.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 21 Октябр 2017 15:07

ШОКир

Ман ҳамата и… мекунам, ун хел… мекунам…

Ин ҳақорат аз забони як масъули ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ садо дод, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба истилоҳ «тарконд». Дашноми мардуми оддӣ дар масҷид, таҳқири рӯйирости сокинон аз ҷониби Шокир Холдоров, масъули бахши танзими расму оини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки видеояш дар шабакаи интернет шоми 7-уми октябр пахш шуд, вокунишҳои зиёди манфиро ба бор овард. Ин навор таҳрикдиҳанда буд. Дар ҷомеае, ки мардумаш дар масоили мазҳабӣ ҳассосияти баланд нишон медиҳанд, садо додани чунин ҳарфҳо аз ҷониби як масъул ба оташ равған рехтанро мемонд.
Бархӯрди Холдоров ҳазорҳо шарҳҳои ҳақоратборро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Аммо дар ин миён вокуниши ғайриинтизор аз мақомот буд, ки ба Холдоров ҳеҷ ҷазои кироие надоданд ва ҳоло ӯ вазифаашро «сарбаландона» идома медиҳад.
Албатта, мо тарафдори ҷазо додани касе нестем. Шояд Холдоров ҳақ буд, ки мехост масҷиди беҳуҷҷат фаъолият накунад. Шояд ӯ барои нафароне, ки дар ин масҷид намоз мехонанд, вале дигар дину мазҳабҳоро тарғибу ташвиқи ғайриқонунӣ мекунанд, розӣ набуд ва факт ҳам дошт. Шояд ӯ аз амалҳои номатлуб, ки пайомадҳои нохуш ба бор меоварданд, ҷилавгирӣ кардан мехост. Ин вазифаи ҷонии ӯст ва барои ҳалли ин мушкилот албатта ӯ масъулияти бузург бар дӯш дошт…
Аммо, вақте таҳқири намояндаи як давлат зидди намозгузорон, зидди одам, зидди инсоният бо алфози қабеҳ, ҳақорат, дашном садо медиҳад, фикр мекунам, ӯ дигар ҳаққи маънавии кор кардан дар чунин як вазифаи пурмасъулиятро надорад.
Ҳарчанд ин кор дар доираи як маҳал сурат гирифтааст, вале нашри он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин масъаларо сартосарӣ кард. Чун дар он ҷо ошкоро ба назар мерасад, ки Холдоров арзишҳои инсонии сокинонро таҳқир мекунад. Ба ақидаи коршинсон, чунин рафтор вазъи мухолифати мазҳабӣ дар ҷомеаро бештар мекунад, ки бояд аз рӯйи эҳтиёт кор гирифт.
Дар урфият мегӯяд, ки «назди арбоби хирад мояи имон адаб аст». Ҳатто аз одам 3 чиз талаб карда мешавад - рафтор, гуфтор ва пиндори нек. Вале чунин бархӯрди Холдоров…
Ман аз чунин бархӯрду ҳақоратҳои Шокир, ки тамоми марзҳоро гузашт, шок шудам! Дигар, вассалом!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА 

Шанбе, 14 Октябр 2017 11:45

афСОНа

Ба “афсона” вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло нуқта мемонад, ё ҳамаро “мехобонад”?

Ним миллион доллар! Маблағе, ки як омӯзгори тоҷик бо маоши миёнае, ки ҳоло мегирад, бояд бештар аз дусад сол кор кунад. Ҳатто вазирони тоҷик бо маоше, ки расман мегиранд, бояд бештар аз сад сол кор кунанд, нахӯранд, напӯшанд ва ин маблағро ҷамъ кунанд. Дусад сол умр дидан афсона аст. На? Албатта, барои мардуми оддӣ ин афсонае беш нест, вале барои Аскар Нурализода, сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин афсона дар як лаҳза назди тарабхонаи “Афсона” ба ҳақиқат табдил ёфт. Ин афсонае, ки ба ҳақиқат табдил ёфт, бо боздошти ин фард “афсонаҳо”-и дигаре эҷод кард. Ҳақиқати ин “афсона”-ро мақомоти Оҷонсии зидди коррупсия ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар, ки Нурализода мехост бо роҳи муфт аз они худ кунад, дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе ошкор карданд. Ба гуфтаи Оҷонсӣ, манзили зисти Нурализода низ тафтиш карда шудааст, ки 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст. Ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ, Нурализода барои иҷрои ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ талаб намуда, дар чанд ҳолати дигар овардани пули нақдро низ тақозо кардааст.
Воқеан, иштиҳои Нурализода тамоман «набудааст», ба Худо. Агар як масъули давлатӣ барои хароҷоти «янга» ва «нозу карашмааш» ин қадар «риск» карда бошад ва соҳибкоронро маҷбур кунад, ки «рав, барои зани ман хона хар», ин тамоман аз доираи ақлу идрок ва номуси мардонагӣ берун меистад.
Оҷонсӣ ҳамчунин ба паст задани обрӯи давлат низ таъкид мекунад: «Вале ҳастанд мансабдорони манфиатхоҳе, ки ин ҳама талошҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи доираи соҳибкорону сармоягузорон сарфи назар намуда, бо кирдорҳои номатлуби коррупсионии худ ба паст кардани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва аз даст додани эътимоду боварии ташкилотҳои сармоягузории хориҷӣ боис мегарданд».
Воқеан, агар ҳар як мансабдор барои қонеъ кардани талаботи моддии «янга» ва «катагиву туалетҳои тиллоӣ» андеша кунад, обрӯи мо 1-карата не, даҳкарата дар назди ҳамсоякишварҳо паст мешавад. Дигар ин ки, агар 10 фоизи грантҳо ба кисаи «мансабдорон» равад, магар тиҷорати соҳибкор пеш меравад?
Чанд рӯзе пеш ҲХДТ Аскар Нурализодаро аз сафҳояш ихроҷ кард. Маҷлиси вакилони ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ ба ҷойи ӯ номзади навро пешниҳод мекунад. Аммо Оҷонсӣ як кори хуберо анҷом дод. Манзурам он аст, ки бештар вақт муаллиму духтур ва заминфурӯшонро бо пора дастгир мекарданд, вале ин дафъа аз ниҳоде, ки худро «арроба»-и давлат медонад, нафаре ба даст афтод. Пас, суол ба миён меояд, ки вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳикматуллозода Неъматулло ва муовини ӯ Саидраҳмон Назриевро, ки «чархи кадрҳо»-ро меҷунбонаду ҳамаи «ҷамъу тарҳ»-и вазорат дар дасташ аст, чаро то ҳол бозпурсӣ намекунанд? Агар гӯянд, ки вазир ва муовинонаш аз ин кори зердасташон хабар надоштанд, пас метавон афосанро давом дод. Афсонае, ки танҳо хурдтаракон пеш аз хоб ба он бовар мекунанд…
Вале ман бовар намекунам!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Шанбе, 16 Сентябр 2017 14:36

Зебоӣ

Мо ҳар рӯз мегӯем: "Зебоӣ ҳеҷ чизро ҳал карда наметавонад", "гап дар қиёфаи зоҳирӣ нест", "Сират бояд зебо бошад, на сурат"... Аммо боз баръакси ин гуфтаҳоямон амал мекунем. 

Он вақтҳо гузаштааст, ки "гулро хушрӯгиашро не, бӯяшро дида гир", "зоҳир не, ботин зебо бошад" мегуфтанд. Замоне омадааст, ки гул бӯе надошта бошад ҳам, «зебогии хонаро дучанд кунад» гуфта, садбаргу лола мегирем, вале райҳонро назарамон намегирад. Одамон низ ҳамчунин.
Хонандаи азиз, бароят мисол меорам аз он чӣ, ки дидаам. Ду дугонаам ба як корхонаи калон суроғи кор рафтанд. Рости гап, якеи онҳо зебо аст, яъне «зебоӣ бо зӯрӣ». Мегӯӣ, ки чи хел? «Зебои бо зӯрӣ» чунин маъно дорад? Шахс худашро маҷбуран, аниқтараш, бо "штукатуркаҳои хитоӣ" зебо мекунад. Дигараш духтари содда, либоспӯшиаш низ як қадар оддӣ, вале сирати зебо дорад. Ба қавли баъзе духтарон, "косметикаю маникюр" чист, намедонанд. Хулоса, дугонаҳоям чанд муддат кор кофтанду дар корхонае кор ёфтанд ва ҳар ду барои суҳбати рӯ ба рӯ ба ҳамон корхона рафтанд. Оё медонед, ки кадоме аз онҳоро ба кор қабул карданд? Албатта, духтари зеборо! Гарчанде дониши ӯ аз дигараш даҳҳо маротиба камтар буд. Ин аст далел, санад, факт, ки дар ҳақиқат мо ба савод, ақл, ҷаҳонбинӣ умуман кор надорем. Зебо бошад, бас аст, ҳамон ҳам «зебогии маҷбурӣ».
Ин гуна ҳолатро бори нахуст мушоҳида накарда истодаам. Зеро на танҳо дар ҷои кор, балки қариб дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ бо ин гуна вазъият дучор меоем. Бале, хонандаи азиз, ҳақиқат талх аст, яъне мо бояд қабул кунем, ки зоҳирпарастем. Кадом раисро дидаӣ, ки котибаи безеб дошта бошад? Кадом мансабдорро дидаӣ, ки ёрдамчии бенамуд дошта бошад? Чӣ, магар ҳама зебоҳо басаводу боақланд?! На ба фикрам. Дар замони имрӯза зебоӣ бисёр чизҳоро ҳал карда истодааст! Дар чунин ҳолат духтарони оддӣ ба як қатор муаммоҳо дучор мешаванд. Ҳатто дар мавриди хостгорӣ ба чунин "хато" роҳ дода мешавад. Духтарро аввал ба қаду қомат ва чеҳрааш баҳо медиҳанд, баъдан ба хислатҳои дигараш. Дур намеравам, бародарам дар арафаи оилабарпокунӣ буд. Модарам қариб бист номзадро пешниҳод намуд, вале домодшаванда онҳоро бо як назар рад мекард, сарфи назар аз он, ки ҳамаи онҳо духтарони боақл, босавод, дорандаи маълумоти олӣ буданд. Бо як баҳона бародарам маъқул намекард: "Безеб будааст".
Аслан бигирем, дар ҳақиқат, ин чиз он қадар муҳим нест, вале ақидаи одамон ҳамин аст. Мардум зебоиро мехоҳанд, суратро мепарастанд, на сиратро. Камина бо ин чанд ҷумлаи парокандаву шояд ғалат, ки фикри шахсии ман асту ба касе онро мутааллиқ намекунам, бо замонаи худ мубориза бурданӣ ё аз гиребони касе гирифтанӣ нестам. Банда тоқати онро надорам, вақте инсон бо забони худ "гап дар зебоии чеҳра нест" мегӯяду дар амал баръакси онро мекунад.
Хонандаи азиз, умед мебандам, ки мо аз суратпарастӣ ба сиратпарастӣ мегузарем. Ҳамин суратпарастиҳои мо сабаб шудааст, ки имрӯз дар ҷузвдонҳои аксарияти духтарон (чи донишҷӯву чи хонанда) ба ҷои дафтару қалам "штукатуркаи хитоӣ" аст. Яъне духтарон медонанд, ки ҳоло дафтар не, балки косметика кор медиҳад ва статусро маълум мекунад. Муаллифи ин сатрҳо ҳам духтар аст, аммо барои он мегӯям, ки мо аз меъёр гузаронида истодаем. Ҳамон косметикаро чунон зиёд истифода мекунем, ки ҳатто ихтироъкунандагонашро дар ҳайрат гузоштаем.
Боқӣ, ҳар нафар агар бикӯшад, ки сиратбин шавад, мо ва миллати мо рӯз аз рӯз пеш меравему аз худпарастиву ман-манӣ дур мешавем.

Нилуфари РУСТАМЗОДА 

Шанбе, 02 Сентябр 2017 14:12

БДА

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ таҳкими қонуният ва интизом дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати онҳо дар муомила бо шаҳрвандон ба шумор меравад.

Дар фармони №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» омадааст, ки «талаботи қонунгузориеро, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчун шарти муҳимтарини баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, бечунучаро иҷро намоянд».
Фаъолияти кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент ба меъёрҳои дар боло зикргардида куллан ҷавобгар мебошад. Назоратчиёни роҳи шаҳру ноҳияи Панҷакент аз рӯи қонунҳои ҷорӣ амал намуда, пайваста барои баланд бардоштани савияи дониш ва собиқаи кории худ кӯшиш менамоянд. Кормандони БДА кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муҷримонро барои вайрон кардани қонун ва қоидаҳо ҷарима карда, бо ин роҳ ҳам буҷаи давлатро ғанӣ гардонанду ҳам барои ислоҳ шудан ва такрор накардани қонуншиканӣ бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Шахсан борҳо шоҳиди гуфтаҳои боло гаштаем. Аммо аз тарафи шаҳрвандон ва ронандагони нақлиёти мусофиркаш ва махсусан нақлиёти шахсӣ вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бадмуомилагӣ зиёд ба назар мерасад, ки ҳама кӯшишу ғайрати кормандонро барбод медиҳад. Масалан, агар нозири роҳ дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ қонунвайронкуниро мушоҳида намояду нақлиётро нигоҳ дорад ва барои ҷазо протоколи ҷаримавӣ омода кардан хоҳад, бисёре аз ронандагон ба мақомоти болотар занг зада, маҷбур менамоянд, ки корманди БДА аз ин кор даст кашад. Дар ин ҳолат корманди бечораи БДА барои аз вазифа сабукдӯш нашудан маҷбур аст ҳуҷҷатҳои ронандаро баргардонида, ба болои ин, аз ӯ узр пурсад, ки албатта обрӯю мақоми худро бо ин роҳ дар назди мардум хостаю нохоста паст месозад. Масалан, фарзанди яке аз вазифадорони давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба болои он, ки худ ҳамеша бе ҳуҷҷати ронандагӣ бо савлату шукуҳ дар кӯчаҳои шаҳр қонуншиканӣ мекунад, боз агар кормандони БДА дӯстони қонуншиканашро ҳам дастгир намоянд, ҳамоно ҳозир шуда, бо дӯғу пӯписа дӯстонашро «халос» менамояд. Саволе ба миён меояд, ки пас будани ниҳоде бо номи БДА дар шаҳри Панҷакент зарур аст?
Аз рӯи фармони дар боло овардашуда кормандони БДА наметавонанд аз рӯи хушмуомилагӣ ба шахсони қонуншикан, ки аз сабаби надоштани ҳуҷҷат ё гузаштани муҳлати ҳуҷҷати ронандагӣ дар вақти нигоҳ доштани нозири роҳ итоат накарда роҳи гурезро пеш мегиранд, думболагирӣ намоянд. Инчунин, ҳар як кормандчаи ҳукуматӣ ва кормандони хурди мақомоти давлатӣ низ ба кормандони БДА итоат намекунанд. Шояд яке аз сабабҳои пур нашудани буҷаи давлат дар ҳамин бошад?
Имрӯз сарусадоҳо дар бораи фармони нав, ки ронанда ҳангоми дар ҳолати истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ нишастан сари чанбараки мошин ҷаримабандӣ мешавад, хеле зиёд ба гӯш мерасад. Ҷарима ба маблағи калон ва сабукдӯш шудан аз вазифа пешбинӣ карда шудааст, ки шояд саривақтӣ бошад. Барои пурзӯр намудани иҷроиши фармони мазкур кормандони БДА-и шаҳри Панҷакентро мебояд бо воситаҳои ахбори омма, хусусан кормандони телевизион ҳамкорӣ намуда, қонуншиканҳоро ба сатҳу вазифааш нигоҳ накарда, сабт намудаю пешкаши мардум созанд ва ҷаримабандӣ намоянд.
Аммо агар фармони мазкур низ нодида гирифта шавад, чӣ мешуда бошад?

Бибиҷон АШӮРОВА 

саҳ 8 аз 113

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.