.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat
Шанбе, 05 Январ 2019 15:41

Дилсардӣ

Аз якуми январи соли 2019 дар саросари Россия ва барои намояндагони дигар кишварҳое, ки шаҳрвандии ин давлатро доранд, ислоҳоти куллӣ ба амал омад. Ин ба яку якбора панҷ сол боло бардоштани синну соли нафақа марбут мебошад. Лоиҳаи ислоҳот якум маротиба 16-уми июни соли 2018 ироа ва қабул гардид, ки ин бесабаб набуд. Дар ҳамин шабу рӯз қаҳрамонии ҷаҳон дар Россия оғоз гардида буд. Дар шаҳрҳои калони Россия, ки ин мусобиқа барои ҷоми қаҳрамонӣ оғоз гардида буд, кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамаи рӯйдодҳои ҳаррӯза ва соатинаро зери назар доштанд. Гузаронидани митингу ҳамоишҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳо аз тарафи муқобилони ислоҳоти ҳукуматӣ дар бораи баланд бардоштани синну соли нафақа маъние надошт.

Бо супориши сарвазири Ҳукумати Россия Дмитрий Медведев лоиҳа дар якум хониш қабул гардид. Ногуфта намонад, ки президенти Россия Владимир Путин ҳанӯз соли 2005 ба тамоми шаҳрвандони Россия ваъда дода буд, ки то он вақте, ки ӯ президенти Россия аст, синну соли нафақа баланд бардошта намешавад. Ана қавлу ана вафо!!!

Тибқи нақша аз 1-уми январи соли 2019 синну соли ба нафақа баромадан барои мардон 65 сол ва занҳо 63 сол муқаррар гардида буд. Шуруъ аз қабули ислоҳот дар лоиҳаи қонун дилсардии шаҳрвандони Россия нисбат ба Путин ва ҳукумати ӯ оғоз гардид. Путин медонист, ки занҳо дар Россия дар оила ва дар ҷилави оиладорӣ нақши асосӣ мебозанд. Аз ин рӯ, барои нарм намудани дили бонуҳои рус, дар он пешниҳодҳое, ки 300 иловаҳо ба ислоҳотро доштанд, «таклиф» ба миён гузошт, ки синну соли нафақаи занҳо 3 сол кам, яъне то ба 60-солагӣ ва серфарзандон то 56-солагӣ муайян гардад. Инро як навъ «гузашт»-и путинӣ низ номидан мумкин аст.

Дар ироаи дуюми лоиҳа, ки 26-уми сентябр мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, қонун аз тарафи ҳизби «Россияи воҳид» («Единая Россия») қабул гардид. Ба ҳама маълум аст, ки дар Думаи давлатии Россия сафи якаросҳо хело зиёд аст. 27-уми сентябр оҷилона ироаи сеюми лоиҳа баргузор гардидаву қабул шуд. 3-юми октябр лоиҳаи қонун аз тарафи Шӯрои Федератсия дастгирӣ ёфта, ҳамон рӯз президент Путин ба ин қонун барои амалӣ гардиданаш имзо гузошт. Мавриди таваҷҷуҳ аст, ки то интихоботи президентӣ, ки 18-уми марти соли 2018 баргузор гардида буд, дар бораи ба синну соли ба нафақа баромадан тамоман кам ҳарф зада мешуд.

Ҳамин тариқ, ногаҳонӣ ва бидуни тариқи райъпурсиву ҷамъ овардани афкори умум ислоҳот даровардан дар ин қонун боварии шаҳрвандони Россияро нисбати Ҳукумат, парламент ва бахусус президент ба костагӣ оварда расонид. Аллакай дар ду ҳафтаи баъди эълони ислоҳот Путин 14 фисади рейтингашро тибқи райъпурсии гуруҳҳои муайян аз даст дод (62% - 14 = 48 %). Кӯшишҳои ҳукуматӣ барои бартарӣ доштани ин ислоҳот фоида набахшид. Ба ғайр аз дилсардии шаҳрвандони одӣ, мутахассисони соҳавӣ арз доштанд, ки он далелҳое, ки ҳукумат тариқи ҳисоботҳои оморӣ мехоҳад худсафедкунӣ кунад, бемавриду беасос мебошанд. Дар ҳамин ҷода мутахассисони рус исбот намуданд, ки қисми зиёди аҳолии Россия (бахусус мардон) то синни нафақа (65-солагӣ) намезиянд (омор ҳисоби миёнаи умри русҳоро 72,5 сол муайян кардааст).

Пиршавии аҳолӣ на танҳо масоили дардовари Россия аст, балки дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ин ҳолат оварда расонидааст. Баъзан дар ин ҳолатҳо давлат маҷбур мешавад, ки синну соли нафақаро боло бардорад.

Аммо далелҳои дар боло овардаи муаллифони қонун номуайян аст. Давлате, ки дар ҷаҳон аз ҳама зиёд замину боигарӣ, нефту газ, канданиҳои фоиданок, тиллову нуқра, уран, ҷангал ва даҳҳо дигар боигариҳо дорад, оё метавонад шиква аз камбизоатӣ, ё худ нарасидани маблағ барои нафақапулии қисми қариб мадфуншавандаи аҳолиаш намояд? Ба як саволе хонандаи гиромӣ мебоист ҷавоб ёбад, ки чи тавр боло бурдани синну соли нафақа ҳолати демографӣ, таваллудро зиёд мекарда бошад, вафотро камтар мекарда бошад, ба муқобили шаробнӯшии марговар мебаромада бошад?

Ба гуфтаи таҳлилгарон, боло бардоштани синну соли нафақа марбут ба буҳрони иқтисодӣ мебошад. Як гуруҳи дигари таҳлилгарон бошанд, ба хатоҳо роҳ додани сиёсати берунаи Россияро нисбати масъалаи Қрим асос медонанд. Ҳамчунин, хароҷоти зиёда дар гузаронидани қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ва олимпиадаи Сочиро сабаби буҳрони иқтисодӣ мехонанд.

Раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма бе ягон мулоҳиза чунин ҷавоб дод, ки агар аҳвол ҳамин бошад, аҷаб нест дар Россия умуман нафақа барҳам дода шавад. Магар чунин ақида аз тарафи як мансабдори сатҳи олӣ дуруст аст?

Аммо раиси Ҳизби коммунистӣ Г. А. Зюганов дигар ақида баён намуда буд. Ба гуфтаи ӯ, сабаб ва далелҳои пешниҳодгардида аз тарафи ислоҳотгарон бардурӯғ нишон дода шудааст. Тибқи гуфтаи сарвари коммунистон, андози зиёда, дуздии олигархҳо, кам накардани шумораи мансабдорон, ба хориҷа интиқол додани боигарӣ ва қоғазҳои қиматнок сабабгори буҳрони иқтисодӣ гардидааст.

Фраксияи «Россияи боадолат» («Справедливая Россия») 19-уми июн ба Думаи давлатӣ лоиҳаи алтернативиро пешниҳод намуд, ки дар он баланд бардоштани синну соли нафақа то соли 2030 бояд мавқуф гузошта шавад.

Дар мамлакати бойтарини дунё аз ҷиҳати боигарӣ, сармоя, нефту газ ва замин чунин як баҳонаҳое эҷод намудан ногуфтанист. Дар ҳошияи ҳамин ақида гуфтанием, ки мансабдороне чун Г. Греф, О. Василев ва вазири молия А. Силуанов ислоҳотро дастгирӣ намуданд.

Ҳизбҳои оппозитсионии ЛДПР (В. Жириновский), СР (С. Миронов), КПРФ (Г. Зюганов) муқобили қабули ин қонун баромаданд. О. Дмитриева ва О. Шеин оид ба нодуруст будани ислоҳот дар қонун рӯирост баромад карданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ба 85 субъекти Россия оид ба ин лоиҳа ҳуҷҷатҳо барои назарпурсӣ равона гардида буд, барои он ки то 17-уми июл ба Думаи давлатӣ пешниҳодҳояшонро ирсол намоянд. Чунин ҷавобҳо танҳо аз 77 минтақа ворид гардиданд. Губернатори вилояти Иркутск Сергей Левченко зидди ислоҳоти ҳукуматӣ баромад карда, гуфт, ки нафақаро аз рӯи зиёд намудани истеҳсолоти меҳнат таҳти назар гирифтан зарур аст.

Қисми зиёди шаҳрвандони Россия аз ҳама минтақаҳо, иттифоқҳои касабаи хурд (духтурон, омӯзгорон, кормандони Академияи илмҳо ва дигарон) зидди баланд бардоштани синну соли нафақа баромаданд. Губернаторони вилоятҳо ислоҳотро дастгирӣ карда, аз тарси вазифа ақидаҳояшонро ошкор накарданд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо, Думаи Ярославл ба Думаи давлатӣ ҷавоб навишт, ки лоиҳа қобили қабул нест, ислоҳот дар ҷомеа шӯр мехезонад, боварии шаҳрвандонро аз ҳукумат мегардонад. Пас аз чунин ибрози назар сардори шуъбаи вилоятии «Россияи воҳид» Михаил Боритский аз вазифа барканор карда шуд.

Моҳи октябр пас аз қабули ислоҳот дар қонун, намояндагони Ҳизби коммунистӣ арз доштанд, ки ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат менамоянд.

Кормандони россиягии иттифоқҳои касабаи фарҳанг ба президент муроҷиат карда, талаб намуданд, ки аз ҷиҳати илмию тиббӣ синну соли ба нафақа баромадан бо далелҳои оморӣ дар бораи касалиҳое, ки дар мавриди кор ба ҳисоб гирифта мешаванд, асоснок гардонида шавад.

Аввалин маротиба дар муддати дурудароз дар 4 вилоят интихоби губернаторонро дуюмбора гузаронидан зарур омад. Дар марҳилаи дуюм номзадҳо ба курсии губернаторӣ, ки намояндагони ҳизби «Россияи воҳид» буданд, дар Хабаровск ва вилояти Владимир аз тарафи Ҳизби либералӣ (ЛДПР) мағлуб гардиданд. Ҳизби ҳукуматӣ дар интихоботҳои минтақавӣ овозҳои афзалиятнокро аз даст дод. Ин ҳолат дар минтақаҳои Хакасия, Иркутск ва Уляновск мушоҳида гардид.

Дар ҳамоиши кӯчагӣ, ки дар шаҳри Москва 28-уми август гузашта буд, 20 ҳазор эътирозгарон иштирок намуданд. Аз лаҳзаи ироаи якуми ислоҳот дар қонун (16-уми июн) то қабули он дар саросари Россия митингу ҳамоишҳо бар зидди қабули ин ислоҳот гузаронида шуданд. 28-уми июл ҳамоишҳои эътирозии серодам оид ба қабули тағйирот дар қонуни нафақа дар Санкт - Петербург, Москва, Нижний Новгород, Қазон, Уфа, Перм, Сиктивкар, Кострома ва Челябинск гузаштанд. Дар семоҳаи дуюм ва сеюми соли 2018-ум 1174 аксияҳои эътирозӣ муқобили ислоҳот ба назар гирифта шудааст. Дар ҳамоиши дар Москва таърихи 28-уми июл гузаронидашуда ба шӯр омадагон истеъфои ҳукумат ва президентро талаб намуданд.

Хонандаи гиромии рӯзнома шояд донад, ки дар аксарияти шаҳрҳои Россия, аз Москва то Якутск муҳоҷирони тоҷике, ки дуюм шаҳрвандӣ - шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ва имконияти ба нафақа баромаданро доранд, меҳнату кор мекунанд. Тоҷикон, ки корҳои вазнину назарногирро бар дӯш доранд, ба умеди он буданд, ки барвақттар, дар синни 60-солагӣ (мардон), 50 - 55-солагӣ (занон) ба нафақа баромада, дами пириро дар ватани худ мегузаронанд. Аммо синну соли нафақа дар Россия якбора 5 сол боло бардошта шуд. Ногуфта намонад, ки тибқи баъзе маълумотҳо, зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд ва қисме аз онҳо дар арафаи ба нафақа баромадан қарор доштанд.

Дар вохӯрии пешазсолинавиаш бо рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ВАО президенти Россия В. В. Путин оид ба ҳамин масъала ҷавоб гардонида истода, гӯё ҳеҷ гапе нашуда бошад, гуфт, ки «худам низ муқобили қабули ислоҳот дар қонун мебошам». Аммо нагуфт, ки яке аз сабабҳои асосӣ - ин дар дасти олигархҳо қарор доштани тамоми боигарии Россия аст. Ин боигарӣ ба хориҷа интиқол мегардад. Андозситонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳоло ҳам тариқи конверт маош додан мушоҳида мешавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бояд иқрор гардид, ки Путин сиёсатмадори барҷаста ва зирак аст. Аз ҳама об доим хушк мебарояд. Дилсардии шаҳрвандонашро каме нагузашта бо дигар амалҳояш нарм месозад. Худи русҳо хуб мефаҳманд, ки айни замон Путин ивазнашаванда аст. Дар Россия, ба ақидаи аксарияти сиёсатшиносон, одаме, ки айни замон ҷои ӯро иваз мекарда бошад, ба назар намерасад.

 

Убайдулло РАҲИМОВ, «ФАРАЖ»

Чанде қабл Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар он раванди рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар зарфи соли равон ҳаматарафа таҳлил карда шуда, доир ба се рӯйдоди муҳими сол (аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани пешниҳоди чоруми Тоҷикистон вобаста ба барномаи об барои солҳои 2018-2028, ба истифода дода шудани агрегати якуми «НБО-и Роғун» ва барқароршавии муносибатҳои дӯстонаю иқтисодии Ӯзбекистону Тоҷикистон) ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 муфассал ахборот дода шуд.

Паёми имсолаи Сарвари давлат дар «Кохи Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, доираи васеи олимону коршиносон ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни кишвар ироа гардида, Пешвои миллат бо як меҳру муҳаббати хоса аз корҳои бузурги созандагию ободкории дар саросари кишвар ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғозгардида ҳарф мезаданд ва ба кулли соҳибкорону дигар сокинони мамлакат, ки дар ин бобат саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, изҳори сипос намуданд.

Дигар ҷиҳати фарқкунандаи Паёми мазкур аз паёмҳои қаблии Пешвои миллат дар он буд, ки Сарвари кишварамон дар ин Паёми хеш аз пурра амалигардонии ду ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ додани ҷумҳурӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакат хабар дода, бобати қабули ҳадафи чоруми стратегӣ - «Саноатикунонии кишвар» пешниҳоди хешро манзур карданд.

Иқдоми мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бамаврид ва саривақтӣ буда, ҷиҳати аз давлати аграрӣ-индустриалӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани кишвари мо мақоми бузургро бозида метавонад.

Роҳбари давлатамон хеле дуруст таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ танҳо бо содироти ашёи хом (алалхусус, пахта) машғул шуда, дар муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ таносуби воридоту содиротиаш манфӣ мебошад ва ин омилҳо, бешубҳа, ғанигардонии заминаҳои андозбандии буҷети давлатиро коҳиш дода, ҷиҳати ҳалли бисёр муаммоҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири худро мерасонад.

Бо мақсади ҳарчи тезтар ноил шудан ба ин ҳадафҳои ба рушди иқтисодии кишвар нигаронидашуда, ҳангоми қироати Паём, Сарвари давлат зарурияти дастгирии доимию ҳаматарафаи соҳибкоронро таъкид намуда, бобати дар тӯли ду соли оянда (солҳои 2019-2020)  аз тамоми намуди санҷишҳо ба пуррагӣ озод намудани ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳангоми ворид намудани ашёи хом барои коркарди субъектҳои истеҳсолӣ, аз андози арзиши иловашуда ва боҷҳои давлатӣ озод намудани соҳибкорон дастур дода, қайд карданд, ки то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бояд на кам аз 22 фоизро ташкил диҳад, зеро амалигардонии ин тадбирҳо баҳри ҳалли бисёр муаммоҳои иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Чуноне ки Сарвари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, рушди соҳибкорӣ ва бунёди субъектҳои истеҳсолию тиҷоратии хурду бузург боиси таъсисдиҳии ҷойҳои иловагии корӣ гардида, мардуми кишварамон бо шуғли меҳнат дар ин коргоҳҳо барои худу аҳли хонаводаашон зиндагии шоистаро таъмин карда метавонанд.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба масъалаҳои касбомӯзии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи донишу тарбияи ахлоқию хештаншиносии онҳо эътибори махсус дода меоянд ва ҳангоми ироаи Паёми имсола низ дар ин самтҳо хеле дастуру супоришҳои судманд дода шуд.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлатамон аст, ки диққати аҳли ҷомеаро ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дараҷаи саводнокии миллат, омӯзиши фанҳои дақиқ, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани дониши мутахассисони ҷавон ҷалб намуда, ба сохторҳои идоракунии соҳаи маориф ва илм ҷиҳати фавран бартарафкунии камбудию норасоиҳои дар ин самтҳо мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Тибқи маълумоти чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, дар даромадгоҳи яке аз донишкадаҳои Африқои Ҷанубӣ бо мазмуни зайл лавҳае овехта шудааст: «Барои аз байн бурдани халқу миллатҳо бомбаи атомӣ ё худ, ракетаҳои байниминтақавӣ зарур нест. Танҳо паст кардани сатҳу сифати дониш ва иҷозат додани фиребдиҳӣ аз тарафи хонандагон дар имтиҳонот, барои ин кор кифоягӣ хоҳад кард!». Яъне, беморонро табиби бесавод мекушад, муҳандиси бесавод сабабгори ба садама дучор шудани биною иншооти азим мешавад, пулу сарватҳоро иқтисоддонҳою муҳосибони камсавод бесамар харҷ мекунанд, ҳуқуқшиносу судяи бесавод боиси беадолатиҳо дар ҷомеа мегарданд, аҳли уламои саводи динии кофӣ надошта ба тафриқаандозӣ дар байни мардум машғул мешаванд, корманди бесалоҳияти ҳокимияти давлатӣ ба қонуншиканиҳои бесобиқа ва сарсонкуниҳои мардум роҳ медиҳад ва дар маҷмуъ, бенизомӣ дар соҳаи илму маориф боиси шикасти давлатдорӣ хоҳад шуд.

Аз ин лиҳоз, якояки моро зарур аст, ки нуктаҳои дар ин бобат зикргардидаи Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, аввалан ба масъалаи куллан беҳтар намудани сатҳу сифати донишомӯзии фарзандону пайвандонамон эътибори махсус диҳем, зеро амалигардонии ҳамаи тадбирҳои рушди бонизоми ояндаи кишвар ба дараҷаи саводнокии сокинони мамлакат, тарбияи мутахассисони ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад.

Супориши Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (алалхусус, русию англисӣ) ва такмилдиҳии сатҳи дониши соҳибкорон низ хеле саривақтию муҳим буда, дар шароити кунунӣ танҳо кадрҳои донишманду забондон ва соҳибкорони варзида метавонанд давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Дар Паёми Президент таъкид гардидааст, ки дар асоси таъмини рушди босуботи иқтисоди кишвар ва бо мақсади ҳарчи тезтар ноил шудан ба зиндагии шоистаи сокинони мамлакат, ҳар сол музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаю стипендияҳо на кам аз 10 фоиз боло бардошта шавад.

Ҳангоми ироаи Паём Сарвари давлат диққати масъулини дахлдорро ба муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, зарурияти такмил додани низоми молияву бонкӣ, шаффофияти таҳия ва иҷрои буҷети давлатӣ, тақвиятбахшии тадбирҳо вобаста ба муаррифии маҳсулоти содиротӣ дар хориҷи кишвар ва дигар самтҳои идоракунии иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд баҳри иҷрои ин ҳадафҳо пешсафу намунаи ибрат бошанд.

Ҳамчун шахси қариб 40 соли фаъолияти хешро дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи мақомоти молияву бонкдорӣ гузаронида, хуб медонам, ки кормандони соҳҳаҳои моливу бонкдории кишвар новобаста аз таъсири омилҳои ҷаҳонишавӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ рисолати касбии худро баҳри сайқалдиҳии фишангҳои молиявию қарздиҳӣ, таъмин намудани устувории молияи давлатӣ, бобати рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар ва ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ, самаранок истифодабарии захираҳои молиявии мавҷуда дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодаанд.

Ҷиҳати ҳарчи тезтар амалигардонии талаботҳои дар Паём зикргадида доир ба беҳтаркунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини шаффофияти раванди иҷрои буҷети давлатию низоми фаъолияти бонкӣ баъзе андешаҳою пешниҳодҳои худро баён карданиам.

Ҳамагон хуб медонем, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ мавриди мониторинги раванди ислоҳоти иқтисодӣ бештар ба масъалаҳои сиёсати молиявию буҷет ва низоми бонкӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шаффофияти раванди таҳияву иҷрои буҷетҳоро талаб мекунанд. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд агар дар сайтҳои электронии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он ахбороти муфассал доир ба раванди таҳияву иҷрои буҷет, заминаҳои андозбандию самтҳои асосии хароҷотҳои буҷетҳои умумидавлатию маҳаллӣ нашр гардида, муаммоҳои дар ин самтҳо мавҷуда баён гардад. Ҳамчунин, вобаста ба қабули таклифу пешниҳодҳои мардум нисбати ташаккули қисми даромад ва хароҷотҳои буҷети давлатӣ, роҳҳои дарёфти захираҳои иловагии ғанигардонии даромадҳо ва истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ ташкил додани нуқтаи телефони озоди «Таклифу пешниҳодҳо оид ба таҳия ва иҷрои буҷет» манфиатовар хоҳад буд.

Бо чунин услуби корбарӣ, мо метавонем ба раванди таҳияи лоиҳаи буҷетҳои умумиҷумҳуриявию маҳаллӣ ҷомеаи шаҳрвандиро бештар ҷалб намуда, таклифу пешниҳодҳои муфидро нисбати маъмурикунонии андозҳо, самаранок истифодабарии захираҳои молиявии буҷети давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои аввалиндараҷаи иҷтимоию рушди иқтисодии кишвар аз сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат дастрас намоем.

Яке аз роҳҳои пурзӯр намудани назорати давлатӣ ба воридоти пурраи андозҳо аз субъектҳои тиҷоратию хизматрасонӣ - ин васеъ ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳамаи муносибатҳои хариду фурӯши мол ва кору хизматрасониҳо ба ҳисоб рафта, дар ин самтҳо солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст. Дар амалигардонии ин тадбирҳо фаъолияти якҷояи сохторҳои бонкдорӣ, мақомоти молияву андоз зарур буда, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи корҳои дар ин самтҳо амалишуда ҳоло нокифоя мебошад ва дар бисёр манотиқи кишвар пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои электронии бонкӣ айни ҳол хеле маблағҳои ночизро ташкил медиҳанд. Муҳлати омодасозии мутамаркази кортҳои бонкӣ барои мизоҷон аз тарафи баъзе бонкҳои ваколатдор хеле кашол меёбад, ки он боиси сари вақт нагирифтани музди меҳнат, нафақаю идрорпулиҳо (стипендияҳо) шуда метавонад. Аз ин лиҳоз, хуб мебуд ваколати ба мизоҷон тайёр карда додани кортҳои миллии бонкӣ ба уҳдаи шуъбаҳои минтақавии бонк низ вогузор карда шавад, ки ин муҳлати омодасозии кортҳоро хеле кам карда, сатҳу сифати хизматрасонии бонкиро беҳтар хоҳад намуд.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи зарурияти истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои энергетикии кишвар (алалхусус, пас аз зина ба зина ба истифодабарӣ додани агрегатҳои НБО-и «Роғун») эътибори махсус дода, изҳори боварӣ намуданд, ки имкониятҳои дар ин самтҳо ба даст овардашуда боиси тақвиятбахшии таъсисдиҳию бунёди коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар тамоми манотиқи кишвар хоҳад шуд ва ин омилҳо, дар навбати худ, сафи муҳоҷирони меҳнатиро аз ҳисоби сокинони давлатамон ба хориҷи мамлакат дар солҳои оянда куллан коҳиш хоҳад дод.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари мамлакат, ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб намудани сафи бештари сокинон ва рушди сайёҳӣ, тибқи пешниҳоди Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд, ки ин иқдом низ шоёни дастгирист ва идомаи мантиқии ҳадафҳои бесобиқаи созандагию ободкории Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар идомаи Паёми хеш, Пешвои муаззами миллат аз иқдомҳои ватанпарастонаи ҷавонон, боло бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дастгирӣ намуда, ҷиҳати тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли наврас, ҷилавгирӣ намудан аз таъсири бади омилҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии иқлим, зарурияти истифодаи сарфакоронаи захираҳои обу замин вобаста ба афзоиши мунтазами аҳолии сайёра (аз ҷумла, Тоҷикистон) дастуру супоришҳои худро дода, изҳор доштанд, ки ҳамагуна мушкилотро мо метавонем танҳо дар муттаҳидӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ паси сар намоем. Дар ин бора сухан ронда, Пешвои миллат бори дигар ба раванди барқарор гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари ба ҳам дӯсти Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки боиси рушди иқтисодию иҷтимоии ин мамлакатҳо хоҳад гардид, баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки чунин тарзи муносибатҳои некхоҳонаи иқтисодӣ ва равобити дӯстона бо ҳамаи дигар давлатҳои дуру наздик маҳаки асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва солҳои оянда хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, қайд кардани онро бамаврид меҳисобам, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии тадбирҳои он ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати тоҷикон ва иҷрои ҳарчи тезтари ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мусоидат хоҳад намуд.

 

Карамулло ОДИЛОВ,

собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ

Фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ ва ҷудо накардани маблағ барои таъмири Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш нигаронии табибонро ба бор овардааст. Муддати се соли охир барои таъмири бинои беморхона аз буҷети мақомоти маҳаллии ноҳия тамоман маблағ ҷудо намегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат даҳҳо муассисаи табобатии муосири муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ сохта шуд, ки ин аз рушди соҳаи тандурустӣ дарак медиҳад. Вале дар ноҳияи Вахш ба ин соҳа чандон аҳамият дода намешавад. Бинои беморхонаи марказии ноҳия се сол аст, ки таъмир намешавад ва имрӯз ҳоли табоҳ дорад.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи мазкур Амиралӣ Сафаров, барои таъмири бинои беморхона аз тарафи буҷет беш аз 3 сол аст, ки маблағ ҷудо намекунанд. Ҳоло беруни бино ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад. Вале, ба замми ин мушкилӣ, табибони беморхона ба корафтодагон хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Манбаъ инчунин нигаронӣ аз он кард, ки аз ҳама чизи ташвишовар дар ин беморхона фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ ва норасоии онҳо мебошад. Гуфта шуд, ки таҷҳизоти ин беморхона аз солҳои 1976 мебошанд ва имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Изҳори ташвиш аз он рафт, ки ба ин беморхона танҳо шахсони камбизоат меоянд. Зеро сокинони доро мехоҳанд дар шароити хуб беморонашонро табобат намоянд. Аммо ин шароитро беморхонаи мазкур надорад.

- Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дорои 225 кати хоб мебошад, ки дар ин давра ба беш аз 5 ҳазор беморон хизмати тиббӣ расонидааст,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур Шариф Ашӯралиев бо изҳори ташвиш афзуд, ки «мо - табибон аз ноилоҷӣ таҷҳизоти асри гузаштаро истифода мебарем. Дигар чора нест. Умеди ягонаи мо дастгирии молиявии Бонки рушди Олмон аст. Аз ҷониби намояндагони ин бонк ваъда шудааст, ки бояд бинои беморхона таъмир шавад».

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо гуфт, ки «орзуи ягонаи мо - табибон - ин муҷаҳҳаз сохтани беморхона бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ аст, ки инро низ ваъда кардаанд. Мо низ монанди табибони беморхонаҳои дигар мехоҳем беморонро дар шароити хуб табобат намоем».

Барои фаҳмидани сабаби ҷудо накардани маблағ давоми се соли охир ба беморхонаи марказии ноҳия ба Раёсати молияи ноҳия рафтем. Аммо сардорро дар ҷойи кор пайдо накардем. Хостем бо муовини он суҳбат намоем. Аммо ӯ гуфт: «Ман бе иҷозати роҳбар суҳбат намекунам». Ин баҳонаест, ки бисёр зердастон ҳангоми муроҷиати журналистон пеш меоранд ва аз посух ба суолҳо мегурезанд. 

Тариқи суҳбати телефонӣ аз раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло дар мавриди ҷудо накардани маблағ давоми се сол барои таъмири бинои беморхонаи марказӣ пурсон шудем. Ӯ гуфт: «Ҳамасола мувофиқи хароҷотнома (смета) аз буҷети ноҳия маблағ барои таъмири бино ҷудо карда мешавад. Аммо ин маблағ кам аст. Мо ду сол боз талош дорем беморхонаро бо дастгирии Бонки рушди Олмон таъмир намоем ва дар ин баробар таҷҳизоти муосирро ба беморхона ворид созем. Оғози таъмири бино аз аввали соли 2019 дар назар гирифта шудааст».

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Маллазода Сайдуло низ қайд намуд, ки дар вилоят чанд бинои беморхонаҳо таъмирталаб мебошанд: «Мо кӯшиш намуда истодаем, ки онҳоро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар аз таъмири асосӣ барорему шароити хизматрасониро барои беморон хуб намоем. Аз ҳоли Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш мо ба хубӣ огоҳ ҳастем ва дар соли 2019 бинои беморхона аз ҷониби Бонки рушди Олмон таъмири асосӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад».

Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш Амиралӣ Сафаров бошад, бо нигаронӣ гуфт, ки «аз харобии бинои беморхона ва фарсудагии таҷҳизоти тиббӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати тандурустии вилоят ва ҳатто Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳанд. Ҳамеша ба мо ваъда медиҳанд, ки кӯмак мекунем. Аммо ваъдаҳо кай иҷро мешаванд, намедонем».

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

Маҳалгароӣ ва «шиносбозӣ» зимни ишғоли вазифаҳои давлатӣ дар кишвар аз мавзуҳои доғест, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар таҷриба зиёд дида мешавад, ки агар роҳбари ягон идора ё корхонаи кӯчаки давлатӣ иваз шавад, раиси нав ҳатман дар фикри дар атрофаш ҷамъ кардани нафарони «боэътимод» мешавад. Дар мавриди иваз шудани раисони ноҳияҳо бошад, ҳоҷати гап ҳам нест. Сабаб чист? Чаро роҳбарон намехоҳанд бо кормандони қаблӣ ҳамдигарфаҳмию ҳамкории солимро ба роҳ монанд? Соҳибназарон бар он ақидаанд, ки роҳбарони нав намехоҳанд сирру асрорашонро «бегонагон» бидонанд, аз ин рӯ, бо ҳар роҳ мекушанд дар кӯтоҳтарин муддат тими худро ташкил диҳанд ва бо миёнравии шахсони «боэътимод» ба вазифаҳои «равғанӣ» «худиҳоро» таъйин кунанд. Ин амал дар аксар маврид норозигии зиёдро ба миён меорад, вале кам нафароне пайдо мешаванд, ки аз рӯи чунин амалҳои роҳбарон шикоят баранд. Онҳо танҳо дар суҳбатҳои алоҳида дар ин маврид суҳбат мекунанд, зеро ба андешаи эшон, шикоятҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъашон нахоҳад буд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо амали иҷрокунандаи раиси ноҳияи Тоҷикобод аст, ки пас аз даҳ рӯзи кориаш ба роҳбари дастгоҳаш амр додааст, то аризаи истеъфояшро бинависад.

Нахустин «амали хайре», ки пас аз ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъйин гардиданаш Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайрат иҷро кардааст, беасос сабукдӯш кардани роҳбари дастгоҳ Иброҳимов Ориф ва ба ҷои ӯ таъйин кардани нафари “худӣ” будааст.

Қабл аз Ҳамидулло Маҳмадшозода, Нодираи Маҳмадисо тӯли ду соли ахир ба ҳайси раиси ноҳияи Тоҷикобод фаъолият мекард ва “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд.

Ориф Иброҳимов, ки аз соли 2013 ҳамчун ҳуқуқшинос дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ифои вазифа мекард, 8 моҳи охир роҳбарии дастгоҳи раиси собиқи ноҳия Нодираи Маҳмадисоро ба зимма дошт.

Бино ба гуфтаи Ориф Иброҳимов, тӯли фаъолияти кориаш ба ҳайси ҳуқуқшинос ва баъдан ҳамчун роҳбари дастгоҳ ягон камбудӣ надошт, вале иҷрокунандаи раиси ноҳия Маҳмадшозода аввалин коре кардааст, ӯро аз вазифа озод намудааст.

- Пас аз даҳ рӯзи ба фаъолият оғоз карданаш, бегоҳи 5-уми декабр раис маро ба утоқи кориаш даъват карда, гуфт, ки “фаъолиятат суст аст ва бояд аризаи аз кор рафтанатро нависӣ”. Ростӣ, ман дар фаъолиятам ягон камбудӣ намедидам, намедонам раис барои чӣ мехост ман аз кор равам. Чун амри раис буд, дигар илоҷ надоштам ва аризаамро навиштам. Қабл аз навиштани ариза вазифаи ҳуқуқшиносро дар ҳукумати ноҳия бароям пешниҳод карданд. Ҳарчанд ман ин пешниҳодро қабул кардам, вале бо гузашти як моҳ аз сӯи раиси ноҳия он ҷонибдорӣ наёфт ва ду-се маротибае, ки хостам оид ба ин масъала бо раис вохӯрам, ӯ қабулам накард,- мегӯяд собиқ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Ориф Иброҳимов.

Бино ба гуфтаи Иброҳимов, илова бар аризаи хоҳишмандона аз кор рафтанаш, аз шуъбаи кадрҳо як намуна забонхатро дар пешаш гузошта, маҷбураш кардаанд, нависад, ки бо сабаби аз уҳдаи вазифа набаромадан ва бемор доштан забонхат нависад.

- Ман рад кардам, вале раиси ноҳия Маҳмадшозода маро ба наздаш даъват карда, таъкидан гуфт, ки “ту дар ихтиёри худат нестӣ, забонхатро ҳатман менависӣ”. Ман ҳайронам, ки навиштани чунин забонхат дар ягон қонун нест, инро аз куҷо баровардаанд!?,- илова кард Иброҳимов.

Ориф Иброҳимов бар он назар аст, ки ба вазифаи роҳбари дастгоҳ таъйин кардани Акбарзода Назрвалӣ холисона нест ва илова бар ин, бо Ҳамидулло Маҳмадшозода хешу табори наздиканд: “Ҳарчанд Маҳмадшозода дар Душанбе кору фаъолият дошт, вале бо Акбарзода аз як деҳаанд. Сардори шабакаи барқи ноҳия низ бародари раис аст, ки инҳо як гуруҳанд”.

Ин дар ҳолест, ки роҳбари феълии дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Акбарзода Назрвалӣ робитаи наздики хешутаборӣ ва зодаи як деҳа буданро бо Маҳмадшозода рад карда, гуфт, чунин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.

- Ҳарчанд мо бо раис зодаи як ноҳия бошем ҳам, вале аз деҳаҳое ҳастем, ки аз ҳамдигар хеле дур воқеъанд. Ягон умумият ва хешутаборӣ надорем. Ростӣ, намедонам чаро ин масъала мавриди баҳс қарор дода мешавад. Агар коргар камбудӣ надошта бошад, роҳбар ӯро беасос аз кор озод намекунад. Камбудии роҳбари қаблии дастгоҳи раиси ноҳия Ориф Иброҳимов дар он аст, ки дар давраи фаъолияташ дар умум қариб 55-60 мактуб бо гузаштани муҳлат беҷавоб мондааст. Ин мактубҳо аз ҷумлаи дастуру супоришҳо ва қарорҳои Ҳукумат, нақша-чорабиниҳои сафарҳои Ҷаноби Олӣ мебошанд. Ягон кор беасос намешавад. Дар асоси ҳамин камбудиҳо Иброҳимов аз вазифа озод карда шудааст,- гуфт дар суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Акбарзода Назрвалӣ, ки як моҳ қабл ба ин вазифа таъйин шудааст.

Акбарзода ҳамчунин гуфт, мувофиқи низомномаи дастгоҳи раиси ноҳия ба вазифаи раиси дастгоҳ шахсе таъйин карда мешавад, ки собиқаи умумии чорсола ва ё аз ду сол зиёд собиқаи соҳаи хизмати давлатӣ дошта бошад: “Ҳарду варианташ ба ман дуруст мегирад, зеро ман давоми ду сол собиқаи хизмати давлатӣ дорам ва беш аз ҳафт сол собиқаи умумӣ дар самти соҳаи ҳуқуқ дорам”.

- Қаблан ман дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекардам, вале бо сабабҳои оилавӣ ба зодгоҳам, ноҳияи Тоҷикобод баргаштам ва ҳамчун ҳуқуқшинос давоми ду сол дар дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият доштам. Хулоса, роҳбар нахост, аз вазифа озодаш кард, тамом!,- гуфт дар хулосаи суҳбат раиси дастгоҳ Акбарзода Назрвалӣ.

Аммо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло зимни як занги телефонӣ бо баҳонаи ба “маҷлис” даромадан суҳбат вобаста ба ин масъаларо барои баъд вогузор кард, вале бо гузашти беш аз як ҳафта дигар ба зангҳои телефонии мо ҷавоб надод.

Коршиносон бар он назаранд, ки чунин амал маъмулӣ аст ва вақте роҳбар таъйин мешавад, кӯшиш мекунад дастаи барояш ошно ва мувофиқро таъсис диҳад, вале дар чунин мавридҳо баҳс сари чизи дигар аст.

Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Рустам Азизӣ амали роҳбаронро маъмулӣ ва ин амалро то андозае дуруст ҳам медонад.

- Дар фарҳанги сиёсии ҷаҳонӣ, вақте роҳбари нав таъйин мешавад, кӯшиш мекунад дастаи барои худаш ошно ва мувофиқро таъсис диҳад, вале баҳс сари чигунагии ташкили чунин гуруҳҳои корӣ дар ҷомеаҳои суннатӣ, ба монанди ҷомеаи мо, ки бегумон аз зумраи онҳост, меравад. Дар мо доираи эътимод маъмулан хеле танг буда, на бар асоси шоистасолорӣ, балки дар асоси пайвандҳои суннатӣ, чун қаробати хунӣ ва дӯстии шахсӣ сурат мегирад,- мегӯяд Азизӣ.

Рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ низ чунин амалро “як таҷрибаи пазируфташуда” мегӯяд, ки зоҳиран раҳбари нав кобинаи худро ташкил медиҳад, то кораш муассиртар шавад.

- Аммо солҳои ахир ин шева хосияти коррупсионӣ гирифтааст ва тағйироти кадрии "аз А то Я" ба ҳамин хотир бештар сурат мегирад,-гуфт Сулаймонӣ.

 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

саҳ 6 аз 76

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.