.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 18 Ноябр 2017 13:17

Ҳамдигарфаҳмӣ

Монолог

- Барои он, ки одамон ҳамдигарро фаҳманд, лозим аст канори ҳам қадам зананд, ё бихобанд,- гуфтааст шоира ва тарҷумони рус Марина Ивановна.
Ҳаҳаҳаҳ… Ин хонум чунин сухан иброз дошта ва имрӯз ман онро мехонаму аз таҳти дил механдам, ҷаноби Хоҷаев. Барои чӣ? Аз ақл бегона шудаам? Ахлоқи ҳамида надорам? Замону макони ҷаҳони муосирро сарфаҳм намеравам? Ооо, фарз кардем чунин аст. Яъне ман, Асозодаи бетаҷриба дар ин маврид тасаввурот надорам. Аммо ту, рафиқ Хоҷаев, ҳамин ҷумларо чи гуна мефаҳмӣ ва онро дар кадом паллаи тарозу бармекашӣ? Магар боре иттифоқ наафтодааст, ки канори хушкардаат қадам заниву худро рамузфаҳм вонамуд созӣ, аммо ҳушу ёдат ба касе ва ё ҷои дигар банд бошад? Магар боре ҳам аснои хобидан канори янга хаёлат лаби ангубину майгун, рӯйи моҳ ва гесӯи ҷилодори шӯхчашми дигареро налесидааст? Не? Ҳаргиз боварам намеояд.
Каломи хонум Марина шояд бо илҳом аз андешаи нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери пайдо шуда бошад, ки изҳор доштааст: «Сухан гуфтан ба фаҳмидани ҳамдигар халал мерасонаду бас». Зеро, фосилаи солҳои зиндагии онҳо ба ҳам хеле наздик аст. Марина Ивановна соли 1941 вафот кардааст, Антуан де Сент-Экзюпери соли 1944. Вале агар фосила миёни зиндагии ин ду тан равшанфикр қарнҳо ҳам ки бошад, барои ману ту чӣ фарқ дорад? Хоҳу нохоҳ, ба гӯшаи хаёл ҳам намеорам, ки ҷаноби Антуан бо ин гӯшзади худ замина барои баҳонаҳои хонум Марина фароҳам оварда бошад. Яъне чӣ? Ба андешаи сирф хусусии ман, «халал расонидани сухан» маънии онро надорад, ки чун вақте ману ӯ, ё туву ӯ ва ё ӯву ӯ сокит қадам мезанем ва канори ҳам карахту ноҷунбон мехобем, ҳамдигарфаҳмӣ ба миён ояд! Ҳеҷ гоҳ! Он чӣ, ки одамро нарму гарму сард ва аз худ бехуд мекунад, танҳову танҳо сухан аст. Вагарна, ҳарчанд солҳо канори ҳам бихобему ҳазорҳо чақрим паҳлуи якдигар қадам занем, агар забони якдигарро наёбем ва-гар ба муносибату муошират бо сухан ҳусн набахшем, фикри ҳамдигарфаҳмӣ бесамар хоҳад буд. Ҳамдигарфаҳмӣ бояд як кори амалӣ бошад, на хаёлу бофта, яъне фантазия.
Дӯстам Хоҷаев, шояд фикр дошта бошӣ, ки мани фақир чун касеро фаҳмида наметавонам, ба ҳамдигарфаҳмӣ нигоҳи каҷ дорам. Шояд нуқтаи назари нависандаи англис Эндрю Милерро дастак созӣ, ки гуфтааст: «Агар ту бо касе аз хурдӣ зиндагӣ накарда ва бо ӯ аз як ҳаво нафас накашида бошӣ, дар ҳаёти шумо зиёд чизҳо номафҳум боқӣ мемонанд». Дуруст, вале на ҳама чизҳо! Чун, медонам нафарҳоеро, ки ба қавле, «аз замони худро шинохтан» бо ҳам қарину наздик буданд ва чандинсолаҳо якҷоя зистанд, аммо бисёр вақт ихтилофи назар доштанд. Ва баръакс, нафарҳое ҳастанд, ки ошноияшон тӯлонӣ нест, вале дар ин ё он масоил ба ҳадди имкон якдигарро дарк мекунанд. Аммо инҳо низ пурра не. Аз ин рӯ, бовар надорам, ки то охири умр масалан маро ҳатто шахси наздиктаринам батамом дарк кунаду шиносад. Туро ҳам! Маро то мурдан нахоҳанд фаҳмид. Туро низ! Зеро, такрор мекунам, дар бисёр ҳолат ду нафар аз лиҳози тафаккур ба ҳам монанд буда наметавонанд. Ва агар монанд бошанд, дигарандешӣ ба миён намеояду зиндагӣ дилбазан мешавад. Мисли он, ки актёри машҳур Чак Норрис қисса мекунад: «Як-ду бор ман бо Швартсенеггер сӯҳбат доштам. Аҷибаш ин ки, мо қариб як хел андеша дорем. Шояд сӯҳбати мо дилбазантарин муколама дар рӯи ҷаҳон буд».
Фикрат ноҷо не, баҷост, ҷаноби Хоҷаев, ки ҳама он чӣ гуфтем, бештар пайванд ба ду нафари барои ҳамдигар «ҳалол», яъне зану шавҳар дорад. Аммо дар ҳар сурат ки бошад, банда «ҳамдигарфаҳмии хомӯшона»-ро қабул надорам. Ҳатто, ҳастанд ҳолатҳое, ки шарикам бо шиддат сухан мегӯяд ва мехоҳад таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб намояд, то ӯро бифаҳмам. Аммо, чӣ ҳосил аз он, ки ман гӯш мекунаму намефаҳмам?
Яъне, ҳама чиз, тамоми муомилаву муошират миёни ҳама кас бояд бепардаву кушоду равшан, самимиву бодалел бошад, то ҳар ду ҷонибро барои тасмими мусбат гирифтан моил кунад. Агар нуқтае шубҳанок аст, пас ба ҳеҷ ваҷҳ гуфта наметавонам, ки бидуни мавриди баҳс қарор додани он ҳамдигарфаҳмӣ метавонад осон ба даст ояд.

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

Шанбе, 18 Ноябр 2017 13:14

МӮЙбизнес

Ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи он занҳо, аксаран аз табақаи лӯлиҳо, бо карсончаю кафгир, табақу коса ва дигар ашёи аввалиндараҷаи рӯзгор бо овози баланду гиро «мӯйи сар мехарем» гӯён, мегарданд. 

Барои аксарият ин кори онҳо ҳайратовар ва ҳатто ғазабовар аст, аммо барои бархеҳо ин як намуди «даромади бе дарди миён» дар хона аст. Ё ба қавли ҳамсоязанамон, «бе ваям ҳамон мӯйҳои рехтаамонро дар замин гӯр мекунем. Магар хуб нест, ки онҳоро диҳему як ҷиҳози рӯзгорамон шавад?». Шояд ин гапи зан рост бошад. Чун шароити имрӯз ба ҳама маълум аст. Хусусан дар фасли сармо вақте «сезон»-и кори мардикорони тоҷик дар Федератсияи Русия ба поён мерасад, аксаран ба хонаҳояшон бармегарданд ва то фасли гармо бекоранд. Аммо оиларо бояд хӯронду пӯшонд, зеро занҳо низ дар фасли сармо бекоранд. Дар ин сурат ҳар даромади ночиз барои оила ҳатто ба евро баробар аст.
Аммо чизе, ки шояд дар назари аввал ночизу назарногир менамояд, ин асрор ё худ талаботи аҷиби мӯйхарон дар рафти харидуфурӯш аст. Инак, диққат кунед:
1. Мӯй бояд буридагӣ набошад.
2. Мӯй бояд тарошидагӣ набошад.
3. Мӯй фақат ва фақат дар рафти шона кардан рехта бошад.
4. Мӯй аз 20 см кӯтоҳ набошад.
5. Мӯй рангкардагӣ набошад (ба истиснои ҳино).
6. Мӯйи ҳар кас дар алоҳидагӣ ҷамъ шуда бошад.
7. Мӯйи мард қатъиян қабул карда намешавад.
Ин шарту шароит одамро ба шубҳа меандозад, зеро агар онҳо мӯй мехаранд, фарқ дар чист, ки онро бо қайчӣ буридаанд ё бо поку тарошида? Дар бораи мӯйи рангкардашуда бошад, хомӯширо авло медонам.
Аммо ин аввалин шубҳа вобаста ба «мӯйбизнес» нест. Ҷиҳати аз ҳама шубҳаноктарини ин тиҷорат дар он аст, ки мӯйфурӯшон мегӯянд, ки аз мӯй дар Хуҷанд жемпиру рӯймол мебофанд. Вале дар натиҷаи кунҷковии мо маълум гардид, ки дар Хуҷанд ягон хел корхонае нест, ки аз мӯйи сар (?!) рӯймол ё жемпир бофад. Болотар аз ин, коршиносони ин соҳа моро бовар кунониданд, ки ин сухани мӯйхарон ягон асоси воқеӣ надорад, зеро аз мӯйи сари инсон дар соҳаи бофандагӣ ягон кор карда намешавад, на жемпир бофтан, на рӯймол ё чизи дигар. Зеро андозаи мӯйи инсон хеле борик ва барои дастгоҳи бофандагӣ хатарнок аст.
Як ҷиҳати муҳими дигар дар дурӯғ будани жемпиру рӯймолбофӣ дар Хуҷанд он аст, ки дилхоҳ масолеҳи пӯшиш аз мӯйи сари инсон одами аз ин маҳсулот истифода намударо ба касалиҳои пӯст ва ҳатто ба песӣ мерасонад.
Бофандаҳои дастӣ низ мегӯянд, ки ин кор ношуданист, зеро чандин тори мӯй даркор аст, то ба як тори риштаи бофандагӣ баробар шавад. Болои ин, мӯйи инсон хеле нозук аст ва он наметавонад барои бофтани чизе тобовар бошад. Боз мӯе, ки дар вақти шона кардан мерезад (ба гуфти бибиҳои солхӯрда), «он мӯйи аз амал мондаи мурда ва нолозим аст».
Пас суоле ба миён меояд, ки барои «мӯйбизнес» «мӯйи мурда» чӣ лозим аст?
Бархе шубҳа доранд, ки он мӯйҳоро парик мекунанд. Шояд, аммо барои парик кардан, баръакс, мӯйи буридаи ба танзим овардашуда ё мӯйи тарошидашуда лозим аст. Зеро, масалан дар Чин дар буткадаҳо аснои маросими динӣ мӯйҳои соҳибдинҳоро ё бурида, ё тарошида, ба корхонаҳои париксозӣ мефиристанд ва маблағи ҷамъшударо барои осебдидагони ин ё он ҳодисаи фоҷеавии табиӣ интиқол медиҳанд. Аммо дар коргоҳҳои париксозӣ ҳеҷ гоҳ мӯйи аз зарби шона рехтаро роҳ намедиҳанд.
Охирин ақидае, ки дар зеҳни «занакҳои лаби об» давр мезанад, ин аст, ки лӯлиҳо аксаран ба дари мардум омада, «фол мебинам, бахт мекушоям, гармию хунукӣ мекунам» мегӯянд, шояд барои ҷоду истифода кунанд? Мо ин ақидаро низ таҳлил намудем, аммо мутаассифона бошад ё хушбахтона, ин ақида низ ғалат баромад. Ҳайрон нашавед, танҳо пурсед, ки чӣ тавр? Ҳамин хел. Аввал ин ки, барои ҷоду мӯйи сар танҳо дар се ҳолат ба кор бурда мешавад: (Аз рӯйи маълумотҳои бобати ҷоду дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет овардашуда):
1. Барои касалиро аз як кас ба каси дигар гузаронидан.
2. Барои соҳиби мӯйро ба каси дигар «гарм» кардан.
3. Барои ба ҳалокат расонидани соҳиби мӯй.
Аммо дар ҳар се ҳолат ҳам донистани номи соҳиби мӯй ҳатмист ва тоҷирлӯлизанҳои соҳаи «мӯйбизнес» номи ин қадар одамро намедонанд ва донистан ҳам намехоҳанд. Барои онҳо муҳим ҳарчи зиёдтар ба даст овардани мӯйи сари дар вақти шона кардан рехташуда аст.
Пас, мӯйи сари «мурда»-и табиии рангнакардаи занҳои тоҷик барои кӣ ва чӣ лозим аст? Ин суолест, ки сари он бояд ҷиддан андешид.

Фарангиси ФАРМОН

Шанбе, 04 Ноябр 2017 10:57

АСКАРӢ

Андеша


Он бояд як сол шавад!

Мавсими аскаргирӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ҳамасола бо кӯшиши зиёди кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи аскаргирӣ иҷро мешавад. Зеро аксари ҷавонони синни даъватӣ бо хоҳиши худ ба аскарӣ рафтан намехоҳанд ва бо ҳар роҳ аз хизмати ҳарбӣ канораҷӯӣ мекунанд.
Дар кишварҳои ҳамсояи мо - Чин ва Ӯзбекистон ҷавонон барои ба аскарӣ рафтан худ талош мекунанд ва ҳато аз «тағо» истифода мебаранд. Зеро баъди хизмати аскарӣ барои онҳо бисёр дарҳо боз мешаванд ва имтиёзҳои пешбинишуда дар ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозанд.
Ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” тағйирот ворид карда, ба аскарон баъзе имтиёзҳо дод. Аз ҷумла, дар давоми хидмат ба сарбозони қаторӣ дар шаш моҳ як маротиба рухсатии 20-рӯза ва ба сержантҳо рухсатии 30-рӯза дода, маблағи роҳкиро аз ҳисоби қисми ҳарбӣ пардохт мегардад. Тибқи тағйирот ба қонун, ба сарбозе, ки оиладор аст, имконият дода шудааст, ки дар масофаи 100 километр то хонааш хидмат кунад, то хабаргирӣ аз хонаводааш осон бошад. Бояд гуфт, ки ҳоло тибқи низомномаи дохилӣ наздикони аскарони оиладор метавонанд моҳе ду бор ба хабаргирии онҳо биёянд ва як ҳуҷраи оилавӣ дар ихтиёри онҳо гузошта мешавад. Ин пешниҳод хуб аст, вале он метавонад ба издивоҷи бармаҳал низ дар байни ҷавонон мусоидат намояд. Яъне ҷавононе, ки ҳоло ба ҳаёти мустақилона омода нестанд, барои аз чунин имтиёз бархӯрдор шудан, бармаҳал издивоҷ мекунанд.
Аз рӯи тағйирти нав дар қонун агар ҷавонони соҳиби як фарзанд ба хидмат даъват шаванд ва давоми хидмат як фарзанди дигарашон таваллуд шавад, онҳо аз аскарӣ озод мегарданд. Ёд дорам, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бо мо як нафар ҳофизи 26-сола, ки як кӯдак дошт ва боз завҷааш моҳу рӯз буд, ба аскарӣ даъват шуд. Аз байн як моҳ ҳам нагузашта, ӯро барои ду фарзанд доштанаш аз аскарӣ ҷавоб доданд.
Бояд гуфт, ки ин масъала дар Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»-и Федератсияи Русия ҳалли худро ёфтааст: нафаре, ки зану кӯдак дорад ва ҳомиладории завҷааш 26 ҳафта аст, аз хидмати аскарӣ озод мебошад. Яъне, онҳое, ки як фарзанд доранду занашон ҳомила аст, ба хидмати ҳарбӣ даъват намешаванд.
Чи хеле ки гуфтем, ҳоло аксари ҷавонон кӯшиш мекунанд ба аскарӣ нараванд. Албатта, ин сабабҳои зиёд дорад, ба мисли шароити нохуби хидмат, муносибати ғайриоинномавии сарбозони куҳансол нисбати наваскарон ва ғайра. Вале ба назари мо, дароз будани муҳлати хидмати ҳарбӣ низ яке аз сабабҳои саркашӣ кардани ҷавонон аз аскарӣ мебошад. Ҳоло муҳлати ҳатмии хидмати ҳарбӣ ду сол аст, ки ба назари мо хеле тӯлонӣ мебошад. Масалан, дар Федератсияи Русия аз соли 2008 ин ҷониб ҳидмати ҳарбӣ барои наваскарон ҳамагӣ як сол аст. Дар Тоҷикистон ҳам метавон ин амалро истифода кард. Яъне, муҳлати хидмати ҳарбӣ барои сарбозони даъватшуда аз ду соли феълӣ то ба як сол кам карда шавад. Дар ин ҳол албатта, теъдоди ҷавонои саркаш аз хидмати ҳарбӣ кам мешавад.
Ҳамчунин, бояд хидмати алтернативӣ ба роҳ монда шавад, то онҳое, ки аз рӯи ақида намехоҳанд ба даст силоҳ гиранд, ба чунин хидмат даъват карда шаванд.
Бояд ҳамчунин ба хидмати давлатӣ онҳое, ки ба аскарӣ нарафтаанд, қабул карда нашаванд.
Дар ҳолати амалӣ гардидани ин пешниҳод, шумораи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба аскарӣ мераванд, меафзояд.

Ҷовид МУҚИМ 

Шанбе, 04 Ноябр 2017 10:55

Онлайн

Шикояти аввалини худро тариқи онлайн ман аз занони бемасъулият шуруъ мекунам!

Ҳукумати шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, ки дар сурати мушоҳидаи камбудиву нуқсон дар ҳудуди шаҳр онро аксу навор гирифта, ба суроғаи шаҳрдорӣ фиристанд. Аз нигоҳи аввал, ин як кори маъмулӣ ба назар мерасад, аммо ҷиддитар нигоҳ кунем, аксу навор гирифтан ва миёни ҳам паҳн кардан тариқи Viber ё Whats App ба шуғли аслии ҷавонон табдил ёфтааст. Инро фақат нафаре дарк мекунад, ки ҷавон аст ва ниёзҳои насли худ ва кор бо онҳоро хуб медонад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ин иқдом қадамҳои аввал ва ҷиддии ҳамкорӣ бо ҳамнаслони худро гузоштанд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки ҷиҳати саривақт бартараф кардани камбудиҳо сокинон бо аксу видео бояд шаҳрдориро дар ҷараён гузоранд: “Муаллифон метавонанд, ки дар садри мавзуъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро гузошта, сипас навор ё акси гирифтаашонро тавассути замима ба мавзуъ ба суроғаи мазкур ирсол намоянд. Инчунин онҳо метавонанд тариқи шабакаҳои Viber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22 навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд”.
Шаҳрдорӣ махфияти муаллифони навор ва аксҳоро, ки дастраси Рустами Эмомалӣ мешаванд, кафолат додааст. Дафтари шаҳрдори Душанбе мегӯяд, «баъди пахши ҳар аксу навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода, камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ислоҳ менамоянд».
Пас аз ин иқдом мантиқи таъин кардани ҷавонон ба вазифаҳои раҳбарикунандаро хубтар фаҳмидам. Дар ҳоле, ки аксари аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, таъини ҷавонон ба вазифаҳои раҳбарикунанда метавонад ба вазъ таъсир расонад. Ҳоло зиндагии ҷавонон онлайнӣ шудааст. Харидро тариқи онлайн анҷом медиҳанд, шикояташонро онлайнӣ мекунанд ва умуман дар ҷаҳони онлайнӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло Ҳукумати шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин корҳоро анҷом медиҳад. Сомонаи ҳукумати шаҳр низ хеле фаъол аст. Пас, замоне расидааст, ки раҳбарони шаҳру навоҳиро ба мисли Рустами Эмомалӣ ҷавон кунем ё онҳо мағзҳои худро ҷавон кунанд ва бо ҷавонон ҳамкории онлайнӣ намоянд. Коре, ки ҳоло шаҳрдори ҷавони Душанбе оғоз кардааст.
Шикояти аввалини худро тариқи онлайн ба Рустами Эмомалӣ ман аз занони бемасъулият, ки фарзандашонро аз соати 7-и субҳ то соати 10-12-и шаб дар кӯча сар медиҳанд, шуруъ мекунам. Ва бигзор ҳар яки онҳо бо ифтихор ва масъулияти калон фарзандонро ба фарҳанги шаҳрнишинӣ омода кунанд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

саҳ 6 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.