.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 527
Шанбе, 06 Январ 2018 15:59

Алик - малик

Гумроҳие, ки аксарияти гумроҳонро ба доми худ мекашад

Агар дар зиндагӣ камбудиву номуваффақӣ намебуд, ҷомеа бо муваффақиятҳояш ҳеҷ маъние намедошт. Маҳз мушкилиҳо ҳастанд, ки оламро рангинтару ҷолибтар сохта, онро аз якрангӣ наҷот медиҳанд.
Дар ҳақиқат, ҷомеаи имрӯз тараққикардаистода дар вазъиятест, ки ҳама бояд мустақилона фаъолият намуда, мақсадҳои мехостаи худро амалӣ созанд. Яке дар орзуи журналист шудан, дигаре орзуи вазир шудан, дигаре хоҳиши соҳибкор будану нафари дигар завқи сарояндагиро ба худ лоиқ мешуморад. Бо ҳамин мақсад одамон дар роҳҳои гуногуни зиндагӣ ҳаракат намуда, ҳаёти худро сипарӣ карда истодаанд.
Дар ёдам ҳаст, ки рӯзҳои аввалини дар шаҳр истиқомат доштанам бо чӣ гуна гумроҳиҳо рӯ ба рӯ шудам. Рӯзҳо ниҳоят вазнин мегузаштанд. Бо мақсади таҳсил кардан ҳар рӯзро ним дар донишгоҳу ним дар китобхонаву ним дар кӯчаву ним дар хобгоҳ сипарӣ менамудам. Як рӯз аз назди бозори “Саховат” мегузаштам, ки чашмам ба гуруҳи одамоне афтод, ки яке дигареро тела дода, бодиққат банди тамошо буданд. Банда «бенасиб намонам» гуфта, ба назди он гуруҳи одамон рафта, чанд лаҳза тамошо кардаму мақсади асосиро фаҳмидам. Алик - малик. Як нафар дар даст се қуттичаву як тӯбча дорад ва бо ҳиллаву найранг мардумро гумроҳ намуда, аз сустии онҳо истифода бурда, маблағҳои онҳоро гирифта истодааст. Худ ба худ фикр карда гуфтам, ки «наход одамон то ин дараҷа гумроҳ бошанд, ки бо фикру хаёли маблағи муфт ба даст овардан маблағҳои бо заҳмат ба даст овардаи худро аз даст диҳанд?».
Дар ҳақиқат беинсофӣ то он дараҷа тараққӣ кардааст, ки агар ба тудаи чунин одамон афтӣ, ҳатто “маҷбурӣ ” аз боигарии кисаат халос шуда, бо даст холӣ ба хона бармегардӣ.
Дар минтақаҳои сераҳолии шаҳр як миқдори одамон бо истифода аз бозии «алик - малик» зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Аслан, он бозиро танҳо як нафар пеш бурда наметавонад, чунки худ гумроҳ мешавад. Ба ҳамин хотир, масъули бозӣ ду-се нафарро ҳамчун бозингар ва ё “шпаргалка” барои гумроҳ кардани дигарон истифода мебарад. Тасаввур кунед, як донишҷӯйе, ки аз деҳа бо мақсади таҳсил ба шаҳр омадааст, чи тавр гумроҳ мешавад? Нохост ба ин гуруҳи одамон рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки якчанд нафар дар як дақиқа соҳиби 20, 50, ҳатто 100-у 200 сомонӣ шуда истодаанд. Ба хотири маблағи иловагӣ ба даст овардан ба бозӣ шомил шуда, аз маблағҳои дар даст доштааш бенасиб мемонад. Ҳол он ки, намедонад он одамоне, ки пул ба даст меоварданд, ҷӯраҳои шахси масъул ҳастанд.
Инсон вақте дар зиндагӣ як бор пешпо хӯрд, кӯшиш мекунад бори дигар пешпо нахӯрад, чунки афтоданаш мумкин. Вақте сахттар афтод, боз бархестанаш мушкил. Ба ҳамин хотир, ҳар як нафаре, ки аз деҳа ба шаҳр меояд, ҳатман бо ин хел гумроҳиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар он ҳолат бояд кӯшиш намояд, ки ба доми ин гуна найрангбозон наафтад.
Ҳукумат ҳамеша барои ободониву орому осуда зиндагӣ кардани аҳолӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад. Хуб мешавад, ки нисбати ин масъала аз тарафи намояндагони дахлдор чораҳои зарурӣ андешида шаваду ин камбудиҳову найрангбозиҳое, ки ҷомеаро халалдор мекунанд, роҳҳои ҳалли худро ёбанд. Дар ин ҳолат на дигар он найрангбозон мардумро фиреб карда дар номаи аъмоли худ гуноҳ сабт менамоянду на дигар мардуми зудгумроҳшаванда ба ин найрангбозон рӯ ба рӯ шуда, гумроҳ мегарданд.
Умуман, ислоҳи ин камбудӣ дар ҳама ҳолат ба манфиати ҳамагон аст.

Мунавваршо ПИРОВ,
Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Душанбе, 18 Декабр 2017 16:15

Бедил

Ё чаро як ходими илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мазҳари ом бе тарсу бидуни эҳтиром ба бузургон Абдулқодири Бедилро таҳқир карду ӯро "коғази ташноб" ном бурд?

Медонам, аксарияти нафароне, ки дастрасӣ ба сайтҳои интернетӣ дар гӯшаҳои дурдасти кишварамон надоранд, албатта аз «қаҳрамониҳои беназир»-и ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Фозил Файзуллоев ҳатман бехабаранд. Ва низ, бехабар аз онанд, ки воқеан ҳам дар ин Академия на ҳама академикҳо воқеиянд. Ба гуфтаи аксарияти кормандони ин ниҳод, «назди мо ҳамеша нафаронеро меоранд, ки «тағо» доранд ва супориш медиҳанд, то тарбия намоем. Вале мо мебинем, ки баъзе аз ҷавонон на танҳо шавқу рағбати хондан, балки ҳатто ба кор омадану хуши таҳлил кардани масоили воқеии рӯзро надоранд. Сарамонро ба куҷо занем?».
Акнун боз биёем сари қазияи «қаҳрамон»-амон. Акси ин «корманди илмии Академияи илмҳо дар шабакаи «Фейсбук» замоне нашр шуд, ки ӯ дар маҳфил ӯ худ ҳамоише бахшида ба Бедил дар Академия бо сари баланд менишаст ва гӯё маҳфилро бо дигар ҳамкорон гӯш мекард. Вале дар асл, ӯ дар телефони мобилиаш масруфи бозии шоҳмот буд. Вақте корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои чунин рафтораш интиқод карданд, ӯ якбора ба Бедили бузургвор дармеафтад. Ва ин «ходими илмӣ» бо фахр мегӯяд, ки Бедил бо ашъораш мисли коғази ташноб назди ӯ қадр надорад: «Ман фахр мекунам, ки аз он, ки Бедилгӯшкунӣ мекардам, дар телефони дастиам шоҳмот бозӣ кардам». Бо ин дилаш ором нагирифта, боз таҳқирро доман мезанад, ки «Бедил дар асри фанновариву технология чӣ лозим аст?». Ва суол мегузорад, ки «дар дунё киро бештар эътироф мекунанд, Александр Дюма ё Бедилро?». Ва Бедилро пасттар аз ситораҳои Голливуд медонад: «Бедил ситораи Голливуд нест. Бедил гуфта шабу рӯз гардем?». Ӯ Бедил ва ашъорашро қафомонии ҷомеаи навин мешуморад: «Агар Бедилро ба мардум "навязывать" кунанд, ҷомеа конкретно қафо мезанад». Ва мушкилоти як кишвари соҳибистиқлол ва дунявиро низ ба гардани Бедил мепартояд: «Ашъори Бедил барои ҷавонони соҳибистиқлол на...». Ва якбора ба хонандаҳо дармеафтад, ки «калат дар к...ут. Ҷавонҳоро маҷбурӣ оварда будан уҷа, "под угрозой". На... ҷавоноба Бедил. Асри 21 асри технологияи инноватсионӣ, на асри Бедил».
Чунин бархӯрд ба он оварда мерасонад, ки дилат намехоҳад ва забонат намегардад соҳиби ин «нутқҳои нақшин»-ро ходими илмӣ гӯӣ. Ҷойи чунин «ходимон» магар Академияи илмҳост?
Кӣ ба ин суол посух гуфта метавонад?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Душанбе, 18 Декабр 2017 16:12

ТӮҲМАТ

Тӯҳмат одатан ба одамони шоиста зарба мезанад, мисли он, ки кирмҳо асосан ба меваҳои беҳтарин ҳамла мекунанд.

Ҷонатан Свифт

Оре, ҷаноби Хоҷаев, ҳақ ба ҷониби файласуф ва нависандаи англо-ирландӣ Ҷонатан Свифт аст. Он чизе ва ё касе, ки ба андозаи сутуданӣ лоиқу созгор нест, кам андар кам ҳадафи тӯҳмат қарор мегирад. Ҳамин ҳоло бо ҳастӣ, имтиёзу имконот, мавқеъ, бо ҳама чизи худ, бо худ бархӯрд карда истодаам. Мефаҳмӣ!? Не? Шарҳи ман: ба андеша рафтаам, ки оё ман меваи беҳтарин ҳастам ё на? Оё ба ҷое расидаам, ки касе пайт ҷӯяду ҷон коҳонад, то бо лафзи заҳрогину тӯҳмати гӯшношунид ба ман осеб расонад? Мардона иқрор мешавам, ки ба хулоса омада натавонистам…
Аммо, ҳоло бишунав қиссаи воқеиро, ки аз сари бандаи ганда гузашт ва он аллакай барои дигарон (на барои ман) кӯҳна шудааст: Синфхонаи таъмирталабу салқин, бо фарши чӯбини ҷо-ҷо рангпаридаву фарсуда. Ҳамсинфон болои курсиҳои паси мизҳое, ки бо «нақшу нигор»-ашон «ҷазираи ошиқон»-ро мемонанд, карахту ноҷунбон нишастаанд. Баръакси ҳолатҳои муқаррарӣ, чун занги баромад садо медиҳад, муаллим аз ҷой намеҷунбад. Садо баланд мекунад: «Ба ҳама ҷавоб!». Духтарону писарон, ки ин фурсатро бесаброна интизоранд, бо хушҳолӣ аз синфхона берун мераванд. Банда низ чун одат аз ҳама охир берун шудан мехоҳам. Вале хитоби муаллим аз роҳ бозмедорадам:
- Ту, ист, кор дорам!
Меистам. Бо тааҷҷуб ба муаллим менигарам. Аҷабо, ӯ ба омӯзгор монанд нест! Андомаш аз ғояти ғазаб ларзон. Бо аҷала аз ҷой мехезад, наздик меояд ва «шаллақ»!!! Аз зарби шаллоқи панҷааш бари рӯям месӯзад. Аммо… боз ва боз, боз… Баногӯшам сурх мешавад.
- Чӣ гап аст, муаллим? Чӣ гуноҳ кардам?,- бо тарс овоз мебарорам.
- Намедонӣ? Намедонӣ!? Чаро қаламҳоро аз «шкаф» дуздидӣ!?,- бо итоб боз наздик меояд муаллим.
- Кадом қалам? Чӣ хел дуздӣ?
- Дафъ шав! Гум шав аз назарам, падарлаънат!
Бо сари хам, хомӯшу музлим аз синфхона берун мешавам…
Ростӣ, аллакай аз фардои он рӯзи воқеа дигар сухане гуфта нашуд. Гӯё муаллим «дуздӣ»-и маро фаромӯш кард. Ё, гӯё касе аз моҷаро хабардор нагардиду он ҳангома ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Вале ман фаромӯш накардам. Фаромӯш карда ҳам наметавонистам. Чӣ гуна фаромӯш мекардам, дар ҳоле, ки дар синф дуюмин нафари воқеан хонанда ва донанда (бидуни таърифу тавсиф) будам ва ҳамеша паси мизи дуюми қатори якум аз тарафи рост менишастам…
Таваҷҷӯҳ намо, дӯстам, Хоҷаев! Бо гузашти солҳои зиёд, ман то ҳол ҷои нишастамро дар он синфхонаи пур аз талотум дар хотир дорам. Ҳам он «шкаф» - макони дафтару қалам, хатпоккуну дигар лавозимоти таълимро, ки қулфи рақамӣ дошт ва намедонистам рақамҳояшро кӣ медонаду кӣ не. Ҳам чеҳраи ғазаболудаи муаллимро, ки он гоҳ тӯҳмат ба дӯшам бор мекард. Дар ҳоле, ки падари ман ба либосаву хӯрокаам чандон таваҷҷӯҳ зоҳир намекард, аммо тамоми лавозимоти таълимиро муҳайё менамуд. Ҳатто ба падар аз боби рафтори муаллим забон накушодам. Зеро, чун ӯ тӯҳматро хуш надорад, тарсидам, ки бо муаллим радду бадали баҳсу мунозираашон тӯлонӣ хоҳад шуд. Аммо нисбати он муаллим низ, ки тӯҳмати ноҷову нораво нисбатам дошт, кин надорам. Танҳо мехоҳам бо садои баланд фарёд занам: «Муаллим, ман қаламдузд набудам!!!». Бигзор ӯ худ ба ёд орад қазияи солҳо боз хуфтаро ва бори дигар амиқ биандешад, ки кӣ чӣ кор кард!
Охир, муаллим омӯзгор аст. Ӯ бояд тарбия диҳад, омӯзонад. Гузашта аз ин, воқеиятҳоро дарк намояд. Мисли сиёсатшиноси фаронсавӣ Шарл Морис, ки гуфтааст: «Яроқи аз тӯҳмат даҳшатноктар вуҷуд дорад. Он ҳақиқат аст!».

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

Душанбе, 18 Декабр 2017 16:06

тамОШобин

Он чизеро, ки барои дигарон мегӯӣ, аввал худ тибқи онҳо амал намо!

Луқмони Ҳаким

Шумо аз минбарҳо мардумро барои тамошои театр даъват мекунед. Аз кадом минбарҳо? Ман чӣ мегӯям? На минбарҳо, аниқтараш, аз саҳнаи театр, ки тамошобин надорад. На! Дорад! Тамошобини маҷбурӣ: Ду-се донишҷӯи сарсахте, ки мехоҳанд аз дарс гурезанд, то мағзи сарашонро “вируси дониш” тала накунад ва чор-панҷ корманди кадом як корхонаи давлатӣ. Чиптаҳоеро, ки театр ба донишгоҳ ва корхона иҷборан додааст, харида мераванд. Се-чор дӯст ва наздикони ҳунармандоне, ки имрӯз дар театр нақш меофаранд. Боз ду-се...
Вақте ҳунарманд ҳунари ҳамкасбу шогирди худро қадр намекунад, куҷо расад ба дигарон!? Вақте ҳунарманд саҳнаро эҳтиром намекунад, намоишкорона толорро тарк мекунад, ки «ман намоиши шуморо...», чӣ гӯем? Шумо ҳунармандон бештар эҳсос мекунед, ки тамошобин намоишро то охир тамошо накунад, чӣ таъсири равоние ба актёр мерасад.
Чаро устоди театр саҳнаи шогирдони худро то охир тамошо карда наметавонад? Аз хурсандӣ? Шояд метарсад, ки ашки шодӣ аз дидаҳояш сарозер мешаванд?
Ҳунармандони азиз! Барои чӣ имрӯз дар толорҳои театр тамошобин ангуштшумор аст? Ҳамон шахсони ангуштшумор ҳам, тавре дар боло зикр кардем, ё маҷбуран оварда шудаанд ё бо даъватномае омадаанд, ки худи шумо барояшон фиристодаед.
Барои чӣ дар даврони шӯравӣ мардум барои намоишномаҳо навбат истода, чипта мехариданд. Барои чӣ?
Чаро имрӯз тамошобинро “кашола” карда ба театр мебаранд, вале бо вуҷуди он, ки онҳо пул додаанд, то охири намоишнома намеистанд ва толорро тарк мекунанд? Чаро?
Ман намехоҳам ҳамаи гуноҳро танҳо ба сари ҳунармандон бор кунам. Дар ин миён Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати кишвар дар канор буда наметавонанд. Аввал бояд намояндаҳои онҳо ба тамошои саҳнаҳои театрӣ биёянд ва ба мардуми одӣ дари театрро нишон диҳанд. Имрӯз мансабдори давлатӣ аз театр хабар дорад ё на? Кормандони вазоратҳои фарҳангу маориф, ки эшон худро тарғибгар, муҳофиз, парчамбардори фарҳанги халқи тоҷик мешуморанд, боре ба театр омадаанд?
Вазирон ва мансабдорони мӯҳтарам, шумо бори охир театрро кай дида будед? Оё медонед, ки театр вуҷуд дорад ё на? Ё фикр мекунед, ки пас аз тахриб кардани бинои Театри ба номи Маяковский дигар дар шаҳр театре боқӣ намондааст!? Оянда театри наве бо зиёда аз 2000 ҷойи нишаст сохта хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки мо толори чанд театри хурдро пур карда наметавонем, чи гуна ин толори бузургро пур менамоем? Бо ин ҳоле, ки дорем, оё театри тоҷик рушд мекунад?!
Театри мо дар кадом аср хоб аст? На дар замони муосир, на асрҳои миёна, воқеан, замони номаълум. Дар асрҳои миёна мардумро ба воситаи “ҷорчӣ”-ҳо огоҳ менамуданд. Дар замони муосир аз шабакаҳои иҷтимоӣ сар карда то расонаҳои хабариро метавон истифода бурд. Хуб, ана, расонаҳои хабарӣ барои таблиғ маблағ талаб намуданд, пас, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд-ку! Онҳо аз шумо маблағ талаб намекунанд. Дар он таблиғ намоед ва ба намоишҳоятон мардумро ҷалб созед. Аммо таблиғи шумо чӣ гуна аст? Дар репертуари беруни театр як эълон меовезед ва Худо мегӯед, ки шахсе аз пеши театр гузараду нигоҳаш ба репертуар афтад, тамом вассалом. Гӯё чунон тамошобин доред, ки ба ягон таблиғ ниёз надоред. Вале дар асл...
Якчанд пешниҳоди одии мо барои пур кардани толорҳои театр аз тамошобин:
- Аввал, эҳтироми якдигарро барпо намоед. Шогирдонро дастгирӣ намоед. Барои ҳамдигар бетараф набошед!
- Ба худ суол гузоред, ки барои чӣ тамошобин дар ними намоиш толори театрро тарк менамояд?
- Ба мӯҳтавои намоишатон аҳамият диҳед. Театр сирк нест, ки “дар ҷойи театр сабза дамида…” хонда, тамошобинро фиреб намоед ва бо ҳамин намоишро ба поён расонед. Чуноне мегӯянд, “Оби рехтаро бардоштан нашояд”.
- Иҷборан ба театр овардани тамошобинро бас кунед. Намоиши хуб омода созед. Зеро, театр ошхона нест, ки мардум барои хӯрдани ош оянд. Аз театр бояд ғизои солими маънавӣ гирифт. Тамошобинро озод гузоред, то худ ба намоишҳоятон ояд.
- Ба асри 21 баргардед, ҷанобон! Таблиғро ба роҳ монед. Метавонед аз волонтёрон, шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ, рӯзномаву маҷалллаҳо истифода баред.
Умедворам пешниҳодҳои банда кам ҳам бошад, тамошобинро дубора ба театр меорад, мисли солҳои қаблӣ!

Мӯсои БОБОҲОҶӢ

 

саҳ 4 аз 113

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.