.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat

Паҳн шудани якчанд навори муҳокимаи занон, гӯё дар ҳолати хиёнат, сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва байни ҷомеа ба миён овардааст. Дар ин наворҳо гуруҳе худро посдорони ахлоқ вонамуд намудаву ба хонаҳои занони бешавҳар даромада, онҳоро ҳамроҳи марде пайдо карда, “ҷазо” медиҳанд. Яъне бидуни иҷозат занонро гунаҳкор ва сабт мекунанд, аммо кор танҳо бо ин анҷом намеёбад. Наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, ки дар натиҷа баҳсҳои зиёдеро ба бор меорад.

Дар чанд моҳи охир 4-5 чунин наворҳо пайдо шудаанд, ки 2-тоаш аз тарафи хушдоман ва наздикони зан ва боқимондааш аз тарафи шахсони бегона сабт шудаанд. Дар яке аз он наворҳо чанд марди бегона шаб ба хонаи як зан медароянд ва сабтро оғоз мекунанд. Ҳақорату дашном карда, ба зан мегӯянд, ки чаро ба шавҳараш хиёнат кардааст. Ҳатто латукӯб ҳам мекунанд. Зан хиёнатро рад карда, мегӯяд, ки ин мард хешовандаш аст. Аммо ҳақорату дашном карда, сабтро идома медиҳанд... 

 

“Зани хиёнаткор бояд ҷазо дода шавад”

Баъди пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои дурудароз сард зад ва аксарият занонро барои хиёнат маҳкум карда, мегӯянд, ки тарафдори ин амаланд, то ба занони дигар дарс шаваду ба ин кор даст назананд. Аммо гуруҳи дигар ин амалро ноҷавонмардона хонда, гуфтаанд, ки ягон кас ҳуқуқ надорад каси дигарро бе иҷозат сабт карда, дар интернет пахш кунад. Дар ин ҳолат ҳуқуқи зан поймол шудааст. Як нафар истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ дар шарҳи зери навор навиштааст: “Ба шумо кӣ ҳуқуқ додааст, ки ба хонаи як зани бегона даромада, сабт кунед? Шумо зани тоҷикро дар тамоми дунё шарманда кардед. Ман дар ҷои ҳамон занҳо мебудам, барвақт ба мақомот шикоят мебурдам. Ягон нафар ҳуқуқ надорад ин корро кунад, ҳатто дар ҳолати хиёнат кардан ҳам. Ин кори дохили оила аст, бигзор зану шавҳар худашон ҳал кунанд”.

 

“Чаро фақат айби занонро мебинанд”?

Ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова мегӯяд, ки ин пеш аз ҳама дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва поймол намудани ҳуқуқи инсон аст: “Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернетӣ мардҳо навори занҳоро гузошта, боз гӯё барояшон қаҳрамонӣ бошад, садо баланд мекунанд, ки “ана боз як зани дигарро бо марди бегона қапидем”. Ин ҳама ғайриқонунӣ буда, дахолат ба ҳаёти шахсии инсон мебошад. Конститутсия дахлнопазирии ҳаёти шахсиро кафолат дода, қонун ҳифз намудааст. Ба ғайр аз ин, дахлнопазирии манзил низ кафолат дода шуда, барои вайрон намудани он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ба навор гирифтани баъзе ҳолатҳои марбут ба ҳаёти шахсӣ низ тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҷиноят маҳсуб меёбад ва чамъ кардани маълумоти сирри шахсӣ мебошад. Пеш аз ҳама ин поймол намудани ҳуқуқи инсон аст”.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо дар бисёр ҳолатҳо фақат айби занро мебинанд ва айби мардонро нодида мегиранд, ҳол он ки, худи мардон бе ризоияти зани қонуниашон бо чанд зани дигар ҳамзистӣ мекунанд: “Шабона ба ҷойҳои дилхушӣ рафта, бо занони сабукпой ҳамхоба мешаванд, вале бо вуҷуди ин айби худро нодида гирифта, занҳоро таҳқиру шарманда мекунанд”. Ӯ мегӯяд, ки тарафдори ин амали  занҳо нест, вале “шармсор кардани онҳо аз фарҳанги пасту маърифати ҳуқуқӣ надоштани бархе аз мардуми мо гувоҳӣ медиҳад. Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт камфаъол буда, таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ки аз ин наворҳо хабар доранд, вале то ҳол ягон шикоят дар ин маврид ворид нашудааст. “Аслан, масъалаи оилавӣ дар салоҳияти судҳост, аммо агар барои бе иҷозат сабт кардан ва поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон муроҷиат шавад, мо албатта пайгирӣ хоҳем кард”,- мегӯяд як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

 

Тақлид ба телевизион

Дар ҳақиқат зиёд шудани ин гуна наворҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсири манфии худро мерасонад. Ҷомеаи тоҷик ин зуҳуротро манфӣ қабул дорад. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки ин зуҳурот аз амали телевизионҳои давлатӣ сарчашма мегирад.

Роҳбари ташкилоти ҳуқуқии “Перспектива+” Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, “он нафароне, ки ба чунин корҳо даст мезананд, тақлид ба телевизионҳои давлатӣ менамоянд.Чунки маҳз дар телевизионҳои давлатӣ чунин наворҳо ба намоиш гузошта шуда буданд. Он шахсоне, ки чунин наворҳоро дар интернет паҳн мекунанд, боварӣ доранд, ки барои ин рафторашон ҷавобгар намешаванд. Мақомот вазифадоранд, ки чунин нафаронро боздошт кунанд. Амали онҳо дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ҳисоб мешавад”.

Қаблан низ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала изҳори нигаронӣ карда, ин амалро ноҷавонмардона хондаву маҳкум намуда буд.

 

“Ҷомеа баррасии солими як рӯйдодро надорад”

Дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” низ як гуруҳе пайдо шудааст, ки аксу наворҳои духтарони тоҷикро паҳн мекунанд. Ва ҳатто чунин гуруҳҳо хонандагони зиёд ва баҳсҳои тезутунд доранд. Як истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” мегӯяд, ки дар гуруҳи мазкур аксу наворҳои духтарони тоҷик дар ҳолатҳои гуногун, ҳангоми оббозӣ, ҳангоми либосивазкунӣ ва дигар ҳолатҳои шаҳвонӣ гузошта мешаванд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, аксари наворҳо баъди якчанд муддат аз саҳифаи ин гуруҳ бардошта мешаванд, ки тибқи баъзе маълумотҳо, соҳибони чунин гуруҳҳо бо ин роҳ аз духтарон маблағ талаб мекунанд ва баъди гирифтани маблағи муайян он аксҳоро аз саҳифа мебардоранд.

Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки дигар мардуми мо баррасии солими як рӯйдодро надоранд ва пеш аз ҳама ин зуҳурот аз заиф шудани таркибҳои фарҳангии мо дарак медиҳад. Ҷомеашинос Меҳмоншо Шарифов мегӯяд, ки фаросат, яъне ботинан дарк кардани тарафҳои хуб ва бади як рӯйдод, ки дар мардуми мо як унсури фарҳангӣ буд, дигар намондааст ва бисёриҳо оқибати аъмоли худро, ки масалан нашр кардани як навор ба чӣ меанҷомад, ба ҳалли мусбати масъала мебарад ё не, фикр намекунанд. “Ва ин кор, яъне бефаросатӣ ҳатто дар сатҳи ниҳодҳои давлатӣ рӯй дода буд ва медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки таркибҳои фарҳанг на танҳо хароб, балки фарҳанги тоҷик захми маргбор дорад”,- зикр намуд ин ҷомеашинос. 

 

Рухшона ҲАКИМОВА, МТЖТ

Дар кишваримо, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи авҷи созандагӣ ва рушди соҳаҳои гуногун қарор дорад, шаҳрвандони кишвар дар рифоҳ, саодат ва боварӣ ба фардои неки худу фарзандонашон зиндагӣ доранд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо мақомоти маҳаллӣ ва ё шахсони алоҳидае, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, бо аъмолу қарорҳои мухолиф бо қонунҳои кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ин боварӣ ва қонунсолориро зери суол мебаранд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳалномаи аҷоибу ғароибест, ки Суди ноҳияи Мастчоҳ содир кардаву як нафар кампири 86-соларо маҷбур намудааст, ки ҳар моҳ қисме аз нафақаашро барои як нафар хешаш ба ивази қарзи “дар асл мавҷуднабуда” пардохт намояд.

Холбибӣ Ашӯрова, сокини кӯчаи Сулҳи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аз он шикоят дорад, ки Суди ноҳияи Мастчоҳ ба далелсозиҳои бардурӯғи як нафар бовар намудаву далелҳои ӯро ба инобат нагирифт. Зимни суҳбат ӯ нусхаҳои ҳалномаи суди ноҳия, шикояти кассатсионӣ, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғдро ба мо нишон дода, гаштаву баргашта мепурсид, ки чаро суди марҳилаи аввал ва ҳамин тавр, зинаи болоӣ - Суди вилояти Суғд далелҳои ӯ ва сохтаву дурӯғ будани даъвои ҷониби дигарро ба назар нагирифт? Чаро суд дидаву дониста ҳуқуқҳои ӯро поймол кард? Агар суд аз ҷониби даъвогар манфиат надида бошад, чаро адолати судиро татбиқ накард?

Барои он, ки хонандаро ба саргумӣ набарем, эшонро аввал бо даъвои даъвогар Неъматов Исроил Наҷмуддинович ошно намуда, сипас далелҳои Х. Ашӯроваро баррасӣ мекунем.

Неъматов И. Н., сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ки бо Холбибӣ Ашӯрова муносибати хешутаборӣ низ дорад, ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, талабашро бо он асоснок намудааст, ки “санаи 01.10.2006 сол бо хоҳиши шаҳрванд Ашӯров Шамсӣ, ки ҳамдеҳааш мебошад, бо шоҳидии писараш Ашӯров Ҳасан Шамсиевич ба охирон маблағи қарз ба миқдори 8200 доллари ИМА медиҳад. Ашӯров Ш. оид ба гирифтани маблағи қарз забонхат навишта медиҳад ва писараш Ашӯров Ҳ. Ш. низ дар забонхат имзои худро мегузорад. Новобаста аз ин, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти №0139007 (мағозаи сабзавотфурӯшиаш) воқеъ дар бозори “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гарав медиҳад. Ҳамчунон, дар забонхаташ қайд намудааст, ки дар ҳолати маблағи қарзро барнагардонидан мағозаи мазкур бо сертификаташ ба ӯ дода мешавад. Муҳлати баргардонидани қарзи мазкур аз ҷониби Ашӯров Ш. то санаи 30.10.2006 муайян карда шуда буд. Вале ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меравад. Миёнаҳои сол як ё ду маротиба ба Тоҷикистон бармегардад. Ашӯров Ш. соли 2008 ва писараш Ашӯров Ҳ. соли 2014 вафот мекунанд. Вақте ки даъвогар соли 2015 аз Федератсияи Россия бармегардад, огоҳ мешавад, ки мағозаи бар ивази қарз дар гарав гузоштаи Ашӯров Ш. аз ҷониби дигар шахсон гирифта шуда, мавриди истифода қарор дорад. Баъдан мефаҳмад, ки ҳамсари марҳум Холбибӣ Ашӯрова пас аз вафоти шавҳар ҳамчун вориси дараҷаи аввал мағозаро ҳамчун мерос қабул намуда, қисме аз онро ба номи наберааш Абдуғаффор Ашӯрзода ва писараш Расул Ашӯров дар асоси шартномаи ҳадя гузаронида, қисми дигарашро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба шаҳрванд Ориф Бобоев фурӯхтааст. Даъвогар боз ба Федератсияи Россия рафта, бо ҳамин санаи 09.04.2016 ба ватан бармегардад.

Пас аз 10 сол Неъматов И. ба суд ариза навишта, хоҳиш кардааст, ки маблағи қарз ва фоизҳои он, ки ба Ашӯров Ш. дода будааст, аз ҷониби ҳамсараш Х. Ашӯрова баргардонида шаванд. Аммо тарафи дигар чӣ мегӯяд?

Холбибӣ Ашӯрова мегӯяд, ки шавҳараш аз ҳеҷ кас қарздор набуд, зеро дар ин бора то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ чизе нагуфтааст.

- Мо ҳамаамон мусулмонем ва медонем, ки қарз гирифтану напардохтан гуноҳи вазнин аст. Ҳатто муллоҳо ҷанозаи одами қарздорро намехонанд, то замоне, ки яке аз ворисони марҳум уҳдадор нашавад, ки қарзҳои майитро пардохт кунад,- мегӯяд Х. Ашӯрова.

Дар идомаи суханони худ мавсуф далелҳоеро пеш овард, ки ба қавли ӯ аз ҷониби суд ба инобат гирифта нашудаанд. Ӯ гуфт:

- Хуб, фарз кардем, ки шавҳари ман қарздор буд, 1-уми октябри соли 2006 қарз гирифт ва бояд то охири моҳ пардохт мекард. Чаро И. Неъматов дар муҳлати муайяншуда қарзашро талаб накард? Чаро қарзашро нагирифта ба Россия рафт? Хуб, ӯ мегӯяд, ки дар як сол як ё ду маротиба ба ватан меомадааст. Чаро боре ҳам дар зинда будани марҳум наомад? Одаме, ки пул додааст, ҳамеша дар фикри баргардонидани он аст. Вале шавҳари ман соли 2008 вафот кард. Дар ҷаноза И. Неъматов ҳузур дошт. Чаро ба мо пайвандони марҳум аз ин бора чизе нагуфт? Охир, шахсе, ки ӯ шоҳид медонад, яъне писарам Ҳасан Ашӯров, он замон зинда буд, дар ҳаёт буд. Барои чӣ ҳатто ба ӯ нагуфт? Чаро он вақт ба суд муроҷиат накард? Соли 2014 писарам, шоҳиде, ки ӯ мегӯяд, Ҳасан Ашӯров низ аз дунё рафт. Магар қарзхоҳ наметавонист, ки ба мо муроҷиат кунад, ё ба суд дар ҳамон вақт ариза диҳад? Тибқи моддаи 221 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати умумии даъво се сол муқаррар шудааст. Чаро ин ҳама далелҳоро суд нодида мегирад? Барои чӣ суд намехоҳад адолат татбиқ шавад? Як нафаре, ки бо роҳи фиребу найранг ва туҳмат кардану пул гирифтан зиндагӣ дорад, наход аз қонун боло ва ба суд таъсиргузор бошад? Пас Конститутсия ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд чӣ мешаванд?

Аммо ҷониби даъвогар, И. Неъматов низ далелҳои худро дорад. Сабаби дер муроҷиат карданаш агар сафарҳои мунтазами ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Россия бошанд, ягона далел ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вай, ки исбот мекунад, дар воқеъ Ш. Ашӯров бо шоҳидии фарзандаш Ҳ. Ашӯров аз ӯ 8200 доллар гирифтааст, забонхати бо қалами оддии сиёҳ навишатшуда мебошад. Забонхати мазкур дар воқеъ шаҳодат медиҳад, ки Ш. Ашӯров дар шоҳидии писараш Ҳ. Ашӯров аз ҳамдеҳааш И. Неъматов маблағи мазкурро ҳамчун қарз гирифтаву мағозаи сабзавотфурӯшиашро ба гарав гузоштааст. Вале фарзанди Ш. Ашӯров - Расул Ашӯров бовар дорад, ки ин забонхат сохта аст ва ҳеҷ гоҳ аз ҷониби падараш навишта нашудааст. Ӯ мегӯяд:

- Қоғазе, ки гӯё беш аз 10 сол пеш падарам дар он бо қалам забонхат навиша бошанд, нав аст, ақаллан каме зард нашудааст. Ҳол он ки, дар ин муддат он бояд сифаташро дигар мекард. Ин як. Дуюм, ранги қалам ҳам тоза аст ва ҳеҷ имкон надорад, ки бо гузашти беш аз 10 сол хира нашуда бошад. Сеюм, хате, ки дар забохат аст, бо хати падари мо ҳеҷ монандӣ надорад, мо инро муқоиса кардем. Чорум, модоме, ки И. Неъматов ин қадар маблағи калонро қарз дода бошад, чаро тавассути нотариус, ё ақаллан кормандони ҷамоати деҳот пеш аз гирифтани забонхат онро расмӣ ва тасдиқ накард? 

Бо исрори пайвандони Ш. Ашӯров суд ба забонхати мазкур низ экспертизаи судӣ - хатшиносӣ таъин кардааст. Тибқи хулосаи №01/905/2017-и ташхиси судӣ - хатшиносӣ аз санаи 17.07.2017 муайян шудааст, ки “имзоҳои дар забонхат, ки бо калимаҳои Ман Ашӯров Шамсӣ оғоз шуда, бо калимаи гирифтанд, анҷом ёфтааст, дида мешавад, аз номи Ашӯров Шамсӣ гузошта шуда, эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда шудааст”. Дар ин хулоса ба таври возеҳ маълум аст, ки “эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда шудааст” ва модоме, ки эҳтимол аст, пас дақиқ аст, ки эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда нашуда бошад. Ё не? Пас чаро суд эҳтимоли дуюмро сарфи назар мекунад? Ё суд дар дидану надидани эҳтимолҳо суд мебинад?

Биёед акнун ба паҳлуи дигари масъала менигарем. Даъвогар И. Неъматов дар аризааш навиштааст, ки дар баробари забонхат “сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти №0139007 (мағозаи сабзавотфурӯшиаш) воқеъ дар бозори “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гарав медиҳад”. Модоме, ки чунин бошад, пас чи гуна Х. Ашӯрова тавонистааст қисмате аз мағозаи мазкурро ҳадя кунад ва қисмати дигарашро фурӯшад? Ба ҳама маълум аст, ки чунин муомилот бидуни сертификат ғайриимкон аст. Чаро даъвогар ба суд сертификати дар гарав бударо пешниҳод карда натавонист? Чи гуна сертификате, ки дар дасти И. Неъматов будааст, аз ҷониби Х. Ашӯрова истифода шудааст?

Саволе, ки на танҳо оилаи Ашӯровҳо, ҳатто ҳамсояҳову аҳли маҳалларо ба ташвиш овардааст, ин аст, ки дар кадом асос И. Неъматов пас аз 10 соли вафоти Ш. Ашӯров оилаи онҳоро туҳмат намуда, бо роҳи фиребу тақаллуб мехоҳад пули муфт ба даст орад?

Суди ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамин тавр пас аз шикояти кассатсионӣ Суди вилояти Суғд бошад, огоҳона ва ё ноогоҳона аз кирдорҳои И. Неъматов ҳамсари Ш. Ашӯров - Х. Ашӯроваро вазифадор кардааст, ки барои пардохти малағи қарзи мавҷуднабуда - 8200 доллари ИМА баробар ба 27716 сомонӣ (бо қурби пешӣ) ва маблағи фоизҳои ҳисобшуда - 7760 сомонӣ ҳар моҳ аз нафақааш, ки 205 сомониро ташкил медиҳад, 40 сомониву 60 дирам ба даъвогар И. Неъматов диҳад. Инак, давоми як сол аст, ки як ҷавонмарди ҳузарб, ки бо карру фарри зиёд ва мошинҳои бадвоҳима мегардад, аз нафақаи кампири барҷомонда Холбибии 86-сола, ки 205 сомониро ташкил медиҳад, ҳар моҳ 40 сомонию 60 дирам мегирад. Ҷавонмардӣ куҷост? Оини хешутаборӣ чӣ шуд? Оё он кирдор аз рӯи имону виҷдон аст?

Шояд пас аз хондани ин матлаб И. Неъматов аз кирдори худ шармидаву дасти талаб аз домани кампири Холбибӣ мегирад? Агар чунин шавад, чи хуб, агар не, пас аз Суди Олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои татбиқи адолат, ҳифзи обрӯи давлат, таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва тантанаи ҳақиқат парвандаи мазкурро зери назорати худ гирад. Мо ба адолати судӣ бовар дорем!

 

Масъуд ҲАБИБ,

Душанбе - Мастчоҳ - Душанбе

Соли нав дар паси дар қарор дорад. Ҳар як сарвари оилаи тоҷик ба қадри имкон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ақаллан дастурхоне барои фарзандон ва хешону дӯстони наздикаш густурда намояд ва ба аҳли оила фароғате муҳайё созаду нақшаи соли навро бо вазифаҳои дар пеш истода бо аъзои оила баррасӣ намояд.

Ҳарчанд бисёр диндорон мегӯянд, ки иди Соли навро ҷашн гирифтан нодуруст аст, аммо ин чорабинӣ на танҳо ба маҷрои зиндагии мо тоҷикон дохил гардидааст, балки қариб кулли халқҳои ҷаҳон ин ҷашнро хушҳолона истиқбол мегиранд.

Дар арафаи идҳо ҳаннотӣ ба авҷи аъло мерасад. Иди Соли нав дар ин маврид истисно нест. Шунидаам, ки савдогари беинсоф бо фурӯшандаи ҳамсояаш «роз» мегӯянд, ки «рӯзҳои бобаракати мо расиданд. Ҳамин рӯзҳо, ки нархро набардорему кисаҳоро пур накунем, дер мешавад». Ин таъкидҳоро инсоне мегӯяд, ки дар давоми умраш на боғро дидаасту на полезро. Маротибае бо нияти чизеро сабз кардан бел ба даст нагирифтааст. Фақат бо роҳи ҳаннотӣ ва фиреби деҳқонони асил пул дарёфт кардааст.

Як рӯз пеш аз иди Қурбон дар гирду атрофи «Садбарг» ба қавле «одам болои одам мезад». Нархи кулча, нон, печен ва дигар шириниҳоро ҳаннотон аз 30 то 80 фоиз зиёд боло бурда буданд. Нархи меваву сабзавот ба арши аъло расида буд. Мардуми дар ҳарос монда ба нархҳо нигоҳ накарда, халтаҳоро пур мекарданд. То бегоҳ тақрибан ҳама рафҳо холӣ гардид.

Бо вайрон кардани яке аз машҳуртарин бозорҳо - «Бозори сабз»-и шаҳри Душанбе ва ба як кунҷи камодаму камнақлиёт кӯчонидани ин бозори дастрас оҳиста - оҳиста дар пештоқҳои мағозаҳои маҷмааи «Садбарг» то чорроҳаи истгоҳи роҳи оҳан ҳаннотони шинохтаи «Бозори сабз» ба ҳар восита нуқтаҳои савдои худро кушоданд. Яке аз савдогарон бо ифтихор гуфт, ки савдо ва ташрифи одамон дар ин ҷо нисбат ба бозори вайроншуда хеле беҳтар аст. Дар ин роҳгузар, ки ҳамеша серодам аст, қисми ками одамон барои паст кардани нарх баҳс мекунанд. «Ба ин нуқтаҳои савдо фақат пулдорон меоянд»,- мегӯяд ҳамсуҳбати ман Муҳаммадҷон бо ифтихори махсус.

Вақте аз нархи мева ва сабзавот пурсон шудем, дарк намудем, ки гуфтааш бо нархгузориаш тақрибан мутобиқ аст. Дар он муддате, ки мо ҳамсуҳбати ин ҷавони зираку доно будем, нимаи рӯз буд ва савдояш хело гарм буд. Харидорон ба нархномаҳои бо ранг навишташуда таваҷҷуҳ намуда, аз фурӯшанда хоҳиш мекарданд, ки мева ё сабзавоти даркориашонро баркашида диҳад. Ин амри воқеист. Аммо нархномаҳое, ки савдогарон барои харид мегузоранд, аз рӯи инсоф нест. Вақте ки килои себи навъи «Симиренко»-ро аз бозорҳои яклухти «Гипрозем», «Меҳргон» ва билохира аз дасти худи деҳқон ё ин ки хоҷагидор бо ҳилаву найранг аз 2 то 3 сомонӣ гирифтаву 10 - 12 сомонӣ нархгузорӣ мекунанд ва боз нисфирӯзӣ ҳалолу ҳаром намоз мегузоранд, магар ин инсоф аст ва ё ба қавле аз кадом гӯшаи имон аст? Нархи дигар меваҷот, ба мисли анор, нок, себҳои сурху зард, мандарин, афлесун, сабзавотҳо - помидор, бодиринг, картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, карам, шалғам, турб ва ғайра аз 2 то 4 баробар зиёд фурӯхта мешавад.

Ман аз ин «бозори нав» аз сабабе, ки ҷои корам дар наздикии ҳамин маҷмаа мебошад, бисёр маврид дидан мекунам. Ҷои дилкушо ва серодам аст. Бисёр вақт зарурате меафтад, ки аз ҳамин ҷо чизе харид кунам. Дар маҳаллаи зистам - микрораёни 102 нархҳо айнан ҳамин аст. Умуман, тақрибан дар ҳама бозорҳои хурди пойтахт нархгузорӣ дандоншикан аст. Дар маркази шаҳр бозорҳои яклухту дастрас нест. Қисми зиёди мардону занони коршоями пойтахт маоши ночиз, аз 500 то 800 сомонӣ мегиранд. Афзудани қимати об, андози хона, барқ, хоҷагии коммуналӣ, роҳкиро, замин, хоҷагидорӣ ва даҳҳо намуди озуқаворӣ, доруворӣ ва дигару дигар дарде гаштааст тоқатфарсо. Аз бисёр рафиқону ҳамкорон шунидаам, ки имсол маззаи тарбузу харбузаро ягон мавриде дар куҷое чашидаанд. Тобистону аввали тирамоҳ дар вақти мавсим нархи тарбузу харбузаро ҳаннотон аз 10 то 25 - 30 сомонӣ бардоштаанд. Бо ин пули «ҳалол» савдогарони ҳаннот ё падару модарашон ба зиёрати Маккаи мукаррама барои ҳоҷишавӣ ва нуфузи зиёдтар пайдо кардан мераванд. Унвони «ҳоҷӣ»-ро ки соҳиб шуданд, мизоҷонашон меафзояд ва ба қавле ба боварии доимӣ медароянд.

Бозори «Меҳргон», ки дар маҳаллаи Сурхоб ба истифода дода шудааст, нисбати «Бозори сабз»-и пешина хело зебо ва кушоду барҳаво сохта шудааст. Мо вориди яке аз биноҳои дуошёнаи мева, сабзавот, асал, гӯшту чакка, салатҳои гуногун, нону кулча мешавем, ки дар ошёнаи якум ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм мағзу мавиз, ғулингу писта ва амсоли ин дигар маҳсулотҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Чун анъана барои харидорони пулдору бой ва чуноне, ки баъзан худи онҳо мегӯянд, «тозахӯр», рафҳои қимат ва маҳсулоти хушсифат пешкаш карда мешавад. Рафҳои мевафурӯшӣ аз себ, нок, анор, мандарин, афлесун ва дигар меваҳо устокорона ва назаррабо оро дода шудаанд. Чун одати пешина аз нарху навои себу анор пурсон шудам. Савдогар - ҷавонмарди чусту чолок дар як мижа таҳ задан булбул барин нархҳоро баррасӣ намуда, халтаи селофанӣ дар даст илова кард: «Муаллимҷон, гӯед аз кадомаш гирам, аз инда арзон намеёбӣ, себ мехӯрӣ, себ». Фурӯшанда майли маро ба себи навъи «Симиренко» ҳис карда, маккорона гуфт: «Устод, барои дигарон килограммаш 18 - 20 сомонӣ бошад, ба хотири шумо 16 сомонӣ медиҳам». Нархи анор аз 20 то 25 сомониро ташкил медод.

Илоҷе карда аз «қап»-и ин ҳаннот халос хӯрдаву ба бозори яклухт, ё ба қавле «деҳқонбозор» раҳсипор гаштам. Дар баландии паси бозор айвони кушодаи барҳаво ва гирдогирдаш анборчаҳои хурд барои нигоҳ доштани маҳсулот, ки яклухт фурӯхта мешаванд, тариқи иҷора мавриди истифода бурдан қарор доранд. Ана, дар инҷо ҳис карда мешавад, ки қисми зиёди савдогаронаш инсоф доранд. Чанд нафар савдогарон нархҳо ва чӣ қадар дар болои маҳсулот нарх зам карданашонро гуфтанд. Шамсулло Фатҳиддинов аз ноҳияи Файзобод себи хоҷагиашро оварда, бо нархи дастрас - 3-4 сомонӣ чаканафурӯшӣ дорад. Ӯро хуб мешиносам, деҳқони асил аст. Шамсулло гуфт, ки «ҳар сол аз дари хона мефурӯхтам. Имсол себҷаллобон нархи себро дар ҷояш аз 1 ва 1,5 сомонӣ зиёд накарданд. Ҳамон одамонро дар ин бозор вохӯрдам, ҳамон хелу ҳамон навъи себе, ки айнан мисли себҳои мананд, оварда дар ин бозор ва бозори «Саховат» аз 4 то 5 сомонӣ ба дигар савдогарони чаканафурӯш месупоранду байни 3-4 рӯз соҳиби пули бедардимиён мегарданд».

Ҳамсуҳбати дигари ман ҷавонзани душанбегӣ Саодат Раҳимова (бо хоҳиши ӯ ному насабашро дигар кардем) мебошад. Саодат арз намуд, ки зиндагӣ маҷбураш кардааст, ки ҳанӯз чашми рӯз кушода нашуда, аз паси маҳсулоти ҳаррӯзаи бозоргир шавад: «Бо амри тақдир шавҳарам 3 сол пеш аз дунё гузаштанд. 4 нафар фарзандам ҳама мактабхонанд. Ба замми хӯрдану пӯшидан, ба ҳар яки онҳо роҳкиро, фондҳои гуногуни мактабӣ зарур аст. Ғайр аз ин, баъзан ба тӯю маъракаҳо рафтан зарур меояд, ки дасти холӣ рафта намешавад». Саодат маҳсулоти тоза - себ, помидор, бодиринг, булғорӣ, гулкарами чинӣ ва ғайраро яклухт харида, дар болояш аз рӯи инсоф чизе зам карда мефурӯшад.

Ба анборҳо назар дӯхта, бо як ҷавонмарди тақрибан 48 - 50-сола, ки худро Насрулло Абдуллоев муаррифӣ кард, ҳамсуҳбат гаштем. Ӯ гуфт, ки «аз деҳаҳо себ харида меорам, инчунин дар ҳамин ҷо бисёр шиносҳову мизоҷон себ оварда, барои фурӯш пешкаш мекунанд. Ҳар субҳи барвақт аз маҳаллаи «Восточная холма» омада, борамро тариқи яклухт ба он мизоҷоне, ки дар бозорҳои хурд савдо мекунанд, мефурӯшам. Баъзан мешавад, ки дар болои килои себ дирами ночизе ҳамроҳ карда, ба фурӯш мебарорам. Аз рӯзи аввали ба кор шуруъ намудани ин бозор дар ҳамин анбори хурдакаке, ки акнун ҷои корам гаштааст, заҳмат мекашам. Бо мизоҷон кор карда тавонистан, дили онҳоро ба даст овардан кори саҳл нест».

Аз ин анбор баромада, гирди бозор гашта истода, чашмам айнан ба себе, ки дар «Павилион», бинои дуошёна он ҳаннот ба ман 16 сомонӣ фурӯхтанӣ буд, дакка хӯрд. «Гиред, 3 килояш 10 сомонӣ медиҳам». Себро тагурӯ кардам. Ҳамон себе буд, ки ба ман «тозафурӯшҳо» пешкаш намуда буданд. Ман аз ин фурӯшандаи деҳқон ба 10 сомонӣ 4 кило себ бо нархи 2 сомониву 50-дирамӣ харида, аз бозор баромадам. Зиндагӣ ҳамин будааст. Агар хоҳед ба маънои мақоли «Як бому ду ҳаво» сарфаҳм равед, хубаш аз бозорҳо дидан кунед.

Ҳукумати шаҳри Душанбе барои ба эътидол овардани нархи гӯшт баъзе кӯшишҳо ба харҷ дода буд. Ҳарчанд тавсияи мақомот 35 - 36 сомонӣ барои як килограм гӯшт бошад ҳам, дар аксари кулли нуқтаҳои савдои гӯштфурӯшӣ аз тарафи савдогарон 40 - 42 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. 

Дар бозори назди хонаи ман марде солҳо боз ба фурӯхтани орд машғул аст. Ба болои ҳар як халтаи орд аз 15 то 25 сомонӣ изофа монда, ба савдо мебарорад. Тариқи килобаркаш бошад, ба сари ҳар як кило 1 сомонӣ аз нархи яклухт зиёд мефурӯшад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки соҳиби чанд хонаву ҳавлӣ гаштааст. Маркази савдои «Сомон», ки дар шафати ҳамин бозор фаъолият мекунад, нархҳои дандоншикан дорад. Умуман, марказҳои савдо дар Душанбе ба ҷои бо нархи арзонтар ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниёзи аввал нисбати мағозаҳои хурд нархҳоро қимат мекунанд. Ин мавзуест дигар.

Аммо дар ҳайратем, ки чаро бахшҳои дахлдори Ҳукумати шаҳри Душанбе, бахусус бахши зиддиинҳисорӣ ба ин масъалаҳо кам дахолат мекарда бошанд? Наход дар як бом ду ҳаво бошад? Наход нархи себи якхела дар сари бозор дар ҷои гарму нарм 18 - 20 сомонӣ бошаду дар паси бозор 2,5 - 3 сомонӣ фурӯхта шавад? Ё ин ки халтаи ордро аз як километр ба мошин бор карда овардаву 15 - 25 сомонӣ дар болояш зам кунанд?

Дар ҳамин ҷо таваққуф мекунем, зеро домони ин мавзуъ дароз аст. Ин ва дигар амсоли ин саволу пурсишҳо шояд дар соли нав ҳалли худро ёбанд.

 

Убайдулло РАҲИМОВ, узви ИЖТ

Ҷумъа, 28 Декабр 2018 14:56

Сафари бебозгашти мусофир

Субҳи хотирарез аст ин субҳ. Дафтари зангхӯрдаи бачагиву наврасӣ ва ҷавонӣ ба ёди дӯсте варақгардон мешавад. Аз лавҳи хотирам пораҳои аз ҳам гусастаи ёдҳо мегузаранд, мекӯшам чизҳоеро дарёбам, ки иртибот ба ин дӯст дошта…аммо паҳну парешонанд ин ёдҳо. Ман наметавонам онҳоро ба ҳам орам, мекӯшам ва ба мушкил менависам, ки чӣ буду чӣ гузашт…

 

Ёлаҳои сабзи Басманда, деҳаи кӯдакиам пеши назарам меояд. Деҳае, ки бо ҷумла ормонҳои кӯдакӣ бароям ба ҳукми танҳо хотира боқӣ монда. Аз он ки ман зуд-зуд намеравам, аз он ки он саҳнаҳои зинда дар хотири кӯдакии ман дигар худ нақши хотираанд. Ман он даштҳои кӯдакиро, ки рӯи сазбзазоронаш ғел мезадем, чуқракбозиву уловбозӣ мекардем, намебинам. Ва намебинам, ки дар он ёлаҳо гулҳои сӯзанӣ рӯянду бо ҷилои хос мо бачаҳои деҳотиро ба сӯи худ хонанд ва даста-даста ҷамъ оварем ва тоқии гулдӯзӣ гирдогирди сарамон бандем. Ва бегоҳӣ боз бо ҳамон шӯру шавқ ба хона баргардем ва то субҳ пазмон шавем он ёлаҳои сабзро.

Бале, инҳо нестанд дигар дар он даштҳое, ки бачагии мо дар он гузашт. Ба ҷойи ёлаҳои сабз ва гулҳои сӯзании фасли баҳор, хонаҳо қомат рост кардаанд. Ва аз ҳар хона акнун бачаҳо сар берун мекунанд ва мераванд боз дуртар аз он даштҳо, ба даштҳои кӯдакии худ, то камол ёбанд ва раванд фарзандони онҳо дуртар аз ин мавзеъ ва боз ҳам ба даштҳои кӯдакии худ…

 

БАЪДИ СОЛҲО….

Зиндагонӣ басо кӯтоҳ аст, вале шуҳрат метаовнад абадан бошад…

Ситсерон

Солҳо моро аз он фоҷеаи даҳшатбор ҷудо мекунад ва то бо имрӯз дар зери таъсири он қарор дорем. Боварам намеояд, ки оне ки мо ҳамагон дӯст медоштем ва ҳар рафту бозгашташро тӯли солҳои ошноӣ бесаброна интизор мешудем, дигар аз ин сафар барнамегардад. Ба гумонам ҳамаи ақрабои қурбониёни он парвози нофарҷом ва он суқути ваҳшатзо ҳамин андешаро доранд. Беҳтаринҳо буданд, ки рафтанд...

Вале чӣ бояд кард? Бояд акнун одат кунем, ки МУҲАММАДТАБУР ва ёронаш дигар барнамегарданд. Онҳо дар дили хок хуфтаанд ва танҳо ёдҳое аз он қурбониёни пурармон дар умқи синаҳои бозмондагонашон монда ва боз хотираҳои паҳну парешоне, ки гоҳу ногоҳ берун меоянд ва бӯи он солҳоро ба машом мерасонанд.  

Ин ҷониб ҳам на як бору ду бор қалам ба даст гирифтаам бо умеди он ки эҳсоси диламро рӯи коғаз бирезам. Бадеҳист, ки инсон дар ситоиши азизтарин шахсаш наметавонад ҳамаи он чизеро, ки гуфтанӣ аст, бинвисад. Эҳсос ба тавре боястӣ дар рӯи коғаз намеояд ва ҳамеша беҳтарин ҳарф бо муаллиф ва гӯянда мемонад.

Қисмат барои Муҳаммадтабур чунин буд, ки умреро дар мусофират сипарӣ кард ва оқибат дар мусофират ҷон ба ҳақ таслим намуд. Ба назари ман чунин мерасид, ки вай як умр дар ҷойе қарор надошт ва ҳамеша дар сафар буд. Аз замони донишомӯз будан то ба охирин рӯзи ҳаёташ кулбори сафар дар сари китф дошт ва он кулбор, сафаргуфтаҳое барои ёрон ногуфта лабрез якҷо бо худаш ба коми марг рафт. Бале, вай басо зиёд рафтуо дошт. Гоҳ дар Москав буду гоҳ дар Киев, гоҳ дар Питербургу гоҳи дигар дар Шарҷа. Вай мерафт ва бо варзишгарон дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат мекард, бо санъаткорон дар офариниши филмҳои басо ҷолиб саҳм мегирифт, бо тоҷирон тиҷорат мекард ва ҳамеша бо як ҷаҳон таассурот бармегашт. Вале на ҳамеша он таассуроташро аз рӯи ифтихор нақл мекард, балки танҳо ба пурсишҳои мо посухҳои кутоҳ, мӯъҷаз ва пурмазмун медод. Мағзи дидаву шинидаҳояшро нақл мекард ва аз шаф-шафи бисёр истиҳола менамуд. Вай ҳамеша одобро риоя мекард ва мекӯшид, ки дар нақлаш худситоиро роҳ надиҳад ва ҳасудонро ба дилхӯрӣ вонадорад. 

Издивоҷи нахустинаш ҳам дар сафар ва дар мусофират сурат гирифт. Онҳо дур аз ёру диёр паймони муҳаббат бастанд ва занаш ҳам баъди ақду никоҳ ному насаби ӯро баргузид ва исмаш шуд Шарипова Олга Викторевна. Аз онҳо писаре ба дунё омад, ки ҳосили муҳаббати ҷавониии эшон буд. Вале умри ӯ дароз набуда, бармаҳал аз олам даргузашт. Ва боз ҳам аз қазо замоне, ки фарзанди нахустинаш қадам ба арсаи олам гузошт, ӯ дар мусофират буд ва лаҳзае, ки гули орзую умеди ӯро зери хок мегузоштанд, ӯ дар Ленинград (Питербурги ҳозира) хизмати аскарӣ мекард. Ва аз қисмат буд ё чизи дигар, ки ӯ мисли дигар ҳамсолонаш маросими гусел ба хизмати аскариро пушти сар накард. Зеро он замон ӯ на дар Тоҷикистон, балки дар вилояти Каленини назди Москав иқомат дошт. Волидайн танҳо аз номааш фаҳмиданд, ки ҷигарбандашонро ба сарбозии Ватан хостаанд. 

 

РОҲҲО...РОҲҲОИ НОТАМОМ

Ӯ ҷодаи зиндагиро бо тарзу усули хоси худаш тай намуд ва як инсони таваккалӣ буд, ки ба ҳар кор иқдом мекард бо дасту дили гарм ва бо тававккал ба Худо даст мезад. Ва қариб ҳамеша ба он кор муваффақ мешуд. Замоне варзишгар буд ва комёбиҳо дошт. Баъдан бо амри тасодуфе ва бо тавсияи зиндаёд Мӯсои Исо ба ҷодаи санъат қадам гузошт ва дар як муддати кӯтоҳ нақшҳои хотирнишине дар чанд филми ҳунарӣ офарид, ки филми муштараки “Тоҷикфилм” ва синамогарони Италия “Шикасти афғон” (бо ширкати шинохтатарин ҳунарманди синамои Италия Микело Плачидо), филми таърихӣ аз рӯзгори муборизи роҳи адолату ҳақиқат ва исёни зидди манғит Восеъ аз ҷумлаи он буд. Бахусус ҳунар ва истеъдоди ӯ дар нақши Назир дар филм аз зиндагии Восеъ намудор гардид, ки чеҳраи ин ёри содиқи Восеъ басо хотирнишин ва ҷаззоб буд.

Ҷанги ҳамватанӣ миёни санъатро ҳам шикаст. Бисёре аз санъаткорон ногузир ба табдили ҷойи кор шуданд. Ононе, ки дар саҳнаи театрҳо ҳунарнамоӣ мекарданд, бо вуҷуди шароити сангини зист боқӣ монданд, вале аксари касоне, ки дар синамо шуғл доштанд, дунболи кори худ шуданд. Зеро “Тоҷикфилм” дигар маҷоли офаридани филм надошт. Муҳаммадтабур ҳам бо роҳи дигар рафт ва ин пайроҳа боз ҳам дар зиндагии ӯ нав буд. Вай муддате хизматчии артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон буд ва баъдан ин корро бо фаъолияти тиҷоратӣ иваз намуд. Дар ҷодаи тиҷорат ҳам таваккалӣ ворид гардид ва дар кӯтоҳтарин муддат комёб шуд. Вале ин ҷода низ чун ҷодаҳои дигари рӯзгори Муҳаммадтабур тӯлонӣ ва идомадор наомад. Ин ҷода оқибат ӯро ба марг бурд. Ва он ҳам марги иҷборӣ, суқути тасодуфӣ ва фоҷеаи талхе, ки 85 нафар фарзандони хуби ин миллатро аз байн бурд…

 

МЕРАФТУ МЕГУФТ: ХУДО ҲОФИЗ

“Билохира мурдан ҳам чандон бад нест”.

 А.Эйнштейн

Мегӯянд инсон худ ба истиқболи марг меравад ва чун соати реҳлат қариб ояд шитоб мекунад то дар он мавзеъ, ки Малакулмавт қарор аст ҷони азиз аз ӯ ситонад, дар соату вақти муқаррарӣ ҳозир шавад. Таҳлили чанд рӯзи охири зиндагии МУҲАММАДТАБУР низ инро тасдиқ мекунад. Дар Шарора зани никоҳиаш Адолат ва фарзандаш Суннатулло мезистанд. Дар байни оилаи ҷавон муддати чанд соли охир ҷудоӣ афтода буд ва кам аз ҳоли якдигар хабар доштанд. Ду рӯз қабл аз ин ҳодиса Муҳаммадтабур ба Шарора меравад ва зану кӯдакашро ҳамроҳ бо ҷиянаш ба деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ ба назди бародаронаш мефиристад ва тасмим мегирад, ки ба муҷарради аз сафар баргаштан зиндагии муштаракро аз сар хоҳанд гирифт. Адолат рафт ва ду рӯз баъд хабари марги шавҳарашро шунид. Гӯиё Муҳаммадтабур аёлашро ба ҷанозаи худ хабар карда бошад…

Сафари охирини ӯ низ таърихи ҷолиб дорад ва месазад сари иртиботи руҳонии инсон бо сарнавишт, андеша ронд. Вай он ҳафта ба ҳавопаймои Душанбе-Шарҷа билет намеёбад ва мехоҳад аз тариқи Хуҷанд парвоз кунад. Меравад ва бо машаққати зиёд билет ва иҷозаи сафар дарёфт мекунад. Ҳатто ба ҳавопаймо ҳам замоне мерасад, ки охирин мусофир аз зинаҳои он боло мешуд. Бо шитоб худро ба ҳавопаймо мезанад. Бародараш марҳум Муҳаммадшариф ва дӯстоне, ки ба гусели ӯ баромада буданд, исрор мекунанд, ки биё то парвози оянда интизор шав, шитоби зиёд чӣ лозим. Вале ӯ зарурати рафтани худро ҷиддан ба миён гузошта, худоҳофизӣ мекунад. Бале маҳз худоҳофизӣ. Марҳум ин ибораро басо дӯст медошт ва ҳамеша мегуфт: Худо ҳофиз!

 

ФАРЗАНДИ ПАДАР ВА МОДАРИ ФУРӮТАН

Марҳум аз хислатҳое бархӯрдор буд, ки месазад дар бораи онҳо соатҳо ҳарф зад. Дар ҳар мавқеъ ӯро медидем, ки бо вуҷуди  ҷуссаи рустамона фурутанӣ ва накухислатиро аз даст намедод. Гоҳе дасти пиразанеро мегирифт ва ба масали он ки корманди ГАИ бошад мошинҳоро аз ҳаракат бозмедошт ва пиразанро беосеб аз роҳи мошингард мегузаронд; ҳангоми ба ҳавопаймо савор шудан издиҳоми бенизомро ба низом медаровард, аввал пирону барҷомондагон, баъд занони тифли ширхорадор, сипас калонсолони дигар ва баъди ҳама ҷавонон. Низомеро, ки ходими фурудгоҳ бо мадади милиса наметавонист ҳоким кунад, ӯ мекард. Ва гоҳо ба ивази ин ҳолате ҳам мешуд, ки ҳама вориди ҳавопаймо мешуданду мо “омирони тартибот” бо Муҳаммадтабур дар беруни дар мемондем. Ҷой намерасид…Ба ӯ менигаристам ва мепурсидам: Чӣ шуд? Хиҷолат мекашид ва мегуфт: Насиби парвоз набудаст...

Ҳар омади ӯ ба диёри куҳистонаш барояш суруру шодӣ буду ҳар субҳи бозгашт ба шаҳр оҳанги ғамангези фироқ ба дунбол дошт. Марҳум ҳамеша бо аврупоидухтарон зистанро ба хӯяш мувофиқ медонист. Вале суханони модари азизашро, ки мехост дар зиндагӣ тӯи ҷигарбандашро бубинад, ба замин нагузошт. Оқибат аз ҳама бурид ва бо ӯзбекдухтаре издивоҷ намуд ва орзуи модар ҷомаи амал пӯшид. То ба ҳол тӯи ӯро хурду калони деҳа дар хотир доранд, зеро чунин маъракаи зеборо бисёриҳо орзуи тамошо кардан доштанд.

Падараш амаки Муҳаммадғафур аз муътабартарин шахсиятҳои деҳа ба шумор мерафт. Вай дар саргаҳи деҳа, дар он ҷойе, ки дарёчаи Оббурдон саховатмандона бо як шоха оби худ даштҳои лабташнаи деҳаи Басмандаро шодоб менамуд, осиёби бобоӣ дошт. Худораҳматӣ то дами марг харсавору пиёда болову поён мешуд ва намегузошт, ки оташи ҳунари аҷдодӣ сард шавад. Ин ягона осиёби обии деҳа буд, ки сокинонашро дар қаҳтитарин солҳо нон додааст. Амаки Муҳаммадғафур аз ҷумлаи афроде буд, ки чун қадам ба замин мениҳод гумон мекардӣ чунон эҳтиёткор аст, ки намехоҳад замин зери қадамаш озор ёбад. Вай тимсоли инсонҳои воқеан хокие буд, ки дар деҳот бо андешаҳои содда, вале дилкаш ва ҷолиби худ маъруфият доранд. Муҳаммадтабур низ фарзанди чунин шахси шариф буд. Вай фурӯтанӣ ва ҳақталошии муаддабро аз падар мерос дошт. Вале ба ин ҳақталошиҳо шӯру шавқи ҷавонӣ якҷо мешуд ва чун талошу орому ботамкин суде намедошт, шӯри ҷавонӣ адолатро барқарор менамуд. Марҳум бо он забоне, ки инсонҳо бо ӯ сухан мекарданд ва бо он шевае, ки кор мегирифтанд, бо эшон бархӯрд мекард. Аз ин мо роҳат доштем. Зеро ҳар мушкили дар байни ҳамдеҳагони мусофир ба миён омадаро ҳалли комил ва боадолат интизор буд.

 

МО ВА ИН СОЛҲО

Солҳо аз он рӯзи даҳшатбор гузаштанд. Вале ба гумонам ҳамагӣ дирӯз буд, ки деҳаи Басмада бо яке аз наҷибтарин инсон, зодаи обу хоки ин диёр Муҳаммадтабури Шариф падруд гуфт. Имрӯз ду фарзанди ӯ аз ду издивоҷ сарҷамъ омадаанд ва дар деҳа зиндагонӣ доранд. Ҳар ду шабеҳи комили падар: қомати боло ва нерӯи рустамӣ, шӯру шари бачагӣ, зиракию доноӣ… Дар пеши назари мардум гӯё ин Муҳаммадтабур аст, ки зиндагиро аз нав оғоз кардааст. Тифлон идомаи зиндагии рафтагони пурармонанд. Ҳарчанд дур нест, ки Меҳрону Суннатулло чун ду бародари ҳамхун пайроҳаи тай накардаи падарро тай мекунанд, вале касе наметавонад бигӯяд, ки онҳо метавониста бошанд ҷойи холимондаи қиблагоҳи худро пур хоҳанд кард. Ҷойи Муҳамадтабур дар ин куҳнаработ холӣ боқӣ мемонад ва сурату сирати накӯи ӯ дар дилу хотири ёрону наздикон ва азизону пайвандонаш то даме ки боқӣ ҳастанд, боқӣ мемонад.

Ва баъди марги марҳум хабар ёфтем, ки ҳамсари дигари ӯ Гулчеҳра, наттоқи радио тифли шашмоҳа дар батн аз ӯ дорад. Вақте духтар ба дунё овард, номашро Нишона гузошт. Бо гузашти солҳо Нишонаву модар ва писархонди вай Максим аз Душанбе рафтанд ва муқими Амрико шуданд.

Тӯли ҳаёти 36-солааш чор маротиба издивоҷ кард ва аз ин чор издивоҷ се фарзанд: ду писар ва як духтар ба ёдгор гузошт. Ва намедонам қисмати ин се тан, ки яке дар Хуҷанд буду дигаре дар Душанбе ва сеюмӣ дар Амрико чӣ хоҳад буд. Онҳо бо ҳам меоянд ба сӯроғи ҳамдигар ва роҳи падарро, ки омили ваҳдати ҳамдиёриён дар мусофиратҳо буд, идома медиҳад ва ё тамоми умр аз ҳам бегона мемонанд? Ба ин суол ҳоло посух додан мушкил аст...

 

БОБОҶОНИ ШАФЕЪ, рӯзноманигор

саҳ 10 аз 76

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.