.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ яке аз муассисаҳои калонтарини илмию табобатӣ ва тадқиқотӣ буда, дар шаҳраки Шифокорон (Қарияи боло) дар қисмати 10 воқеъ мебошад. Ин муассисаи давлатӣ чи аз лиҳози потенсиали илмию тадқиқотӣ ва чи аз нигоҳи табобатӣ дар миқёси минтақа ва берун аз он яке аз муассисаҳои тандурустии беҳтарин шинохта шудааст.

Дар ин марказ 11 нафар докторон ва 17 нафар номзадҳои илмҳои тиб фаъолияти корӣ доранд. Дар асоси базаҳои муҷаҳҳази ин маркази табобатӣ ду кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии баъдидипломии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ки дар як вақт ба беморону ниёзмандон мададу маслиҳатҳои худро арзонӣ медоранд. Ин муассисаи давлатӣ дорои 235 кати табобатӣ буда, аз ҳашт шуъба, аз қабили шуъбаи бемориҳои репродуктивӣ (30 кат), шуъбаи онкопроктоурологӣ (25 кат), шуъбаи кӯдакона (30 кат), шуъбаи кимиёдармонӣ ва ёрии полиативӣ (30 кат), шуъбаи нурдармонӣ (40 кат), шуъбаи тороко-абдоминалӣ (30 кат), шуъбаи умумӣ (30 кат) ва шуъбаи маммалогӣ ва ҷарроҳии реконструктивию барқарорсозӣ (20 кат) иборат мебошад. Қисми ташхисӣ аз шуъбаи ташхис ва табобати амбулаторӣ (дармонгоҳӣ), шуъбаи ташхиси рентгенологӣ, эндоскопӣ ва ултрасадо, озмоишгоҳи клиникию биохимиявӣ, озмоишгоҳи иммунологӣ, озмоишгоҳи бактереологӣ, шуъбаи ташхиси морфологӣ бо иммунногистохимия ва қисми ёрирасон, ки аз шуъбаи ташкилию методӣ, лобараторияи истеҳсоли маҳлулҳои тамизшуда, шуъбаи хунгузаронӣ, шуъбаи хӯрока ва шуъбаи хоҷагидорӣ иборат мебошад. Ин муассисаи давлатӣ дорои дармонгоҳи машваратӣ мебошад, ки дар як рӯз қобилияти қабул намудани зиёда аз 300 беморро дорад. Инчунин, дар дармонгоҳи машваратӣ беморон метавонанд ба табибони гӯш, гулӯ ва бинӣ, табиби бемориҳои занона, ҷарроҳони кӯдакон ва калонсолон муроҷиат намоянд. Дар марказ лабараторияи морфологӣ фаъолият менамояд, ки ин боиси осон шудани ташхисгузаронии морфологӣ гардидааст. 

Давоми нимсолаи авали соли 2017 дар дармонгоҳи марказ 6307 нафар беморонро қабул намудаанд, ки аз онҳо 3518 нафарашон бистарӣ карда шудаанд. Аз ҷамъи умумии муроҷиаткунандагон 5496 нафар муроҷиаткунанда калонсолон буда, 811 нафари боқӣ беморони хурдсол мебошанд, ки ин рақам нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум 963 бемор зиёд аст. Нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум 175 бемор зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар муоина ва муайян намудани ташхиси беморони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҳиссаи шуъбаи рентгенология ва ултрасадо мавқеи муҳим дорад. Дар ин шуъба мутахассисони баланддараҷа кор мекунанд. Шуъба бо дастгоҳи рентгенӣ ва дигар лавозимоти лозимӣ барои кори пурраи он таҷҳизонида шудааст. Дар шуъба аз моҳи сентябри соли 2010 дастгоҳи маммограф фаъолият дорад, ки дар шаш моҳи соли 2017-ум 329 ташхиси маммография гузаронида шудааст. Дар шуъбаи ташхиси дарунӣ муоинаи ултрасадои узвҳо ва ташхиси эндоскопӣ гузаронида мешавад. Шуъба бо чор адад таҷҳизоти ултрасадо, гастроскоп, клоноскоп, брохоскоп таҷҳизонида шудааст.

Аз ҷумлаи беморони гирифтори бемории бадсифат, ки 1395 нафарро ташкил медиҳанд, ҷойҳои аввалро бемориҳои зерин ишғол мекунанд:

1) Саратони ғадуди ширӣ.

2) Саратони пӯст.

3) Саратони гарданаки бачадон.

4) Саратони меъда.

5) Лимфомаҳо.

6) Саратони шуш.

Дар марказ барои табобат ва ҷарроҳии дилхоҳ омос ва дигар варамҳо, ки ба категорияи бемории саратон дохил мегарданд, тамоми шароит муҳайё карда шудааст. 98,6%-и умумии табибон ва 78,2%-и кормандони миёнаи тиб дорои дараҷаҳои корманди тиб мебошанд, ки ин рақам беҳтарин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз лиҳози дараҷанокии илмии кормандон бошад, 49,4%-и табибон дараҷанокии илмиро соҳиб мебошанд, ки ин гувоҳи масъулияти баланд доштани мутахассисони ин муассисаи давлатӣ мебошад, ки аз ду нафар корманд як нафараш дараҷанокии илмиро соҳиб мебошад ва баҳри пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ дар ин муассисаи бонуфузи тандурустии кишвар барои бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратонӣ дар давраҳои аввал тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Саҳми кормандони илмии ин муассиса миёни дигар чунин муассисаҳои минтақа бағоят калон буда, танҳо давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ кормандони ин муассиса дар даҳҳо конфронсу семинарҳои дохилию байналмилалӣ иштирок намуда, маърӯзаҳо кардаанд.

Танҳо давоми шаш моҳи аввали соли 2017 дар марказ 2840 нафар бемор табобат ёфтааст, ки ин 74,6% иҷроиши кат-рӯзро ташкил медиҳад. Дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳаи саратоншиносии ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидааст. 

Дарёфти бемории саратон дар марҳилаи аввали табобат аз 50,5 % то 71,1% афзоиш ёфта, марҳилаи чоруми табобатӣ бошад, аз 18,3% то 17,2% паст карда шудааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо МАГАТЕ шуъбаи нурии Муассисаи давлатии илмию саратоншиносӣ пурра бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисон барои кор кардан бо чунин таҷҳизот дар хориҷи кишвар омӯзонида шудаанд, ки дар асоси ин дастовард лоиҳаи ташкили шуъбаи табобати нурӣ дар вилояти Суғд аз тарафи МАГАТЕ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, сохтмони он оғоз ёфт. Бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи кӯдакона таъмири пурраи капиталӣ гузаронида шуда, он бо таҷҳизоти нави муосир таъмин карда шуд.

Дар ҳамаи марказҳои саратоншиносӣ, ки дар ҷумҳурӣ чортоянд, дорухонаҳои махсус барои фурӯши дорувории кимиёдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Лабараторияҳои иммунноферментӣ барои муайян кардани онкомаркерҳои бемории саратон дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Базаҳои моддию техникии муассисаҳо аз ҳисоби дастрасии таҷҳизоти муосири эндоскопӣ, рентгени рақамӣ, ултрасадо барои бахши эҳё ва наҷот беҳтар кунонида шудааст. Дар амалия ҷарроҳиҳои басо мураккаб дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи табобатӣ ворид карда шудаанд.

Сафи кормандони илмӣ дар соҳа аз ҳисоби ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ афзуд. Кадрҳои саратоншинос ба воситаи интернатура ва ординатураи клиникӣ дар ДДТТ ва ДТИ бо БКТТ тайёр карда мешаванд.

Дар Маркази илмии саратоншиносӣ дар натиҷаи таъмири капиталӣ ва дастрасии лавозимоти тиббӣ барои гузаронидани табобати паллиативӣ шароити хуб ташкил карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти умумиҷаҳонии тиб реестри ягонаи беморони саратон ташкил карда шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар таърихи саратоншиносии кишвар бори аввал таҳлилҳои иммуногистохимиявӣ ба роҳ монда шуд, ки мушкили беморонро осон ва барои табобати бармаҳали бемории саратон мусоидат мекунад. Пештар аз ин беморон барои маълум намудани таҳлили иммуногистохимиявӣ ба марказҳои саратоншиносии берун аз кишвар муроҷит мекарданд, ки арзиши хидмадрасонии он дандоншикан буд. Алҳол бошад шаҳрвандон метавонанд дар Маркази саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи арзону дастрас таҳлили иммуногистохимиявиро гузаронанд.  

Дар асоси дастгири бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва махсусан бо дастгирии бевосита ва ҳаматарафаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ин муассиса барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ тамоми шароит муҳайё буда, дилхоҳ беморони саратон дар давраи аввали беморӣ дар ин муассиса пурра табобат карда мешаванд. Аз натиҷаи таҳлилҳо муайян карда шуд, ки дар асоси дар вақташ муроҷиат намудан ба табибон аз категорияи якуми беморӣ 99,9% ва аз категорияи дуюми беморӣ 95,7%-и беморон пурра табобат карда мешаванд. 

Дар суҳбат бо мо директори ин муассиса, доктори илми тиб Ҳусейнов Зафар Ҳабибуллоевич иброз намуд, ки «дар он комёбиҳои беназире, ки мо ноил гардидему соҳаи тандурустии кишвар басо рушду нумуъ намуд, хизмати фарзонафарзанди миллат, президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст. Имрӯз мо ба он дастовардҳое ноил гардидем, ки давоми 70 соли гузаштаи замони шӯравӣ онро орзу мекардем. Мо табибон бояд ҳамеша аз сарвари хирадманд ва Пешвои муаззами худ ифтихор дошта бошем».

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ,

Холмаҳмади ВАРОРУДӢ, узви ИЖТ

Душанбе, 03 Сентябр 2018 17:09

Восеъ: Сарзамини шоҳи Ҳулбук

Восеъ ҳамчун ноҳия соли 1936 ташкил ёфтааст. Ноҳияи Восеъ 6,7%-и ҳудуди умумии вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Ноҳия дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буда, он аз шимол бо ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ховалинг ва Кӯлоб, аз тарафи ғарб бо ноҳияи Данғара ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳияи Восеъ 766 километри мураббаъ буда, маркази маъмурии он шаҳраки Восеъ мебошад. Сохтори маъмурии ноҳия аз 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст. Аз моҳи июли соли соли 2014 Ғафурзода Мӯсо Зариф раиси ноҳияи Восеъ мебошад.

 

Аҳолӣ 

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи умумии аҳолии ноҳия 205 299 нафарро ташкил медиҳад. Таркиби этникии аҳолиро 87,5 фоиз тоҷикон, 9,6 фоиз ӯзбекон ва 2,9 фоиз дигар миллатҳо ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 49,6 фоизро мардҳо (99449 нафар) ва 50,4 фоизро занҳо (101054 нафар) ташкил медиҳанд. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 88,4 фоизи аҳолӣ дар деҳот истиқомат менамояд. 

 

Таърих 

Восеъ ноҳияи куҳанбунёд буда, таърихи бой дорад. Дар ноҳия 18 мавзеъҳои таърихӣ ва осорҳои меъморӣ-таърихӣ мавҷуд аст. Чанде аз инҳо: маҷмааи таърихии Ҳулбук, Манзартеппа, Қайнар, мавзеи Ғелот, мавзеи Эмомалӣ ва Авғондилӣ мавзеъҳои таърихии машҳури ноҳия мебошанд. Дар аксар мавзеъҳои таърихӣ кофтуков ва тадқиқотҳои ҳафриётшиносӣ ва бостоншиносӣ идома дорад, вале ҳоло ҳам онҳо пурра таърихи аслии ин ёдгориҳоро аён насохтаанд. 

Дар маъхазҳои арабизабони асрҳои 9–10, аз ҷумла, асарҳои Ибни Хурдодбеҳ («Китобу-л-масолик-ва-л-мамолик»), Ибни Ҳавқал («Сурату-л-арз»), ал-Мақдисӣ («Аҳса¬ну-т-тақосим») шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази Хуталон ёд шудааст, ки он ҳоло дар фосилаи 7 км дуртар аз маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Мавзеи Ҳулбукро бостоншиносон дар ҷойи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ донистаанд, ки қисми онро мардум Хишттеппа меномиданд. Аз харобаҳои Хишттеппаи Қурбоншаҳид ҳангоми ҳафриёт қасри подшоҳ, куҳандиз, биноҳои гуногуни аз хишти пухта сохташуда ва дигар иморатҳои ёрирасон пайдо шуданд. Ба ақи¬даи бостоншиносон Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович, мавзеи харобаҳои шаҳристони Ҳулбук 70 га масоҳатро ишғол мекунад, ки дар қисми он имрӯз бозор ҷой¬гир шудааст. Дар солҳои 50–60 асри 20 дар мавзеи Қурбоншаҳид теппачаҳои зиёде воқеъ буданд, ки сокинони деҳа ин теппачаҳоро канда, хиштҳои онро барои сохтмони хона истифода кардаанд. Харобаҳои шаҳри Ҳулбук дар де¬ҳаи Қурбоншаҳиди Восеъ бори аввал солҳои 1953–54 аз тарафи бостоншиносон Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович пайдо ва таҳқиқ шудааст. Аз соли 1957 то охири сол¬ҳои 80 бостоншинос Э.Ғуломова дар ин хароба ҳафриёт кардааст. Ҳангоми ҳафриёт аз харобаҳои Ҳулбук беш аз 5 ҳазор шикастпора ва лавҳаҳои гуногуни гачи кандакорӣ ёфт шудаанд, ки бо нақшу нигори хеле зебои ҳандасӣ ва хатти кӯфӣ оро ёфтаанд. Тимсоли ду мусиқинавозро, ки Э. Ғуломова соли 1984 аз толори қасри шоҳони Хатлон пайдо кардааст, аслаш дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст. Ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бостоншинос Ю.Яъқубов солҳои 2004–05 харобаҳои Ҳулбук¬ро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, собит намуд, ки дар ин мавзеъ қасри ҳокимони Хат¬лон ҷойгир буд. Ибни Ҳурдодбеҳ инчунин аз мавзеи Нозкӯл ва аспҳои хатлонӣ ёд мекунад, ки дар ҳудуди деҳаи Қайнари но¬ҳияи Восеъ ҷой¬гир аст. Асли Қайнар, ба қавли сокинони деҳаи Кадучӣ, аз номи Искандари Зулқарнайн падид омада, аз сабаби душвории талаффуз шакли Қайнарро гирифтааст. Харобаҳои шаҳристони Қайнар, ки тақрибан 150 га заминро фаро мегиранд, аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёту таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Шаҳри Кӯлоби кунунӣ тахминан дар фосилаи 16 км шарқу шимолтари Қайнар ҷойгир буда, мутобиқи маълумоти маъхазҳо дар атрофи он мавзеи Дашти Дилию харобаҳои Манзартеппа воқеъ будаанд. Шаҳрҳои қадимии Восеъ бар асари тохтутози муғулҳо ва сулолаи Шайбониён хароб шуда, ба ҷойи деҳаҳои куҳан деҳаҳои нав бунёд шудаанд.

Ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли баҳор хеле мусоид аст. 

Сайёҳоне, ки ба ноҳияи Восеъ меоянд асосан тамошоро аз Қалъаи Ҳулбук-пойтахти Хуталон (асрҳои 9-11) оғоз менамоянд. 

Дар маркази ноҳия 1 адад меҳмонхона, 4 адад тарабхона бо 500 ҷойи нишаст.

Вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳия 1 адад осорхона, 4 адад мавзеъҳои таърихӣ-бостоншиносӣ, 1 адад мавзеи табиӣ, 2 адад истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла Осорхонаи Ҳулбук, Шаҳраки Манзартеппа асрҳои 12-14, Қабристони Ғелот ҳазорсолаи 2-и пеш аз мелод, Қалъаи Ҳулбук пойтахти Хуталон асрҳои 9-11, Қалъаи Кайнаҳр асри 8, мавзеъи табии Куҳи Хоҷа-Муъмин, истироҳатгоҳи «Тосқалъа» ва «Закариёи Розӣ» мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Восеъ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳунармандони ноҳия дар ярмаркаҳо ва чорабиниҳои гуногуни ноҳиявиву ҷумҳуриявӣ пайваста фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳунармандони чирадаст-Гулнора Камолова бо бофандагӣ, Моҳшариф Шарифова бо чакандӯзӣ, Майрамбӣ ва Адолат Раҳмонова бо тарроҳии либосҳои миллӣ ва Гиёева Гуландом бо дӯзандагӣ дар ноҳияи Восеъ ҳочат ба муаррифӣ надоранд ва хурду калон онҳоро хуб мешиносанд.   

 

Фарҳанг ва сайёҳӣ

Дар ноҳия 56 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 30 китобхона, 22 муассисаи клубӣ, як мактаби бачагонаи санъат, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва гулгашти Рӯдакӣ мавҷуд аст. Фаъолияти бонизоми онҳо тавассути дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2017-ум 6 бинои китобхона дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот таъмиру азнавсозӣ шуда, бунёди китобхона дар Ҷамоатҳои деҳоти Гулистону Тугарак идома дорад. Лоиҳаҳои азнавсозии бинои клубу китобхонаи деҳаи С.Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистон ва Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов мавриди омӯзиш қарор доранд. Соли гузашта бобати дастгирии соҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ либосҳои саҳнавӣ ва 4200 сомонӣ китобҳои тозанашр харидорӣ шудааст. 

Вобаста ба эълон шудани Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсиси осорхонаи кишваршиносии Ғелот, корхонаи хонагии таъмири асбобҳои зарбӣ бо номи "Доира", таҳия ва чопи китоби фарогири мавзеъҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, беҳтарин шахсиятҳои фарҳанг ва буклети ранга барои дӯконҳои "Армуғон"-и ноҳия аллакай оғоз шуда, итминони комил аст, ки масъулони соҳа дар ин самт масъулияти бештар зоҳир менамоянд. 

Дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи таърихӣ ба монанди қалъаи Ҳулбук, шаҳри қадимаи Манзартеппа, ҳавзи Қайнар, қабристони қадимаи Ғелот ва ғ. мавҷуд мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2017 ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» 5037 нафар меҳмонон ташриф овардаанд, ки аз онҳо 371 нафарашон меҳмонони хориҷӣ, 1837 нафар меҳмонони дохилӣ ва 2829 нафар хонандагону донишҷӯён мебошанд. 

 

Варзиш

Ноҳия 193 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, варзишгоҳ, 21 толори вар-зишӣ, мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон ва майдончаҳои оммавии варзишӣ дорад. Дар Восеъ 22 мураббӣ, аз ҷумла 2 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 Мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. 

 

Шароитҳои табиӣ ва иқлим

Релефи ноҳия ноҳамвор буда, қисми шимолиашро нишебиҳои қаторкуҳи Вахш, шимолу шарқашро нишебиҳои қаторкуҳи Ҳазрати Шоҳ, ғарбиашро нишебиҳои куҳи Ҷилонтоғ ва қисми ҷанубиашро ҳамвории водии дарёҳои Сурхоб ва Ёхсу ишғол кардаанд. Нуқтаи баландтаринаш аз сатҳи баҳр 4088 метр, пасттаринаш 450 метр мебошад.

Иқлими ноҳияи Восеъ, новобаста аз он, ки дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, гуногун аст. Дар ин ҷо ҳам барфу яхбандӣ ва ҳам иқлими субтропикии хушк дида мешавад. Сатҳи боришоти миёнаи солона то 300-400 миллиметрро ташкил менамояд. Дар фасли зимистон ҳарорати хунуктарини ҳаво аз -8оС то -12оС дараҷа паст фаромада, ҳарорати гармтарин дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна аз +30оС то +40оС мерасад. 

Ноҳия дорои захираҳои бойи об мебошад. Ноҳияи Восеъро дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб аз тарафи ҷанубу ғарб ва ғарбу шимол чун миёнбанд иҳота кардаанд. Инчунин “Кӯлоб-дарё” ҳамчун манбаи обтаъминкунӣ истифода мешавад.

 

Олами наботот

Олами набототи водӣ ва доманаи куҳҳо биёбонӣ ва нимбиёбонист. Қисми миёнаи куҳҳоро дарахту буттаҳои гуногун (зирк, ирғай, заранг, фарк, бушол), дарахтони мевадор (чормағз, бодом, дулона, себ, олуча ва ғ.) ва аз он болотарро марғзорҳои субалпӣ ва алпӣ фаро гирифтаанд.

 

Олами ҳайвонот

Олами ҳайвоноташ низ гуногун бу¬да, гург шағол, рӯбоҳ, нахчир, гуроз, кабк, мурғобӣ, бедона, уқоб ва ғайра мавҷуданд.

 

Кишоварзӣ

Соҳаи асосии хоҷагии Восеъ кишоварзӣ буда, пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва зан¬бӯр-парварӣ ривоҷ ёфтааст. Ноҳия 2373 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), аз ҷумла 993 хоҷагии пахтакор ва 22 хоҷагии ҷамъиятӣ дорад. Тамоми заминҳои ҳудуди ноҳия 76,6 ҳазор га (2013), аз он 1153 га боғу токзор, 33173 га заминҳои кишоварзӣ, 13511 га заминҳои обӣ, 19633 га ғалладона, 622 га барои зироати хӯроки чорво, 9700 га пахта, 1669 га сабзавот 497 га зироати по¬лезӣ, 404 га картошка, 558 га зағир ва 90 га зироатҳои дигар мебошад. 

Дар Восеъ соли 2013 Маркази савдои «Султони Кабир», ки аз тарафи соҳибкор Аваз Кабиров бунёд шуда буд, ба фаъолият оғоз намуд. Восеъ инчунин 14 бозор дорад.

 

Саноат

Дар ҳудуди ноҳия 50 корхонаҳои хурди хусусӣ ва ширкату ҷамъият, 5 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, конҳои намаки «Хоҷамуъмин», «Сорбон», ва «Диловар Н», фаъолият доранд.

 

Саид САИДОВ

Назарҳо нисбати нуфуси тоҷикон дар Афғонистон гуногун аст. Бархе аз қавмгароҳои пуштун мехоҳанд, ки нуфусу нақши тоҷикон дар ин кишварро камранг нишон диҳанд. Аммо тоҷикони ин кишвар бар ин боваранд, ки аксарияти ҷамъияти Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, донишманди тоҷики Афғонистон доктор Ҳамид Муфид зиёда аз 40 дарсади ҷамъяити ин кишварро дар пажуҳиши тозаи худ тоҷик баршумурдааст, ки  «Самак» лозим донист фишурдаи пажуҳиши ин донишмандро бе ягон тағйиру илова пешниҳоди Шумо намояд.  

Доктор Ҳамид Муфид: Анқариб 40 дарсади ҷамъияти Афғонистон тоҷиканд

Дӯстони азиз, қаблан хидмататон арз намуда будам, ки омори нуфуси Афғонистонро дар 34 остон (вилоят) таҳти баррасӣ мегирам ва акнун бо истифода аз манобеъи муътабар ва додаҳои идороти муайян ин корро анҷом додам. Ҳарчанд душвориҳо зиёд буд, вале бо ин ҳама бо диққати болотар аз 98 дарсад ин омор дар муддати наздик ба як сол ҷамъоварӣ ва омода шуд.

Ин омор ҳақиқати талху ширин аст, ба касе ширин ва ба иддаи дигаре талх... 

Бояд ёдовар шуд, ки омори то ҷое дақиқи нуфуси кишвар ба хотири аҳдофи муайян то имрӯз махфӣ буд ва ҳатто то имрӯз низ дар ин маврид фиреб идома дорад. Масалан, чанд сол қабл китобе ба номи “Доиратул маориф” дар мавриди дарсадии нуфуси ақвоми бузурги Афғонистон ба нашр расида буд, ки омори он китоб воқиан хандаовар ва музҳик буд. Дар ин китоб паштунҳо 62%, тоҷикҳо 12 % ва ҳазораҳо 9% зикр гардида буданд, ки бо ин арқоми бебунёд мешавад нависандаи ин китобро падари таассуб номид.

Бояд таъкид кард, ки дар омори мо остонҳое, ки нуфуси зиёд доранд, мардуми онҳо тақрибан бумӣ ҳастанд ва агар нуфуси кам доранд, ноқилин (омада)-анд. Дар омор остонҳо ба ҳуруфи алифбо (форсӣ) оварда шудаанд:

Ҳама нуфуси кишвар 34 миллиону 180 226 нафар

1.Урузгон -  499.800 нафар, паштун 80%, тоҷик 10 % , ҳазора 5%

2.Бодғис - 600 150 нафар, паштун 65%, тоҷик 25%, ҳазора 0%

3.Бомиён - 499 850 нафар, паштун 5%, тоҷик 15%, ҳазора  75%

4.Бадахшон - 1 200 250 нафар, паштун 0%, тоҷик 75%, ҳазора 5%

5.Бағлон - 1000 375 нафар, паштун 15%, тоҷик 50%, ҳазора 30%

6.Балх - 2000 050 нафар, паштун 15%, тоҷик 65%, ҳазора 25%

7.Парвон - 1 000 850 нафар, паштун 5%, тоҷик 85%, ҳазора 10%

8.Пактиё - 600 755 нафар, паштун 65%, тоҷик 20%, ҳазора 5%

9.Пактико - 579645 нафар, паштун 90%, тоҷик 10%, ҳазора 0%

10.Панҷшир - 499 255 нафар, паштун 0%, тоҷик 100%, ҳазора 0%

11.Тахор - 795 541 нафар, паштун 15%, тоҷик 45%, ҳазора 0%

12.Ҷузҷон - 791 300 нафар, паштун 5%, тоҷик 20%, ҳазора 5%

13.Кунар - 599 305 нафар, паштун 90%, тоҷик 10%, ҳазора 0%

14.Лағмон - 806 972 нафар, паштун 65%, тоҷик 35%, ҳазора 0%

15.Лӯгар - 489 725 нафар, паштун 50%, тоҷик 20%, ҳазора 10%

16.Майдон - Кописо 696 406 нафар, паштун 35%, тоҷик 60%, ҳазора 0%

17.Нангарҳор - 2 035 620 нафар, паштун 85%, тоҷик 10%, ҳазора 0%

18.Нуристон - 397 646 нафар, паштун 5%, тоҷик 5%, ҳазора 0%

19.Нимрӯз - 1 005 894 нафар, паштун 10%, тоҷик 15%, ҳазора 0%

20.Ҳирот - 2 549 740 нафар, паштун 15%, тоҷик 65%, ҳазора 20%

21.Ҳилманд - 1 003 459 нафар, паштун 85%, тоҷик 5%, ҳазора 5%

 

Се қавми бузург ба асоси дарсадӣ:

Тоҷикҳо - 39,64%

Паштунҳо - 34,67%

Ҳазораҳо - 12,65%

Бақия ақвом - 13, 04%

Азизон, аз ироъаи ин омор ҳадафи сӯ надорам, хостам ба қишри бузурги ватандорони худ хидмате карда бошам. Мавзӯи аксарият ва ақалият назди мардуми чизфаҳм аҳамият надорад ва гузаштаҳо гузашт ва сабти таърих шуд ва хуб аст, ки дар ҷомиае ба номи Афғонистон зиндагии бародарона дошта бошем. Худованд ҳама ақвоми Афғонистонро ба дӯстиву бародарӣ ҳидоят фармояд.

Шанбе, 25 Август 2018 16:09

Номаи падари камбағал

Ҳаёт аҷиб аст. Бисёр маврид моро фиреб медиҳанду дурӯғ мегӯянд. Мо, тоҷикон, гӯё ин ки ягон ҳодисае рӯй надодааст,  ба чунин тақаллубкориҳо оромона  таваққуф кардаву  хоҳони он мешавем, ки ҳамаи ин паси сар мешавад. Мабодо гапе нашавад…

Медонем, ки   моро фиреб медиҳанд, аз мо истифода мебаранд ва худи мо бе  қути лойамут мемонем. Ин ҷо ибораи дӯстдоштаи  қаҳрамони ҳикояи машҳури нависандаи рус А. П. Чехов, Беликов «Одам дар ғилоф», «Мабодо ҳодисае рӯй надиҳад» таъбири тоҷикона мегирад. Мо тангаҳои охирини худро нисор мекунем. Ба он хотир, ки шояд ягон ҳолати нобаҳангоме рӯй надиҳад. Метарсем… ё ин ки ғурури «тоҷикона» дорем. Гӯё ин , ки ҳамин хел буданаш даркор аст. Мабодо, ки…

Дар баъзе маршруткаҳои шаҳрӣ бояд як сомонию 40 дирамӣ роҳкиро диҳем.   Аммо 2 сомонӣ медиҳему бақия намепурсем. Чунин рафторамон маъмул гаштааст. ҳангоме, ки барои се- чор истгоҳ ронанда ду сомоӣ мепурсаду мусофирро дар ҳолати ногувор мемонад, тоҷики «гапдаро» сарпастӣ мекунад. Мабодо, ки…

«Экспресс»- е,  ки бояд мувофиқи қоида аз аввали  хатсайр то ба охираш, бе истгоҳ мусофиронро бурда расонад, сари ҳар 30 - 40 қадам,  барои касе ки даст афшонад, мошинро манъ кардаву боиси ба кору дарс дер мондани донишҷӯён ва дигар мизоҷон мегардад.  Ба ҷои 12 нафар, дар маршутҳои такси  14 – 20 нафарро савор мекунанд. 

Дар троллейбусу автобусҳо  ҳар як дақиқа  дар экран нархи роҳкиро навишта мешавад.  Тоҷики саховатманд 2 сомонӣ  роҳкиро карда, бақия намепурсад. Роҳкиро барои  троллейбус мувофиқи фармони ҳукумати  шаҳр 70 дирамиро ташкил медод. Мувофиrи қарорҳои баъдинаи ҳукумати шаҳри Душанбе нархи билетҳо қимат гаштанд. Ин гуна қиматгузорӣ барои нафаре, ки ҳамагӣ 700 сомон маош мегирад , воқеан вазнин аст.

Дар бисёр оилаҳо  озуқаи ниёзи аввал намерасад, вале тоҷики саховатпеша шиор мепартояд, ки «Бо 40- 50 дирам» бой шудан ғайриимкон асту «парвардигор моро барои чунин садақаву саховатҳо сипосгузорӣ хоҳад кард. Шукри худо, ки фарзандон дар Россия кор карда истодаанду моро фаромӯш нахоҳанд кард». 

Ин як тариқи «худоромкуни»- и тоҷикона аст. 

Барои хонандагони мактабу донишҷӯён, ки дар маршрутка 2 сомонӣ (ба ҷои як сомонӣ) роҳкиро медиҳанд, ин гарон аст. Донишҷӯи бечора аз машғулият қафо монда, мавриди маломати устодон қарор мегирад. Бинобар ҳамин, илоҷе надорад, ки ба троллейбус ё автобусҳои шаҳрии арзонтар ба донишгоҳ ё донишкада расад? Барои   мисол, сайрхати 7, ки мусофиронро ба ду ҷониби шаҳр, «комбинати равғанбарорӣ» ва маҳаллаи «Обшорон», - охири шаҳри Душанбе мерасонад, ғайриқаноатбахш кор мекунад. Тролейбуси рақами 9, ки дар ҳамин хатсайр ҳаракат мекунад, мувофиқи кадом як фармоне бояд, ки дар ҳамроҳӣ бо автобусҳо дар навбати якҷоя бошад, ки ин аз рӯи инсоф нест. Зеро, ки бисёр мусофирон тавассути троллейбус иҷозати бепул рафтанро доранд.  Имтиёздорон маҷбуранд, ки соатҳо чашминтизор монанд. 

Фарзандони мо – мактаббачаҳо аз мо барои «фонди мактаб» аз  20 то 60 сомонӣ, барои таъмир, барои тоза кардани атроф, барои ҳар як ид (ҳатто барои рӯзи ошиқон), барои рӯзи таваллуди  роҳбари синф пул мепурсанд. Мо илоҷе кардаву пул меёбем, ба он хотир, ки мабодо чизе нашавад. Моро ягон қуввае, ҳидоят намекунад, ки ба мактаб рафтаву аз роҳбарон пурсем, ки барои чӣ  ин тавр аст? 

Нафақахурони оддӣ дар Тоҷикистон 185 сомонӣ мегиранду ба хазиначӣ 5 сомонӣ медиҳанд. Барои чӣ? Дар ҷои фурӯши билетҳо, дар истгоҳи роҳи оҳан, дар мавриди дигар ҳуҷҷатҳои даркориро гирифтан, тоҷики саховатпешаи бечора  аз 5 то 50  сомониро «бахшиш» мекунад. Мабодо, ки ҳодисае рӯй надиҳад… 

Мансабдорон аз чунин имкониятҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Яъне, аз ин ҷо бармеояд, ки  мо баъзе мансабдоронро худамон  порахур мекунем, ки оқибати нохуш дорад. Бинед. ки саховатпешагии тоҷикона  ба чӣ мерасонад. Ман, шахсан шоҳиди он будам, ки дар шаҳри Новосибирск, дар  мағозаи калоне, ба як харидор 5 танга,  ки таносуби тақрибан 5 дирами моро дорад, бақия дода натавонистанд. Ошубе бархест, ногуфтанӣ. Занак ба мудирияти мағоза ва ба маъмурияти шаҳрии савдо ариза бурд. Дар ниҳояти кор ба ӯ ҳам тангааш ва ҳам барои зарари маънавиаш маблағ пардохт намуданд.

Дар китоби мубораки «Қуръон» омадааст, ки боигариро эҳтиёт кунеду пулатонро ба ҳар сӯ напартоед, барои оянда ва ояндагонат чизе бимонед. Дурандеш бош. Боигарӣ, ки ёфтӣ, мувофиқи қонуни ислом ба сағираҳои бекас, бехонаҳо, муйсафедон ва ба масҷидҳо закот (хайр) деҳ. Маблағи зиёдатиатро барои сохтани купрукҳо, масҷидҳо, ки солҳо истифода мешаванд, ки садақаи якумра маҳсуб мешаванд, сарф кун  то туро як умр қабилаат ба ёд оварад. Боиси таассуф аст, ки бисёр  бойбобоҳои мо ин гуфтаҳои дини мубини исломро мавриди назар намегиранд. Афсус…

Баъзан аз худ мепурсем, ки: «Чаро дар бахшҳои телевизиони марказӣ ҳамарӯза дар бораи  эҳтиёт кардани қувваи барқ, истифода бурдани лампаҳои каммасраф, доруҳо ва масоили ин эълон пахш мекунанду ягон намоише ё барномае оиди чӣ тавр эҳтиёт кардани пул, дар бораи чӣ тавр истифода бурдани пул, мавриди надодани бақия чизе намоиш дода намешавад?». Барои чӣ чунин барномаҳое монанди «Ҳар як суматро эҳтиёт кун !»,  «Иқтисоди оилавӣ», «Ҳаққатро талаб куну зиёд мадеҳ», «Чӣ тариқ ҳаёти каммасрафро пеш бояд гирифт?» намоиш дода намешавад? Агар оинаи нилгун бештар ҳаёти аслиро нишон медод, хеле хуб мебуд. 

Ман, падарам. 

Сокини шаҳраму дар шаҳр зиндагӣ мекунам ва хизматчиам. Маошам 730 сомонӣ аст. Бояд, ки сарамро ба санг задаву ба ин моҳона зиндагиро пеш барам. Чӣ илоҷ? 

Писари калониам мегӯяд, ки «Падар, барои чӣ ман дар чунин як оилаи камбағал таваллуд шудаам?» .Ман ба ӯ чӣ ҷавоб дода метавонам? 

Дар рӯзи муҳофизатгарони Ватан ҳамон писарам  китоби «Падари бой, падари камбағал»- и Роберти Киосакиро додаву гуфт: «ҳамин китобро хону ба бойшавӣ майл кун!».  Дар ҷавоб ба ӯ гуфтам, ки ман амрикоӣ наяму муъҷизакор низ нестам. Чӣ имконияту тавоноие доштам, дар 59 соли ҳаётам  иҷро кардам. Бойигариро  тариқи ҳиллаву найранг ва фиреб меёбанд. Кам тоҷике ёфт мешавад, ки соҳибкори тоза бошад. Оиди соҳибкории тоза фақат орзу кардан мебояд.

Писарам аз пешам бо табъи нохуш рафт. Шояд ҳанӯз дарк намекунад, ки мо, тоҷикон, чӣ гуна азоби рӯҳонӣ дорем? Яке аз изолатҳои мо—ин худқурбонкунӣ, надонистани ҳараҷу мараҷи хона, беинсофона харҷ кардани  пул, исрофи бемаънӣ  аст.

Бо писарам хайрухӯш карда, худ ба худ гуфтам: «Фарзандам маро бубахш.  Шояд, ки рӯзе расаду ба як маҷрои муайян дохил гардаму яке аз падарҳои бой шавам!»

Убайдулло  РАҲИМОВ, 

рӯзноманигор

саҳ 9 аз 20

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.