.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 02 Сентябр 2017 14:29

Ҷӯгӣ

Одатан, дар маҳаллаи мо рӯзҳои истироҳатӣ ҳамсояҳо аснои хӯроки нисфирӯзӣ дарҳояшонро мебанданд. На ба он хотир, ки ҳаво гарм асту мехоҳанд истироҳат кунанд, балки ба он хотир, ки аз талху пичинги ҷӯгиҳои мисли «тарошаи аз бом афтида» ё худ «тангеми яке пайдошуда» раҳо ёбанд.

Бале, бале ҳайрон нашавед, аз таънаю талху пичингҳои ҷӯгиҳо. Мепурсед чӣ тавр? Каме сабр кунед, ҳамаашро мефаҳмед.
Вақте мо хурд будем, дар кӯчаи бибиям як мӯйсафеди ҷӯгӣ зиёд меомад. Ростӣ, аҳли қишлоқ ӯро эҳтиром мекарданд, зеро марди хело дурандешу шикастанафс буд. Ҳатто нақл мекарданд, ки солҳои ҷанги бародаркуш вақте мӯйсафед ба ин деҳа меомад ва медид, ки хонае нон надорад, аз кулвораш агар меёфт, нони сиҳат ва агар намеёфт, пораҳои нисбатан мулоимтарро бароварда ба соҳибони хона медод ва аҷибаш он аст, ки ягон нафар аз аҳли деҳ аз нони додаи мӯйсафед ор намекарду онро мегирифт. Ҳарчанд он замон хурд будам, аммо хуб ёд дорам, ки кӯдакони деҳ омадани ӯро бесаброна интизор мешуданд ва ҳангоми аз дур диданаш «ана, бобои ҷӯгӣ омад» гӯён, ба пешвозаш метохтанд. Ӯ низ бо кӯдакон басо меҳрубон буд, афсона мегуфт ва ҳатто ба хурдтаракон ҳар хел қанду шириниҳо медод.
Имрӯзҳо вақте «ҷӯгиҳои замонавӣ»-ро бо он мӯйсафед қиёс мекунам, сари калобаам гум мешавад, зеро ин ҷӯгиҳо аз «бобои ҷӯгӣ»-и ман мешинохта аз замин то осмон фарқ доранд. Ҷӯгиҳои имрӯза, агар нон диҳӣ, ҷанҷолро мебардоранд ва медонед чӣ мегӯянд: «Ман ба шумо гадо, ки нон медиҳӣ» ё «ман саг не, ки нони қоқ диҳӣ»… Бовар намекунед? Набошад, таваҷҷӯҳ диҳед:
Як рӯзи ҷумъа шоҳиди ҷанги марди ҷӯгие бо ҳамсояамон шудам. Апаи Наргис бо се фарзандаш дар ҳолати на он қадар хуби маишӣ рӯз мебаранд. Аниқтараш, шавҳараш муҳоҷир асту дар чанд моҳ як-ду маротиба пул мефиристад. Бечора зан худ дар заминҳои мардум картошкачинию ҷорӯбдаравӣ карда, нони ҳаррӯзаашро бо азобе меёбад, то кӯдаконаш гурусна намонанд. Аммо новобаста аз шароити танги маишӣ то ин воқеа ягон ҷӯгӣ ё гадоро аз дараш ноумед накардааст. Он рӯз низ ду ҷӯгимарди тақрибан 45-50-сола ба дари ӯ барои гирифтани «ризқ»-ашон омада буданд. Бечора Наргис кисаҳои писари хурдиашро тагурӯ карда, ду сомонӣ дар шакли танга бароварда, бо дасти писараш равон карду дар бало монд.
- Э, чӣ мора масхара мекунӣ?! Мо туба гадо-мӣ?! Танга дода, моя масхара мекунӣ?! Тангаҳота гирифта қати кӯдакот тангабозӣ кун! Ёфтӣ гадота, бефаросати беақл! Ҳамин қадар ки рӯзи муборак аст, набошад як шатта мезадам, ҷо ба ҷо мемурдӣ.
Бечора апаи Наргис аз тарс пахта барин сап-сафед шуда, лабҳояш ба пар-пар даромаданд. Аз тарс ҳатто наметавонист гиря кунад. Танҳо як сухан мегуфт:
- Буду шуди пулам ҳамин қадар.
- Дамата гир, шумо пулатон бисёру худатонро ба мурдагӣ меандозед! Пулат сарата хӯрад! Пошёл…
Ман худро дошта натавонистам ва сӯйи он марди ҷӯгӣ дод задам:
- Ҳа, худаш чӣ гап?! Чӣ ин занро дар хонаи худаш таҳдид дорӣ?! Аз худо наметарсӣ, ки ба сӯйи зани танҳо дод мезанӣ? Ӯ пул медошт, медод.
Ҷӯгӣ паст намеомад:
- Рӯша сиёҳ мекунад, пул дораду моро масхара мекунад. Мо барои вая гадои талбанда не!
- Пас шумо кӣ ҳастед? Аз гадо чӣ фарқ доред?
- Гапатро дониста зан! Гадо ба буридаи нон зор аст, авлоди мо бошад, аз қадим омадагӣ.
- Аз қадим шоҳзода будед?!,- гуфтам ман ҳам паст наомада.
Гадои дигар чун дид, ки ман ба қавли худаш «аноӣ» нестам, ҳамроҳашро «бас кун» гӯён, кашола карда бо худ бурд.
Азбаски аз ҷанҷоли мо аллакай ҳамсояҳо огоҳ шудаву аз дарвозаҳояшон берун баромада буданд, шояд он ҷӯгӣ тарсид, ки «лом» нагуфта, тез-тез қадам монда, ба роҳи калон баромаданд. Наргисапа бошад, каме ба худ омада, инони гиряро сар дод:
- Ин бори аввал нест, ки ҷӯгиҳо бо мо ҷанҷол мекунанд, Фарангис. Рӯзи гузашта як занак хонаи очаи Меҳрӣ даромад, вақте ҳамсоя нони нав аз танӯр кандаро бароварда дод, он зан чунон мағал бардошт, ки «мо шумоба гадо-мӣ, саг-мӣ, ки нон метиед. Нонатон саратона хӯрад! Як каф ордба миёни шут мешиканад? Э илоҳим карсонат хамира набинад!». Боз ким-чӣ балои дигар гуфта, дуокунон баромада рафт. О, наход одам аз нон ор кунад!? Мардум баъзеҳояш ҳатто нон намеёбанду инҳо бошанд, дар хонаи худамон омада ба сарамон зӯрӣ мекунанд.
Воқеан, суханони апаи Наргис ҷон доранд. Зеро имрӯзҳо ягон ҷӯгӣ нон намегирад, талаб (!) мекунанд, ки ё пул бароварда деҳ ё орд. Боз ордро ба навъ (!) ҷудо мекунанд. Агар орди гандумӣ диҳӣ, «ду коса деҳ, ин ордат арзон» мегӯянд. Ё талаб мекунанд, ки «як коса орд деҳу як кило картошка». Акнун ёбеду гиред!
Суоле ба миён меояд, ки ин аҳвол то кай давом мекунад? Ин суолест, ки аз ҳамон рӯз ба ин ҷониб ҳамвора маро азоб медиҳад. Шояд ягон кас ҷавоби аниқ ба ин суол дошта бошад?!

Фарангиси ФАРМОН

Шанбе, 10 Март 2018 10:36

пУФФак

Нодида гирифтани матбуоти касбӣ, алалхусус мустақил, аз ҷониби Ҳукумат ва идеологҳои он ба ин оварда расонд, ки “боди фейкӣ” курсиву қасри дилхоҳ мансабдорро ба коми туфони гумномӣ метавонад партояд.
Вақте Қонуни нави матбуот баррасӣ мешуд, мо як гуруҳ намояндагони матбуоти чопӣ эътироз карда будем, ки Интернет ҳам чун воситаи ахбор эътироф шавад ва табиист, ҷавобгарӣ ҳам мисли мо дошта бошад. Он замон мо натавонистем ин андешаамонро собит кунем ва Интернет воситаи ахбор эътироф нашуд.
Ба ҳодисоти имрӯз нигариста, меандешам, ки хуб шуд андешаи мо нагузашт!
Тӯли ин қадар солҳо мансабдору чиновник дар симои мо фақат душманро дид ва ҳатто як мансабдори баландпоя рӯирост изхор кард, ки:
- То зиндаам, намегузорам ВАО чун Ҳукумати чорум эътироф шавад!
Ва тавонист. Ба миллионҳо сомонӣ расонидани даъвои онҳое, ки ВАО-и мустақилро шикастанӣ буданд, латукӯби чанд “журналист-гарданшах”, ҳушдори ду - се соҳиби матбааи хусусӣ, ки нашрияҳои “гапнодаро”-ро нашр мекарданд, кифоя буд, то журналистикаи касбӣ мирад.
Кӯшиши дигаре кардем барои ақаллан бо маълумоти саҳеҳ таъмин кардани ҳодисоти таъриху ҳодисоти рӯз: Хостем дар Тоҷикистон чун тамоми дунё детективи хусусӣ фаъол шавад. Ҷонибдорон дар парлумон ҳам пайдо кардем. Аммо, ба яқин, аз тарси он ки воқеоти асл дастраси мардум мешавад, ё ба андешаи он ки “тағодоракон”-и давлатӣ дар баробари детективҳои касбӣ тоб намеоранд, ин пешниҳод фаромӯш шуд.
«Афсонаи кӯмак» ба расонаҳои мустақил, ки чанд сол боз дар долонҳо мечархад, аз аввал маълум буд, ки ба феҳрасти “афсонаҳои халқи тоҷик” ворид мешавад ва танҳо як кӯшиши пайравӣ ба САҲА буду бас! Сардабирони ботаҷриба ку ба ин афсона аз аввал бовар накарданд, бадбахтӣ ин буд, ки раҳбарияти ИЖТ қариб ба он бовар карда, ҳатто коғазҳоеро ҳам сиёҳ карда фиристоданд.
Бадбахтӣ ин буд, ки боре нашудаасту ба фикрам дар солҳои наздик намешавад, роҳбаре, мансабдоре, масъуле думболи ислоҳи камбуди нишондодашуда гардад. Баракс, ӯ ҳамеша думболи пайдо кардани фармоишгар мемонаду рисолати хешро фақат дар ҳифзи курсиаш мебинад.
Сиёсатмадори бузурге баъди шунидани шикояти як мансабдор аз расонаҳои мустақил, гуфта буд:
- Дӯстам, пуфаки шикояти мардумро пуф кардан лозим нест, балки оҳиста-оҳиста суст кардан лозим, то накафад...
Аммо, чун ҳамеша ҷои салла калла оварданду сахт пуфффффффф карданд ва пуфффак кафид!
Дигар Шумо медонеду баҳри беканори “фейк”, ки гоҳе аз Австралия пайдо мешаваду гоҳ аз Британия. Бовар кунед, агар ҳатто сад ҳазор шикорчии Бег Сабурро киро кунед, ки бефоида аст:
Дигар ҳар қадами Шумо, ҳар ҷумлаи Шумо, ҳар дуздии Шумо, ҳар хешованди Шумо, ҳар тиҷорати Шумо зери пурбини “фейкӣ” аст.
Дилам ба Шумо месӯзад, ҳарчанд дили шумо ба ҳоли журналистикаи касбӣ насӯхта буд!
Ид муборак, ҳамқалам ва ҳамалам!
Хуршед АТОВУЛЛО

Шанбе, 03 Март 2018 15:57

«ЗАбонҷаНГ»

Посухи вазири маориф Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ ба суоли журналисти русзабон ҳангомаеро барангехт, ки шояд ғайб задани Низомхон Ҷӯраеви машҳур ё хабари бозгашти Бозор Собир ба Ватан ба миён наоварда буд.

Вазири маорифро шахсан намешиносам. Ягон фарзандам дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил намекунад. Мактаби зодгоҳамро бо вуҷуди он ки куҳна аст, нияти таъмиру бозсозӣ надорам, чунки медонам, вақташ расад, мекунанд. Мактабҳое ҳастанд, ки ҳоли зортар доранд. Ин ҳушдор барои онҳое аст, ки шояд мепиндоранд ба хотири кадом ғаразе пуштибонӣ аз мавқеи вазир кардам.
Аммо, дар баҳсе, ки рух доду русидонҳо санги маломат ба сари вазир заданд, ҷонибдори мавқеи вазир ҳастам. Ҳазорон мисол меорам, ки онҳое Пушкину Толстою Достоевскийро ба забони асл хондаанд, дар ҳарф задан, шикаста сухан мекунанд ва ба қавле «аксент» доранд.
Ин баҳонае барои санг задан ба вазир буда наметавонад. Аммо, кадом гуруҳе, ки шояд манфиатдор буданд, аз он фоҷиа сохтанду навори зебое ҳам сохтанд, ки аз тилфон ба тилфон мерафту меравад.
«Гуноҳ»-и вазир ҳамон эҳтироми забони «бародари калонӣ» буд, ки дар хуну пӯсти мо ҷой шудааст. Ҳоло ҳам, ҳатто дар ҷаласа бо ширкати танҳо рӯзноманигорон, агар нафаре русӣ ҳарфе зад, ҳама зӯр зада, ба русӣ сухан мекунанд. Намедонам, ҳамон тарс аз «бародари калонӣ» дар вуҷудашон мондааст ё ба хотири нишон додани он аст, ки русиро онҳо ҳам медонанд.
Аз ин баҳс метавон фақат як бардошт кард:
- Ин бояд як занги бедорие барои ҳама бошад, ки дар идома ба «русидонҳои безабон»-е, ки намоишкорона бо русӣ суҳбат мекунанд ё воқеан забони тоҷикиро намедонанд, ТОҶИКӢ суҳбат кунанд. Шояд баъди ду-се бор русӣ савол додану тоҷикӣ посух гирифтан, онҳо ниҳоят забони давлатии кишвареро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, омӯзанд. Ҳарчанд ба ин шубҳа дорам. Аламовар он аст, ки касе намегӯяд:
- Оне дар Тоҷикистон мезияд ва забони давлатии ин мамлакат тоҷикӣ аст, бояд тоҷикиро донад!
Даъвои он ки вазир рисолаашро ба русӣ навиштааст ва бояд русиро бе сакта ҳарф занад, даъвои хандаовар аст, зеро ӯ рисола навиштааст, на дарси талаффузи ҳиҷою русӣ бехато ҳарф заданро омӯхтааст.
Ӯ доктори илми фалсафа аст, на доктори филологияи рус!
Хоҳиш, фарқ гузоред, зеро «захми табар мераваду захми сухан не» ва ғараз ҷустану тухми иғво коштан сари касеро ба осмон нарасонидаасту намерасонад!
Боқӣ, Шумо донед! Вассалом!

Хуршед АТОВУЛЛО

Шанбе, 27 Январ 2018 12:59

ЛЕС-истони фейсбукӣ

Ман намедонам, вақте Марк Сукерберг шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро таъсис дод, чӣ нияте дошт, дар кадом шакле онро дидан мехост.

Вақте қадами «Фейсбук» ба Тоҷикистон расид, дар оғоз рисолати майдони баҳсу андешаҳоеро иҷро мекард, ки онро наметавонистӣ дар нашрияҳо нависӣ ё дар сайту оҷонсиҳои расман номнависшуда дар кишвар, баён кунӣ. Шояд сабаби якбора афзудани сафи ҳаводоронаш ҳам ин буд. Аммо, бо гузашти вақт «Фейсбуки тоҷикӣ» аввал ба майдони ҳақорату дашному тарғиби андешаҳои динӣ, баъдтар ба майдони табрику таъзияву шеър ва имрӯз ба майдони «лес-лесакон» табдил ёфтааст. Мисол меорам:
Чанде муқаддам, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинобар расидан ба синни нафақа, аз вазифа озод гардид. Ба ин муносибат, бо иштироки аъзои Ҳукумати вилоят, баъзе райисони ноҳияҳои наздик, хулоса, наздики 200 нафар аз фаъолон, маросими муаррифии райиси нав, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.
Бо вуҷуди он, ки сухани аввалини Қодирӣ ҳангоми ба сари мансаб омадан «хоҳиш мекунам, маро таъриф накунед, хушомад нагӯед» буд, вақте баъди эълони аз кор рафтани ӯ аз толор пурсиданд, ки «Раис паҳлу ба паҳлу бо Шумо кор карда буданд. Ягон ҳарфе нисбати эшон гуфтанӣ ҳастед?», толор хомӯш буд.
Хомӯш буданд онҳое, ки то дирӯз лес-лесаки Қодирӣ доштанд, новобаста аз таъкидҳои ӯ баҳудаю беҳуда аз амалкардҳои номбурда ситоиш мекарданд, бо пешниҳоди ӯ, бо дастгирии ӯ сари вазифа омада буданд.
Муроди ман «ҳайфи ту» гуфтани эшон нест, чунки дер ё зуд рӯзи рафтани эшон аз сари вазифа фаро мерасад ва худой донад, ки барои рафтани онҳо чанд кас базм меорояду мол мекушад. Мурод таъкиди шоҳбайти Фирдавсӣ аст, ки гуфтааст:
Чунин аст расми саройи дурушт,
Гаҳе зинсавору гаҳе зин ба пушт.
Пагоҳи дигар бошад, бо пахши хабари омадани райиси нав ба вилоят, маъракаи «лес-лесакон» дар «Фейсбук» оғоз ёфт. Агар ин табрикот танҳо бо барору комёбӣ хостан ба райиси нав маҳдуд мешуд, дилҳоро ба ғаш намеовард. Бисёре аз хидматҳои Қодириро ба собиқ райиси шаҳр нисбат доданду тасаввуроте барои хонанда эҷод карданд, ки гӯё дар тамоми таърихи Суғд бори аввал Худованд ба мардуми ин вилоят «раҳм» карда, роҳбари воқеӣ, кордон, «назаркардаи Худо» дод. Хулоса, ҳарчӣ доир ба Президент дар хушомадномаҳояшон менависанд, навиштанд. Райиси вилоят дар баробари сухангӯи расмиаш, ки хеле фаъол аст, чанд нафар «сухангӯи бемаош» пайдо кард, ки аз бозори гӯшт рафта, «нархи гӯштро паст кунед» гуфтанаш, то корҳои дигари анҷомдодааш, гуфтанду гуфтанд. Агар ин ситоиши бемантиқу беҷо беғараз мебуд, хуш ба ҳолашон! Оддитарин шаҳрванди Хуҷанд медонад, ки ин ситоишномаҳо ба кадом хотир ҳастанд ва эшон чӣ мехоҳанд.
Хулоса, агар райиси нав, ки мегӯянд дар муқоиса бо Қодирӣ муқобили таърифу ситойиш нест, ба тарошиданҳои ин гуруҳ дода шавад, лаҷоми «лес-лесак»-ҳоро накашад, худро «шоҳи вилоят» ҳисобад, бо вуҷуди кадри лоиқ будан, қурбонии ҳамон гуруҳе мешавад, ки медонанд кай «лесанд» ва чӣ гуна «лесанд». Бовар кунед, маҳз эшон замоне мерасаду ба рафтани Аҳмадзода аз вазифа қарс мезананду ба ҷар телааш мекунанд, аввалин шуда барои санг партофтан мешитобанд. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки ба вазифа таъин шудан, ин масъулият аст ва маддоҳон тӯли таърих фақат «сархӯр» буданду мемонанд!
Лоиқ беҳуда нагуфта:
Тоҷикони мо зи баски мардуми олитаборанд,
Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!
Муваффақият, муҳтарам Аҳмадзода!

Хуршед АТОВУЛЛО

саҳ 9 аз 113

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.