.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat
Душанбе, 22 Октябр 2018 16:49

JIKA дар Тоҷикистон

Саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмони JIKA дар рушди деҳот торафт бештар мегардад

Аз моҳи январи соли равон бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон ва ташкилотҳои маҳалии ҷамъиятӣ марҳалаи дуюми лоиҳаи БР СММ таҳти унвони «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон» - LITAKA дар ҳудуди ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур то моҳи декабри соли 2020 идома ёфта, дар ин давра маблағи умумии 3,8 миллион доллари ИМА барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷалб карда мешавад. Тавре зимни шиносоии намояндагони ВАО бо рафти иҷрои лоиҳаи мазкур маълум гардид, маблағҳои пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ – JIKA ҷудо гардида, барои барқарор намудан ва бунёди 86 иншооти иҷтимоӣ-иқтисодии деҳот вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, об ва беҳдоштӣ, обёрии заминҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, энергетика, кам кардани хатари офатҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, равона карда мешаванд.

Чунончӣ, дар ҷамоати Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои ҷалб намудан ба шуғли фоиданок ба 10 нафар занон аз оилаҳои эҳтиёҷманд 30 қуттии занбури асал ба таври ройгон дода шуда, ҳамчунин ба онҳо тарзи парвариши занбури асал омӯзонида шудааст. Дар баробари ҳамин, ҷиҳати гирифтани асали табиии табобатӣ дар майдони 2 га заминҳои бекорхобидаи ҷамоати мазкур алафи навъи эспарсет ва дар канори роҳҳои байни деҳаҳо 600 ниҳоли ақоқиё шинонида шудаанд.  Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Н.Маҳмудов, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Абдуғаффор Наҷмиддинов оид ба дастгирии молиявии лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон» - LITAKA изҳор кард, ки вақте соли 2008 дар деҳаи Кишт Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқониро таъсис додем, ҳамагӣ 9 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун узви Ассотсиатсия фаъолият доштанд. Баъд аз дастгирии лоиҳаи мазкур (марҳалаи аввали лоиҳаи LITAKA соли 2014 оғоз шудааст) имкониятҳои молиявӣ ва истеҳсолии Ассотсиатсия бештар гардиданд.  Ҳоло дар АХД 80 хоҷагӣ муттаҳид гардида, дар 100 га заминҳои кишоварзӣ гандум, ҷав, нахуд, наск, полезӣ ва помидору бодиринг кишт карда, ҳосили баланд мегиранд, инчунин АХД дорои 46 га анорзор мебошад. Тамоми корҳои агротехникӣ ба воситаи техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, ки аз ҷониби лоиҳаи LITAKA дастрас шудааст, анҷом дода мешаванд.

Муҳимтарин дастоварди Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Н.Маҳмудов бо дастгирии молиявии лоиҳаи LITAKA бунёд намудани сехи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар сехи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ солона то 25 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳо аз пиёзи анзур, бодиринг, помидор, инчунин, мураббои анҷир, мураббои дулона, мураббои себи биҳӣ, ширинии тут, шарбати олучаи кӯҳӣ тайёр карда шуда, барои фурӯш ба шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд фиристода мешаванд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил сокинони деҳаҳои Даштиҷум ва баъзе деҳоти ноҳияи Дарвоз ба сехи мазкур маҳсулоти кишоварзии худро месупоранд. Бо ин роҳ аз як тараф, ҳосили деҳқонони деҳаҳои дурдасти кӯҳистон талаф намешавад, аз тарафи дигар онҳо соҳиби даромади хуб шудаанд. Бояд гуфт, ки маҳсулоти сехи коркарди АХД ба номи Н.Маҳмудов дорои сертификати байналмилалии сифат буда, бо бренди «Водии Дашти Ҷум, лаззати табиатро эҳсос намо» ба фурӯш бароварда мешаванд. Бори аввал дар ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин дар назди АХД ба номи Н.Маҳмудов дар шароити гармхона ба парвариши бодиринг иқдом гирифта шудааст. Ҳоло дар гармхона тамоми корҳои агротехникӣ иҷро шуда истодаанд, ки соли нав дар дастархони сокинони ноҳия бодиринги тару тозаи истеҳсоли худӣ пешниҳод карда шавад.

Айнан чунин иқдом дар ноҳияи Шаҳритуз низ сари кор гирифта шудааст. Розиқов Фарҳод, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Чашма» зикр кард, ки дар ноҳияи наздисарҳадии Шаҳритуз дар фасли зимистон одатан сабзавоти тару тозаро дастрас кардан ғайриимкон мебошад. Бо дастгирии лоиҳаи LITAKA акнун имконият пайдо шудааст, ки дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ гармхонаҳои намунавӣ бунёд ва дар онҳо сабзавоти тару тоза парвариш карда шаванд. «Ин иқдоми моро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шаҳритуз дастгирӣ намуданд ва барои бунёди гармхонаҳо 20 сотих замин ҷудо карда шуд», - зикр кард Ф.Розиқов. Абумутолиб Раҳимзода раиси хоҷагии деҳқонии «Раҳимбой» дар идома гуфт, ки онҳо дар навбати аввал дар майдони 5 сотих гармхона бунёд кардаанд ва акнун ният доранд, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии соли нав бодиринг, помидор, кабудӣ барои сокинони ноҳия пешкаш кунанд. «Дар назар дорем, ки аз 100 то 250 сентнер маҳсулот ба даст оварда, 10 нафарро бо ҷойи кор таъмин намоем», - гуфт сарвари хоҷагии деҳқонӣ А.Раҳимзода.

Яке аз бандҳои дигар лоиҳаи LITAKA «Як деҳа – як маҳсулот» ном дорад, ки ҳадаф аз он самаранок истифода бурдани имкониятҳои табиӣ мебошад.  Чунончӣ 3 ҳазор сокинони деҳаи Қумшоҳи ҷамоати ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз танҳо ба парвариши чормағи заминӣ машғул ҳастанд, зеро шароити табии ин маҳал барои парвариши он хеле созгор мебошад. Тавре Алишер Очилдиев, сокини ин деҳа изҳор намуд, пештар сокинони маҳал барои тоза кардани чормағи заминӣ аз пучок вақти зиёд сарф мекарданд. Ҳоло бо дастгирии лоиҳаи LITAKA сехи хурди коркарди чормағзи заминӣ кушода шуд, ки акнун дар ин сех дар муддати як соат то 1 тонна маҳсулот коркард карда мешавад. Пештар бошад барои тоза кардани ин миқдор маҳсулот қариб 3-4 рӯз сарф мешуд. Чунин тарзи кор ҳам сифати махсулотро хуб кардааст, ҳам боиси сабук шудани кор ва арзон шудани маҳсулот гардидааст.

Санаи 27 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо дастгирии лоиҳаи LITAKA сехи қаннодӣ ва сехи коркарди пашм ба кор дароварда шуд. Дар маросими ифтитоҳи сехҳои навбунёд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуданд. «Бо ба кор даровардани сехи хурди истеҳсолии қаннодӣ ва нонҳои миллӣ дар деҳаи Эмом Машрабов 18 нафар занону духтарони бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд», - гуфт роҳбари Маркази фарҳангӣ-омӯзишии «Томирис» Раъногул Ҷумъаева. «Дар сехи хурди истеҳсолии коркарди пашм 15 нафар занону духтарон аз маҳсулоти маҳаллии пашм ришта мересанд ва аз риштаи ресидашуда ҷӯробу камзӯлчаҳо ва дигар намуди либос барои кӯдакону наврасон дӯхта мешаванд. Дар баробари муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарони бекори деҳот, сехи нави коркарди пашм барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад», - изҳор кард роҳбари сехи коркарди пашм Ҳавасмо Кишварова.

Тавре зикр карда шуд, сехи қаннодӣ ва нонҳои миллӣ ва корхонаи хурди коркарди пашм бо ташаббусу пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ ва дастгирии молиявии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилали (JICA) дар доираи барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин иншооти маишӣ ва иқтисодӣ дар доираи лоиҳаи LITAKA идома дорад ва бешак амалӣ шудани лоиҳаи мазкур ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакат мусоидат мекунад.

А.Ҳаитов

Душанбе, 22 Октябр 2018 16:45

Тоҷикистон - кишвари осебпазир

Тағирёбии иқлим  на танҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад , балки боиси сар задани ҳама гуна офатҳои табиӣ  мегардад.  Бахусус, гарм гаштани ҳаво метавонад боиси тез об шудани пиряхҳо ва сероб гаштани дарёҳо гардад, ки ин ба омадани сел мусоидат мекунад ва сабаби обхезии дарёҳо мегардад. Инчунин тағирёбии иқлим боиси фаромадани ярч, боридани боронҳои сел, жола   мегардад.

Ҳар сол танҳо жола ба иқтисоди олам ба андозаи 5,2 миллиард доллари ИМА зарар мерасонад. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Кишвари мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва иқлим ба жола ва борону сел ҳам осебпазир аст ва ҳар сол дар манотиқи гуногун садҳо гектар заминҳои кишт ва боғу токзор ҳадафи жолаю сел  қарор мегиранд ва ҳисороти зиёде ба кишоварзон мерасонад. Жолаю борон  бештар замоне мезанад, ки дар киштзорон сабзаҳо нав медаманд, зироат акнун неш мезанад. Аслан дар Тоҷикистон, аҳолӣ аз сел зарар мебинанд. Тибқи иттилои  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 21 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари он  34 млн. 218 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад. Фаромадани сел 52.3 % ташкил медиҳад.

Чораандешии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар паст кардани хатари офатҳои табиӣ

Яке аз вазифаҳои асосии Тоҷикистон ин тақвият додани устувории иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ тавассути паст кардан, идора ва  мубориза ба хатарҳои зиёди табиӣ мебошад. Ҳамасола  дар моҳи октябр ба ифтихори Рӯзи байналмилалии кам кардани хатари офатҳо, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Барномаи Рушди СММ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ  ва шарикон як қатор чорабиниҳои огоҳсозӣ  гузаронида мешавад. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар кишвар аз ҳолати фавқулодда ба хоҷагии халқ 28 миллиону 988 ҳазору 400сомонӣ зарар расидааст. Дар натиҷа ба 1485 хона (1437 адад зарари сабук, 28 адад пурра ва 20 адад қисман), 78 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 21 дармонгоҳ, 5 иншооти маданиву маишӣ, 11.346 км роҳи нақлиёт, 47.151 км хати интиқоли барқ, 1.588 км иншооти соҳилбандӣ, 69.75 км хати обёрӣ ва каналҳо, 74.5 км заҳбуру заҳкаш, 15.5 км селпартовҳо, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ, 26 иншооти гуногуни хоҷагии халқ, 1063 адад иншооти ёрирасон,  3836.99 гектар кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ зарар расидааст.

Идоракунии хатари офатҳои табиӣ яке аз самтҳои фаъолияти асосии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2003 инҷониб БР СММ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, таҳкими потенсиали ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ намудааст. Дар амалисозии ду Стратегияи миллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз офатҳои табиӣ дар байни аҳолии осебпазир, такмили идоракунии хавф дар сатҳҳои сиёсат, ҷорӣ намудани ҷузъҳои  хавфи офатҳои табиӣ дар Нақшаи рушди ноҳияҳо, коркарди санадҳои ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар самти хавфи офатҳои табиӣ лоиҳаҳое мебошанд, ки барои пешгирӣ ва  бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд. Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи донорҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Ҳукумати Ҷопон, Ҳукумати Федератсияи Русия, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ оид ба рушд, Агентии рушди Канада, Департаменти Британияи Кабир оид ба рушд, Идораи ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи СММ ва захираҳои молиявии БР СММ маблағгузорӣ мешаванд.

Оид ба паст кардани хатарҳои офати табиӣ сардори Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Ҷамшед  Холиқов чунин маълумотро пешниҳод намуд: «Тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ноҳияҳо дар  вилоят  461  мавзеи хатарнок мавҷуд аст, ки аз он  356  хатарнок ва 45 тояш хело хатарнок мебошад.  Дар ин ҷойҳои хатарнок 331 ҳазору 530 нафар зиндагӣ мекунанд. Аслан ин ҷойҳоро хатари омадани сел, ярч, обхезӣ ва эрозияи замин  таҳдид мекунад.  Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 9 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зарари ин офатҳо 19 миллиону 544 ҳазору 242 сомониро ташкил медиҳад. Ба минтақаҳои осебпазир дар вилоят ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Хуросон ва Кӯлоб дохил мешаванд. Мо дар баробари корҳои наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бо мардум, бахусус бо мактабу муассисаҳои тиббӣ корҳои фаҳмонидадиҳии зиёд мебарем. Тавассути Маркази таълимие, ки дорем, ки сари ҳар чанд вақт намояндагони идораю мақомотҳои гуногуни вилоятро барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ даъват мекунем. Ба онҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кӯмак ба дигарон, инчунин бехатарии худу наздиконашон  ва рафъи хатарҳои офатҳои табиӣ омӯзиш мегузаронем».

Маърифати экологии шаҳрвандон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Тибқи иттилои мутахассисон ва коршиносон, маърифати экологии шаҳрвандон  то ҳол паст аст.  Аз ин рӯ, баъзан онҳо  бо рафторҳои худ гирифториашонро бо офатҳои табиӣ бештар мекунанд. Онҳо дар ҷойҳои номувофиқ хона месозанд, ё бо партофтани партовҳо роҳҳои селгузарро маҳкам менамоянд. Онҳо ҳатто дар ҳоли сар задани офатҳои табиӣ чӣ гуна рафтор карданро низ намедонанд. Ноҳияи Хуросон ба гурӯҳи ноҳияҳои хатарзо ҳангоми офатҳои табиӣ дохил мешавад. Ба ақидаи роҳбари Маркази захиравии занон аз ноҳияи Хуросон Маърифат Хидирова, “Мардум бахусус занон, ба бурдани корҳои тарғиботӣ  дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ ниёз доранд. Имрӯз аллакай мо ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудем.  Аз ин рӯ, мардум низ бояд муносибаташонро ба табиат дигар кунанд, аз захираҳои табиӣ дуруст истифода баранд. Ҳама дар хотир доранд, ки соли 2009  дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон омадани селу ярч боиси вайрон шудани садҳо хонаҳои истиқоматӣ ва бекор  гаштани заминҳои кишт ва роҳҳо гашта  буд. Ба ақидаи мутахассисон, худи мардум низ то андозае дар сар задани ин хатар гунаҳкор буданд. Онҳо на селпарто ва на тарзи дурусти истифодаи оби полезиро доштанд. Бо супориши Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва соҳибкорон ба онҳо хонаҳо сохтанд. Вале то дергоҳ  сокинони деҳаи вайроншуда, бахусус занону кӯдакон дар ҳолати тарс қарор доштанд. Ташкилоти мо бо аҳолӣ, оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқуллода корҳои фаҳмонидадиҳии зиёде мебарад. Дар деҳаи навбунёде, ки ҳоло мардуми аз офати табиӣ зарардида зиндагӣ мекунанд, назар ва муносибаташон ба табиат тамоман дигар ва эҳтиёткорона шудааст. Чунин минтақаҳо дар ноҳияи Хуросон зиёданд, ки мо бо онҳо кор мебарем.“

Вазъи шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳодисаҳои фавқулода

Осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво, аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарқ мекунад. Масалан, одамони камбизоат ва пиронсолон, мардуми таҳҷоӣ, бахусус маъюбон ва кӯдакон аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво таъсири номутаносиб мегиранд. Зарурати паст кардани осебпазирӣ инчунин дар он аст, ки ҳолати ҳозираи осебпазирии ин гурӯҳҳо ба қобилияти онҳо баҳри самаранок муқовимат кардан бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъсири мутаносиб дорад. Агар солҳои пеш ба онҳо ҳамчун маъюб аҳли ҷомеа танҳо нигоҳи хайрхоҳона дошт, вале пас аз қабули Конвенсияи СММ  “Оид ба ҳуқуқи маъюбон“ вазъи онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ беҳтар гардид.  Вазъро дар Тоҷикистон роҳбари ҷамъияти маъюбон Фирӯз Ҳамроев чунин баҳогузорӣ намуд: “Дар ҳақиқат маъюбон ба гурӯҳҳои осебпазир дар ҳолатҳои фавқуллода дохил мешаванд. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар  ба мо семинарҳои омӯзишӣ доир ба вазъиятҳои фавқулодда мегузаронад, ки мо дар навбати худ, дарсҳои омӯхтаи хешро ба дигар шахсони имконияташон маҳдуд дар минтақаҳо меомӯзонем. Инчунин мо ҳама талаботу пешниҳодҳои хешро ба онҳо ирсол медорем, ки дар ҳоли сар задани вазъияти фавқуллода онҳо ба мо кӯмаки беҳтар ва саривақтӣ расонанд. Албатта, нисбати солҳои пешин ҳоло ба биноҳои навсохт  роҳ барои аробачаҳои маъюбӣ  месозанд, вале дар ҳолатҳои фавқулодда мо мушкилиҳои зиёде дорем. Агар маъюб ношунаво бошад, бояд роҳи баромад ё хатар бо рангҳои махсус нишон дода шавад. Барои нобиноён, ки онҳо расму лавҳаҳоро намебинанд, бояд ресмонҳои махсус кашида шаванд, то онҳо онро дошта, аз ҷои ҳодиса берун раванд. Барои маъюбоне, ки ҳаракат карда наметавонанд, ба онҳо аробача ва ё зинаҳои махсуси иловагӣ барои ҳаракат лозим аст. Аммо айни ҳол чунин шароит барои маъюбон мавҷуд нест. Мо дар чунин ҳолатҳо танҳо ба  наздикони худ барои наҷот ёфтан такя мекунем”.

Садамаҳои равониро баъд аз офати табиӣ чӣ гуна бартараф мекунанд?

Мушкилоти  дигаре, ки аҳолӣ аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, ин ба садамаҳои рӯҳӣ гирифтор шудани онҳо мебошад. Ин пеш аз ҳама аз даст додани наздикони худ, молу ашё, хона ва тарсу ҳарос барои зинда мондан мебошад. Махсусан кӯдакон, занони ҳомиладор ё шахси дорои маълулияти маҳдуд, одамони солхӯрда, беморон аз офатҳои табиӣ бештар зарар мебинанд. Ғамхорӣ барои кӯдакон ҳамеша бояд зери диққати калонсолон бошад. Набояд фаромӯш кард, ки танҳо дар 20 соли охир дар натиҷаи офатҳои табиӣ тақрибан 3 млн. нафар ҳалок шудаанд, ки ҳар сеяки онҳо кӯдакон мебошанд. 

Устоди ДМТ, равоншинос Алиаҳмад Ёрмаҳмадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон шумораи равоншиносон басанда нест, то дар ҳолатҳои зарурӣ ба мардум кӯмаки равонӣ расонанд: “Дар щар минтацаи Тоҷикистон низ бояд марказҳое бошанд, ки онҷо ҳамеша равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ фаъолият намоянд. Мардум бахусус кӯдакон ва занон баъд аз ҳодисаҳои фавқуллода то чанд муддат дар ҳолати шок қарор мегиранд, ба кӯча  намебароянд. Аммо  зарардидаҳои офатҳои табиӣ бояд дар танҳоӣ набошанд, онҳо бояд бо ҳам ҷамъ оянд. Бо кӯдакон ва калонсолон дар алоҳидагӣ бояд кор кард. Кӯдакон бо кашидани расм метавонанд ҳодисаҳои аз сар гузаронидаи худро тасвир кунанд, ки ин то чӣ андоза таъсири равонӣ гирифтани кӯдакро муайян  месозад. Бо калонсолон бояд имкон диҳем, ки ҳодисаҳоро нақл кунанд ва ҳатто гиря кунанд. Ин воситаест, ки онҳо тарсу мушкилоти равонии худро берун мекунанд.” 

Бо дарназардошти тамоми комплекси наҷотдиҳӣ, тадбирҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ имкон медиҳад, ки се марҳилаи инкишофи ҳолатҳое, ки боиси ихтилоли гуногуни психологӣ мешаванд, муайян карда шаванд. Давраи аввал давраи шадид аст, ки бо таҳдиди ногаҳонии ҳаёти худ ва марги наздикон тасвир шудааст. Ин аз ибтидои хатар то анҷоми  кори наҷотдиҳӣ идома меёбад. Дақиқаю соатҳо барои онҳо хело тӯлонӣ менамояд, ки ҳамаи ин ба ҳолати равониашон таъсири манфӣ мерасонад.                                                                                                      Дар давраи дуюм зиндагӣ дар ҷои аз хатар дур оғоз мегардад. Вале  аз даст додани наздикон, молу хона  ва инчунин дубора такрор шудани офати табиӣ  ҳолати равонии зарардидаро вазнинтар мегардонад.

Дар давраи сеюм онҳоро ба ҷои бехатар аз манзили худ бояд  кӯчонанд. Онҳо хело дер ба ҷои нав мутобиқ мешаванд. Инчунин ҳамеша дар андешаи хонаю дари вайронгаштаашон мебошанд.

Шаҳрвандони кишвар метавонанд дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодда тариқи телефони 112, инчунин, рақами 221-91-10 ба навбадорони Кумита занг зананд.  

Сурайёи Шуҷоат

Душанбе, 22 Октябр 2018 16:32

Пайроҳаи халқ фаромӯш намешавад!

Шоҳроҳи дар ҷаҳон машҳури Абрешим аз замонҳои қадим ба ин сӯ роҳи ҳаёт ва пайвандгари кишварҳову инсонҳо будааст. Ба ақидаи таърихнигорон ин шоҳроҳ - Бухоро, Самарқанду Саразм - маркази тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони моро низ убур мекард. 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Роҳи бузурги Абрешим баъди сукути ҳазорсолаҳо боз эҳё мегардад… Бохтари қадим ва Суғди бостонӣ дар чорсӯи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, қофилаи корвонҳои бешумор аз растаҳои хуштарҳу бозорҳои ободи ин сарзамини паҳновари ниёгони тоҷикон ҷониби машриқу мағриб мешитофтанд». 

Воқеан, бино ба гуфти бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов, парвандаи расмии гузаргоҳи зарафшонии Шоҳроҳи  Абрешим-Панҷакент-Самарқанд-Бухоро бо ибтикори бостоншиносони  тоҷику ӯзбек  барои шомил намудан ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.  

Тавре Усмон Эшонқулов, бостоншиноси маъруфи кишвар дар асари таҳқиқотиаш «Таърихи маданияти кишоварзии Суғд» («История земледельческой культуры горного Согда») менигорад, дар гузаргоҳи зарафшонии шоҳроҳ, ки  аз  воҳаи Панҷакент то Самарқанду  Бухоро тӯл мекашид, ҳамеша равуои одамон зиёд буд. Тоҷирону кишваркушоёни аҷнабию муқимӣ аз воҳаи Панҷакент ба Ҳиндустон, Эрону Арабистон, Сибир, Чин ва дигар кишварҳо сафар мекарданд ва баръакс. Пайраҳаҳои куҳан, ки аз дараҳои дар баҳору тобистон сарсабзу хуррами  Киштӯд ва Шинги воҳаи Панҷакент, аз канори қуллаҳои сарбафалаккашида ва аз байни ҷангалҳои сердолу дарахт, аз ин хилватгоҳҳои хомӯшу пурасрор мегузаштанд, ба ин Шоҳроҳ пайваст мешуданд. 

Ҳаракати одамон дар роҳҳои имрӯз ободи водиҳо ва дар  пайроҳаҳои қадимӣ, ки аз соҳили рӯдҳои шӯх, кӯлҳои зебо, аз байни дарахтони арча, фарку мушша, манзараҳои дилфиреби гулу сабзаҳои кӯҳистон мегузаранд, ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Бештари онҳо сайёҳони хориҷианд. Аз ҳазорҳо нафар дӯстдорони сайру саёҳат, кӯҳнавардон, мухлисону ҳаводорони табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дар шаш моҳи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба кишварамон омадаанд, теъдоди зиёдашон бо шоҳроҳҳои ободу зебои “Душанбе-Хуҷанд – Айнӣ”, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бунёд гардидаанд ва бо пайроҳаҳои қадимӣ ба Искандаркӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, Ҳафткӯл омадаву манзараҳои дилфиребу афсонавии Сармаду Арчамайдон, ағбаҳои Шеру Тобасанг ва ёдгориҳои таърихию маданӣ ва аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи онҳоро тамошо кардаанд. Дар байни иншооти зикршудаи сайёҳӣ бузургтарину номдортаринаш ёдгории бостонии Саразм-саромади тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошад, ки  ба зиёратгоҳи ҳақиқӣ ва  ба маркази ҷустуҷӯю омӯзиши олимон аз бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Бо сипоси беҳад ёдовар мешавем, ки ин ёдгории беназир бо ибтикор ва ҷаҳду талоши Президенти кишварамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО  шомил карда шуд. 

Дар Саразм бостоншиносон саҳифаҳои нави таърихи қадимии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои дуру наздик ва рағбати бузурги ба ҷаҳонгардӣ доштаи ниёгонамонро боз намуданд. Таърихшиноси машҳури ӯзбек, сарвари вақти Институти археологияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон А. Аскаров дар як сӯҳбаташ бо мо гуфта буд: «Дар байни маҷмӯи бозёфтҳои археологии Саразм ашёҳои ҳақиқию аслӣ аз Эрон, Туркманистони ҷанубӣ, маданияти типпи Намозгоҳ, асбобу ашёҳои маишию маданӣ аз ёдгориҳои Сафолии ҷануби Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, зарфҳои воридотӣ аз ёдгориҳои давраи маданияти Калтаманори назди Арал дида мешаванд. Ашёҳои ҳаммонанд ба ёдгориҳои Балуҷистон зиёданд».

Ба ақидаи Абдурауф Раззоқов, дар байни бозёфтҳо ақиқи Қароқум, фирӯзаи Фарғона, лоҷуварди Бадахшон ва ғайра низ ҳастанд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таърихию илмии бозёфтҳои Саразм дар муайян намудани ҷой ва мақоми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ Пешвои миллат дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиёни кишвар аз ҷашн гирифтани 5500- солагии тамаддуни Саразм дар соли 2020 пайғом доданд. Мавриди зикр аст, ки ин сана бар пояи маълумотҳои муътамади бостоншиносони маъруфи ватанию ҷаҳонӣ муқаррар шудааст. Хулосаҳои иштирокчиёни як ҳамоиши (колоквиум) байналмилалии бостоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса бахшида ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии бохтариҳо, тахориҳо ва суғдиҳо дар давраи антиқӣ ва ибтидои асримиёнагӣ, ки охири августи соли 1986 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, далели қотеъ бар ин гуфта мебошанд. 

Иштирокчиёни ҳамоиш дар рӯзи сеюми кории худ ба ҳафриёти Саразми Панҷакент омада, бозёфтҳои сершумори аз ин ҷо пайдошударо диданд. Яке аз муаллифони ин матлаб (Л.Қ.) бо чанде аз олимон сӯҳбат дошт. Аз ҷумла, В.А.Литвинский - академики АФ Тоҷикистон, Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (Москва) чунин ибрози андеша намуда буд: «Ҳафриёти Саразм аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Он барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Аввалин бор муяссар гашт, аниқ карда шавад, ки гузаштагони қадимии тоҷикон, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, камаш шаш ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин зиёдтар кишоварз шудаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини тоҷикон тамоман дигар мекунад. Ҳамаи инро ба китобҳои дарсии таърих бояд дохил кард ва китобҳоро аз нав бояд навишт…».

Ин маъниро Пол Бернар, доктори илм, сарвари гурӯҳи археологии Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса дар шакли дигар баён карда буд: «Ҳафриёти Саразм ба таври раднопазир собит менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони маданӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна ва сокинонаш соҳиби маданияти баланд будаанд. Дар Панҷакент бозёфтҳои сенсатсионӣ ёфт шудаанд. Боигарии фактҳоро, ки хуб омӯхта шудаанд, мо ба китоби кушодаи ин шаҳри бузург шабоҳат медиҳем…». 

Чунин аст хулосаи олимон, меҳмонони Тоҷикистон дар бораи  Саразм, ки имрӯз ба қадамҷои сайёҳони ҷаҳон табдил ёфтааст. Ба андешаи мо, ин гуфтаҳо барои донистани аҳамияти ин ёдгории бузурги мероси фарҳангии инсоният, тарғиби он ва ҷалби бештари сайёҳону тадқиқотчиён аз кишварҳои дунё басо муҳиму заруранд.

Дар асрҳои гузашта сайёҳон, кишваршиносону таърихнигорон ва тоҷирон аз мамлакатҳои дуру наздик ба диёри тоҷикон омада, табиати зебою афсонавии онро дида, мафтуни ин диёру ин мардум шудаанд. Онҳо сари роҳи худ бо сокинони бумӣ вохӯрдаву ҳамсуҳбат шуда, аз пазироию меҳмоннавозии самимонаи онҳо бархурдор гардида, урфу одат, хислатҳо, расму оин ва шуғлу ҳунарашонро дар китобҳо ва сафарномаҳои худ қайд намудаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба иқтибосҳо аз ин сафарномаҳо: 

«Дар Суғд чун меҳмон ояд, соҳиби хона шодӣ намояд ва тозарӯйӣ кунад. Ва ин одат дар ҳеҷ иқлим нашунидам, магар дар ин диёр». (Абӯисҳоқ Истахрӣ, сайёҳ, географ, муаррих. Асри 10).

 «Тоҷикон, то ҷое, ки ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд, ки бо вуҷуди муқобилияти алайҳашон давоми садсолаҳо идома ёфта, барои худ роҳ кушода тавонистаанд. Аз рӯи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст, дар бораи истеъдоди модарзодии рӯҳонии онҳо низ ҳаминро гуфтан лозим аст».

Миддендорф, афсар ва саёҳатчии рус. Соли 1882.

 «Шиносоии наздик бо тоҷикон ва омӯзиши хулқу рафтор, анъана ва тарзи ҳаёти онҳо дар дили кас ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиром гузоштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъкибу азиятҳо дидааст, бидуни ихтиёр бедор месозад ва ҳайратеро дар жарфи дили мо падид меорад, ки чи сон ба рағми ин ҳама ин ҳалқ аз рӯи замин нопадид нашуд, балки симои ориёии худро нигоҳ дошта тавонист».

А. Серебренников, афсар ва кишваркушои рус. Соли 1896.

Дар ин радиф мехоҳем чанд андешаи меҳмонону сайёҳони имрӯзии Панҷакентро низ баён намоем:

«...Имрӯз дар кишвари мо Тоҷикистонро хуб мешиносанд. Далели ин солҳои охир Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб кардани теъдоди зиёди ҳамватанони ман аст».

Каон Хаминага, олим аз Ҷопон. 

 «Панҷакент шаҳри зебост, ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҷойҳои хушманзараю диданӣ дорад. Иқтисодиёташ пешрафта аст. Бигузор, меҳмонони хориҷӣ зиёдтар ба ин диёри зебо оянд ва рушду пешрафти зиндагии тоҷиконро бо чашмони худ бубинанд».

Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон.

«Ман бори аввал ба Осиёи Марказӣ омадам. Кишвари шумо, Панҷакент ба ман таассуроти хеле калон бахшид. Дар Русия, умуман дар тамоми ҷаҳон, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон рух дод, гумон мекарданд, ки ин кишвар шабеҳи Афғонистон аст. Аммо ман бо чашмони худ дидам, ки вазъ тамоман дигар аст. Мо иштибоҳ карда будаем. Тоҷикон мардуми соҳибтамаддун, дӯстпарвар, соҳиби фарҳанги баланд ҳастанд». 

Алексей Шорохов, котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Русия

Дар Роҳи бузурги Абрешим, дар пайроҳаҳои сеҳрангез, ки аз ҳаводиси замонҳо  нопадид нашудаанд, дар толору қасрҳои Саразм ва Панҷакенти Қадим, дар сӯҳбати мардуми дилкушод ва меҳмоннавоз, дар назди мақбараҳои бузургон, дар канори кӯлҳо ва рӯдҳои нуқрафом, дар сояи салқини сахраҳо ва арчаҳо, дар  паҳнои марғзорҳои ҳамешасабзу атрогин, дар кӯчаю бозорҳои Панҷакенти бостонӣ-ин гаҳвораи тиллоии тамаддуни ниёгон ҳар рӯзу ҳар лаҳза ҳамин гуна суханҳои самимӣ ва руҳбахшу дилнавоз ба гӯш мерасанд.  

Зайнура Азимӣ,

Луқмон Қурбон,

шаҳри Панҷакент

Душанбе, 22 Октябр 2018 16:24

ҲОҶӢ ГАРДСӮЗ АЗ ТОСҚАЛЪА

Овозаҳои саховатпешагӣ ва дасти кӯмак дароз кардани Ҳоҷи Гардсӯз ба ҳазорҳо нафарро дар солҳои вазнинӣ ва гуруснагии солҳои 95-97 асри гузашта на як бору ду бор шуниданҳо бандаро ҷониби суроғаи ин марди саховатпеша бурд.   

Ҳоҷӣ Гардсӯз - Раҳмонов Шариф Чиллахонович соли 1953 дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Падараш дар пункти пахтақабулкунии деҳаи Тосқалъа ҳисобчӣ шуда кор мекард. Модараш бошад, колхозчӣ буд. 

- Модарам қаҳрамонмодар буданд, 11 фарзанд доранд: 7 писару 4 духтар. Ман фарзанди калонии хонадон ҳастам. Шукронаи Аллоҳ, ҳамаи фарзандони падарам сиҳату саломат буда, пайи зиндагии мустақилонаи худ ҳастанд. Ман соли 1967 баъди хатми синфи 10 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, баъди супоридани имтиҳонҳо ба он дохил шудам. – мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Вай соли 1971 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Панҷ фиристода шуд. Дар ноҳияи Панҷ чор моҳ кор кард ва Комисариати ҳарбии ноҳия ӯро ба хизмати Модар - Ватан сафарбар намуд. Дар шаҳри Барнаул ва баъдан дар Оренбург хизмат кард. Соли 1973 хизматро сарбаландона ба охир расонида, ба Тоҷикистон баргашт. Ш.Раҳмонов ду сол дар деҳаи худашон муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кард ва соли 1975 ба факултаи таърихи УДТ ба номи Ленин дохил шуд. Муддати як сол рӯзона ва баъдан бо сабаби мушкилоти оилавӣ дар шӯъбаи ғоибона таҳсил намуд. Соли 1981 УДТ-ро хатм карда, дар МТМУ-и №15 деҳаашон то соли 1989 муаллими фанни таърих буд. 

Ҳоҷӣ Шариф мегӯяд, дар ноҳияи Қумсангир Конференсияи ҷумҳуриявии омӯзгорон мегузашт. Маро аз шӯъбаи маорифи ноҳия барои баромад кардан он ҷо фиристоданд. Аз вилояти онвақтаи Кӯлоб ягон нафаре набаромад, то шеър бигӯяд. Як нафар ҷавон аз ВМБК, як нафар ҷавон аз Хуҷанд ва як нафар омӯзгори дигар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба минбар баромада, бо забони русӣ шеър хонданд. Яке аз онҳо рубоиёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кард. Ман низ номус карда, ба ҳайси омӯзгори ҷавон аз вилояти Кӯлоб баромада, порае аз достони Ҷ.Румиро аз минбар бо забони русӣ  қироат кардам. Баъдан директори мактаб - як зани немис, ки барандаи он озмун буд ба наздам омада гуфт, ки “тебя ещё раз просят” ва ман бо ифтихор ин маротиб ба минбар баромада, 8 -10 рубёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кардам. Баъди баромад кардан Рамазон Ғозиев (он замон мудири маорифи вилояти Кӯлоб) ба назди ман омада, пурсид, ки “бачам, аз куҷо мешавӣ?” Ман посух додам, ки “ронандаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ мебошам”. Рамазон Ғозиев ба ман гуфтанд, ки “Додар, барои ман фарқ надорад, ту ронандаи мудири маориф ҳастӣ, мудири хоҷагӣ ҳастӣ, ё посбони мактаб. Азбаски обрӯи моро дар ин ҷо бардоштӣ ва омӯзгорони вилояти Кӯлобро дастгирӣ кардӣ, як роҳхати сайёҳӣ ба давлати Югославия ба номат ҳаст”. Пеш аз «Золотое кольцо» рафтан раҳматии С.Тӯрахонов ба ман путёвка дода, Венгрия равон карда буд. Барои он ки ман шиносномаи хориҷиро сари вақт тайёр карда натавонистам, Рамазон Ғозиев ба ҷои роҳхати Югославия ҳамон роҳхати «Золотое кольцо»-ро тӯҳфа кард. Инчунин, як мошини дигар низ барои ҳамон баромадам тӯҳфа карданд...

Баъди соли 1989 тарки муаллимӣ карда, дар Маскав ба тиҷорат машғул шудам. 

- Мо аз Душанбе ба Маскав рафтем. Солҳои 91-92, вақте ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ соҳибистиқлолии худро эълон карданд, аскарбачаҳои ин ҷумҳуриҳо дар ҳар гӯшаву канори собиқ шӯравӣ паи хизмати ватан буданд. Баъди пошхӯрӣ вазъияти онҳо вазнин шудан гирифт. Касе ба онҳо аҳмият намедод. Ман худ медидам аскарбачаҳои тоҷик дар қисми ҳарбии наздике хизмат доштанд, вале шароит ва зиндагии вазнин доштанд. Ҳамин тавр ман тиҷорат, ки мекардам, пулдор будам. Ҳолу аҳволи аскарбачаҳои ба тоҷик монандро дида, зиқ шудам. Дилам тоқат накард ва ба наздашон рафта, пурсидам, ки аз куҷоянд. Онҳо гуфтанд, аз Тоҷикистонем. Ман ба назди командири қисми низомиашон рафтам ва аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳукумати Шӯравӣ барҳам хӯрд, қисмҳои низомӣ ҳам ҳоло бенизом буда, парокандаанд, чӣ хизмат кунам, ки ту онҳоро ҷавоб дода метавонӣ? Он кас ба ман гуфт, ки 20-30 литр спирт биёр, ман онҳоро ҷавоб медиҳам.  Ҳамин тавр ман ба командири онҳо пул дода, 40 нафар тоҷикписарро, ки ҳама аз ноҳияи Панҷ будаанд, ҷавобашонро гирифта, ба ҳар кадомашон 25 рубли ҳамон давраина додам ва гуфтам, ба хонаҳоятон равед. 

Дар Тоҷикистон будам. Як писарак аз ҷои худамон дар Русия будааст, ба падару модараш нома навишт,а хоҳиш кардааст, ки омада маро бубаред, ки азоб дорам. Баъд ман ба Русия рафта, он писар ва боз 8 нафари ҳамроҳашро ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда, ба вагони самти Маскав – Тоҷикистон савор кардам ва маблағи роҳкирои қатораро низ додам. Ба ҷуз ин ҷавононеро дар кӯчаҳои Маскав медидам, ки ҳолу зори табоҳ доштанд, хизмат мекарданд, ё ҷавоб шуда бошанд ҳам имкони ба хона рафтан надоштанд. Оҳоро ба хона оварда, пули роҳкирояшонро дода, ба назди пайвандонашон гусел мекардем, - мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Бо маблағи тиҷорати дар Маскав мекарда Ҳоҷӣ Шариф додаронашро хононда, зан дода, хонаашон сохт. Хоҳарҳояшро ба шавҳар дод. Аз соли 1989 то соли 1991 дар Маскав пайи кор буд. Охирон сафари кардагиаш баъди ҳайкали Ленинро чаппа кардан буд. Ш. Раҳмонов мегӯяд, дар пеши меҳмонсарои “Космос” ҳамроҳи зангибачаҳо тиҷорати муштарак доштем. Онҳо ороишоти тиллоиро бисёр нағз медиданд. Ман аз заводи коркарди ашёҳои тилло ороишоти тиллоӣ харида, пулашро дар касса, дар доираи қонун месупоридам ва оварда ба онҳо медодам, онҳо ба ватанашон бурда, баъди 20 – 30 рӯз пулашро як ҷо оварда медоданд. Хубии кор дар он буд, ки боҷи гумрукӣ набуд. Инҳо ҳамон зангибачаҳое буданд, ки дар Институти дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумба таҳсил мекарданд. Ҳамроҳи онҳо муддати 3 сол кор кардам. 

Соли 1991 билохира ба ватан баргаштам ва бо мардум пайи зиндагӣ дар деҳа шудем. Баъд иҷозати замин гирифтан шуд ва ман 2 га замин аз соҳили дарёи Сурхоб гирифтам ва мисли дигарон паи кори деҳқонӣ шудам. Шароити зиндагиамон хуб шуд, маҳсулот истеҳсол менамудам, ба ҷуз ин консерва тайёр мекардаму мефурӯхтам, молу гов нигоҳубинӣ мекардам, зиндагиам камбудие надошт. Чор тарафи заминам об аст – идома медиҳад суҳбаташро Ҳоҷӣ Шариф. 

Соли 1995 аҳволи зиндагии мардум бе ин ҳам ниҳоят вазнин буд ва боз ҳам вазнинтар шуд. Нафароне буданд, ки як халта гандумро ба нафарони зарурманд ба ҷои чор халта гандум доданд, яъне як халта гандум медоданд ва ба ҷои он чор халта гандум талаб мекарданд. Як халта гандумро бо як гови ҷӯшо иваз кардагиҳо ҳам буданд. 

Ҳоҷӣ Шариф як бегоҳ дар хона ҳамроҳи аҳли оила нишаста буд, ки садои гиряи аламноки кӯдаке беист ба гӯшаш расид. Пурсид, ин овози гиряи кист? Хонагиҳо посух доданд, ки овози гиряи бачаи 13-14 солаи ҳамсоя мебошад. «Нон, нон нон!» гуфта беист мегирист. Ҳамин ҳолат бисёр зиқаш менамояд (ӯ ашки чашмонашро пок мекунад) ва ҳамроҳи ҳамсараш маслиҳат карда, саҳар аз хоб хеста, як дег гардсӯз пухта, ба касоне, ки надоштанд, садақа доданд. Нарасид. Боз ба таги деги дигар оташро гиронда, равған ширин карда, шир андохта, ба он гард ҳамроҳ карда, тақсим карданд.- Деги тайёрашро тақсим карда, додан мегирифтем, боз дегҳои дигарашро равғану шир андохта, бо навбат тайёр кардан мегирифтем. Ҳамин тавр рӯзе се дег гардсӯз ба мардуми гуруснаву нон мехоста пухта медодем. Мардум омада мехӯрданд ва қисме ҳамроҳи худ гирифта мебурданд. 

Як рафиқ дорам. Аслам Ҳофиз мегуфтандаш. Вай дар хоҷагии бобои Миралӣ вазифаи мудири хоҷагиро адо мекард. Он кас биринҷ оварда медод, мо гоҳ ширбиринҷ карда ба мардуми муҳтоҷ медодем. Боре омада гуфт, ки як мард ҳамроҳи худ духтари қадрасашро аз кадом ноҳияҳои минтақа оварда, бо гиряву зорӣ илтимос кард, ки “бародар, ана ин духтарамро ба занӣ бигир ва ба ивазаш як халта гандумам бидеҳ”. 

Намедонистам, чӣ кор кунам, фарёд кунам, ки “Худои ман ин чӣ рӯз аст?”. Ман ба он мард гуфтам, ки марҳамат, 2-3 халта гандумро гирифта бираву духтарат ба ҷои фарзандам бошад. 

Боз нақл кард, ки шабе якчанд нафар омада, дар кафи дастони ман тилло рехтанд ва гуфтанд, ки бар ивазаш ду - се халта гандум ба мо бидеҳ. Лекин ман ягон дона тиллои онҳоро нагирифтам ва гуфтам, ҳеҷ чизи шумо ба ман лозим не, ман ҳамин хел мушкили шуморо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҷавонмарди хайрхоҳ буд Аслам Ҳофиз. Вай сарояндаи хуб ҳам ҳаст ва бо раҳматии Зариф Наҷмиддин (раҳматӣ ҳофизи ғӯрамарг ва роҳбари ансамбли “Чашма” -и собиқ колхози ба номи Ленин) дӯстони қарин буданд. Бисёр шеърҳои баланд интихоб карда месароид. Ҳоло дар шаҳри Душанбе мебошад ва кору зиндагӣ дорад. Вай ҳам, Ҳофиз Аслам ҳам ба ман кам кам кӯмак мекарданд ва маҳсулоти овардаи онҳоро ҳам хӯрок пухта, ба мардум тақсим карда медодем. Мардум аз деҳаҳои ҷамоати мо ва ҷамоатҳои дигари атроф ҳама барои хӯрдан меомаданд. Бархе, ки мушкилоташ зиёдтар буд, ҳамроҳи худ зарфи хӯрокбарӣ меоварданд ва барои аҳли оилаашон мебурданд. Ин кори хайри мо се моҳ давом кард. Вақте гандум ба расидан сар кард, мардум омаданашон камтар шуд Худованд ин рӯзҳоро гузаронд ва боз рӯзҳои нек пеш омаданд, – иброз медорад Шариф Раҳмонов.  

Соли 2011 буд, рӯзе Ҳоҷӣ Шариф бемор шуда, ба беморхонаи шаҳри Душабе афтида хоб рафт. Мардуми деҳа, деҳаҳои атроф ва аз дигар ҷамоатҳо ҳам барои аёдати ӯ рафтанд. Дилаш суст кор мекарду пойҳояш варамида буданд. Духтурон ва нафарони ҳампалатааш ин қадар беморхабаргирии зиёдро дида ҳайрон шуда, аз Ҳоҷӣ мепурсиданд, ки шумо чӣ касе ҳастед? Ӯ дар посух мегуфт, ки ман ҳеҷ кас нестам, мисли ҳар яки шумо як одами оддӣ ҳастам. Меомаданд ва ростӣ, аксарияташонро умуман намешинохт ва аз онҳо мепурсид, ки бародар, нашинохтам. Мегуфтанд, ки бобои Ҳоҷӣ, мо ҳамон бачаҳое ҳастем, ки дар соли 1995 аз канори роҳ ва қади новаҳо бардошта бурда гардсӯз медодед ва мо ба худ омада, ба хонаҳоямон мерафтем ва пайи зиндагии худ мешудем. 

 -Худованд ҳеҷ хорашон накунад. Ҳозир аксарият коргар, роҳбар қисме духтуру муҳандис шуда кор мекунанд. Намакро, ки пос медоранд, Худованд нигаҳбонашон бошад. 

Шариф Раҳмонов оиладор буда, 7 фарзанд дорад: ду писару 5 духтар. Ҳамсараш духтари аммааш аз деҳаи худи Тосқалъа. Соҳиби маълумоти миёна, хонашин. Вай низ мисли Ҳоҷӣ Шариф хайрхоҳ мебошад. Ҳоло ҳам аз обилаи дастони худаш зиндагии худу аҳли оила ва наберагонашро пеш мебарад. 

Ш.Раҳмонов мегӯяд, ман ба зиёрати хонаи Худо нарафтаам ва мардум худ мартабаи ҳоҷигиро ба ман додаанд. Аз зиёрати хонаи Худо чандин нафарон, ба зиёрати ман омада мегуфтанд, ки фалон Ҳоҷӣ ва фалону фалон нафар аз Арабистон ба шумо дуруду паёми бисёр фиристоданд. Баъзеашон роҳи дарозро тай карда меоянд ба хонаам ва ҳамроҳам нишаста, суҳбат мекунанд ва мегӯянд:

- Ҳоҷӣ Шариф дар куҷост, ки пайғомашро расонем ва зиёраташ кунем. 

Ман ба онҳо мегӯям, ки каме мунтазир шавед, ҳозир меояд. Ҳарчанд, ки худи ман ҳамроҳашон ҳастам ва нишаста суҳбат дорем. Ҳамсарам хандида мегӯяд, Ҳоҷӣ Шариф ҳамин марди ҳамроҳатон, ки мебошад, аст. 

Охирон орзуву армони Ҳоҷӣ Шариф он аст, ки агар дасташ расид,  ба беваҳои бекасу фарзандони сағераи зиёде дошта ақаллан ду ҳуҷраӣ сохта бидиҳад, то ки сарпаноҳе ёбанду мушкили зиндагиашон каме ҳам бошад, беҳ шавад...

С. Халилиён, аз деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ

саҳ 12 аз 47

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.