.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat

Айни замон дар Тоҷикистон татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия барои  солҳои 2014 - 2020 гузаронида шуда истодааст. Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 таҳти рақами 296 тасдиқ гардида, аз 18 банд иборат мебошад. Роҷеъ ба мавзӯъ  суҳбате доштем бо роҳбари барнома, генерал майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр. 

Лутфан чанд сухан роҷеъ ба пайдоиши ин идея, яъне амалӣ гардонидани барномаи ислоҳоти милитсия мегуфтед?

-Мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки дар тӯли 20 соли охир дар ҳама соҳаҳо, чӣ иқтисодиёт, чӣ сиёсат ва чӣ иҷтимоиёт тағйироти зиёде ба амал омаданд. Табиист, ки ин ислоҳот дар соҳаи ҳуқуқ ҳам мегузарад. Масалан, айни замон дар системаи судии кишвар марҳилаи дуюми ислоҳоти судӣ гузашта истодааст. Аз сабаби он ки Вазорати корҳои дохилии кишвар низ яке аз сохторҳои муҳими мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод намудем, ки  дар системаи милитсия ҳам бояд тағйирот гузаронида шавад. 

- Ислоҳоти мазкур кадом вазифаҳоро дар бар мегирад ва аз кадом стратегияҳо иборат аст?

-Аввалан, соли 2012 ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бобати ислоҳот дар соҳаи милитсия имзо гардид. Дар ёддошти тафоҳум ҳамаи он вазифаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА дарҷ шудааст. Баъдан, моҳи марти соли 2013 стратегияи ислоҳоти милитсия аз тарафи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати давлатӣ масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳукумат дар мӯҳлати муайян онҳоро иҷро мекунад. Соли 2014 барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - нақшаи чорабиниҳое, ки бояд дар мӯҳлати муайян амалӣ гарданд, тасдиқ карда шуд. Дар барнома баргузории 93 чорабинӣ зикр гардидааст. Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо баҳри беҳтар кардани фаъолияти милитсия равона карда шудааст. То имрӯз қариб 70 банди ин барнома иҷро шудааст ва ислоҳот дар милитсия идома дорад. 

- Пас аз ислоҳот дар милитсия кадом тағйирот ба амал меояд? 

-Аввалин тағироте, ки дар милитсия бояд гузарад ва он дар барнома зикр ҳам гардидааст, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳайати шахсии кормандон аст. Дигар ин ки мо бояд ҳамкории мутақобил бо ҷомеаро ба роҳ монем ва шиори “милитсия – ин халқ ва халқ – ин милитсия”-ро шиори  худ гардонем. Сатҳи коррупсия дар мақомот паст бояд гардад, маоши кормандони милитсия баланд бардошта шавад. Илова бар ин, баъзе вазифаҳое, ки ба милитсия мутобиқ нестанд, онҳоро ба дигар сохторҳо гузарондан ба манфиати кор аст. 

- Масалан?

-Имрӯз дар мақомот шӯъбае бар зидди майзадагон кор пеш мебарад. Яъне, кормандони ин шӯъба, дар ҳоли дастгир кардан, майзадагонро ба ҳушёрхона мебаранд. Ин ваколат бояд ба ӯҳдаи Вазорати тандурустӣ гузаронида шавад. Яъне, то ҳушёр шудани майзадагон нигоҳубини онҳоро бояд кормандони Вазорати тандурустӣ ба ӯҳда дошта бошанд. Илова бар ин,  дар мо қабулгоҳи оворагардон амал мекунад, яъне, кор бо оворагардон. Ин ваколат ҳам бояд ба зиммаи Вазорати шуғли аҳолӣ гузаронида шавад. Ин ҳама дар стратегия дарҷ гардидааст. Вале то ҳол Вазорати корҳои дохилӣ ин вазифаҳоро иҷро карда истодааст. 

- Тавре қайд кардед, яке аз самтҳои барнома ва ислоҳоти милитсия ин наздик шудан бо ҷомеа мебошад. То имрӯз барои наздик шудан бо ҷомеа чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

- Ҳамкории милитсия бо ҷомеа, яке аз самтҳои асосии барнома мебошад. Зеро барои ошкор ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ милитсия бояд бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад. Барои ин Вазорати корҳои дохилӣ консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеъаро қабул кард. Баъдан мо 7 шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис додем. Ин шӯроҳо барои ҳамкории зич миёни ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва милитсия мусоидат мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат шӯроҳои ҷамъиятӣ, оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. 

- То имрӯз чанд фоизи ин барнома иҷро гардидааст?

-Аз 93 банде, ки дар барнома омадааст, тақрибан 75%-и барнома, ки иҷрои онҳо аз Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад, амалӣ гардидаанд. 25%-и дигар бандҳои дигари барнома ҳамон бандҳое мебошанд, ки амалӣ гардонидани онҳо маблағҳои калонро талаб мекунад. Масалан дар банди 10-и барномаи ислоҳоти милитсия, ки “таъминоти моддӣ – техникӣ ва воситаҳои махсус” унвон дорад, омадааст, ки таъминоти милитсия бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, таъмин намудани сарулибоси низомии нав, таъмин намудани кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ ва дигар биноҳои маишӣ. Гумон мекунам, ин ҳама бояд марҳила ба марҳила амалӣ гардонида шавад. 

- Ислоҳот ин гузариш аз милитсия ба полис ҳаст? Оё ҳамин гуна пешниҳодҳо буд, ки полис неву ягон номи дигар, масалан: посбон, миршаб ё чизи дигар номгузорӣ шавад?

-Бале, дар вақти таҳияи стратегия чунин пешниҳодҳо низ савдо доданд. Вале таҳлили мо нишон дод, ки дар ҷаҳони муосир аз ҳама номи зебо политсия будааст. Дар тамоми кишварҳои хориҷӣ корманди тартиботи ҷамъиятӣ бо номи  “политсия” зикр мегардад. Аммо мо метавонистем ягон номи дигар гузорем. Масалан дар Фаронса, полисро жандармерия мегӯянд. Вале мо ҳамин политсияро қабул кардем. 

- Маблағгузори барнома кӣ аст?

-Маблағгузори асосии барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳову ташкилотҳое ҳастанд, ки беғаразанд. Аммо маблағгузори асосии барнома ин Созмони амният ва  ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он 57 давлати дунё аз ҷумла Тоҷикистон аъзо ҳастанд. 

- Ба фикри Шумо мардум аз ислоҳоти милитсия то куҷо бохабаранд ва дар ин бобат бо сокинони кадом минтақаҳо вохӯрӣ гузаронидед?

-Дар давоми 4 соле, ки ислоҳоти милитсия идома дорад, қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷамъияти оиди огоҳии ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз ислоҳоти милитсия, вохӯриҳо гузаронидем. Бояд гуфт, ки дар ин вохӯриҳо нозирони минтақавӣ ширкат варзида, аз натиҷаи вохӯрӣ ва рафти иҷроиши барномаи ислоҳоти милитсия ба сокинон кишвар ахборот доданд. Ба ғайр аз ин, дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин рӯзномаи ВКД “Қонун ва ҷомеа” дар ин бора маводи зиёд ба нашр расида буд. 

- Бовар доред, ки ҳама бандҳои барнома ва натиҷаҳои пешбинишаванда дар ислоҳоти милитсия  иҷро мешаванд?

-Агар дар ҳамон шакле, ки донорҳо маблағгузорӣ карда истодаанду Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон моро дастгирӣ карда истодааст кор идома ёбад, боварӣ дорам, ки соли 2020 мо ба полис мегузарем.

Ташаккур!

Мусоҳиб Хуршед Фозилов, МТЖТ

Рӯзи шанбе як нафар ҷавони тақрибан 30 сола ва як духтари 24-25 сола ба хона ташриф оварданд. Онҳо худро кормандони кадом як ширкате муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки хона ба хона гашта, ҳолати оби нӯшокиро дар хонаҳои сокинони пойтахт месанҷанд ва ба сифати он баҳо медиҳанд. “Хуб” - гуфтаму хардуро ба хона даъват кардам. Онҳо аз оби ба хона воридшаванда ба якчанд зарфи стаканӣ рехта, онро бо асбобе санҷиданд. Ростӣ, натиҷа маро тарсонид. Муайян шуд, ки дар оби нӯшидание, ки ба воситаи кран ворид мешавад, элементҳои гуногуни зараровар зиёд буда, барои нӯшидан комилан мутобиқ нест ва сатҳи чиркинии он қариб ду баробар бештар аз сатҳи асосист. 

Гуфтам:

–Мо обро ҳамеша ҷӯшонида, хунук карда менӯшем. 

Ҷавон гуфт:

–Оби ҷӯшонидашуда доред?

–Бале, - гуфтам ва косаи пур аз обро пешашон гузоштам.

Натиҷаи ташхиси оби ҷӯшонидашуда низ нишон дод, ки он барои нӯшидан мувофиқ нест ва ба саломатӣ зиён дорад.

Ба саволи “Чӣ бояд кард?” -духтар иброз дошт, ки мо полоягари об (филтр) пешниҳод мекунем. Агар қабул кунед, онро дар кран насб мекунем ва Шумо ҳамеша оби тозаи нӯшиданӣ ба даст меоред. 

Вақте аз нарху навои полоягар  огоҳ шуда, пешниҳодро қатъиян рад кардам ва пулро аз саломатӣ боло гузоштам, ҷавон варианти дуюмро пешниҳод карда, гуфт:

–Мо метавонем оби тозаи нӯшиданӣ бо нархи арзон пешниҳод кунем. Ҳар вақт, ки ба итмом расид, фармоиш медиҳед, кормандони мо ба хонаатон меоранд.

 Инро ҳам рад намуда, ҳардуро ҷавоб додаму худ ба худ гуфтам:

– Наход обҳое, ки ҳар рӯз мо менӯшем, то ба ин сатҳ ба нӯшидан мутобиқ набошад? Наход мо ҳар рӯз аз обҳои зиёновар бинӯшем ва ба фарзандонамон бинӯшонем? 

Нахуст бояд гуфт, ки шахсан ман ба натиҷаи чунин ташхис шубҳа кардам. Зеро ташхисгарон фурӯшандагони оби тоза ва таҷҳизоти филтрӣ барои об буда, ба хотири фурӯхтани маҳсулоти худ, метавонанд натиҷаро аз будаш  бештар нишон диҳанд. 

Вале ин як тарафи масъала аст. Тарафи дуюми масъала ин аст, ки сифати оби нӯшокие, ки мо дорем, воқеан паст аст. Зеро ҳанӯз зери пиёлаву чойник қум ҷамъ мешавад, зиёд ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки бе таҳшон кардан, нӯшидани он ғайриимкон аст ва лаззати хуб ҳам надорад. Баъдан, новобаста ба он ки пойтахти азизи мо дар поёноби бузургтарин дарёҳо аз қабили Варзобу Ромит қарор дорад, вале оби нӯшокии он ба андозаи зарурӣ ба талабот ҷавобгӯй нест ва хеле беҳбудӣ мехоҳад.

 

41 млн доллари Бонки Осиёии Рушд (АБР)

Бояд гуфт, ки ҳар сол барои беҳтар гардонидани сатҳи обтаъминкунии пойтахт маблағҳо ва грантҳои зиёде ҷудо мешаванд. Тибқи гузориши  нашрияи “Азия Плюс” №60 (1343) аз 9 августи соли 2018 Бонки Осиёии Рушд (АБР) барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе 41 миллион доллар грант ҷудо намудааст. Албатта ин хуб аст. Зеро воқеан низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад ва шояд ин аввалину охирин грантҳое набошанд, ки дар ин самт ҷудо мешаванд, вале ҳамоно камбудиҳо дар самт хеле зиёданд ва обе, ки алъон аз чумакҳои хонаҳои сокинони пойтахт ҷорӣ мешавад аз обе, ки то солҳои истиқлолият ҷорӣ мешуд, хеле фарқ мекунад. Шояд ин пеш аз ҳам ба он вобаста бошад, ки обе ки қаблан аз дараи Варзоб ба Душанбе ворид мешуд, нисбатан тозатар буд. Алъон бошад дар дараи Варзоб ҳазорон бӯстонсароҳову истироҳатгоҳҳо пайдо шуда, тибқи нақли баъзе шоҳидон, ҳатто баъзе канализатсияҳо низ ба ин дарё пайваст карда шудаанд ва об аз сарчашма аллакай чиркин меояд. Дар Душанбе бошад, тоза намудани он заҳмат ва хароҷоти зиёдеро талаб мекунад. 

Тибқи гузоришҳои расмӣ барои пурра барқарор намудани низоми обтаъминкунии пойтахт ва пурра ба талабот мувофиқ намудани он 120 млн доллар зарур аст, вале дарёфти чунин маблағ дар шароити бӯҳронӣ кори саҳле нест. Пас чӣ бояд кард, ки ҳам хароҷот камтар шаваду ҳам сифати оби нӯшокии мо беҳтар шавад? 

 

Таҷрибаи шаҳри Ереван

Таҷрибаи баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ нишон медиҳад, ки аз тоза кардани оби чиркин ва овардани об аз сарчашмаҳои тоза комилан камхарҷтару манфиатноктар аст. Масалан, дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван соли сеюм аст, ки барномаи муҷаҳҳазгардонии низоми обтаъминкунӣ идома дорад. Маблағи лоиҳа ҳамагӣ 20 миллион доллар буда, ташхиси лабараторӣ нишон медиҳад, ки обе, ки ба ин шаҳр ворид мешавад, дар қиёс ба оби дигар пойтахтҳои ИДМ тозатару болаззаттар аст. Об дар шаҳри Ереван на танҳо манбаи табиат ва боигарӣ, балки ба яке аз брендҳои сайёҳӣ низ табдил ёфтааст. Дар кӯчаҳои пойтахти Ереван на танҳо оби кранҳо, балки обҳоеро, ки тариқи фаввораҳо ҷорӣ мешаванд, нӯшидан мумкин аст. Чунки ин обҳо мустақиман аз чашмаҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан мувофиқанд. Чунин сифати тозаи обро дар ҳеҷ кишвари дигари ИДМ дучор шудан мумкин нест. Дар ин шаҳр зарурияте барои харидани оби тоза ҳам нест, муҳим ки ҳар нафар бо худ зарфе дошта бошад, ки онро мустақиман дар кӯча пур намуда, аз он нӯшад. Барои он ки обҳои ин шаҳр мустақиман аз сарчашмаҳо оварда мешаванд, ба таври иловагӣ тоза карда намешаванд. Оби ин шаҳр чун оби чашмасорони кӯҳҳои Тоҷикистон хеле болаззат ва нӯшиданаш гуворо аст. Ҳатто пурсиши миёни сайёҳон гузаронидашуда нишон додааст, ки оби нӯшокии шаҳри Ереван ҳамаро дар ҳайрат гузошта, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кардааст. 

 

Оби дарёи Сиёма

Пас, чаро мо бо истифода аз таҷрибаи арманиҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба чунин шаҳри дорои оби тоза табдил надиҳем? Душанбе барои ин ҳама имконотро дорад ва муҳим аст, ки ин имконот самаранок истифода бурда шавад. Дар солҳои 80 – уми асри гузашта, лоиҳае мавҷуд будааст, ки тибқи он, бояд об аз 50 километрии Душанбе, аз дарёчаи Сиёмаи дараи Варзоб ба Душанбе оварда мешуд ва он ба пуррагӣ пойтахтро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мекард. Президенти аввалини Тоҷикистон, марҳум Қаҳҳор Маҳкамов дар яке аз мусоҳибаҳои охиринаш гуфта буд, ки овардани оби Сиёма ба Душанбе яке аз орзуҳои амалӣ нашудааш аст. 

Зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи мазкур амалӣ нашуд ва мо то ҳол аз оби дарёи Варзоб, ки алъон аз ҳазорон бӯстонсароҳо гузашта, то дараҷае чиркин шуда, ба Душанбе мерасад, менӯшем. Новобаста ба он ки оби мазкур пеш аз ба хонаҳо тақсим шудан, коркард мешавад, вале лаззат ва сифати хубе надорад.

Хеле хуб мешуд, агар лоиҳаи аз дарёи Сиёма овардани оби нӯшокӣ аз нав баррасӣ ва дар амал татбиқ карда мешуд. 

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дуртар аз шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Тибқи гузориши олимон оби Сиёма аз дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Боварӣ ҳаст, ки дар сурати мустақиман ба пойтахт овардани оби мазкур Душанбе аз рӯи сифат ва самараи об аз Ереван ҳам пеш гузашта, бо ба даст овардани маъруфият,  як бреди нави сайёҳиро соҳиб хоҳад шуд. 

Дар баробари оби дарёи Сиёма дар водии Варзоб чашмасорону дарёчаҳои зиёди дигаре низ мавҷуданд, ки дар масофаҳои наздиктар қарор дошта, овардани он хароҷоти камтареро ташкил хоҳад кард. Масалан дарёчаи Хоҷа оби гарм,ки дар 30 километрии шаҳри Душанбе қарор дорад, аз тозатарин ва болаззаттарин обҳо дониста шудааст. Агар оби Сиёма барои пойтахт камӣ кунад, метавон ин сарчашма ва чандин сарчашмаҳои дигарро низ ба он ҳамроҳ намуд. 

 

Ҳама умед ба шаҳрдори Душанбе

     Ман фикр мекунам, алъон вақте фаро расидааст, ки шаҳрдорӣ лоиҳаи кашонидани оби нӯшокии Сиёмак ва бар иловаи он оби Хоҷа оби гарм ва ё дигар сарчашмаҳоро ба Душанбе баррасӣ намояд. Зеро алъон хеле фурсати хуб барои ин фаро расида, нахуст Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амал мекунад, ки бо пешниҳоди пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, баъдан бо Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ чунин умед барои пурра беҳтар гардонидани сифати оби нӯшокӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин замина фароҳам омадааст. Ҳамагон шоҳидем, ки дар муддати кӯтоҳи Раиси шаҳри Душанбе таин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахт чӣ гуна ободу зебо шуда истодааст. Ба истифода додани даҳҳо майдончаҳои варзишӣ, ободу зебо гардонидани боғу гулгаштҳо, таъмир ва васеъ намудани роҳҳо ва даҳҳо мисолҳои дигаре мавҷуданд, ки қобили таҳсинанд. Боварӣ ҳаст, ки дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» татбиқи чунин як лоиҳа пойтахти азизамонро вирди забонҳо хоҳад кард. Умед аст, шарҳдорӣ ба ин масъала таваҷҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, сокинони пойтахтро бо оби тоза ҳаматарафа таъмин менамояд ва лоиҳаи афсонавии “Оби Сиёма” чун НОБ-и Роғун ба воқеият табдил хоҳад ёфт. Зеро замоне ба амалишавии лоиҳаи НОБ-и Роғун на ҳама бовар мекарданд, вале алъон ҳама интизори ба истифода додани нахустин агрегати ин иншооти бузурги ҷаҳониянд.

Ман дар чунин фикрам. Шумо чӣ?

 

Холиқи Муҳаммадназар

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

PS: Идораи редаксияи “Фараж” омода аст, ки баҳсу мунозираҳо ва пешниҳоду андешаҳои дигаронро низ дар ин мавзӯъ нашр намояд. 

Душанбе, 03 Сентябр 2018 17:58

Марги сарбози панҷӣ дар Ванҷ

21-уми август дар баробари мусалмонони дунё мардуми Тоҷикистон низ Иди сайиди Қурбонро бо хурсандӣ  пешвоз гирифта, ҳамдигарро табрику муборакбод мегуфтанд, аммо дар хонаводаи Ёдгоровҳо аз деҳаи Сармантой-2 (қаблан деҳаи ба номи Ленин)-и ҷамоати Озодагони ноҳияи дурдасти Панҷ ғаму мотам ҳукмфармо буд: Волидон ва пайвандон ҷасади беҷони Абдуқаюми 19-соларо интизорӣ мекашиданд.

Шояд хонандаи азиз фикр кунад, ки ҷои тааҷҷуб нест, ӯ ҳам мисли дигар ҷавонони муҳоҷири ҷавонмарги тоҷик маъмулан дар ғурбат, дар шаҳрҳои Русия аз дасти тоссарону «скинхед»-ҳо ё авбошону нарконманҳо ба ҳалокат расидааст. Ин аллакай барои ҳар як оилаи тоҷик чизи маъмулӣ гаштааст ва  коре аз дасташон намеояд.

Аммо, хонандаи гиромӣ, ҷасади ин ҷавонмарги навхати 19-солаи аз зиндагӣ бӯе набурдаро на аз шаҳри ғурбат, балки аз яке аз қисми ҳарбии ватани озоду ободу маҳбубамон -Тоҷикистон ба волидон расонданд.

Наздикони Абдуқаюм (равонаш шод бод) иддао доранд, фарзандашон бар асари латукӯби шадид дар макони хизматаш-қисми ҳарбии Язғулом, воқеъ дар ноҳияи Ванҷ, ки зертобеи отряди сарҳадии Дарвоз аст, ба шаҳодат расидааст, аммо ҳарбиёне, ки ҷасадро ҳамроҳӣ карданд, гуфтаанд, ки «Абдуқаюм аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расидааст ва ҷузъиёти бештаре надоранд».

Пайвандони марҳум дар суҳбат иброз доштанд, ки қазияро ҳамин тавр нахоҳанд гузошт ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҷинояти нобахшиданӣ ҳама талошҳошро хоҳанд кард. Яке аз наздикони марҳум бо қатъият мегӯяд, барои исботи ҳарфаш, ки ҷавон бар асари латукӯб ба ҳалокат расонида шудааст, сабти суҳбати телефонии яке аз кормандони ҳамин қисми низомиро дар даст дорад. Аз он сӯи гӯшӣ, аз ноҳияи Ванҷ гуфтаанд, ки «ин ҷавон мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва нафари ӯро ба марг расонида, аллакай дар боздошт аст», аммо ин корманди қисми низомӣ дар бораи сабабҳои латукӯб, нафарон ва ё нафари ӯро ба марг расонида, маълумоти бештаре надодааст.

Наздикон гуфтанд, ҷасади Абдуқаюми ҷавонмаргашонро соати 18-и рӯзи 21-уми август, дар рӯзи Иди Қурбон ба онҳо расониданд. Ҷисми беҷони сарбози ғурамарги Ватанро намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ ва ҳамчунин, афсарони қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Ванҷ, ҳамроҳӣ мекарданд. Ба қавли эшон, тани беҷони фарзандашон пас аз панҷ моҳи хизмати аскарӣ танҳо барои 15 дақиқа дар хонаи падар меҳмон буд. Пайвандон гуфтанд, мақомот барои шустани ҷасад иҷозат надоданд ва онҳоро мутмаъин сохтанд, ки ҷасад аллакай тибқи суннату шариати исломӣ шуставу кафан карда шудааст.

Абдусалом, тағои сарбози марҳум мегӯяд, мақомот ба наздикон имкон доданд, ки  танҳо рӯи майитро бубинанд. Бино ба гуфтаи ӯ, пас аз кушодани рӯйии ҷиянаш, осори латукӯби шадидро мушоҳида кардаанд: «Аз ҷумла, лабаш дарида, бинияш шикаста ва сару рӯйяш сиёҳу кабуд буд».

Дар ин рӯзи шум натавонистем бо падари ғамзадаи хонадон дар мавриди фарзанди ғӯрамаргаш суҳбат кунем, вале Абдураҳмон -тағои дигари Абдуқаюми ҷавонмарг гуфт, ӯ 5 моҳ қабл, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафта буд.

-Соати 12-и рӯзи 20-уми август, 3-4 соат қабл аз марг, бо Абдуқаюм телефонӣ суҳбат доштам. Хеле хурсанд буд. Гуфт, ки «барои пагоҳ, рӯзи Иди Қурбон тайёрӣ дида истодаем. Ош мепазем». Ҳамаамонро бо ид табрик кард, бо падару модар ва хоҳару бародаронаш ҳам суҳбат карда, бо рӯзи ид онҳоро ҳам муборакбод кардааст - мегӯяд тағои марҳум.

Бино ба гуфтаи Абдураҳмон, оилаи Ёдгоровҳо иборат аз 6 нафар-4 писару ду духтаранд ва Абдуқаюм писари хурдии хонадон шуху боору номус буд. Бо сабаби муҳоҷир ва донишҷӯ будани бародарон, Абдуқаюм аз ёрдамчиёни асосии падар будааст. Новобаста аз ҷавонӣ аллакай касби кафшергарӣ, ронандагиро омӯхта, дар баробари падар, ки сохтмончӣ аст, ин касбро низ хуб аз худ кардааст. Абдуқаюм мақсад доштааст, ки пас аз ба анҷом расонидани хизмати Модар-Ватан сохтмончӣ шуда, ризқу рӯзии хонаводаро бо ҳунару касби ҳалол таъмин созад.

-Аммо ҳайҳот, ки мақсаду ният ва орзуҳои беолоишашро дар ин синну соли ҷавонӣ ба зери хоки сард бурд, - гиря дар гулӯи Абдураҳмон банд мешавад.

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов рӯзи 23-юми август дар як суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки Ёдгоров Абдуқаюм ихтиёран ба хизмати аскарӣ сафарбар шудааст ва мардонавор барои Ватан хизмат кардааст.

-Ҷузъиёти ҳодиса барои мо ҳам то ҳол маълум нест, зеро он ҷо набудем ва гуфта наметавонем, ки чӣ воқеа шудааст. Мақомоти дахлдор аллакай тафтишотро оғоз кардаанд ва рӯзҳои наздик сабабҳои ҳодиса маълум хоҳад шуд,- гуфт Гулов.

Комиссар Гулов боздошти нафареро барои латукӯби аскар Ёдгоров Абдуқаюм тасдиқ ё рад накард, вале гуфт, ҳамхизматон ва шахсони дар гирду атроф қарордошта, мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд: 

-Агар ҷиноят бошад, он ҳатман ошкор ва тариқи телевизион намоиш дода мешавад, то барои дигарон дарси ибрат гардад. Касе, ки ҷиноят содир мекунад, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд,- хулоса кард Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, айни замон нисбат ба ҳолати фавт ё ба ҳалокат расидани сарбоз Ёдгоров Абдуқаюм аз ҷониби Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон санҷиш оғоз гардидааст ва то ба анҷом расидани санҷиш ҷузъиёти бештаре дар ин маврид дода наметавонанд.

Номбурда дар мавриди он ки гӯё нафарони дар латукӯб дастдошта аллакай дар боздошт қарор доранд, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт он ба салоҳияти Прокуратураи ҳарбӣ рабт дорад.

-Агар ҳангоми санҷиш даст доштани ягон нафар дар марги сарбоз ошкор карда шавад, ӯ ҳатман тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва ба сазои амалаш хоҳад расид,- гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев. 

Марги наваскарон ҳангоми адои қарзи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии кишвар дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотӣ дар аксар маврид сабабҳои рух додани чунин фоҷиаҳоро ба худи аскарон рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки беэътиборӣ ва беэҳтиётӣ нисбат ба оинномаву дастурамалҳои қисми низомӣ бештар бо фоҷиа анҷом меёбанд.

Ҳамчунин, моҳи июни соли равон мақомот ҷасади беҷони Давлатов Исмоил Комилович, аскари ҷавонмарги дигареро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар қисми низомии шаҳри Исфара адои хизмат мекард, ба волидон супориданд.

Аз ин қисми ҳарбӣ ба волидони ин ҷавони марҳум гуфтаанд, ки ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар гулӯяш «переловка» дармонда, роҳи нафасашро бастааст ва ин ҳолат боис ба марги сарбоз гардидааст. Марги Исмоил Давлатов дар ҳоле рух дод, ки пас аз ду моҳ муҳлати хизматаш поён меёфт ва ба назди волидон баргашта, бояд  бо номзадаш, ки тӯли 2 сол содиқонаву бесаброна ӯро интизорӣ мекашид, тӯйи арӯсӣ барпо мекард.

Дар баробари гузаронидани санҷиш барои муайян кардани сабабҳои марги наваскари панҷӣ Ёдгоров Абдуқаюм ҳамчунин, комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбози дигари ин ниҳодро тафтиш мекунанд.

Бино ба хабарҳо, сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, ҳангоми дар зодгоҳ дар рухсатии хизматӣ қарор доштан даст ба худкушӣ задааст. Ин сарбоз аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ, дар ноҳияи Ишкошим хизмат мекард ва рӯзи 20-уми август ба назди волидон рафтааст. Пас аз ду рӯз, субҳи 22-юми август ҷасадашро дар назди трансформатори назди манзили зисташон овезон ёфтаанд.

Аз қисми марзбонӣ гуфтаанд, ба Набиев Аваз барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон рухсатӣ додаанд, ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.

Ин сарбоз дар маҳалле, ки худро овехтааст, бо навиштае рӯи хок аз волидон узр хоста, бародарашро бо тӯй табрик гуфтааст.

Наздиконаш гуфтаанд, ки шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд ва субҳ хеста чӣ гуна ва барои чӣ ба ин кор даст задани сарбоз барояшон рӯшан нест.

Шамсулло Фозилов, МТЖТ

Душанбе, 03 Сентябр 2018 17:27

БУҚҚАгӣ

Чунин ба назар мерасад, ки «фарҳанги буққагӣ» ягона рамзи ҷомеаи мансабдорпарвари мо мебошад!

Аслан ба ин ном ва ба ин маънӣ тасаввур кардани як мансабдор гуноҳи ман нест. Ин мансабдоронанд, ки дар мо аз худ чунин як таассурот боқӣ мондаанд. Таҳлили он чи ки мо мушоҳида мекунем, хулосаеро ба бор меоварад, ки дар ҷомеа як фарҳанги хосса бо номи «фарҳанги буққагӣ» ҳукмрон аст.

Вожаи “буққагӣ” шояд дар колаби забони тоҷикӣ маънии чаппа диҳад. Аммо агар дуруст диққад диҳед, инсон табиатан буққа аст. Инро гоҳо ғурур ва ё такаббур ҳам мегӯянд. Вале буққагӣ аз ғурур фарқ бояд дошта бошад.

Ғурур – шинохти худи инсон, пос доштани арзишҳои инсонӣ, фидоӣ будан барои ҳифзи муқаддасот аст. Буққагӣ бошад, баракс, поймол кардани арзишҳо ба поси ҳифзи манфиатҳои шахсии худ, нишон додани он ки ту аз дигарон боло ҳастӣ, муаррифӣ шудааст.

Як навъ пайвастагии инсонро ба ҳайвон хануз дар замони худ файласуф Арасту гуфта буд. Ӯ одамро «махлуқи сиёсӣ» номид. Вақт ин гуфтаҳоро собит намуд. Ва имрӯз мебинем, ҳар касе ба курсии мансаб нишаст, ҳамоно хислатҳои буққагӣ дар ӯ ҳувайдо мегардад. Инсон замоне, ки ҳукмрон шуд, замоне ки «шоҳ» будани худрову «вазир» будани табъашро ҳис кард, худро аз дигарон боло гузоштан мегирад ва кушиш мекунад, ки буққа буданашро атрофиён дарк кунанд.

Аз ин рӯ, мансаб, ҳамон тавре, ки Макиавелли (сиёсатшиноси итолиёвӣ) мегӯяд, василаи расидан ба орзуҳои афсонавӣ ва хушбахтист. Мансабдорӣ марҳалаест кӯтоҳ, ки симои аслии инсонро нишон медиҳад. Баъд аз ин, умре мардум аз собиқ мансабдор ё ба нафрат ҳарф мегӯянд ва ё ба некӣ ёд мекунанд.

Хуш ба холат мансабдор, агар касе пас аз «маргат» ба ту раҳмат гуфт.

Акнун бармегардем сари мақсад. Тули ду ҳафтаи охир мардуми кишвар аз ду воқеаи мубрами рӯз бештар сухан гуфтанд: қимматӣ дар арафаи Иди Қурбон, ва аз тасмими Хадамоти алоқа роҷеъ ба баланд бардоштани нархи симкортҳо.

Шарҳи кӯтоҳ:

1)Қимматӣ дар арафаи иди кулли мусалмонон дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Андешаҳои Сайид Ҷамолидини Афғонӣ ба хотир расид: «дар Ғарб ислом нест, вале мусалмонӣ ҳаст, дар мо ислом ҳаст, вале мусалмонӣ нест». Мушкил нест мушоҳидаи он ки бо фарорасии чунин маъракаҳои муҳим шумораи буққаҳо меафзояд. Ин маротиб низ ҳар ки буққа буд, дар бозор ҷо гирифт, молашро фурӯхт ва муфт пул ёфт.

2)Тасмими Хадамоти алоқа шояд аз гармтарин бахсҳо миёни мардум ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аммо Хадамоти зиддиинхисорӣ хомӯш аст. Ҳеч як вазорати дигар намегӯяд, ки бас аст ин буқкагӣ. Ҳеҷ як вакили Маҷлиси намояндагон, ки манфиатҳои мардумро бояд ҳимоя кунанд, садо баланд накарданд. Ширкатҳои мобилӣ табиист, ки вокуниш нишон намедиҳанд, зеро аз ин иқдом онҳо бештар фоида мегиранд.  Пас ин буқкагӣ нест?

Ба 250 сомонӣ расидани нархи як симкорт шуру шанги зиёд хезонд. Шуру шанге, ки ба гӯши мансабдорон нарасид ва расиданаш ҳам имкон надорад.

Чунин менамояд, ки ё мансабдорон бо қабули қонунҳову пешгирии иқдомҳо сабри мардумро месанҷанд ё воқеан, ҳис кардаанд, ки онҳо буққаанд ва дигар ҳеҷ касе наметавонад садди роҳашон шавад.

Гумонам замоне расидааст, ки буққагиро қатъ ва мардумро қадр бояд кард.

Ҳадди ақал ба ҳамон андозае, ки шуморо қадр мекунанд ва ба поси он ки ба Шумо бовар доранд!

Диловар Салимов,

“Фараж”

саҳ 8 аз 20

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.