.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat

Аксаран таассурот ва бархурд бо рақси зан яксон аст: онро чун пирӯзии хостаҳои ҷомеаи мардсолорӣ мепазиранд. Бештар маҳкум мекунанд ва дар айни замон чун василаи тафреҳ ва рамзи тобеияти зан ба хостаҳои мард истифода мебаранд. Бадтар аз ин, рақсро чун бадахлоқии ҷинсӣ тафсир медиҳанд ва дар айни замон бо ҳамин мақсад ба кор мебаранд.

Худи зан аз рақсаш чӣ бардоште дорад ва иҷрои он дар зиндагии хусусиаш чӣ нақше мебозад? Ҷомеаи мардсолор инро намепурсад, чунки ҷавоби ягона дорад: рақси зан барои дилхушии мард аст. Он дар ҳеч сурат хостаҳо ва талабҳои занро ифода намекунад. Мақоли “дар зери доираи касе рақсидан” низ ба ҳамин маъност.

Аммо зан бо рақсидан чӣ хостаҳо ва талабҳое дорад, ҳеч гоҳ ошкор нахоҳад шуд, агар худи ӯ нагӯяд. Романи “Рақси зиндагӣ” ("Livets dans". Sirkel Vorlag, 2018) яке аз ин кӯшишҳост, ки Лутфия Бобоёрова ( Mina Boboerova ) онро ба забони норвегӣ нашр кардааст. Талошҳои нависандаро таҳсину табрик мегӯям, ки дар муддати кӯтоҳ забони бегонае омӯхт ва ба он асари бадеӣ эҷод кард. Бовар дорам, бо чунин майлу хоҳиши бузург кори эҷодиро идома медиҳад ва дар ошкор кардани ниҳоди зан ва нақши он дар ҷомеаи суннатӣ талош меварзад. Ба ҷуз ин, дар шиносоии фарҳанг ва ҷомеаи тоҷик дар берун аз Тоҷикистон ва ба забони дигар ҳамин гуна саҳмгузорӣ мекунад. Умедворам, роман ба зудӣ ба забони порсӣ низ нашр ва тақдими хонандагони тоҷик гардад.

Ба ҷуз мазмуни роман, ки мавриди таваҷҷуҳи ин матлаб аст, услуб ва санъатҳои бадеие, ки дар эҷоди асар истифода шудаанд, ҷолибанд. Нависанда санъатҳое чун баргашт, ташбеҳ ва тасвирро бештар истифода мекунад. Махсусан, баргашт ба ӯ имкон медиҳад, ки дар зимни таҷрибаи ҳаррӯза хотираеро ба ёд орад ва ҳамин гуна мавзӯъ ва бахши наверо дар роман кушояд. Ҳаёти ҳаррӯзаи ӯ дар кишвари бегонае мегузарад ва дар ҷангал, дар назди ҳавзи бузурге, ки мурғҳои обӣ дар он шино мекунанд, ҳангоме ки боди поизӣ мевазад ва баргҳои зарди дарахтон ба замин мерезанд, ёди ӯ ба гузаштаи хеле дур, 20 соли қабл парвоз мекунад. Дар ин руҷӯъ ӯ саргузашти зани ҷавонеро меорад, ки ба нахустин зарбаи бераҳмона бархурд карда буд. Нақли саргузашти қаҳрамони асар дар бораи ҷавонӣ, сахтиҳои зиндагӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, мушкилоти хонавода то лаҳзае давом мекунад, ки нул задани мурғобие ба пояш ва расидани парҳои қуи обиро ба зонуҳояш эҳсос кард. Ин боис шуд, ки ба як бор аз гузаштаи дур ба замони ҳол баргардад. Чунин нигориш дар саросари роман идома меёбад, ки хеле ҷолиб аст.

“Рақси зиндагӣ” бо саҳнаи рақси қаҳрамони асосӣ- Маҳин оғоз мешавад, ки ҳар саҳар, нисфирӯзӣ ва ё бегоҳ дар ҳавои мусиқие мерақсад. Ӯ “ҳангоми машғул будан ба кори хона гӯш ба садои мусиқӣ медиҳад. Гоҳе дар ҳавои мусиқӣ месарояд. Гоҳе мерақсад. Ҳангоми рақсидан чарх мезанад. Мерақсаду мечархад то охирин қуввату мадоре, ки дар тан дорад. Баъд аз он менишинад рӯйи курсӣ, ки наздики панҷараи бузург гузошта шудааст, баъд аз чунин як рақс саропои вуҷудаш аз арақ тар ва рухсораш арғувонӣ мешавад. Ба курсӣ такя дода, амиқ ва бошиддат нафас мекашад. Рӯ сӯи сақфи хона мекунад ва бо чашмони пӯшида, муддате хомӯшу беҳаракат менишинад. Дар ҳолати хомӯшӣ ашк аз чашмони пӯшидааш ҷорӣ мешавад ва рухсори баъди рақс арғувонгаштаашро мешӯяд.” Ин рақси зани чилсола аст, ки дар зери бори гарони таҷриба мерақсад. Ва рақс ифодагари он аст, ки ӯ ҳанӯз бояд мубориза барад. Дар ҳеч сурат, рақси ӯ ба хотири тафреҳу дилхушии марде нест, балки “рақси талош, рақси раҳоӣ аз ғаму андуҳ аст, рақсе, ки то охирин қувват анҷом дода мешавад ва зери обу арақ зан каме раҳо мешавад аз андуҳу ранҷ”.

Дар саросари асар, дар ҳар бахши он зан мерақсад ва бо он таҷрибаи хоси худро рӯйи саҳна меорад. Бо ин “саҳнаҳои рақс ва саҳнаҳои зиндагии ӯ бо ҳам муқоиса мешаванд ва барои ҳамин роман “Рақси зиндагӣ” ном гирифтааст.» - Худи нависанда дар муаррифии асараш мегӯяд.

Маҳин, ки бо рақсу гиря андӯҳашро таскин медиҳад, як замоне ҷавон буд ва дар мактаб бо духтарони ҳамсинфаш валс мерақсиданд. Он “рақси беғамию бепарвоӣ, муҳаббату ошноӣ, рақси ҷавонию зиндагӣ ва рақси хушбахтию шодмонӣ” буд.

Баъдан, кӯдакашро аз даст дод ва ба ҷои он лӯхтакеро Нӯшин ном карду бо он рақс мекард ва гӯё мехост фарзанди гумкардаашро бозгардонад. Ҳамрақси ӯ беҳису беҳаракат буд, намехандид, ҳарф намезад, чашмонаш беҳису холӣ буд. Ин рақс дер давом намекард, зуд хаста мешуд ва баъди он бо худояш даъво мекард, бачаашро бозпас мехост.

Ниҳоят, нависанда аз “рақси занҳо дар замини падарон” мегӯяд, ки барои шодмонии мардон анҷом медиҳанд. Занҳо, баръакси майли худ, барои дигарон мерақсанд. Он чӣ ҷомеаи мардсолор дар бораи рақс медонад ва аз занҳо талаб дорад, ҳамин аст, яъне “рақси занҳо дар замини падарон”. Ҳамин мардҳо ин рақсро аз занҳо талаб доранд ва боз ҳамин мардҳо онро маҳкум мекунад, гарчанде аз ин роман дарёфтем, ки хилофи майлу хоҳиши худи занҳо аст.

Бо ин ҳама рамзу розҳо ва тазодҳое, ки дар рақси зан нуҳуфтааст, нависанда таҷрибаҳои занонаро аз як ҷомеаи мардсолор тасвир мекунад. Таҷрибаҳое, ки ба сари як зан ва дар айни замон ба сари шаш зан меоянд. Дар роман аз мард хеле кам ёдоварӣ шудааст. Нақшҳои асосиро ҳамагӣ занҳо мебозанд. Дар ин саҳна мардҳо нақшҳои кӯтоҳ, гузаранда, ивазшаванда ва баъзан умедворкунанда доранд. Асосан дар нақши падар, дӯстдор ва шавҳар зуҳур кардаанд ва зан ҳам аз ин бештар онҳоро дидан намехоҳад. Мардҳоеро, ки аз мушкилӣ мегурезанд ва ғайб мезананд, зан фаромӯш мекунад, ки баъдтар дар Русияву саҳнаи ҷанги Сурия пайдо мешаванд. Дар ҷаҳони Маҳин аксаран занҳо ҳастанд, вале онҳо ҳам бештар раҳгузаранд. Ҳеч кадоме дар тақдири ӯ наметавонад ва ё намехоҳад саҳме ва ё таъсире гузорад. “Чӣ қадар бепарвоянд ин занҳо. Ҳоли ӯро намепурсанд, ки ин ду рӯз чӣ кор кард, чӣ қадар ҷон канд, чӣ гуна азоб кашид? Ду рӯз, ки ӯ ҷон меканд, онҳо куҷо буданд? Чаро кӯмакаш накарданд? Чаро тарсиданд, пешаш бошанд? Акнун, ки ба кӯмак ниёз надорад, атрофаш ҷамъ шудаанд.”

Занҳо дар вақти мушкилӣ аз тарс ғайб мезананд ва чун мушкилӣ бо “хости Худо” рафъ шуд, меоянд ва ҷашн мегиранд. Ҳатто аз ҷаноза ҳам фурсати суру нишот пайдо мекунанд. Барои ҳамин ҷанозаро ҳам чун тӯй меороянд. Онҳо мушкилиро чун “хости Худо” қабул кардаанд ва бо чунин шинохт худро оромиш медиҳанд. Ба мушкилӣ ва мусибат чун ба имконият менигаранд ва ҳамин гуна худро аз дами марг ва худкушӣ раҳо месозанд. Ба назар мерасад, ки зан дар чунин муҳити “рустоӣ” гирифтори чорчӯбаҳои сахти хонаводагӣ, мазҳабӣ ва нангу ном аст, дар оила нафари баъдӣ маҳсуб мешавад ва ҳеч ҳарфе барои гуфтан надорад. Аммо худи ӯ дар чунин вазъияташ камтар аз дигарон саҳм надорад. Ҳамин аст, ки як бахши роман “Хости Худо” ном дорад.

Бо ин ҳама, зан дар симои Маҳин қурбонӣ ва ё ақаллан итоаткор нест, ончуноне ки дигарон аз ӯ интизор доранд. Ӯ хоҳишҳо ва талабҳои худро дорад. Яке ҳатман ишқ аст, дигаре баъди мактаб дар донишгоҳ таҳсил кардан. Барояш шавҳар кардан бе ин хоҳишҳо ҷабре аст, ки зан аз ночорӣ ва дар зери фишор мепазирад. Аммо дар ҳамин ҷабр ҳам зан худ тасмим мегирад: ӯ хостгорҳои падарро рад мекунад ва хостгори худро мепазирад. Гарчанде ин мардро дӯст надошта буд, интихобаш кард, чун ваъдааш дод ба шаҳр барои хондан мебарад. “Мақсади ман ҳам таҳсил кардан аст.”- Ӯ шавҳар карданашро чунин тафсир медиҳад. Духтар дар издивоҷи иҷборӣ барои худ имконият меҷӯяд.

Ҳамин гуна, ҳар зане, ки рӯйи саҳнаи зиндагӣ меояд, бо мушкилоти худ ба танҳоӣ дастбагиребон мешавад ва агар лозим омад, ба танҳоӣ маргро мепазирад. Модар, қаҳрамони дигар, ягона зане аст, ки барои худ зиндагӣ намекунад. Худро барои Маҳин мебахшад ва чандин духтари дигарро аз худкушӣ наҷот медиҳад. Бар хилофи суннатҳои русто ва қаҳри шавҳар, ки аз ин суннатҳо об мехӯрд, ӯ бо духтари саркашаш буд ва инро бо хомӯшии худ ифода мекард.

Алорағми ин ҳама, занҳо мерақсанд. На ҳамеша ба майлу хоҳиши дигарон, балки бо хоҳиш ва ниёзҳои фардии худ: “Дидӣ, ки зиндагӣ он ҷашне набуд, ки интизорашро доштӣ, вале чун омадӣ, пас дилбарона бирақс ва ҷашне бисоз барои худат, ҷашне омехта аз суруру шодмонӣ бар алайҳи ғаму дард ва ҳасрату андуҳ...”

Файлсуф,

Ҳафиз Бобоёров

Шанбе, 17 Ноябр 2018 11:43

ХОТИРА

Баҳори соли 2014. Деҳаи Зиддӣ. Ман бояд нақши асосиро дар филми "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов бозӣ мекардам. Устод Марат Орипов бояд падари қаҳрамони маро бозӣ мекарданд. Ман метарсидам. Метарсидам аз он, ки ҳозир хатое мекунаму Марат Орипов- офарандаи нақши Рӯдакиву Сино, яке аз бузуругтарин ҳунарманди тоҷик асабӣ мешаванд. Аммо он кас ҳамеша ором буданд. Ботамкин ҳарф мезаданд. "Бачаам" гуфта муроҷиат мекарданд. Новобаста аз он, ки замоне дар қуллаи шуҳрат буданд, аз худ нарафта буданд. Новобаста аз он, ки аз қуллаи шуҳрат афтида буданд, нашикаста буданд. Новобаста аз он, ки хотираашон ғам медод, аз ҳама узр мепурсиданд ва кӯшиш мекарданд суханҳояшонро пурра азхуд кунанд. Новобаста аз он, ки саломатиашон хуб набуд тоқат мекарданд. Бале, ҳамон вақт саломатиашон хуб набуд, аммо сардию гармиро тоқат мекарданд. Ман ана ҳамон вақт дарк кардам, ки ошиқи касб будан чӣ аст. Марат Орипов ошиқ буданд. Ошиқи синамо. Ҳар дафъае, ки аз рӯи филмнома, дар назди дурбини наворбардорӣ устодро ба пушт бардошта, теппаеро боло мешудам ва дар охир мефаҳмидем, ки қабул несту боз як бори дигар бояд наворбардорӣ шавад, устод аз ман узр мепурсиданд. Ман илтимос мекардам, ки устод узр напурсед. Ҳар вақте танҳо мемондем устод мегуфтанд: "Абдукарим, бачаам, бубахш, ки эркагӣ мекунам. Ҳам пир шудаему ҳам саломатӣ...". Мегуфтам "устод ин хел нагӯед. Шумо ҳоло ҷавонед. Ҳоло бисёр чизҳо дар пешанд." Марат Орипов маънодор табассум мекарданд. Ҳар гоҳе танҳо мемондем дастони устодро дошта ва ё устодро оғӯш гирифта, "ташаккур ба шумо устодҷон" мегуфтам. Дигар аз он тарс чизе намонда буд. Устод Марат Орипов бузург буданд. Ҳам ҳамчун Ҳунарманд, ҳам ҳамчун Инсон бузург буданд.

Агар ҷавониҳои Маликушшуаро Рӯдакӣ ба оғозу авҷи шуҳрати устод Марат Орипов монанд бошад, пас Муаллим ин анҷоми мантиқии зиндагии устод Марат Орипов буд. Бале, муаллим. Ҳамон муаллиме, ки охирин нақши ҳунарманди бузург- Марат Орипов аст. Ман инро вақте ҳис кардам, ки дар вақти наворбардорӣ беихтиёр чанд қатра ашк аз чашмонашон ҷорӣ шуданд. Ин ашки бозигар набуд, балки ашки як инсон буд. Инсоне, ки тақдираш ба тақдири қаҳрамони меофаридааш монанд аст.

Мехоҳам ташаккури бепоёни худамро ба акаи Носир (Носир Саидов) расонам, ки Марат Ориповро дубора ба синамо оварданд. Дубора дар дили як ҳунарманд умеду боварӣ пайдо кунониданд. Табассумро дубора дар лабони як инсон зинда сохтанд. Устод Марат Орипов ба ҳама "Бачаам" гуфта муроҷиат мекарданд. Лекин вақте сӯи акаи Носир назар мекарданд "Носирҷон, бачаам..." мегуфтанд, ин дигар хел садо медод. Бомеҳр ва падарона буд. Мисли он, ки падар фарзанди азизашро садо мекунад...

Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бод, устоди азиз, Марат Орипов. "Бачаам"- гуфтанҳоятон дар гӯшам садо медиҳанд...

 

Абдукарим Машрабов

 Ҳунарманд. 

Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми марти соли 1966 таҳти № 446-Р, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб дар ин минтақа таъсис дода шудааст. Солҳои аввали ташкили омӯзишгоҳ бисёр душвориҳо дида мешуд. Пеш аз ҳама, нарасидани омӯзгорони ихтисосманд, воситаҳои таҷҳизоти техникӣ душвории асосӣ ҳисоб меёфт. Дигар аз мушкилиҳо ин ба омӯзишгоҳ ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ буд, аз ин сабаб омӯзгоронро зарур буд, ки ба ноҳияҳои гирду атроф ва маҳалҳои наздик рафта, ташвиқот баранд, чунки қисми зиёди волидон баҳри давом додани таҳсили духтарони худ монеъ мешуданд. Кӯшишу ғайрати омӯзгорони омӯзишгоҳ бобати дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бурдани ташвиқот ва ҷалб намудани духтарон ба омӯзишгоҳ беназир аст. 

Ҳамин тавр, заҳмати омӯзгорон натиҷаи дилхоҳ дод ва аввалин духтарони маҳаллӣ ба омӯзишгоҳ омаданд. Имрӯз аксари донишҷӯёни Коллеҷро духтарони ташнаи азхуд кардани илму дониш ташкил медиҳанд. Солҳо сипарӣ гаштанд, дар баробари тараққиёти ҷумҳурӣ, талабот нисбат ба кормандони соҳаи тиб ва омӯзиши он зиёд мегардид. Оҳиста-оҳиста базаи моддӣ-техникии омӯзишгоҳ беҳтар мешуд, барои хубтар гардидани шароити маишии донишҷӯён хобгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли гузашта бо ибтикори директори тозатаъйини Коллеҷ Сангов Бобохон Чилаевич ва дастгирии раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ҳамаи биноҳои муассисаи таълимӣ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо мизу курсӣ, лавозимоти хониш ва таҷҳизоти ба талаботи муосир ҷавобгӯй таъмин карда шуданд. 

Айни замон Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат яке аз калонтарин муассисаи таълими миёнаи махсус дар байни омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар он 2,5 ҳазор нафар донишҷӯён, намояндагони 6 миллат таҳсил карда истодаанд. Дар давоми 52 сол ин боргоҳи маърифат тақрибан 15,5 ҳазор мутахассис тайёр намудааст. Шуъбаҳои омӯзишгоҳ дар шаҳрҳои Норак, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб амал мекунанд. 

Сохтори Коллеҷ

а)  Факултаҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ (пас аз хатми синфи 11),        бо  мӯҳлати  таҳсили  3  сол:    

-  “Кори  ҳамширагӣ”

-  “Кори  лабораторӣ”

-  “Кори  беҳдоштӣ, санитарӣ, эпидемиологӣ”.

-  “Кори  момодоягӣ”  -  бо  муҳлати таҳсили  3 солу  10 моҳ

б)  Бо  таҳсилоти  миёнаи  нопурра  (пас  аз  хатми  синфи 9), мӯҳлати таҳсили  4 сол:    

-“Кори  ҳамширагӣ”   

-“Кори  лабораторӣ”

-“Кори  фармасевтӣ”                                      

ПОЯИ  МОДДӢ - ТЕХНИКӢ  ВА  ТАЪЛИМӢ

Дар муассисаи таълимӣ 1 бинои таълимӣ, 4 лабораторияи таълимӣ  (микробиологӣ, физика, биокимиёӣ, кори ҳамширагӣ), 82 кабинети таълимӣ, 5 кабинети  компютерӣ,  ки бо шабакаи интернет пайваст аст ва 1 майдони варзишӣ мавҷуд мебошад. Дар Коллеҷи тиббӣ китобхона бо қироатхонааш фаъолият менамояд. Барои зиёд намудани сафи аъзоёни китобхона бо ҳамаи донишҷӯёни соли аввали таҳсил вохӯрӣ гузаронда шуда, дар байни онҳо корҳои ташвиқотӣ бурда мешавад. Аъзоёни китобхона аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандон 160  нафар ва аз ҳисоби донишҷӯён бошад, 1342 нафарро ташкил медиҳад. Кор оид ба ғанигардонии хазинаи китобхона  идома дода шуд,  миқдори   онҳо   ба  8051 адад  расидааст.  Аз ҷумла: таълимӣ-тахассусӣ - 7000  адад, бадеӣ-1051адад. Бештари китобҳои таълимии тахассусӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон дар гардиш мебошанд. Намоиш додани китобҳои дар китобхона буда мунтазам ба роҳ монда шудааст. Мудири китобхона ва китобдор, якҷоя бо маъмурияти Коллеҷи тиббӣ барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзоёни китобхона ва хазинаи китобхона, таъмири китобҳои кӯҳнаву фарсудашуда ва маҳфуздории сифатнокии  китобҳо  мунтазам  саъю  кӯшиш  менамоянд.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони Коллеҷи тиббӣ ба амалӣ     гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти    тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда     шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, азхудкунӣ, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии    мутахассисони миёнаи тиббӣ, базаи моддиву техникии Коллеҷи тиббӣ    ба  талаботҳои  ҳозиразамон  ҷавобгӯ  мебошад.

Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” 85 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғуланд. Шӯъбаи кадрҳо ва роҳбарияти коллеҷ  мунтазам  баҳри  таҳкимбахшии  пояи  кадрии  таълимгоҳ  кор  мебарад. Омӯзгорони Коллеҷ доимо кӯшиш менамоянд, ки бо усулҳои нав ба нави таълим дарсҳои хешро ба роҳ монанд. Аз ин сабаб бо мақсади боз ҳам хубтару возеҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия як қатор чорабиниҳо, ба монанди Шӯрои омӯзгорон, гурӯҳҳои фаннӣ ва ғайра амал мекунанд. Шӯро ва Шӯрои омӯзгорон баҳри баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон, корҳои методӣ ва тайёр намудани ихтисосмандони баланд кӯшиш менамояд, инчунин аз таҷрибаи пешқадами дигар коллеҷҳои ҷумҳурӣ баҳра мебардорад.

ҶАРАЁНИ  ТАЪЛИМ

Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа  ва  аз  ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда ёфтааст, ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, бахши таълим назорат карда мешавад. Дар Коллеҷи тиббӣ 7 кафедра фаъолият менамояд: Инҳо кафедраҳои фанҳои “Асосҳои кори ҳамширагӣ”, “Морфологӣ”, “Забонҳо”, “Гуманитарӣ”, “Корҳои  тиббӣ – ташхисӣ, корҳои  тиббӣ - профилактикӣ, кори момодоягӣ”, “Химия ва биология”, “Табиию  риёзӣ”.

Коллеҷи тиббӣ дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои тиббӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳа, назорати  доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши  муҳассилин  пайваста дар  маркази  диққати  маъмурият  қарор  доранд.

Дар соли таҳсили 2018 – 2019 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ба низоми кредитӣ гузашта, аз рӯи он амал намуда истодааст. 

Дар асоси мактуби Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қарори Шӯрои омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ дар соли таҳсили имсола имтиҳонҳои ҷорӣ тариқи тестӣ ташкил карда шуд. Соли ҷорӣ аттестатсияи хатмро 38 гурӯҳҳои хатмкунанда аз 18 июни соли 2018  то 5 июли соли 2018  супориданд. Ҳамзамон имсол Коллеҷи тиббиро аз рӯи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори тиббӣ - ташхисӣ”, “Кори тиббӣ – профилактикӣ”  650 – нафар донишҷӯён хатм карданд, ки аз ин шумора 17 – нафар соҳиби дипломҳои  “аъло”  гардиданд. 

Донишҷӯён қариб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ: вилояти Хатлон, вилояти Суғд, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таҳсил доранд. Дар Коллеҷ 126 гурӯҳ фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо бо роҳбарони гурӯҳ (куратор) таъминанд. Ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. 

Коллеҷи тиббии шаҳр имрӯз бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамкории наздик дорад ва дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзад. Таваҷҷӯҳи маъмурияти Коллеҷ ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, татбиқи Қонуни Забон, истифодаи барномаи «Лемон» дар ҷараёни таълим, таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва лабораторӣ, бо китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои методӣ таъмин намудани Коллеҷ, ҷорӣ намудани усулҳои гуногуни таълим ва корҳои тарбиявӣ, омӯзиши Сарқонун, муқаддасоти давлатӣ равона гардидааст.

ОБОДКОРИҲО  ДАР  КОЛЛЕҶ

Дар Коллеҷ як қатор корҳои ободонӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба сомон расонида шуд. Аз он ҷумла, шифти бино тамоман корношоям шуда, дар ҳолати садамавӣ буд, аз ҳисоби махсуси Коллеҷ бо дастгирии бевоситаи Вазоратҳои маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гурӯҳҳои иловагии шартномавӣ мусоидат намуданд, ба маблағи 148000 сомонӣ таъмири капиталӣ карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар тамоми бинои Коллеҷи тиббӣ ва қисми берунаи он таъмиру азнавсозӣ гузаронда шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда  тирезаҳои фарсудаи бино бо тирезаҳои пласстикии замонавӣ ва фарши дохили бино бо сафолакҳои ҳозиразамон иваз карда шудааст. Инчунин ҳамаи кабинету синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, толорҳои лексионӣ ва синфхонаҳои компютерии ба талаботҳои ҳозиразамон  ҷавобгӯ зиёд карда шудаанд. 

Ҳамчунин,  аз ҳисоби махсуси Коллеҷ 240 адад мизу курсиҳо, 20 адад компютер, 3 адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 13 адад принтер, 37 адад асбобҳои гармидиҳандаи равғании каммасраф, 10 адад ҷевони китобдорӣ, таъмири ҷории кабинетҳои дарсӣ, таъмири 5 кабинет бо тарзи замонавӣ, шишабандӣ кардани кабинетҳо, васл кардани 12 тирезаи пластикӣ, иваз намудани ҳамаи дарҳои маъмурият бо навиштаҷотҳои замонавӣ, таъмир ва таҷҳизонидани толори маҷлисгоҳ, харидорӣ намудани 5 адад кондисионер, сохта ба истифода додани анборхона ва ҳоҷатхона, ки бо хати обпартои марказӣ пайваст аст, ташкили гӯшаи табиати зинда, гирду атроф пурра бо панҷараҳои замонавӣ маҳкам карда шуданд. Дар даромадгоҳ хонаи посбонҳо, ки бо шароити замонавӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Саҳни Коллеҷ бо сангҳои ороишӣ оро дода шуд, проектор дар толори лексионӣ ва ойнаҳои амалӣ аз фанни анатомия – физиология бо ду доскаи электронӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуданд.

Барои тозаю озода нигоҳ доштани саҳн ва дохили бино ҳар рӯзи шанбе бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён шанбегиҳо гузаронида шуда, ҷӯйборҳо ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ, майдони варзишӣ аз ифлосиҳо тоза карда мешаванд. Ҳолати санитарӣ – гигиении кабинету синфхонаҳо дар зери назорати ҷиддии маъмурият қарор  дорад.         

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” дар ҳамкории доимӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва раванди таълиму тарбияро пурра зери назорат гирифта, баҳри боз ҳам  беҳтар  намудани  сифати  таълим  саъю  кӯшиш  менамояд.

“Самак”

Моҳпайкар Ёрова  яке аз ҳунарпешаҳои даврони Истиқлолият буда, бо иҷрои нақшҳои гуногуну ҷолиб  дар театр  ва синамои тоҷик  маҳбуби  тамошобинон  гашта аст. Ӯ соли 1970 дар  шаҳри  Душанбе  ба  дунё  омадааст. Баъд аз хатми мактаби  миёна, таҳсилашро дар факултаи драмаи  Донишкадаи театрии ба номи М.С. Шепкин дар шаҳри Маскав  идома дода аст. Фаъолияти эҷодиашро бошад дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов оғоз намудааст. Ӯ соли 2013 бо Ифтихорномаи Президенти кишвар сарфароз гардидааст.

Аҷобаташ дар ин аст, ки хонум Ёрова дар суҳбат бо мо изҳор медорад, ки дар ҷавони ҳеҷ  фикри ҳунарпеша шудан, ҳатто дар хаёлаш набуд.

Пас чи сабаб шуд, ки шумо ҳунарпеша шудед?

-Ман дар хурдсолиам , сурудҳои сарояндаи машҳури рус Алла Пугачёваро доимо зам-зама мекардам, аммо ин як завқи кӯдакона буд. Вақте дар синфи даҳ мехондам, дар дилам орзуи омӯзгор шудан пайдо шуд, фикри ҳунарпеша шудан умуман дар сарам набуд. Падару модарам дар симои ман ҳунарпешаи оянададорро дида, сабабгор шуданд, ки ман ҳунарпеша шавам, онҳо маро ба Маскав барои таҳсил равон карданд. Пас  аз хатми Донишкада дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов фаъолияти худро оғоз намудам.

 Нақши аввалинатонро дар саҳна, дар хотир доред?

-Нақши аввалини ман дар саҳнаи театр, дар драмаи “Рӯдакӣ”  бо таҳияи режиссёр Музаффар Хаёлов буд, ки ман дар ин драма нақши Нигинаро мебозидам. Ин намоишнома барои ман яке аз лаҳзаҳои фаромушнашавандаи ҳаётам аст, зеро бо ин нақш қадамҳои  нахустини худро дар саҳнаи театр гузоштам. Минбаъд дар спектаклу драмаҳо аз қабили “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ”(соли 2018), “Чароғи сеҳрноки Аловуддин”(соли 2017), “Шабе дур аз ватан”(соли 2016) ва амсол аз инҳоро нақшофарӣ намудаам.

 Ба Донишкадаи театрии шаҳри Маскав дохил шудан , бароятон чӣ гуна муясар гашт?

- Соли 1987 дар шаҳри Душанбе як озмуни хеле калон барои қабули довталабон баргузор гардид. Озмун аз се давр иборат буд. Вақте, ки ман аз баргузории он озмун огоҳ шудам, алакай ҳама аз озмун гузашта буданд. Бо вуҷуди ин , бо дастгирии устоди аввалинам- Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов имтиҳони маҳорати актёриро бо мувафақият супоридам ва дар Институти театрии ба номи М.С. Шепкин  бо ҳамроҳии 18 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соли 1987 таҳсили худро оғоз кардем. Ҳамкурсони солҳои донишҷӯиям Зулфия Содиқова, директори Хонаи кинои ба номи Б.Кимёгаров, Умед Хисравов, саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи М.Назаров, Парвиз Пӯлодӣ, сароянда ва оҳангсози машҳур ва дигарон буданд, имрӯз дар ҷодаи ҳунар мувафақанд.

Театр ва кино кадоме аз инҳо дар дилатон ҷойгоҳи махсусро дорад?

-Дар театр, вақте, ки ҳунарпеша нақш меофарад, имконияти дубораю себора такрор кардани нақшро надорад,вале дар кино ин имконият ҳаст.Метавонӣ як лаҳзаи филмро барои хуб баромадан якчандбор такрор кунӣ. Дар театр нақш офаридан маҳорати баландро талаб мекунад. Новобаста аз ин, ҳам театр ва ҳам киноро дӯст дорам.

 Соли 2016 дар мусоҳиба бо сомонаи Sputnik Тоҷикистон “Дар баробари худ рақибе надорам гуфтаед, яъне шумо худатонро аз дигар ҳунарпешагони ҳамовардонатон боло медонед?

-На, ҳаргиз ман худамро аз дигар ҳамкасбонам  боло намедонам, аммо ҳар ҳунарпеша як образ, як хусусияту ампулаҳои худашро дорад. Ба он маъно рақиб надорам, ки дар синну соли ман аз рӯи ҳунарнамоӣ, аз рӯи нақшҳои офаридаам, бо забони кино агар гӯем “типаж” нест. Ман хело хушҳол мешудам, агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд, зеро вақте рақиб дошта бошӣ, кӯшиш мекунӣ, талош мекуни, ки нақшҳоятро боз ҳам беҳтару хубтар офарӣ.

Дар як нишасти хабарӣ гуфтаед, ки” режиссёрҳои ҷавон барои худашон филм мегиранд”, далели ин суханҳо чӣ буда метавонад?

-Бале, чунин гуфта будам. Имрӯзҳо режиссёрҳои ҷавоне, ки филм ба навор мегиранд, хеле зиёд шудаанд. Бисёр хуб аст, ки онҳо кӯшиш  мекунанд ва филм ба навор мегиранд.Ба ин васила барои рушди кинои тоҷик саҳм гузоштан мехоҳанд.Ман фикр мекнуам, ки ҳар як режиссёре, ки даст ба таҳияи филм ё драмаву спектакл мезанад, бояд пайваста омӯзад, дар ҷустуҷӯйи  як кори нав, эҷоди нав бошад, на ин ки филмеро ба навор мегирад, дар он ҳам нақши асосиро бибозад ва ҳам коргардон бошад.  Ман ин ақидаамро чандин маротиба ба режиссёрҳо гуфтаам, беҳтар мебуд коргардони ҳирфаиро даъват мекардед, яъне ё нақш бозанд ё таҳияи филмро ба уҳда гиранд. Мухлисонам  аз ман бисёр мепурсанд, ки чаро шумо дар ҳар гуна филмҳое, ки онқадар сатҳи баланд надоранд нақш меофаред? Агар кӯтоҳ ҷавоб диҳам, танқисии молӣ маҷбур месозад, ки ҳар гуна нақшеро аз филмҳо пешниҳод кунанд, бозӣ кунам.

 Ба фикри шумо ин гуна нақшҳо обрӯю эътибори ҳунармандро паст намекунад?

-На, ҳунармандро паст намекунад ва ман наметавонам ба ҳунарпешаҳое, ки дар ин гуна филмҳо нақш меофаранд, эрод гирам, зеро ҳар яки мо зиндагии худро дорем.Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо ҳунарпешаҳо зиндагии хубе дорем, вале намедонанд он пуле, ки аз филмҳо мегирем, пули кироӣ гуфтан ҳам нест. 

 Шумо ки хатмкардаи Донишкадаи Русия ҳастед, боре ба саратон фикри дар теат ва филмҳои Русия фаъолият карадан наомадааст?

-Маро чандин маротиба даъват карданд ва ҳам гуфтанд, ки чеҳраи нав ҳастед, кори шумо ба мо маъқул аст. Вале ман патриоти ватани худ ҳастам. Мо дар замони Истиқлолият зиндагӣ дорем , рӯз аз рӯз Тоҷикистон ободтару зеботар гашта истодааст ва ман ба умеди он, ки  дар оянда мушкилиҳои мо ҳунармандон бартараф мегардад, фаъолиятамро идома дода истодаам.

 Ба фикри шумо, чаро ҷавонону наврасон хеле кам ба театр мераванд ва агар раванд ҳам иҷборӣ аз тарафи мактаб ё донишгоҳ?

-Ин вобаста ба сатҳи драма ё пйеса аст. Он  бояд диққати тамошобинро ба худ ҷалб намояд. Агар муҳтавои асари саҳнавӣ  праблемаҳои имрӯзаи ҷавонону наврасонро дар бар гирад, албатта, завқи онҳо бедор мешавад. Дар театри мо ин гуна намоишҳо зиёд ҳастанд ва мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтаанд.Бояд ҳам мазмуну муҳтавои  намоиш, ҳам ороиши саҳна , сару либос ва маҳорати ҳунарпеша, дар сатҳи баланд бошад. Агар ин талаботҳо  набошанд, албатта, тамошобин ба театр намеравад. Ягона чизе, ки барои бартарафи мушкилоти театр пешбинӣ шудааст, ин нақшаи соланаи театр аст. Чунки аз ҳамин ҳисоб ба мо либос медӯзонанд, ороиши саҳна месозанд ва дигар камбудиҳоро рӯйпӯш менамоянд..

Дар филмҳо нақшҳои гуногунро меофаред, гоҳе хушдомани золим, гаҳ модари ғамхор ё зани сабукпо. Мехохем бидонем, Моҳпайкари ҳақиқии паси парда, чӣ гуна аст?

-Инро ман гуфта наметавонам ва худситоиро низ дӯст надорам, аммо зиндагии паси пардагии ман тамоман дигар аст.Вақте, ки ҳунарпеша нақши манфӣ ё мусбӣ мебозад, бояд ба тамошобин ҳамон нақшро ба таври аъло расонад.Дар масъалаи кор бисёр сахтгирам. Ман фикр мекунам Зан-Модар бояд ботамкин бошад,боодоб бошаду сабур, дар ин ҳол ӯ дар зиндагӣ бурд хоҳад кард.

 Дар якчанд филмҳои русӣ ҳам нақш офаридаед, чӣ тафовутеро байни кинои русу тоҷик мушоҳида кардед?

-Вақте  маро соли 2012  барои иҷрои нақш дар филми ҳунарии  “Золотой запас” даъват карданд, ман алалхусус аз муомилаи хуши онҳо дар шигифт афтодам. Ҳар рӯз маро бо мошин ба наворгирӣ мебурданд. Инчунин онҳо аз камази “Дулан”  либос, пойафзол ва пардозгарони махсус онҷо ҳастанд, ки хунарпешаро барои сабти навор омода месохтанд. Ҳар як режиссёр, ҳар як наворбардор ва ҳунарпешаҳо ёрдамчии махсуси худро доранд. Бояд қайд кард, ки дар филмҳои русӣ се-чор наворбардор аст. Дар филмҳои тоҷикӣ бошад ин тур талаботҳоро ҷавобгӯ нест. Мо ҳунарпешаҳо аз либосҳои худамон истифода мекунем. Яъне фарқият калон аст. Мушкилии асосии филмҳои мо маблағ аст. Агар дар мо низ сарпарастони филмҳо зиёд шаванд, чунин шароитҳо муҳаё хоҳанд шуд.

Ягон нақше ҳаст, ки дар дилатон орзуи офариданашро мепарваред?

-Албатта, ҳаст. Таърихи миллати мо хеле бой аст ва ман орзу дорам, ки як силсилафилми таърихии ба навор гирифта, шаваду ман нақши маликаи бузургро биофарам ва аз тамошои ин филм тамоми мардум бидонанд ки зани тоҷик кӣ буд ва кӣ аст.

Суҳбаторо Малика Сафарзода

саҳ 3 аз 47

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.