.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 13 Январ 2018 15:39

мирЗИЁев

“Мо ҳама мемирем, вале ҳеҷ кас ҳамсояи бадро намебахшад…»

(Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон)

Омадани Шавкат Мирзиёев ба курсии президенти Ӯзбекистон дар доираҳои сиёсии минтақа мисли ҳавои тозае буд, ки ба он солиёни сол ниёз доштанд. Яъне, омадани раҳбареро, ки яхи умедҳои ҷомеаи кишварашро об кунад ва дар ҳамин баробар ба ҳамсоягонаш муносибати некбинона дошта бошад.
Аз ривояҳои зиёд ва қиссаҳои ҷолиби омӯзандае, ки аллакай президенти ҳамсоякишвар бо хулқу атвори шоистааш дар қалби ҳаммеҳанонаш коштааст, намегӯем, зеро ҳарчӣ кардааст, барои ҷомеаи хеш кардааст ва рисолати ҳар раҳбар пеш аз ҳама хидмат ба мардуми хеш аст, на ба шахсе ё кишваре дигар.
Мехоҳам бештар сари он гармие, ки нишастани Мирзиёев ба курсии сарварӣ овард, ҳарф занам. Пеш аз ҳама ба ҷанги лафзии панҷсолаҳо, ки сари будан ё набудани нерӯгоҳи барқӣ - обии «Роғун» сурат мегирифт, хотима дода шуд. Чун некнигарии ҳамсоя ба муҳимтарин тасмими Тоҷикистон эҳсос гардид, боваре пайдо шуд, ки дигар ҳама яхҳо об хоҳанд гардид. Яъне, дубора баргаштани Ӯзбекистон ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ, барқарор шудани роҳи оҳани Амузанг бо вилояти Хатлони Тоҷикистон, аломатгузории сарҳад, аз байн бурдани саддҳои минахобондашуда, интиқоли бемалоли гази табиӣ ва муҳимтар аз ҳама, масъалаи рафтуомади мардуми ду кишвари ба ҳам ҳамсоя.
Мирзиёев дар як суҳбати ахираш дар ин мавзуъ чунин гуфтааст: “Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем… Агар бо раҳбарони кишварҳои дуре дар бораи тақвияти ҳамкорӣ суҳбат кунӣ, онҳо ҳатман хоҳанд гуфт, ки вақте шумо бо ҳамсояҳо хуб нестед, чӣ гуна бо кишварҳои дур ҳамкорӣ мекунед. Мо ҳама мемирем, вале ҳеҷ кас ҳамсояи бадро намебахшад. Мо муносибат бо тамоми ҳамсояҳоро хуб мекунем”.
Аз шарҳи зиёде, ки дар ситоиши ин гуфтаҳои Шавкат Мирзиёев дар пасманзари ин хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст, метавон хулоса кард, ки мавсуф ҳамчун ҳамсояи некбину некрафтор аллакай маҳбубияте дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳам пайдо кардааст. Новобаста ба он, ки Мирзиёев ишора кардааст, ки “мо муносибат бо ҳамсояҳоро хуб мекунем, вале об кардани яхи 20-сола осон нест”.
Аллакай рӯзҳои наздик сарвазири ин кишвар ба Тоҷикистон меояд, то барномаи кории Президенташро таҳия намояд. Дар ду кишвар бошад, мардум гӯш ба қимор ҳастанд, ки кош гуфтаҳо амалӣ шаванду дигар ҳаргиз тундбоди ҷудоӣ миёни ду кишвар навазад, зеро аз он аслан ду миллату ду кишвар ранҷ мекашанд.
Ҳамсояро бошад, интихоб намекунанд ва «ҳамсояи наздик беҳтар аз бародари раҳдур аст»!
Тоҷикистон, дӯстонро интизор!

Хуршед АТОВУЛЛО

Шанбе, 06 Январ 2018 15:51

бозГАШТ

Барои кӯдакон халтачаи солинавиро бофта бароварданд, барои калонсолон тахфифи солинавӣ, барои мӯйсафедон баланд шудани нафақа ва барои романтикҳо «хлопушка»-ю «фейерверк»-ро.

(Ҳикмати русӣ)

Соли Нав ба Тоҷикистон дубора баргашт.
Аниқтараш, арчаҳои қатори солинавӣ баргаштанду тарсу ҳарос аз таҷлили рӯзи таваллуди Исои Масеҳ гурехтанд. То дирӯз баҳси «соли нави мо кадом аст: Наврӯз ё Соли нави милодӣ?» сармақолаи расонаҳо буд. Бадбинии соли нави милодӣ то ҳадде расид, ки дар пойтахт Бобои Барфиро бо нидои «иди кофирон» куштанд. Бо вуҷуди ин мардум аз таҷлили ин ид ҳаргиз худдорӣ накарда буданд, ҳарчанд таҷлили онҳо шабеҳи амалиёти партизанҳо, пинҳонӣ буд. Яъне, банкету нишастҳои пурдабдаба барҳам хӯрдаю касе ба ин кор даст мезад, барои риоя накардани танзим, беҷазо намемонд. Арчаро ҳам рӯзи 30-юми декабр мемонданд ва рӯзи якуми январ аллакай ҷамъ мекарданд. Имсол бошад, арчаҳои пойтахтро милисаҳо то рӯзи сеюм посбонӣ мекунанд. Шояд бо тағйир ёфтани сиёсати кадрӣ дар пойтахт гӯё ин мушкил гум шуд? Намедонам, ҳарчанд оғоз аз рӯзҳои офтобӣ то ба «сюрприз»-и Хадамоти алоқа - бастани NGN дар арафаи Соли нав руҳияи идонаро то ҳадде коҳонида буд.
То дирӯз зиёию нимзиёӣ шиор мепартофт, ки соли нави мо Наврӯз аст, ду иди соли нав лозим нест, танзим мебояд. Иди гузаштагони хешро бояд эҳё намоем ва рӯзи таваллуди Исои Масеҳ ба мо дахл надорад. Кунун ҳамон зиёию муллои замонавӣ ситоиши арчаҳои чароғон мекунанду лаб аз ҳарфи танзим бастаанд.
Фикр мекунам решаи ин қазия дар дигар ҷой нуҳуфтааст:
Замони қадим дар Рим барои он, ки шоҳон бе хавфи дохилӣ ҳукумат ронанд, кишваркушоӣ мекарданду бо душмани беруна меразмиданд, набарди паҳлавононро меоростанду ҳадяҳои гаронарзишро арзонӣ медоштанд, ғуломону размандагонро зиёфати бемузд медоданд. Касе аз Рим гузар мекард, ба ин андеша меомад, ки чун пойтахтнишинон серу пур мезиянд, пас тамоми кишвар серу пур аст. Ин ҳама ба он хотир буд, ки мардумро аз мушкилоти асосии зиндагӣ дур кунанд, яъне биҷангаду бинӯшаду бирақсад, бас аст! Муҳим, гушна набошад, чун «гушна бар шер мезанад».
Шояд кам касе медонад, ки ҳанӯз соли 123 то милод дар Рим барои қимати нон тахфиф ҷорӣ карда буданду Леонид Брежнев онро ба тарзи хеш «нон бошад, суруд ҳам мешавад» гуфта буд. Яъне агар нон ва тамошою суруд бошад, дигар ҳама мушкили зиндагӣ ҳал.
Чун солиёни охир идҳои моро барои мардум дар қолаб дароварданд ва Соли Нав бе мушкиле, бо хостаи дил таҷлил шуд, мардум бозгашти соли навро бе ягон ҳарфи сарзаниш пешвоз гирифту ҳамдигарро «нӯш бод!»-у «шод бод!» гуфтанд.
Соли нав муборак, ҳамватан!

Хуршед АТОВУЛЛО

Шанбе, 16 Декабр 2017 14:01

ШАБаҳ

Аҷаб ҳолате ба ҷомеа ориз шудааст. Аз гузаштани шабу рӯз парво надорад, аниқтараш, гузаштани шабу рӯзро эҳсос намекунад...

Не-не, инро эҳсос менамоянд, масалан дар шабакаҳои русӣ, ки шабонарӯзӣ аз хафви Толибон ба кишварҳои Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистон мегӯянду менависанд...
Инро эҳсос менамоянд дар Қирғизистон, ки ҳар рӯз харитаи нави сарҳадиеро ба ВАО пешниҳод менамояду мехоҳад тақсимбандии марзӣ бо Тоҷикистон маҳз аз рӯи он сурат гирад.
Инро ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои беруна ҳис мекунанд, ки шиорашон “кӣ пеш” аст, на “кӣ ҳақ мегӯяд” шудааст.
Аммо дар Тоҷикистон не!
Ҷомеа ончунон ба хоби хирсона рафтааст, ки фақат шеър менависаду бас!
Дар ситоиши калӯши бобо, дар васфи асо, дар бораи кӯлбори муҳоҷир, дар тараннуми пешобағалу қомати ёр, дар боби таъриху гузаштаҳои пурифтихор...
Фақат дар бораи хафви Толиб не, аз сарҳадҳои сунъии мероси Шӯравӣ не, аз воқеияти рӯз не.
Эҳсоси натанҳо гузаштани шабу рӯз гум шудааст, балки ҷомеа тағйирёбии рӯҳияи замонаро гум кардааст!
Чанд соле пеш чунон ба назар мерасид, ки оҳиста - оҳиста ҷашн гирифтани Соли нави масеҳӣ номумкин мешуд. Имрӯз гӯшаву канорро арчаи солинавӣ зер кардааст.
Чанд соле пеш ба ғайр аз табибу духтуру муаллим ришвахорӣ синониме надошт. Имрӯз давлатмардоне, ки то дирӯз номашонро мешунидиву худашонро тасаввур намекардӣ, пушти панҷара мераванд.
Чанд соле муқаддам судяи беадлеро дар зиндон тасаввур кардан маҳол буд, имрӯз “шикор”-и онҳоро дида, гоҳо дилат месӯзад.
Чанд сол пеш аз барандаҳои медали нуқра ситораи осмон сохта, аз шаҳр ба шаҳру аз вилоят ба вилоят тӯҳфасупорӣ мебурданд, имрӯз номи қаҳрамони ҷаҳон ҳамагӣ барои чанд рӯз вирди забон шуду дигар ба коми фаромӯшӣ рафт.
Ва ин яхи сард ба рӯҳу ҷони журналистика ҳам асар кардааст:
Агар ки чанд сол пеш барои бозпурсӣ даъват шудани журналисте ҳангомае ба сар мекард, имрӯз пушти панҷара рафтани эшон амри табиӣ шудааст ва ҳатто аз гуноҳи ба сари онҳо боршуда - хоҳ ҳаст, хоҳ нест, мижжаи касе хам намехӯрад.
Хирс дар як сол дар як фасл мехобад ва баъди хоби зимистона аз хоб мехезад. Ҷомеаи мо чӣ?
Кош ақаллан хирс мебудем...

Хуршед АТОВУЛЛО

Шанбе, 02 Декабр 2017 11:13

АДаб

Рӯзи 2-юми декабр ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО, ки вазифаи ҷониаш талаби риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аст, доир мешавад.

Дар ду соле, ки ман раҳбари ин созмони журналистӣ будам, бо чӣ баҳсҳое дучор нашудам. Аз шикояти ҳамкасб аз болои ҳамкасб сар карда, то сӯйистифода кардан аз номи «журналист» ва ё ному насаби ин ё он сармуҳаррир, аз шиква барои нашр накардани посух то ба дуздида, аз номи хеш нашр кардани ин ё он мавод.
Вале, инак, мӯҳлати раисии ман ҳам ба поён расиду акнун метавонам чанд мисолеро аз ин рӯзгор пешкаши шумо гардонам, ки фикр мекунам лоиқ ба шунидану донистан аст.
Боре дар як ҷаласа шикояте садо дод, ки гӯиё рӯзноманигоре аз раиси хоҷагии деҳқоние як тонна картошка пурсидааст. Баъди шунидани шикоят мо аз пайи таҳқиқи масъала шудем. Рӯзноманигор сабти сӯҳбаташро бо раиси хоҷагии деҳқонӣ рӯйи миз гузошт.
«Раис:- Дина як журналисти дигар омада буд. Сад кило картошка гирифту рафт. Ту ҳам саволҳои ҳархела надеҳу сад кило картошка гиру рав.
Журналист:- Суоли ман сари картошка нест. Барои чӣ худ аз худ заминҳои обии хоҷагӣ дар як сол ба замини ғайрикишоварзӣ бадал шудаву баъдтар чун замини наздиҳавлигӣ тақсим шуданд? Ту бо ин далелҳо бо як тонна картошка ҳам аз қонун гурехта наметавонӣ!».
Дар як ҷаласаи дигар бо ширкати судяҳои шаҳру вилоятҳои кишвар чун сухан дар бораи вайрон шудани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ рафт, ба калимаи «говсуд» часпиданд. Ба қавли судяҳо, ин таҳқири системаи судӣ ва судяҳо будааст. Як судяи ботаҷрибатар ҳамаро ба мусолиҳа даъват карда, ҷониби журналистон гуфт:
- Ба фикрам, шумо ҳукмҳоеро мегӯед, ки ба назари шумо аз ҳад зиёд беадолатона аст. Ҳамин тавр не?
Журналистон ин андешаро дастгирӣ карда, аз ҳукми журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдрас шуданд, ки барои чорсад сомонӣ ба муддати беш аз даҳ сол ҳукми зиндон гирифтааст.
Ҳамин гуна ҳолат айни замон дар баҳси судии миёни ширкати «Диёри Хуҷанд» аз як сӯ ва шаҳрванд Яқубов Лутфуллою Ҳукумати шаҳри Хуҷанд идома дорад. Гап сари он аст, ширкати мазкур на имкони молӣ дорад, ки дар ҳудуди баҳсии қитъаи замин хона созад, на мегузорад, ки дар маркази вилоят ҷое обод шавад. Ҷониби Ҳукумати шаҳр тамоми ҳуҷҷатҳои қонуниро дорад, аммо дар суди шаҳрӣ ва вилоятӣ баъзе судяҳои «бовиҷдон» гӯшакӣ карда, мегӯянд: «Ҳақиқату қонун ҷониби Шумо аст, вале ҷониби ширкат «одами зӯр» дорад. Беҳуда миёни хешро нашиканед!».
Аммо, сад дареғ, ки дар ин давра аз чаҳорчӯби ахлоқ берун рафтани истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шуду камтар не. Кор ба ҷое расид, ки дигар ҳатто аз нигоштани пайки хуше дар «Фейсбук» метарсӣ. Ҳатман дар посухи он кадоме туро ба чоплусӣ айбдор мекунад ва ҳатман лагандбардор меномад. Аз ҷониби дигар, агар камбуди ҷиддиеро зикр кардӣ, ҳатман тамғаи «ҷосусӣ» ва «душмани миллат» мезананд. Ба қавли элак, ки:
- Ин сӯ равам мезанӣ, он сӯ равам, мезанӣ!
Гуноҳи ман чист, ки, ҳар сӯ равам, мезанӣ?

Хуршед АТОВУЛЛО

саҳ 10 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.