.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 09 Декабр 2017 14:38

Шубҳа

Монолог

Шубҳа чист? Амали шубҳанок чӣ? Нафари шубҳанок кист? Ба ду суоли аввал метавон ҷавобҳои муфассалу мухтасари зиёд пайдо намуд. Аммо ба саволи сеюм посух ёфтан мушкилу тоқатфарсост.

Ба андешаи ман, шубҳа шабаҳ аст, ҷаноби Хоҷаев. Шабаҳ, ки хира-хира, на пеши чашм, балки дар тасаввуроти шахс пайдо мешавад. Яъне, он танҳо суроб аст. Суроб ҳанӯз симои зоҳирии хос ва кушода надорад. Барои мушаххас кардани суроби шубҳанок заҳмату ҷустуҷӯ лозим меояд. Чаро? Чӣ зарурат дорад? Хеле муҳим аст! Зеро, наметавон бардошт кард он чиро, ки аз ҷониби ту содир нашуда, аммо гумонҳои ноҷои ину он нафар бар шонаат меафтанд. Масалан, боре нафаре аз наздикон ба ман луқма партофт, ки «ҳааа, мегӯянд фалониро пинҳонӣ ба занӣ гирифтаӣ?...». Чун нидояш саволӣ буд, он қадар ба ғазаб наомадам. Вале, ба ростӣ, алам кард. Аввал андешидам, ки «бечора, заҳмат кашидаву чунин фикрро дар майнааш ҷой додааст, биё гапашро тасдиқ намоям, то дилаш ором гирад». Аммо, намедонам, озурда шуд ё на, бо лаҳни шадидтар посух додам: «Аввал ин ки, нагирифтаам. Дуюм, агар гирам ҳам, аз ту намепурсам!». Чун медонистам, ки барои исботи ин шубҳа умуман далел нест. Мисли ҳамон гуфтаи Достоевский, ки «аз сад харгӯш ҳеҷ гоҳ асп сохта намешавад, аз сад шубҳа ҳаргиз исбот ба вуҷуд нахоҳад омад».
Воқеан, на ҳамеша шубҳаҳои мо тасдиқу исбот мешаванд, дӯстам Хоҷаев. Ин андеша, ки мегӯянд «агар дуздро мушаххас карданӣ бошӣ, ӯро бо дигар гумонбарон аз шаб то саҳар паси панҷара нигоҳ дор», баҳонае беманфиат дар лобалои ноилоҷист. Яъне, нафаре ҳам, ки виҷдонаш мардона аст во бо дурӯғу фиребу риё ошно нест, вақти муттаҳам шудан ба гуноҳе ва паси панҷара афтодан, то саҳар намехуспаду азоби виҷдон мекашад, ранги рӯяш мекоҳад, чашмонаш луобиву хурмоӣ мешаванд. Тағйири сурат маъноеро надорад, ки ӯ ҷинояткору нобакор аст, то вақте эҳтимолияти бегуноҳӣ дар нисбаташ аз байн наравад.
Бо зикри ин нукта гуфтанӣ нестам, ки шубҳа набояд вуҷуд дошта бошад. То вақте ки инсон зинда аст ва бо муҳит пайвандӣ дорад, аз шубҳа роҳи гурез надорад. Хоҳу нохоҳ ақаллан боре ба касе шубҳа мебарад ва ба ӯ низ дигарон шубҳа мебаранд. Аммо, вақте ки гумони мо исботталаб аст, сабру таҳаммул лозим меояд. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки қазия зина ба зина, аз аввали рухдод бо дарназардошти хати ҳаракат ва занҷирапайвандҳои муаммо омӯхтаву таҳқиқ карда шавад. Танҳо дар ин сурат шавҳар метавонад шубҳаи худро нисбати зан, зан нисбати шавҳар, падар нисбати писар, модар нисбати духтар, муфаттиш нисбати гумонбар ва ҳатто гумонбар нисбати онҳое, ки гумонҳои ноҷо дар бораи ӯ асабонияшон мекунанд, мушаххасу собит намояд.
Ҳоло намунае меорам. Он моли ман нест. Дар ким-куҷое хонда будам, ки алҳол сарчашмаашро фаромӯш кардаам. Ин мол аслан қиссамонанд аст ва ба ту писанд хоҳад омад, рафиқ Хоҷаев:
Нафаре табарашро гум кард. Ӯ ба хулоса омад, ки табарро писари ҳамсоя дуздидааст ва дидаи ҷосусӣ ба ҳаракатҳои ҷавон гумошт: тавре роҳ меравад, ки гӯё дар ҳақиқат чизеро дуздида бошад! Ҳам нутқ, ҳам рафтору нигоҳаш табардуздро мемонад…
Аммо бо гузашти чанд муддат, он нафар вақте замини назди ҳавлияшро нарм мекард, табари худро аз зери хок ёфт. Рӯзи дигар ба рӯи писари ҳамсоя нигарист, вале акнун он ҷавон на бо нутқ ва на бо рафтору нигоҳаш ба табардузд монанд набуд…
Пас аз хондани ин қисса пеши назарат чӣ ҳувайдо мешавад, ҷаноби Хоҷаев? Ба шубҳа намеравӣ, ки шубҳа дар аввали пайдоишаш заиф аст, баъд пурзӯр мешавад ва ниҳоят нопайдо мегардад? Мисле, ки ба муш будани муш шубҳа мекунему онро фил мепиндорем ва чун таҳаффус кардаву аз фарқиятҳои фил огоҳ мешавем, мефаҳмем, ки муш муш будааст, на фил!
Беҳуда нагуфтаанд, ки «молатро накӯ нигаҳ дору ҳамсояатро дузд нагир!». Зеро, чун шубҳа пайдо шуд ва дар фурсати андак аз байн нарафт, он хоҳу нохоҳ ба тӯҳмат мепечад, ки оқибаташ забонбуру дандоншикан хоҳад буд!

Фазлиддин АСОЗОДА

Шанбе, 09 Декабр 2017 13:57

ШАҲРнишинӢ

Кай занони шаҳрӣ барои занони деҳотӣ намунаи ибрат мешаванд?

Вақте кӯдаке гум мешавад, волидайн аз гиребони милиса медоранд, то ӯро пайдо кунад. Вақте кӯдакеро, Худо нокарда, мошин зер мекунад, волидайн аз гиребни ронанда медоранд. Аммо вақте ки гурӯҳе аз занҳо дар даромадгоҳи бино аз субҳ то шом гапчинӣ мекунанд ва намедонанд, ки каме дуртар аз чашми онҳо ноаён кӯдакашон ба чӣ машғул аст, касе эътироз намекунад. Дар ҳоле, ки ба андешаи мо, оғози чунин нохушиҳо аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. 

Ҳоло шаҳри Душанбе симои як пойтахти замонавиро касб кардааст. Ҳамарӯза биноҳои наву замонавӣ сохта мешаванд. Дар намуди зоҳирии шаҳр тақрибан мушкиле намебинем. Навигариҳо беохир. Майдончаҳои варзишӣ ва макон барои тафреҳи кӯдакон хеле зиёд шудааст. Ба ҷои он, ки волидайн ин ҳамаро ба манфиату барои тарбияи кӯдакон истифода кунанд, баръакс, ин майдончаҳои наву замонавиро барои ба истилоҳ «ҷонхалосӣ» истифода мебаранд. Манзурам ин аст, ки аксари волидайн субҳи барвақт кӯдаконро дар ин майдончаҳо ба ҳоли худ гузошта, дар хонаҳо хоб мераванд. Ва аслан суроғ намекунанд, ки фарзандашон дар куҷост!? Овози доду фарёд ва ҳақорату ҷанҷоли кӯдакон мисле, ки ба ҳаво мепечад, вале волидайн аслан ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ҳоло анқариб ягон кӯчае нест, ки чунин мушкилот надошта бошад. Бештар чунин вазъи ногувор дар кӯчаҳои «спалный» ба назар мерасад, баъзан ҳатто дар кӯчаҳои «престижный» низ. Дар марказ ин чиз камтар ба назар мерасад. Рӯзҳои истироҳат ҳатто намемонанд, ки сокинон дар хонаашон истироҳат кунанд. Зоҳиран, ин “қаҳрамонӣ”-ро ҳамсарони мансабдорон мекунанд. Мансабдороне, ки аз “хонашин” будани ҳамсаронашон ҳамеша ифтихор доранд. Ин тоифаи занон бо гусели мардҳо ба ҷойи кор аз субҳ то шом дар назди даромадгоҳи хонаашон танҳо ба шуғли асосӣ - «ғайбат» машғул мешаванду масъулияти шаҳрдорӣ ва фарҳанги шаҳрдориро аслан иҷро намекунанд. Ҷои он, ки бо фарздандашон лоақал як шеър хонанду аз ёд кунанд, баръакс, ба сӯҳбати занон ҷазб мешаванд ва ҳар замоне, ки фарзандҳояшон ба наздашон меоянд ё ягон чиро мепурманд, бо калимаи “дӯстдошта”-и «дафъ шав, намебинӣ калоно қатӣ гап мезанам» онҳоро аз худ дур мекунанд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, ин шеваи муносибат кӯдакро ба зиндагӣ дилсард мекунад. Баъдан, вақте кӯдакон гум мешаванд ва ё даст ба ҷиноят мезананду ҳодисаи нохуше ба вуқуъ мепайвандад, шевани волидайн ба осмон мепечад: «Ой, давлат ба ман кӯмак накард! Бесоҳиб бошӣ, касе ба додат намерасад!». Аммо вақте аз худаш суол мекунӣ, ки ба фарзандат чӣ таълим додӣ, аз ту чиро ёд гирифт, хомӯширо ихтиёр мекунад.
Дар ин росто, намояндагони Кумитаи кор бо занон, ки бевосита масъулияти боло бурдани сиёсати фарҳангии занонро ба зимма дорад, хуб мешуд, ки дар кӯчаҳо бо ин гуна занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Зеро, вайрон шудани тарбияи кӯдакон аз ҳамин остонаи баландошёнаҳо оғоз мегардад. Аз он ҷое, ки гурӯҳе занон ба истилоҳ ба ғайбат машғуланд, вале намедонанд, ки 10 метр дуртар кӯдаки хурдсолашон ба чӣ корҳо машғул аст. Ё аксарияти вақт занон кӯдакони хурсоли худро дар байни издиҳом чунон мезананд, ки тааҷҷуб мекунӣ. Вале касе онҳоро барои ин амъол ҷазо намедиҳад. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё чунин бархӯрди модар ба кӯдак то ба ҷудо кардани онҳо аз якдигар анҷом меёбад.
Пас, занҳои азиз, агар ҳаваси дар шаҳр зиндагӣ карданро доред, биёед худамонро куллан иваз кунем!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Шанбе, 02 Декабр 2017 11:18

Танго

Танго - рақсест, ки як нафар наметавонад онро тани танҳо анҷом диҳад. Барои рақси танго як марду як зан лозим аст. 

Пешниҳоди ахири Додситонии кулли Тоҷикистон барои ҷазо додани мардони “сабукпо” дарки ин мантиқ аст. Додситонӣ пешниҳод кардааст, то нисбати мардоне, ки аз хизмати фоҳиашҳо истифода мебаранд, ҷазо таъин карда шавад.
То кунун бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо фоҳишаҳо аз 500 то ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд, вале мардон, ки як тарафи ин амал буданд, беҷазо мемонданд.
Фоҳишаҳо дар бисёр давлатҳои хориҷӣ қонунӣ фаъолият мекунанд, андоз месупоранд, ҳар моҳ аз назорати духтур мегузаранд. Вале барои мардуми шарқӣ ин чиз бегона аст ва аксарият онро бисёр дағалона ҳам ном мебаранд - «ҳаром». Ва «7 пушташ ҳаром аст!».
Дар давлатҳои мусалмонӣ, ба мисли Афғонистон, ҳам зан ва ҳам мардро барои чунин аъмол миёни издиҳом сангборон мекунанд ва ё сад чӯб мезананд.
Назари мардуми тоҷик дар ин робита тамоман дигар аст. Мардум ба фоҳиша нафрат доранд, вале ба марде, ки аз хидмати ӯ истифода мебарад, ҳеҷ назари баде надоранд. Барои ҳамин, ин пешниҳоди Додситонии кулл хуб аст, ки мардонро ҷазо медиҳанд, аммо бояд назари ҷомеаро низ дар ин росто тағйир дод.
Суол ба миён меояд, ки аз хизмати фоҳишаҳо бештар кадом мардон истифода мебаранд - пулдор ё бепул? Соҳикор ё мансабдор? Одӣ ё «кто попало»? Баъзан занҳо қурбонии ин роҳ мегарданд. Баъзеҳо барои расидан ба ҷойе дар кадом корхонае аз ҷониби раис таҷовуз мешаванд… Ин чӣ аст? Коррупсия ё фоҳишагарӣ?
Ба назар мерасад, ки аксарият аз ин тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ карданд. Яъне, ба он маъно, ки занони сабукпо дигар роҳи пулкоркунии осонро накобанд, чун дар ҳар ду ҷониб ҳам кор бо кашмокашӣ анҷом меёбад. Вале ҷониби дигар мегӯяд, ки «лоиҳаи мазкур роҳи ҳал нест. Беҳтар аст заминаи иҷтимоии занонро хуб кунед, барои онҳо ҷойи кор муҳайё намоед». Ба андешаи бархеи дигар, «бештар ба ин кор нафароне даст мезананд, ки мансабдоранд ва худи онҳо «мамароза»- ҳоро пуштибонӣ мекунанд». Пас чаро «мамароза»-ҳо кам ба маҳкама кашида мешаванд? Ҷазоро нисбати онҳо сахттар кардан лозим, зеро духтаракони ҷавонро ҷалб намудаву ҳаёти онҳоро месӯзонанд. Дар ин маврид ҳолатҳои овозашуда аз Дубай, Туркияву Санкт-Петербург далелҳои зиндаанд.
Хуллас, аз лоиҳа чӣ чизҳои хубе ба даст овардан мумкин аст, дар ҳоли амалӣ гардиданаш маълум хоҳад шуд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Шанбе, 25 Ноябр 2017 10:57

ДУчарха

Аз дузд пора хостан? Як схемаи хеле ҷолиб аст...

Вақте як корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки худаш ҳамеша бо ҷинояткорон мубориза мебарад, аз ҷинояткор пул мехоҳад ва ба ҳамин восита ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мекунад, гиребони киро бигирем?
Чунин сарусадоҳоро аслан мо кам намешунавем, ки «ба фалонӣ ин қадар пул додаму халос шудам» ва ё «ба ҷойи Холид Ҳомид ба зиндон меравад, чунки дуввумӣ пора надод». Ё луқмаҳое низ ба гӯш мерасанд, ки «гуноҳи ҷӯраам ё ҷӯраатро ба зимма гиру рав ба ҷойи вай адои ҷазо намо, бо ягон чӣ «хизмататро мекунем»». Албатта, чунин рафтор ва тарзи кор ҳар як одамро ба зиндагӣ дилсард мекунад.
Таззоди зиндагиро бубинед, ки ҳатто аз ҷинояткорон ҳам фоида меҷӯянд. Мисле ки як дӯсти хеле наздики ман боре дар як сӯҳбат гуфт: «Худо мегӯем, ки ягон кас як ҷиноят кунад, то мо ҳам зиндагиамонро пеш барем». Ва ҳатто нигарон аз он буд, ки ягон кас аз болои ягон кас шикоят ҳам намекунад…
Манзурам аз ин гуфтаҳо хабарест, ки чанде қабл дар сомонаҳои интернетӣ паҳн шуд. Хабари боздошти ду муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ситонидани ришва дар ҳаҷми 1000 доллар аз ҷавоне, ки ба дуздии дучархаи арзишаш ҳудуди 90 доллар муттаҳам шуда буд, ба назарам зиёд нангин намуд. Муфаттишони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод дар ҳоле боздошт шудаанд, ки ҷавони гумонбар Н. О. маблағро дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ба дасти онҳо дода будааст. Ин хабар дар сомонаи расмии Оҷонсии зидди корупсия ва Вазорати корҳои дохилӣ аслан нашр нашуд. Вале ба иттилои сайтҳои интернетие, ки ин хабарро дастрас кардаанд, пас аз чунин ҳодиса ҳатто сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ Хайриддин Ҷаъфарзода аз мақомаш барканор гардидааст. Вале, тибқи овозаҳои ахир, муфаттишон бо пардохти ҷарима озод шудаанд ва шоҳиди асосӣ аз даъвояш даст кашидааст.
Воқеан, як схемаи хеле ҷолиб тарҳрезӣ шудааст. Зеро, корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки даст ба ҷиноят задааст, озод гаштааст ва ягон вокуниш ҳам дар ягон ҷо чоп нашуд. Эҳтимол ҷазои маъмурӣ гирифта бошад, вале аз ин ҳам касе огоҳ нагардид.
Оҷонсии мубориза зидди коррупсия дар сохторҳои низомӣ, бахусус Вазорати корҳои дохилӣ 57 мавриди коррупсияро эълон карда буд. Ин ҳам як ниҳоде, ки мардум ба он бовар доранд, бо сад умед ва эътимод ба даргоҳаш сар мехалонанд. Ниҳоде, ки мардумро бояд тарбия кунад… Мехоҳам бигӯям, ки чунин ҳодиса албатта як зарбаи сахте аст ба сиёсати кадрии вазорат.
Дар ин росто мехостам бидонам, ки минбаъд нисбати чунин милисаҳо чӣ гуна чора меандешанд? Аз мақомот барои умрбод онҳоро ҷавоб медиҳанд ва ё «бахшишу дилсӯзӣ» ба онҳо идома дода мешавад?
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло, ки кадри ҷавони умедбахш аст, дар ин масъала чӣ назар дошта бошад? Ӯ аз рӯи кадом принсипҳо амал кардаву ба кадом корманди милиса чӣ баҳогузорӣ мекарда бошад?
Баҳои 2-ро ба кӣ бояд монд?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

саҳ 5 аз 113

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.