳо, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ мешаванд, тақдир ба рӯйи на ҳамаи онҳо механдад.

Тавсия: О, бародари азиз, «тақдирро тақдирҷунбон мебояд!». Наход ҳамин пандро намедонед, чаро кор мекобед?

Хадамоти алоқа:
- NGN алоқаи пастсифат аст.

Пурсиш: Шояд мушкил дар он аст, ки дар Тоҷикистон ба дасти кадрҳои пастсифат афтидааст?

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Сешанбе, 09 Январ 2018 11:54

Гуфтед? Мегӯянд! (№1 2018)

Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа

Хонандаи беҳтарин
- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал 1 соати холӣ пайдо намуда, нашрияҳои давриро варақ занам, бубинам, ки имрӯз журналистон дар бораи чӣ менависанд, хоса, дар бораи Қӯрғонтеппа чӣ навиштаанд, ба вежа, дар бораи камбудиҳои шаҳри мо.

- Раисбобо, офарин! Дар Тоҷикистон ягон нашрияи ҳаррӯзаи мустақил нест! Маълум мешавад, ки ҳарчӣ дар «Минбари халқ»-у «Садои мардум»-у «Ҷумҳурият» нашр мешавад, мехонед. О, Шумо вақтро беҳуда сарф накарда, гӯшии радиё ё телевизорро тобед, ҳама хурӯсҳо дар расонаҳои давлатӣ як хел ҷеғ мезананд.

 

Ҷонибек МУРОДОВ, овозхони шинохта

Асрори беҳтарин
- Хело хурсандам, ки метавонам дар Украина барномаи консертии нави худро пешниҳод кунам, ки бо гуруҳи ҳунармандони украинӣ омода шуда буд.

- Ана барои чӣ ба Русия ворид шудани Шуморо манъ карда будаанд! Хайр, бандеровчиҳо ва босмачиён як душман доштанд. Натарсида, ин далели таърихиро истифода баред!

 

Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, устоди ДМТ

Бахилии беҳтарин
- Ӯро дар дили худ “Табибу ҳозиқи дилҳо” меномам.

- Раҳмат устод, ҳам аз номи мо ва ҳам аз номи табиби ҳозиқи дилҳо. Аммо чунин табибонро аз «дилҳо» баровардаву ба мардуми бештар муаррифӣ кунед. Фақат худатон аз хидмати ин гуна табибон истифода набаред!

 

Аҳмади ИБРОҲИМ, сармуҳаррири “Пайк”

Фатвои беҳтарин
- Соли Навро пешвоз гиред, убол нест.

- Ана акнун беташвиш шудем устод, агар ҳамаи муллоҳоро аз фаъолият боздоранд ҳам, медонем, ки барои фатво гирифтан, фақат то идораи «Пайк» рафтан лозим.

 

Фирӯза ҲАФИЗОВА, сароянда

Кунҷковии беҳтарин

- Таъриф нашавад, чунон консерти олиҷанобе додем, ки мардуми араб қоил шуданд!

- Фақат росташро гӯед, ки дар барнома рақси арабӣ буд ё не?

 

Муллораҷаб ЮСУФӢ, рӯзноманигор

Тасаллои беҳтарин
- Тоҷирон мегӯянд, давоми як ҳафта аст, ки дигар гӯшти мурғ дарёфт карда наметавонанд ва захираи маҳсулоташон чанд рӯзи дигар мерасаду бас.

- Парво накунед, Муллораҷаб, соли мурғ ҳам инак паси сар шуд. Аммо, дар соли саг Шумову тоҷирон чӣ кор мекунед, ҳайронам…


Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ 

Шанбе, 10 Март 2018 11:14

ТАРс

Монолог

«Аз миёни ҳама эҳсосоти паст тарс эҳсоси пасттарин аст». 

Уилям Шекспир

Воқеан, ҳамин тавр аст, ки нависандаи англис Уилям Шекспир мегӯяд. Зеро, тарс инсонро ба дард меорад, меозорад, аз худ бехуд мекунад, садди роҳи фаъолнокиаш мегардад, бемор месозад. Барои ҳамин аст, ки фоизи зиёди одамон дар ин боб андеша меронанд, изҳори нигаронӣ мекунанд, ба насиҳати ҳамдигар мепардозанд, тавсия медиҳанд. Тавсияи онҳо бештар сари он аст, ки бахусус кӯдаконро аз хурдӣ бо «омад-омади аҷинаву деву дад» натарсонем, то ҷасуру сарафрохта ба камол расанд. Аммо нуктаи муҳим ин ки, худи тарс чист? Маълум, ки он эҳсос аст, рангу бӯй надорад. Танҳо як ҷузъе аз хусусиятҳои равонии инсон аст. Беманфиат ё баманфиат будани тарс вобаста ба муҳит ва фазо маълум мегардад. Яъне, ҳар гунаи тарс ба худ ҷойгоҳ дорад ва набояд нодида гирифта шавад.

Ҷаноби Хоҷаев, шояд ҳоло ба фикр фурӯ рафтаӣ, ки чаро тарсро ба ду навъ - беманфиату манфиатнок ҷудо кардам!? Дигар кӯдак нестӣ, андеша намо! Бубин, нафаре дигареро аз зӯри бозуяш метарсонад, тарсуе бо истифода аз мавқеъ ва мақоми кадом як хеши воломақомаш моро тарс медиҳад, шахси аз лиҳози молӣ доро, вале аз ҷиҳати маънавӣ пуче бо ҳамҳамаву дамдама таҳдид мекунад, ки «хап ист, набошад бо пул мезанам, ҷар мешавӣ». Агар дақиқ таҳқиқ намоӣ, инҳо нафароне ҳастанд, ки ҳатто аз сояи худ метарсанд. Ба ҳадде, ки шояд шимашон тар шавад. Вале мо аз онҳо метарсем… Ва ин бар зарари мост. Бар зарари худи онҳо низ, зеро мо баъд аз ин дӯсташон нахоҳем дошт.
Ба ёд меорам даврони чанд соли пешро. Дӯсте доштем, ки аз мо бо ҷусса бузургтар ва бо қувва қавитар буд. Ҳар гоҳ - ҳар гоҳ воҳима мекард ва рафиқони кӯчакеро, ки дар доираи мо давр мегаштанд, таҳқир менамуд. Дар ҳақиқат, мо аз ӯ метарсидем, чун як сол дараҷаи меҳтарӣ дошт. Аммо рафта-рафта тарс ба бадбинӣ бадал шуд ва дигар касе ӯро бо назари нек намепазируфт. Фикр мекунам, ки ҳоло ҳам ӯ дар тасаввури ҳама нафарони огоҳ аз асли ҳол маҳфуз аст ва зуд-зуд набошад ҳам, кам-кам бо бадбинӣ ёд мешавад. Айби худаш! Агар дар вақташ аз ин панди хирадманди афинагӣ - Солон - «касе, ки барои бисёриҳо даҳшатнок аст, бояд аз бисёриҳо тарсад» баҳравар мебуд, шояд кор ба ин зина намерасид.
Боз нафароне ҳастанд, ки аз тақдири дигарон метарсанд. Ба андешаи адиби англис Редуард Киплинг, «ин гуна одамон нафарони орифанд». Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар фикри дигарон худро азоб медиҳанд, месӯзанд, обу адо мешаванд. Гарчанде таҳти фишори тарс қарор доранд, ба хотири дигарон муқобили тарс мубориза мебаранд, то онон тарсро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоранд. Мисли он, ки сиёсатмадор, собиқ президенти Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела гуфтааст: «Нафари нотарс на он касест, ки тарсро таҷриба намекунад, балки он касест, ки муқобили он мубориза мебарад». Ман фидои ин тоифа шавам!
Чӣ!? Ман худам метарсам ё не? Метарсам, рафиқ Хоҷаев, метарсам. Тарсончак нестам, аммо баъзан-баъзан маро ҳам эҳсоси тарс фаро мегирад. Масалан, аз душманон не, аз номардии дӯстон метарсам. Аз он метарсам, ки дониставу надониста гуноҳе содир накунам. Яъне, аз худам метарсам. Метарсам, ки касеро ранҷур насозам. Ниҳоят, аз тарс метарсам. Мисли он, ки актёри машҳури чинӣ Ҷеки Чан гуфтааст: «Ягона чизе, ки аз он бояд тарсид, худи тарс аст». Мехоҳам, ки касе аз ман натарсад ва аз касе ҳам натарсам. Охир, ман ҳам мисли шумо одамам, шох ё дум надорам…
Орзу дорам, ки ягон нафар беманфиат натарсад, дӯстам Хоҷаев. Онҳое, ки ҳамвора лову газоф аз нотарсӣ мезананд, худ тарсончаканд. Амали онҳо сохтакорие беш нест!

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

саҳ 2 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.