.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 28 Октябр 2017 14:44

Зиддият

Монолог

Қонуни «ба ҳам зидҳо»-ро амиқ наомӯхтаам ва ба пуррагӣ тафаккур намекунам, аммо дар боби мафҳуми зиддият зиёд андеша меронам.

Аслан, худи зиддият чист? Магар инсон наметавонад бидуни он зиндагии худро пеш барад? Баъд аз майна гиҷ карданҳо ва дарди сар овардан ба давоми гардан, ба хулоса меоям, ки «на, зиддият махсус барои инсон, баҳри талошҳо ва эҳсоси мавқеъ кардани ӯ сохта шудааст». Яъне чӣ? Нафаҳмидӣ, ҷаноби Хоҷаев? Дарк накардӣ? Аз назари бандаи ганда, тавзеҳи нуктаи мазкур ин аст, ки ҳарчанд одамон баробарсатҳ, лучи модарзод ба дунё меоянд, аммо дере нагузашта, аз рӯи мавқеъ яке дигареро паси пушт мегузорад ва касе ба муҷарради омили нонавиштае нисбати нафари дигар афзалият пайдо мекунад. Ба маънои пӯстканда, аз он лучҳои модарзод баъдан яке аъло мехӯраду менӯшаду мепӯшад, дигаре фақирона ва ё миёна. Аз ин ҷо аллакай оғоз мегардад нишонаҳои зиддият. Аммо ин бадтарин амал аст, ки мо худ касе нестем, вале бо дигарон зиддият меварзем. Дар ин сурат, чун миёни ду нафар зиддият ба вуҷуд меояд, ҳатман як ҷониб бояд фурӯтан бошад. Набояд чунин гумошт, ки «ман, Хоҷаев, як нафари муътабар, зӯр, доно, доро, аз ҳама болоям ва дигарон бояд назди ман эҳсоси нотавонӣ кунанд».
Файласуфи англис Оскар Уайлд гуфтааст, ки «одами маълумотнок бо дигарон зиддият мекунад, шахси хирадманд бо худ». Фосилаи байни ин ду назар фарсахҳост, вале мантиқан, дуюмӣ идомаи андешаи аввал аст. Дар умум, ҳар ду назар ҳам воқеӣ ва исботшавандаанд. Ҳамин иқтибоси файласуф шояд аз ангуштнамо суханҳои пурҳикмате бошад, ки хеле писандам омад, дӯстам Хоҷаев. Онро бодиққат хондам, тарҷума кардам ва ба таври худ шарҳ додаву баҳри хеш хулоса баровардам. Яъне, одами маълумотнок аз камбудӣ, масалан аз мушкили иҷтимоие норозӣ мешавад ва муқобили дигарон, шояд як нафаре, ки қазия ба ӯ марбут аст, зиддият нишон медиҳад. Агар ин зиддият бидуни таҳқири тарафи муқобил ба миён ояд, гиреҳкушои мушкилӣ мегардад, агар баръакс, пас бояд шахси хирадманд ба кӯмак ояд. Ояду муқобили худ барояд, то зиддият ба моҷаро напечад. Гарчанде, Юрий Зарожнийи соҳибназар гуфтааст: «Муқобили ҳама баромадан на ба он андоза хавфнок аст, ки зидди худ бароӣ». Шояд ба ин маънӣ, ки дар ҳолатҳои беадолатона будани рухдод, пас аз хомӯш шудани моҷаро нафари муқобили худ баромадаро виҷдон азоб медиҳаду ба фикр фурӯ меравад: «Чаро сарфи назар аз нокасии он палид ман гузашт кардаву хомӯш истодам?». Вале шояд он «палид» низ ҳамин замон дар фикр ғӯттавар бошад, ки барои чӣ ғазаби худро нигоҳ надоштаву бе асосу далел зиддият ба вуҷуд овард ва нафари бегуноҳеро носазо гуфт?
Борҳо дучори зиддият шудаам, рафиқ Хоҷаев. Худро тамоман софи соф, бенуқсу уволак намеҳисобам. Шояд ҳолатҳое, ки бо айби банда зиддият ба миён омадааст, бештар бошанд. Баъзан ҳолатҳое ҳам буд, ки на ман зидди худ мебаромадам ва на рақибам муқобили худ. Дар ин сурат, муноқиша рух медод, ки доғаш муддати тӯлонӣ дар қалбҳову ёдҳо мемонд. Аммо зиёд саҳнаҳое низ буданд, ки шиносу ношинос бо баҳонаву айбҳои ночиз ва ҳатто бепоя нисбатам танз задаву кинояпардозӣ карда, дашном ҳам доданд. Ман чӣ кор кардам? Гоҳе «сари хамро шамшер намебурад» гуфтагӣ барин, канор рафтам. Гоҳи дигар «раҳмат» гуфтам, ба қавле худро «чумо» кардам. Мисли он, ки нафаре як шаттаи обдор ба қафои касе мезанаду шахси ҷабрдида мегӯяд: «Эъ, мебахшӣ рафиқ, қафоям дар поят бархӯрд». Мепурсӣ, ки ин ҳама канор рафтану «раҳмат»-у «мебахшӣ» гуфтанҳои дар назари аввал тарсомез чӣ таъсир расонида метавонанд? Таъсири бузург! Албатта, нафароне ҳастанд, ки «пӯсташон ғафс» аст. Вале, бовар дорам, қисми бештари одамон баъди шунидани «раҳмат» эҳсоси пушаймонӣ мекунанд. Барои ҳамин, маслиҳат аст, ки ту ҳам метавонӣ дар қиболи нафрину надомати рақибат аз «раҳмат» кор бигирӣ. Ин амали ба ҳеҷ ваҷҳ нанговар нест. Таҷриба намо, худат шоҳид мешавӣ. Зеро, хоҳу нохоҳ пушаймониву нанг бар дӯши нафаре меафтад, ки якум шуда ба пайдоиши фазои зиддият ва муноқиша мусоидат кардааст. Ба қавли Ҳилолии бузургвор:
Хасу хоре, ки оташ барфурӯзад,
Чу хезад шуъла, аввал худ бисӯзад.
Умуман, агар дар ҷараёни зиддият ҳамдигарфаҳмӣ зоҳир нашавад, қазия бо ниҳояти ногувор анҷом меёбад, ҷаноби Хоҷаев. Мазмуни ба воқеият наздики филми фантастикии «Сайёраи маймунҳо»-ро намуна меорам. Ҷанг миёни одамону қабилаи маймунҳо. Полковник фармони қатли маймунҳоро содир мекунад. Дар задухӯрди нахустин маймунҳо ғолиб меоянд. Сардори қабилаи маймунҳо - Сезар ба зердастонаш мефармояд, ки асиронро пушти аспҳо ресмонбанд кунанд. Баъд онҳоро бо чунин пайғом назди раҳбарашон мефиристад: «Ба полковник расонед, ки мо ҷангро намехоҳем. Бигзор ҷангалро ба мо вогузоранду бираванд». Сипас, дар посух ба тааҷҷуби мушовирони худ меафзояд: «Одамон бояд донанд, ки мо ваҳшӣ нестем». Аммо, ғайриинтизор, полковник амалиёти пинҳонӣ анҷом дода, зан ва писари калонии маймун Сезарро ба қатл мерасонад. Аз ин пас душвориҳои зиёд қабилаи маймунҳоро дунболагиранд. Кор ба ҷое мерасад, ки шумораи асосии онҳоро асир мегиранд ва корҳои вазнин мефармоянд. Сезар низ аз пайи интиқом рафтаву ба даст меафтад. Вақти паси панҷара будани сардори қабила, нафаре аз ҷинси одамӣ, духтарчаи гунге, ки маймунҳо ба хотири тани танҳо нобуд нашуданаш ӯро аз вайронае бо худ гирифта буданду муҳофизат мекарданд, барои Сезар об меорад. Баъдтар, ҳангоми сардори қабиларо аз панҷара берун кардан, назари полковник ба лӯхтакчае меафтад, ки духтараки гунг назди дӯсташ - маймун Сезар гузошта буд…
Охири филм фоҷиавӣ аст. Лашкари дигаре ба артиши полковник ҳуҷум мекунад. Сезар бо шитоб ба ҳуҷраи полковник медарояд. Мебинад, ки ӯ рӯи кат хобидааст, дастону даҳонаш хунолуд, лӯхтаки духтарчаи гунг дар паҳлуяш ва канортар ғилофи таппонча. Сардори қабила даст меёзад ва таппончаро аз ғилоф берун мекашад. Аммо раҳмаш меояд. Таппончаро рӯи миз гузошта, берун меравад. Аз қафояш садои тир. Полковник худкушӣ мекунад.
Анҷоми ин филми қаҳрамонӣ ғамангез аст. Гарчанде қабилаи маймунҳо раҳоӣ меёбанду ҳамроҳ бо духтарчаи гунг ба базму хушҳолӣ машғул мешаванд, маймун Сезар, ки сахт захмӣ шуда буд, вафот мекунад.
Чунин хулоса мебарояд, ки агар ҳамдигарфаҳмӣ миёни полковник ва Сезар ба вуҷуд меомад, зиддият тезутунд намешуду ҳарду зинда мемонданд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Шанбе, 28 Октябр 2017 14:10

АБУгаранг

Рӯзҳои аввали хониш, ки ба худ як дунёи дигаре дорад, барои донишҷӯйи нав - ин талош баҳри дарёфти дӯсту рафиқ мегардад, аммо ногаҳ бо каме нофаҳмияшон ё иштибоҳи ночиз эшонро толибилмони болоӣ “абугаранг” гӯён таъна мезананду масхара мекунанд, ки ин амал боиси нороҳатии навомадаҳо мегардад.

Ҳайрон машав, хонандаи азиз, яқин, агар ту донишҷӯ бошӣ ё дар гузашта будӣ, вале на дар оянда хоҳӣ шуд, албатта ин калимаро бисёр шунидӣ ва мешунавӣ. Зеро аллакай ин арфаизм дар мағзи сари мардум ҷой шудааст ва онро баровардан ғайри имкон аст. Мутаасифона, шахсе, ки маҳз ана ҳамин калимаро истифода мебарад, як бор фикр намекунад, ки дар гузашта худ низ мисли ана ҳамун “абугаранг” буд.
Бечора донишҷӯйи навомада дар ҷустуҷӯи синфноха мушкилӣ мекашад, дар аввалҳои лексияҳо аз таъсири зиёд навиштан қалам аз дасташ меафтад, забони муаллимонро намедонад, аз таҳдидҳои бардурӯғу бемаънӣ метарсад, эстетикаи либоспӯширо намедонад, ҳатто нақлиёти мусофирбари самти муассисаи таҳсил мекадаашро ёфта наметавонад. Ин чанд ноҳамвориҳое буд, ки номбар кадем ва навомадаҳо бояд инҳоро тай кунанд. Ҳоло барои хонандаи азиз саргузашти як “абугаранг”-еро пеш меорам, ки хело ҷолибу хандаовар аст:
Донишҷӯйдухтар ҳамроҳи модараш рӯзи аввали таҳсил ба донишгоҳ меоянд. Пас аз шиносоӣ устод духтарро ба як синфхона мебарад ва “анна, инҳо ҳамкурсони ту ҳастанд, минбаъд бо ҳаминҳо таҳсил мекунӣ” мегӯяду баромада меравад. Духтар мизеро ба худ ихтиёр карда, менишинад. Вақти танаффус ҳама ҳамкурсонаш бо ҷузвдонҳояшон баромада мераванд. Аммо донишҷӯйдухтар бошад, синфхонаро тарк накарда менишинад ва толибилмони дигар гуруҳ омадаву соати дарсиашонро хонда рафтан мегиранд. Ҳамин ҳол ду-се рӯз давом мекунад ва модар аз духтар чӣ тавр будани таҳсил дар донишгоҳро пурсон мешавад. Дар ҷавоб духтар “ҳамааш хуб аст, аммо инҷо ҳамкурсҳоят дар ҳар танаффус иваз мешудаанд” мегӯяд. Модар ин ҳолро фаҳмида, ба муаллими дарсдиҳанда вазъиятро мефаҳмонад ва устод минбаъд ҳамроҳи ин донишҷӯй як духтареро мутасаддӣ мекунад, ки “ту ҳаминро ҳамроҳат гирифта гард”.
Шояд бисёре аз шумо бовар накунед, аммо ҳақиқати ҳол аст. Дар ин давраи гузариш ба сари донишҷӯён ҳама кор меояд, аммо баъди “хар аз об гузаштан” олами зоҳириву ботинии ин шахсон ба куллӣ тағйир меёбад. Дарсгурезӣ, бетарбиягӣ, арӯсбозӣ, сигоркашӣ, бадахлоқиро гуруҳе аз ин “абугаранг”-ҳое, ки ҳатто раҳи ҳоҷатхонаи факултаро намедонистанд, ихтиёр мекунанд. Дигар барои ин гуруҳ на хондан қадр дораду на муассисаи таълим мегирифтаашон, зеро инҳо худро “гурги борондида” меҳисобанд. Ҳеҷ боке надорад, “ҷангал бе хуку хирс намешавад” мегӯянд, бигзор бошанд, аммо аз набудану будани ин қабилҳо ягон нафъе ба ҷомеа нест. Пас, чаро касе даҳон боз намекунад ва аз пайи ислоҳсозии ин гуруҳи донишҷӯён намеафтад, то ба дигар толибилмон сабақ шавад? “Харбуза аз харбуза ранг мегирад” гуфтаанд. Албатта, ин дарсгурез рӯзе рафиқе ба худ меёбад ва ин рафиқ боз бо дигаре риштаи дӯстӣ мепайвандад ва оқибат мебинед, ки донишгоҳро ҳама дарсгузезу сигоркашу бесаводон иҳота кардаанд.
Агар “гурги борондида шудан” ҳамин бошад, пас ман аз ҳамин гург он “абугаранг”-и аввалро авло медонам.

Нуралӣ КАРИМ

Шанбе, 28 Октябр 2017 14:03

Тавсия намешавад…

Андеша

Дар як бино гирд овардани телевизионҳо зарурат надорад!

Ба иттилои ОИ «Азия плюс», Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 8 шабакаи телевизиони давлатиро, ба шумули «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Футбол», «Синамо» ва «Душанбе» ба бинои 22-ошёнаи «Душанбе Плаза» кӯчонад. Ман намедонам, ки ин идеяи кист? Вале мусаллам аст, ки тасмими мазкур чандон дуруст нест.
Аввалан, ба назари ин ҷониб, масоҳати ҳоло ишғолкардаи бинои корӣ ва ёрирасони 8 телевизион ба маротиб аз бинои «Душанбе Плаза» калонтар аст.
Дуввум, студияҳои сайёр (ПТС) ва нақлиёти хизматии 8 телевизион дар куҷо нигоҳ дошта мешавад? Дар назди бинои «Душанбе Плаза» таваққуфгоҳе ба чунин ғунҷоиш вуҷуд надорад. Аз ҷониби дигар, ҳоло саршавии кӯчаи Бохтар ғайриқонунӣ баставу аз зери бинои «Душанбе Плаза» гузаштани нақлиёт мамнӯъ аст. Ҳол он ки, барои кам кардани нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ бояд ҳатман ин гузаргоҳ кушода бошад.
Сеюм, кӯчонидани 8 телевизион ба ҷои нав хараҷоти зиёди молӣ дорад, ҳуҷраҳои корӣ ва студияҳои нав сохта, онҳоро муҷаҳҳазонидин лозим аст. Ҳангоми кӯчидан баъзе мебел ва дастгоҳҳо мешикананд. Барои барқарор кардани онҳо пулу вақт масраф мешавад. Умуман, дар даврае, ки воридоти маблағ ба буҷаи давлатӣ мушкилот дорад, харҷи зиёдатӣ чӣ лозим аст?
Чаҳорум ва аз ҳама муҳим, аз нигоҳи амниятӣ дар як ҷо ҷамъ кардани 8 телевизион, ки дастгоҳи пурқудрати тарғиботии давлат маҳсуб мешаванд, оқилона нест. Дар вазъияти афзоиши хатари амалҳои террористӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, аз ҳам дур будани телевизионҳо мувофиқи мақсад аст.
Ҳамчунин, дар як бино мавҷудияти 8 телевизион ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, ба монанди заминларза ва сӯхтор метавонад ба якборагӣ фаъолияти онҳоро қатъ кунад.
Ба назари мо, имрӯз Телевизиони «Душанбе» аз нигоҳи ҷой танқисӣ мекашад ва кӯчидани он ба «Душанбе Плаза» мувофиқи мақсад аст. Дар ин ҳол шароити кормандони телевизиони мазкур беҳтар гардида, он ба омода кардани барномаҳои ҷолибу диданӣ мусоидат менамояд.
Ба гуфти хабарнигори ОИ «Азия плюс», сабаби ба «Душанбе Плаза» кӯчонидани ин 8 расонаи давлатӣ аз аввали ба истифода додани бино дар соли 2011 то ба ҳанӯз қариб холӣ будани он мебошад. Гӯё хоҳишмандони иҷораи ин бино кам будааст. Иқтисоди бозор аст, иҷорапулиро кам кунед, хоҳишмандон пайдо мешаванд.
Агар ин гуфтаҳо воқеият дошта бошанд, пас барои масоили иқтисоди (бизнес)-и як ҷониб шуда, ба муассисаҳои дигари давлатӣ зиёни молӣ овардан нашояд. Ҳамчунин, барои афзоиши даромади «Душанбе Плаза» 8 телевизионро дар як ҷо ҷамъ карда, амнияти иттилоотии давлатро зери хатар гузоштан тавсия намешавад.
Агар мабодо тасмими ҳукумат барои кӯчонидани телевизионҳо қатъӣ аст, телевизиони «Сафина»-ро низ метавон ба «Душанбе Плаза» кӯчонид. Вале ин дар он ҳолат мақбул аст, ки «Хонаи кино»-ро ба ҷои аввалааш, бинои телевизиони «Сафина» баргардонанд. Ҳоло «Хонаи кино» дар бинои кинотеатри «Зебуннисо», дар 7-километрии шарқи пойтахт ҷойгир буда, аз маркази шаҳр дур аст ва барои ҳаводорони санъати кино қулай нест.
Бинобар хабари «Азия плюс», ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки бинои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» чаппа карда шавад. Албатта, ин биноро ба мисли бинои Театри драмавии Маяковский (соли 1930 аввалин маротиба барномаи радио аз ин ҷо садо дода буд) ва кинотеатри Ҷомӣ аз байн бурдан ва ба ҷояшон алаф киштан амали хуб нест. Ногуфта намонад, ки қаблан аввалин бинои киностудияву Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон низ дар ҳамин ҷо воқеъ буд ва баргаштани «Хонаи кино» ба ин макон аз рӯи адолат мешуд.

Ҷовид МУҚИМ

Шанбе, 21 Октябр 2017 15:10

Филмҳои хуб, вале…

Аз 13 то 15-уми октябри соли равон бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали 10-уми кинои Аврупо баргузор гардид. Фестивали мазкур дар доираи чорабиниҳои «Ҳафтаи Аврупо», ки аз 11 то 21-уми октябр идома дорад ва ба 60-солагии имзои созишномаи Рим бахшида шудааст, баргузор гардид.

Дар доираи кинофестивал 9 филми кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Финландия, Эстония, Олмон, Чехия, Шветсия, Испания, Словения, Латвия, Австрия ва Руминия пешкаши тамошобинон гардид, ки ҳамаашон хеле олӣ буданд. Масалан, филми «Деҳаи хурдакаки ширини ман» соли 1987 ба Ҷоизаи «Оскар» пешниҳод шуда буд. Филми «Шамшерзан»-ро, ки қаҳрамони воқеӣ (Эндел Нелис (1925-1993) дорад, филмбардорони Эстония, Финландия ва Олмон муштаракан ба навор гирифтаанд ва он Ҷоизаи миллии Финландия - «Чусси»-ро сарфароз гардидааст. Филми «Ҷазираи хурд»-и Испания соҳиби Ҷоизаи Академияи кинои Аврупо ва 10 ҷоизаи дигар буда, филми «Хурӯси бесар» бошад, бо Ҷоизаи Иттифоқи синамогарони Руминия қадр гаштааст.
Ин ҷо ман дар бораи муҳтавои филмҳо ва аз тамошои онҳо лаззат бурдани худ нақл карданӣ нестам. Ин филмҳоро бояд худ тамошо кард ва бо филмҳои истеҳсоли кишварамон муқоиса намуд. Дар ин ҳол метавонем гӯем, ки дар соҳаи филмсозӣ дар кадом сатҳ қарор дорем.
Чи хеле ки зикр кардем, ба кинофестивал филмҳои хубу диданӣ пешниҳод шуданд, ки барои тамошобинон ройгон буданд. Вале на ҳамаи хоҳишмандон тавонистанд онҳоро бубинанд ва ғизои маънавӣ бигиранд. Кинофестивал дар толори кинотеатри «Кайҳон», ки дар маркази савдои «Ашан» ҷойгир аст, баргузор гардид. Филмҳои кинофестивал се бегоҳ - соати 18:30, 20:30 ва 22:30 ба намоиш гузошта шуданд, ки на барои ҳама мувофиқ буданд. Зеро, аввалан, бинобар мушкилоти нақлиёт, на ҳамаи хоҳишмандон ба сеансҳои шабона рафта метавонанд. Сониян, толори кинотеатри «Кайҳон» хеле хурд буда, ҳамагӣ ҳудуди 100 ҷои нишаст дорад ва наметавонад ҳамаи хоҳишмандонро фаро гирад.
Дар нишасти матбуотие, ки пеш аз оғози кинофестифал баргузор гардид, банда аз сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич суол кардам, ки «магар намешуд, ки кинофестивалро бо ҳамкорӣ бо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва дар «Хонаи кино» доир мекардед, ки он ҷо толори калон дорад?». Сафир ба суоли ман посухи мушаххас надода, гуфт, ки бо вазири фарҳанг мулоқот доштааст ва тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ногуфта намонад, ки аз соли 2007 ҳамасола Фестивали филмҳои Аврупоӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Агар тӯли 10 сол ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намонда бошанд, кай ба роҳ мемонанд!?
Воқеан, Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ аст ва ҳамкорӣ бо он метавонад буҷаашро ғанӣ гардонад. Албатта, иҷораи кинотеатри «Кайҳон», ки як билеташ ба сеансҳои шабона дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе 45 сомонӣ арзиш дорад, арзон нест. Ва харҷи иҷорпулии кинотеатр барои намояндагии Иттиҳоди Аврупо камаш 40 ҳазор сомонӣ шудааст. Маблағи мазкур метавонист то андозае ба фаъолияти Иттиҳоди синомагарони Тоҷикистон мусоидат мекард.
Қобили зикр аст, ки «Хонаи кино» як толори бузург ва ду толори хурд дорад, ки метавонад дар он намоиши асосӣ ва такрории филмҳоро роҳандозӣ намояд, то тедоди зиёди муштариён онҳоро тамошо кунанд. Аз ҷониби дигар, Иттиҳоди синомагорони Тоҷикистон таҷрибаи хуби гузаронидани кинофестивалҳоро дорад ва ҳар ду сол синамобазми байналмилалии «Дидор»-ро доир менамояд.
Бояд гуфт, ки баргузор намудани кинофестивал кори саҳл нест ва онро бояд чунин гузаронид, ки воқеан ҳам, аз он теъдоди зиёди тамошобинон баҳра бардоранд. Мутасаддиёни баргузорри кинофестивал метавонистанд бо КВД «Хадамоти нақлиётрасон» ҳамкорӣ бикунанд, то онҳо ақаллан дар вақти ба охир расидани сеансҳо теъдоди зарурии микроавтобусҳои маршрутҳоеро (2, 8, 16, 18, 25), ки аз назди МС «Ашан» мегузаранд, таъмин намоянд.
Воқеан, чунин кинофестивалҳо метавонанд барои филмбардорони тоҷик низ сабақе гарданд. Вале, мутаассифона, дар рӯзи аввали намоиши филмҳо ман танҳо кинорежиссёри тоҷик Орзумурод Шариповро он ҷо дидам. Шояд дигарон огоҳ набуданд ва ё имкони тамошо надоштанд.

Ҷовид МУҚИМ

саҳ 7 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.