.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat
Шанбе, 05 Январ 2019 16:03

Дарду доғҳои Дашти Қозӣ

Ба таваҷҷуҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид

Ба таваҷҷуҳи Прокурори вилояти Суғд, муҳтарам Воҳидов Ҳабибулло

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд карданд, ки мубориза бо коррупсия вазифаи на танҳо кормандони мақомоти масъул аст, балки дастгирӣ ва мадади ҳар як шаҳрванд лозим аст, то ин зуҳуроти манфиро дар ҷомеа решакан намоем.

Ҳамчун як шаҳрванд ман дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии сардори хоҷагии Ҷамоли Гулбой, деҳаи Дашти Қозӣ, ҷамоати деҳоти Ёрӣ, шаҳри Панҷакент ба прокуратураи шаҳр ва сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муроҷиат намуда будам. Прокуратура аризаи маро барои тафтиш ба РАНДММК-и шаҳри Панҷакент фиристодааст. 29-уми декабри соли 2018 ман ҷавоби аризаамро гирифтам, ки кушодани парвандаи ҷиноятӣ алайҳи сардори хоҷагии Ҷамоли Гулбой - Камолов Ҷовид рад карда шудааст. Ман аз натиҷаи тафтишот розӣ нестам, чунки муфаттишони коррупсияро фиреб додаанд. Исботу далелҳо чунинанд:

1. Камолав Ҷовид баъди вафоти амакаш Ҷамолов Наҷмиддин баҳори соли 2015 худро сардори хоҷагӣ эълон кард. Маҷлиси интихоботии хоҷагии деҳқонӣ гузаронида нашудааст, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба таври қалбакӣ тайёр карда шуданд.

2. Соли 2017 Камолов ба ду нафар сокинони деҳа, ба Савриев Набӣ ба андозаи 0,06 га ба маблағӣ 6000$ (доллар), ба Баҳриев Меҳрдот ба андозаи 0,08 га ба маблағи 8000$ (доллар) аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии Ҷамоли Гулбой, ки зӯран соҳибӣ карда буд, фурӯхтааст. Исботи он дар сабти навори видеоӣ ҷой дорад.

Ман навори видеоиро 16-уми декабр ба идораи РАНДММК супорида будам, вале онро муфаттишон ба инобат нагирифтаанд, ки сабабаш номаълум аст.

3. Дар давоми солҳои 2017-2018 заминхарон - Баҳриев Меҳрдот ва Савриев Набӣ дар заминҳои харидаашон ду бинои истиқоматӣ - яке дуошёна ва дигаре сохтмонаш ба охир нарасида, сохтаанд. Вақте ки кормандони тафтишот аз раиси кумитаи маҳалла Исмоилов Қамар мепурсанд, ӯ баёнот медиҳад, ки ин биноҳо аз Комолов Ҷовид мебошанд ва ҷиноятро рӯйпӯш мекунад. Чи тавр росташро гӯяд, охир Исмоилов язнаи Ҷовид аст?! “Офтобро бо доман пӯшонида намешавад!”. Тамоми деҳа медонанд, ки он биноҳо ба киҳо тааллуқ доранд. Ин гуна шахси дурӯғгӯй ва фиребгар дар вазифаи раиси маҳалла то кай кор мекарда бошад?! Шояд баъди ба анҷом расидани тафтишот Исмоилов Қ. “чун даллол” ва ”нотариус” биноҳоро ба Баҳриев М. ва Савриев Н. “фурӯшад”.

3-юми декабр ду нафар кормандони агентӣ ба деҳа омада, аз Камолов Ҷ. талаб карданд, ки якчанд нафар аъзои хоҷагии деҳқониро даъват намояд, то баёнот гиранд. Камолов Ҷ. дарҳол якчанд нафар хешу таборони “заминхарон”-ро ҷамъ карда, пешакӣ “гапро пазонда”, онҳоро ба назди муфаттишон бурд. Инҳо мӯйсафеди 82-сола Баҳриев Даврон - бобои Баҳриев Меҳрдот, ки ба хоки Каъба пой монда омадааст ва рӯирост дурӯғ гуфта, изҳор намуд, ки “маҷлиси интихоботӣ” барпо шудааст ва Камоловро ба сардорӣ ӯ пешниҳод намудааст.

Савриев Кӯчмурод - тағои Меҳрдот ва амаки Савриев Набӣ буда, омӯзгоре, ки 50 соли умрашро ба тарбияи фарзандони халқ сарф кардааст, баёноти қалбакӣ дод.

Савриев Ҷобир - тағои Меҳрдот ва амаки Набӣ низ чунин баёнот додааст.

Бердиев Раҷаб ва Каримов Ҳаким - хушомадгӯёни Камолов Ҷовид буда, онҳо низ баёноти қалбакӣ додаанд.

Вале кормандони РАНДММК аз онҳо напурсиданд, ки маҷлиси интихоботӣ кай ва дар куҷо барпо шудааст. Ҳамин тавр, баёнотҳои бардурӯғро гирифтанду рафтанд.

4. Шарҳи навор: Ман навори телефониро ба диск баргардонида, 16-уми декабр онро ба навбатдори Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар шаҳри Панҷакент супоридам. Дар навор яке аз “заминхарон” Савриев Набӣ, ки дар тан жемпери сиёҳ-сафед дорад, дар як суҳбати маҳрамона бо рафиқонаш ҳамаи қиссаҳои заминфурӯшии Ҷовид Камоловро ошкор мекунад. Чаро кормандони Раёсати Агентии мубориза бо коррупсияи шаҳри Панҷакент ин наворро ба инобат нагирифтаанд, ҳайронам. Дар навор Баҳриев Баҳром номбар карда мешавад, ки бо 8000$ (доллар) аз Камолов Ҷ. 0,08 га замин харидааст, ки ӯ падари Баҳриев Меҳрдот мебошад.

Ҳамин тавр, сардори хоҷагии интихобнашуда - “самозванетс” Камолов Ҷовид муфаттишони агентиро бо хешу таборонаш фиреб дод ва аз об хушк баромад. Шояд мақомоти болоӣ сару калобаи ин чигилро ин дафъа кушоянд!?

 

Ато КАРИМ (Ниёзов),

сокини деҳаи Дашти Қозӣ, ҷ/д Ёрӣ, ш. Панҷакент

Заррае гар ҷаҳди ту афзун бувад,

Дар тарозуи Худо мавзун бувад.

Мавлоно

Ягона ошёнае, ки имрӯз қудрати бардошти ҳама гуна рафторҳои инсониятро дорад, Замин аст, ки он барои ҳамагон чун Модар маҳбубу писандида мебошад. Ободонӣ ва масъулияти ҳифзу ободонии он аз тахрибшавӣ бар дӯши мо фарзандони Одам аст.

Дар ҷаҳони муосир рушду такомули илму техника ба ҷое расидааст, ки дигар танҳо тавассути ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ метавон аз офоту бебандуборӣ наҷот ёфт. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриҳое, ки бо қишрҳои гуногуни ҷомеа анҷом медиҳад, ба ҳамин ваҳдату ягонагӣ ишора ва таъкид месозад, ки дӯст бошеду қадри ин ватану миллат ва оромию суботамонро бидонед.

Раванди ҷаҳонишавӣ ба тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа беасар намемонад ва аз ин нуктаи назар, дину фарҳанг ва маънавиёт низ иснисно нест, зеро моҳияти умумиинсонии маънавиёт нисбат ба дигар бахшҳои ҷомеа решаҳои бештаре дар умқи таърих дорад. 

Санаи 12-уми майи сол 2018 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карда буд, ки «барои Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, Ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба шумор меравад». Дар воқеъ, дар қатори дигар кишварҳои мутамаддини олам, сокинони кишвари мо низ дар доираи аҳкоми шариати исломӣ фаризаву воҷиботи диниро дар ҳадди лозим анҷом медиҳанд. Агар ба табиат ва моҳияти ойини муқаддаси Ислом таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ҳадафи аслии он ташаккули ҷаҳони маънавии инсон ва ба камол расонидани шахсияти ӯст, вале, дар баробари ин, бархӯрди абарқудратҳо ба хотири тақсимоти неъматҳои моддӣ ҷиҳати рушди маънавиёт монеаҳо эҷод менамояд ва намегузорад, ки ҷаҳони маънавиёти башар рӯ ба ташаккул орад. Ин аст, ки афкори носолиму шахсиятҳои музир рӯи саҳна меоянду раванди ташаккули маърифату маънавиётро бозмедоранд ва яке аз омилҳои боздорандаи иттиҳод, сулҳу субот ва ҳамбастагии инсоният, ин низоъҳои сиёсиву мазҳабист, ки заминаи асосии онро ифроту тафрит дар ҳама бахшҳои иҷтимоӣ ва тахрибкорӣ ташкил медиҳад. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳеч амали инсон беподош нахоҳад монд. Ба қавли Мавлоно:

Лутфи Ҳақ бо ту муросоҳо кунад,

Лек аз ҳад бигзарӣ, расвот кунад.

Ин ҷаҳон куҳ аст, феъли мо нидо,

Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо…

Моҷароҳои сиёсиву минтақавӣ, низоъҳои мазҳабӣ, муноқишоту табаддулот ва инқилобҳои фарҳангиву иқтисодӣ ба зиндагии рӯзмарраи инсоният таъсири манфӣ мегузорад, ки бадтарин нишонаи он аз байн рафтани раҳму шафқат ва боло рафтани ҷаҳлу ҷаҳолат аст. Ин вазъ барои ҷомеа ва тамаддунҳои солим нигаронкунанда аст ва намегузорад, ки инсоният аз арзишҳои умумибашарии созанда бархӯрдор гардад. Аз инҷост, ки «чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқии озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Таҳлилҳо ва омори мавҷудбуда шаҳодат медиҳанд, ки аксари қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзадаро мусулмонҳо ташкил медиҳанд ва ҳатто чунин бебандуборию даҳшатҳо дар кишварҳои мусулмоннишин рух медиҳанд, ки ин боиси хиҷолати ҷомеаи мусулмонӣ шудааст. Бадбинию ҳасодат, кинаву адоват, худбузургбинию ҷаҳолат ва таассубу ношукрӣ яке аз сабабҳои асосии ин даргириҳост. Зиёда аз 800 сол пеш Мавлоно авомили чунин офатҳоро эҳсос ва баён сохта буд, ки мефармояд:

Дон, ки ношукрӣ бувад шуму шанор,

Мебарад ношукрро дар қаъри нор.

Шукр набвад пешаи он бадрагон,

Ки вафошон ҳаст камтар аз сагон.

Ҳар сагеро луқмаи ноне зи дар,

Чун расад бар дар, ҳамебандад камар,

Посбону ҳориси дар мешавад,

Гарчи бар вай ҷавру сахтӣ меравад.

Носипосию фаромӯшии ту,

Ёд н-орад он асалнӯшии ту.

Мар сагонро чун вафо омад шиор,

Рав, сагонро нангу бадномӣ маёр.

Бевафоӣ чун сагонро ор буд,

Бевафоӣ чун раво дорӣ намуд…

«… Фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю кӯшиш намоянд» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Набояд фаромӯш кард, ки муҳимтарин силоҳ барои инсон ва ҷомеаҳои мутамаддин, ки метавонад онҳоро ҳам ба саодату пешрафт бирасонад ва ё баръакс, ҳам ба бадбахтию бебандуборӣ, илм аст. Агар илм дар ҳаёт бар мабнои хирад татбиқ шавад, омили хушбахтӣ хоҳад шуд ва агар бар асоси манофеи фардию ғараз истифода гардад, василаи шикасту зиён хоҳад буд. Имрӯз илме ба кор меояд, ки илми виҷдонию маънавӣ бошад, ки олими воқеиро ба ҷомеа ҳадя созад. Кашфиёти илмӣ метавонад ҳам ҷомеасоз бошад ва ҳам ҷомеасӯз, яъне илм низ маҳрам мехоҳад. Аз инҷост, ки Мавлоно таълиму мансаб додан ба ноаслу нокасро ҷоиз намедонад:

Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

Додани теғ аст дасти роҳзан.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,

Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.

Илм агар бар тан занад, боре занад,

Илм агар бар ҷон занад, ҳоле занад.

Пас, олим он аст, ки илму фаросаташ бо виҷдону имонаш тавъам аст ва аз инҷост, ки нафъаш ба тамоми башар тааллуқ дорад. Саводу маърифат бояд ҳамеша ба хотири созандагӣ ба кор гирифта шавад. Таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба илму маърифат, аҳли илму зиёро водор месозанд, ки насли навро дар руҳияи илмомӯзию маърифатнокӣ тарбия кунанд: «Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд».

Имрӯз кишварҳои олам ва сокинони онҳо дар талоши рушду такомули худанд ва дар равобити байналмилалӣ бо дигар халқияту давлатҳои пешрафта манфиатдоранд, то дар масири тараққиёт қарор гиранд. Пас, миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ бояд аз чунин раванд бархӯрдор бошад, «танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Набояд фаромӯш кард, ки муҳимтарин сарчашмаи созандагӣ илму маориф ва маънавиёт аст, ки он метавонад моддиётро низ такомул бахшад ва тамоми комёбиву пешрафтҳои миллат низ аз афроди он вобастагӣ дорад. Дар қиболи ин ҳама неъматҳо, арзишҳои оини муқаддаси Ислом, аз қабили раҳму шафқат, садоқату амонат, муҳаббат, таҳаммулу тафаккур ва эҳсону икром дар рушду такомули башар нақши созандаву тақдирсоз дошта, метавонанд ҷомеаро аз фасоди ахлоқӣ наҷот бахшанд. Дар воқеъ, «Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд». Пас, муқаддасот ва арзишҳои Ислом агар дар ҷомеа бе ғаразҳои сиёсӣ мавриди истифода қарор гиранд, омили ташаккули маънавиёт хоҳанд буд. Ба қавли аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт…

 

Сафархон ВАЛИЗОДА, 

муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти бехатарии факултети №6-и Академияи ВКД

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара зодаи истиқлолият буда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №218 аз 2-юми майи соли 2012 дар заминаи Коллеҷи технологии Исфара таъсис ёфтааст. Филиал мувофиқи иҷозатномаи АУ№0002177-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 2016 барои пешбурди фаъолияти таълимӣ барои ҳуқуқ ва мувофиқи литсензия барои тайёр кардани дараҷаи бакалавр аз рӯйи 11 ихтисос иҷозат дорад.

Мувофиқи тақсимоти Маркази миллии тестӣ дар таълимгоҳ аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аксарияти онҳоро тоҷикон ва ӯзбекҳо ташкил медиҳанд. Дар таълимгоҳ аз рӯзи ташкилшавиаш барои ҳамаи донишҷӯён ҳафт талаботи муҳими рақобатпазирии донишҷӯён, аз ҷумла шаш талабот бевосита ба баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин - дониши хуби технологияҳои иттилоотӣ, донистани яке аз забонҳои хориҷӣ ва озодона бо он муошират намудан, дорои малакаи шоҳмотбозӣ будани донишҷӯ ва як талабот зарурати доштани одоби ҳамидаро талқин мекунад.

Дар филиал 74 нафар омӯзгор, аз ҷумла 24 нафар соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ, аз онҳо 2 нафар профессор, доктори илм, 18 нафар номзади илм - дотсент, ду нафар дотсенти беунвон фаъолият менамоянд.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Таҳсил дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар он айни замон 559 нафар (295 нафар буҷавӣ ва 264 нафар шартномавӣ) донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 297 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Мувофиқи сохтори идоравӣ дар филиал, як факултет - факултети технологияҳои саноатӣ ва иттилоотӣ ва се кафедра - кафедраҳои технологияи саноатӣ; технологияи инноватсионӣ; иқтисодиёт ва таҳсилоти касбӣ амал мекунад. Филиал дорои шуъбаҳои таълим ва идораи сифати таълим; илм, инноватсия ва нашрияҳои даврӣ; муносибатҳои байналхалқӣ; рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ва рушди касбият; идоракунии сифати таҳсилот ва инчунин секторҳои мониторинг ва таҳлил, татбиқот ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, масоили иҷтимоӣ ва идораи сиёсати гендерӣ ва маркази идораи сохтмон ва ояндабинии рушд мебошад.

Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз рӯйи 2 гуруҳ ва 11 ихтисоси техникию технологӣ ва омӯзгорию иқтисодӣ мутахассисони дараҷаи бакалавр тайёр карда мешаванд. 

 

Гуруҳи ихтисосҳои 1-ум - «Табиӣ ва техникӣ»

102060201 Технология. Информатика

1360701 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти химиявӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмон

1360901 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока

1362004 Технологияи вакуумӣ ва компрессорӣ

1490101 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ

1500102 Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

136200203 Саноати борпечонӣ (технология ва таҷҳизоти саноати борпечонӣ)

140010201 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар нақшакашӣ ва истеҳсолот)

148010107 Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак

 

Гуруҳи ихтисосҳои 2-юм - «Иқтисод ва география»

125010711 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ

127010120 Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати хӯрокворӣ)

Ҳамаи ихтисосҳои номбурда ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқат менамоянд ва рақобатпазир мебошанд. Мутахассисони аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои дар филиал тайёршаванда ба Стратегияи давлатии ояндабинии рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд, чунки ба онҳо корхонаҳои истеҳсолии маводи сохтмон, ғизо, либос, соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва иттилоот эҳтиёҷ доранд.

Донишҷӯёни филиал дар озмунҳои фаннии Ҷоми Академияи илмҳо соли 2015 як ҷойи чорум аз фанни технологияи информатсионӣ, соли 2016 ду ҷойи чорум аз фанни технологияи информатсионӣ ва биология, соли 2017 як ҷойи чорумро аз фанни кимиё ишғол намуданд.

 

Ихтисосҳои муносибу мувофиқи духтарон

Ташкил ёфтани филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара имконияти хубе барои ҷавонон, алахусус духтарон фароҳам овард. Зеро бо сабабҳои гуногун, аксари духтарон барои хондан ба ҷойҳои дурдаст рафта наметавонанд, ҳарчанд мактабҳои таҳсилоти умумиро хубу аъло хатм кардаанд. Аз ҳамин сабаб дар қатори ихтисосҳои техникӣ-технологии сирф мардона, дар филиал ихтисосҳои ба ҷавондухтарон муносибу мувофиқ низ пешбинӣ шудаанд. Ихтисоси педагогии технология, информатика ва муҳандисии технология ва дизайн аз ҷумлаи онҳост. Якум, агар тайёр намудани омӯзгори фанни технологияи информатсиониро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар назар дошта бошад, дувум, ба тайёр намудани бакалаврҳои таҳиякунандаю тарҳрезикунандаи техникаю технологияи маҳсулоти дузандагӣ нигаронида шудааст.

 

Озмоишгоҳҳо

Дар раванди таълим 18 озмоишгоҳи бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин ду синфи лингафонӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 4 доскаи электронӣ истифода шуда, озмоишгоҳи дӯзандагӣ бо 18 мошини дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ҳамаи онҳо самаранок истифода бурда мешавад. Силсилаи озмоишгоҳҳои технологияҳои саноатӣ аз 7 ҳуҷраи барҳавои озмоишгоҳи таҳлилӣ, озмоишгоҳи назорати технологӣ - кимиёӣ, озмоишгоҳи микробиологӣ, озмоишгоҳи сенсорӣ, озмоишгоҳи маводи сохтмон, озмоишгоҳи кимиёи физикӣ - коллоидӣ, озмоишгоҳи истеҳсолӣ иборат аст.

Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла дар озмоишгоҳи таҳлилӣ рН-метр, рефрактометр, тарозуи аналитикӣ, тарозуи магнитӣ, омехтакунаки магнитӣ, титрометр, ҳаммомчаи обӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Озмоишгоҳи назорати технологӣ - химиявӣ бо таҷҳизоти термостат, колориметр, асбоби «Новосина», таҷҳизот барои ченкунии фаъолнокии об, асбоб барои ченкунии зичии маҳлулҳо, асбоби «ВЧЧижов» ва ғайра ҷиҳозонида шуда, таркиби ашёи хом ва маҳсулоти тайёри хӯрока, моддаҳои хушк дар таркиби онҳо, қанднокӣ, туршнокӣ, намак, муҳити онҳо, зичиашонро ташхис мекунанд.

Озмоишгоҳҳои технологияҳои саноатии донишгоҳ яке аз озмоишгоҳҳои беҳтарин дар шаҳри Исфара ва вилояти Суғд эътироф гардидааст.

 

Хобгоҳи бо маблағи камтарин

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дорои хобгоҳи замонавӣ буда, дар он 54 нафар (45 нафар писар ва 9 нафар духтарҳо) донишҷӯёни аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ба таҳсил фарогирифта зиндагӣ мекунанд. Хобгоҳ бо ҳама шароитҳо таъмин буда, ҷойи ҷомашӯйӣ, инчунин ошхонаи алоҳида дорад. Аз ҳама муҳим он аст, ки хобгоҳ ба донишҷӯён ба маблағи камтарин (40 сомонӣ барои як моҳ) пешниҳод карда мешавад. Дар байни донишҷӯёни ФДТТИ 27 нафар донишҷӯйи бепарастор ва 4 нафар донишҷӯи маъюб таҳсил доранд. Кулли бепарасторон ва маъюбон бо идрорпулии иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар ҳамаи ҳолатҳои кӯмакрасониҳо номи онҳо дар аввал қарор дорад.

Толори варзишии замонавӣ ва майдончаи хурди футбол низ дар хизмати устодону донишҷӯён аст.

 

Таҷрибаомӯзӣ ва парки технологӣ

Дар ФДТТИ ташкил ва гузаронидани ҳамаи навъҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тибқи нақшаҳои таълим ба назар гирифта шуда, инчунин барои донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгорӣ вобаста ба хусусияти ихтисос таҷрибаомӯзии педагогӣ амалӣ мегардад. Барои ҳама навъҳои таҷрибаомӯзӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо аз тарафи олимону устодони ботаҷрибаи таълимгоҳ барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва дигар маводи методӣ таҳия карда шудаанд. Дар давоми солҳои фаъолияти филиали навтаъсис таъминоти методии таҷрибаомӯзии донишҷӯён ба сатҳи дилхоҳ расонида шудааст.

Маркази асосии таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён парки технологии ФДТТИ мебошад, ки аз қитъаҳои таълимию истеҳсолии гуногун, аз қабили устохонаи харротию челонгарӣ, сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, осиёи барқӣ, устохонаи коркарди чӯб ва кандакорӣ, сехи истеҳсоли пойафзол, қитъаи хушккунии офтобии маҳсулот, блоки ягонаи муттамаркази ташхисгоҳҳои ФДТТИ ва ғайра иборат буда, дар ташаккули малакаҳои ибтидоии касбии донишҷӯён ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалияи истеҳсолӣ нақши бузург мегузорад.

Пойгоҳҳои асосии таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни донишгоҳ корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатии таълим, хизматрасонӣ, идораи давлатӣ, бонкҳо, инчунин корхонаю ташкилотҳои шакли моликияташон гуногуни шаҳри Исфара ва вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд. Барои роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзӣ бештар докторон ва номзадҳои илм, инчунин мутахассисони баландихтисос сафарбар карда мешаванд. 

Бояд зикр кард, ки ҳар сол 5 нафар донишҷӯёни ФДТТИ дар доираи ҳамкориҳои берунӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон низ таҷриба меомӯзанд.

Бо Раёсати маорифи шаҳр дар мавриди бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони ихтисосҳои педагогӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳамкориҳои хориҷӣ

Филиал бо барномаҳои LOGO, GeTec - Solutions, GIZ, PRAXX (Олмон) ҳамкорӣ дошта, бо Erasmus +, Erasmus Mundus (Эразмус Мундус), TEMPUS, DAAD, ITEC, CSSTEAP нақшаи дар ояндаи наздик ҳамкорӣ карданро дорад.

Дар 6 соли охир аз тарафи ФДТТИ ба таҷрибаомӯзӣ ба Олмон 38 нафар донишҷӯён, аз ҷумла аз рӯйи барномаҳои LOGO (Хоҷагии қишлоқ ва мувозинати экологӣ дар Аврупои Шарқӣ) 18 нафар, PRAXX (муоширати дуҷонибаи байналмилалӣ - муваффақияти бардавом) 20 нафар фиристода шудаанд.

Аз моҳи сентябри соли хониши равон боз 5 нафар донишҷӯ дар Олмон таҷрибаомӯзӣ менамоянд. 

Тибқи шарномаҳои тарафайни ФДТТИ ва Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон, аз рӯйи анъана, моҳҳои октябр - ноябри соли 2018 як нафар омӯзгор ва панҷ нафар донишҷӯйи иихтисоси технологӣ барои мубодилаи академӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шудаанд. Ҳамчунин, аз Ҷумҳурии Қазоқистон 5 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор барои баланд бардоштани савияи дониши худ ба ФДТТИ омадаанд. Ҳамкории мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо барномаи “Омӯзиши касбӣ ва баландбардории ихтисос дар Осиёи Марказӣ” бо маблағгузории Вазорати иқтисоди Республикаи Федералии Олмон (BMZ) амалӣ шуда истодааст.

Дар 6 соли охир 23 нафар устодони мо аз рӯйи барномаҳои гуногун, аз ҷумла муоширати дуҷонибаи байналмилалӣ - муваффақияти бардавом CSSTEAP (CENTRE FOR SPACE SCINCE AND TECHNOLOGY EDUCATION IN ASIA AND PACIFIC, Ҳиндустон) 3 нафар, GIZ (Барномаи омӯзиши касбӣ дар Осиёи Марказӣ, Олмон) 4 нафар, GIZ (Қазоқистон) 2 нафар, GIZ (Қирғизистон) 7 нафар, GIZ (Ӯзбекистон) 2 нафар, дар Русия 1 нафар, ҳамчунин дар ҳудуди кишвар 4 нафар такмили ихтисос намудаанд.

Филиал инчунин бо 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 муассисаи таълимии олии давлатҳои хориҷи наздик (Русия, Қазоқистон, Қирғизистон) ҳамкорӣдорад.

 

Дастовардҳо

Моҳи сентябри соли 2017 донишҷӯёни ФДТТИ Умеда Каримова ва Хуршеда Юсуфҷонова бо дастовардҳои худ дар Форуми байналхалқии донишҷӯён, магистрантҳо ва олимони ҷавон, бахшида ба 5-солагии Консорсиуми донишгоҳҳои техникии Русия ва Қирғизистон, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок карданд ва сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд.

Бо барномаи нав - Global practicum (Олмон), роҳбари он Томас Меникен, гуфтушунид тариқи Skype баргузор гардида истодааст. Ду нафар донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд.

 

Маркази инноватсионӣ

Дар филиал Маркази инноватсионӣ самаранок фаъолият менамояд. Аз тарафи кормандони ҷавони ин марказ якчанд таҷҳизот, барномаҳо ва системаҳо, ба монанди системаи худкори бақайдгирии омаду рафти донишҷӯён ва кормандон дар даромадгоҳи бинои асосӣ, системаи мониторинги омадурафти донишҷӯён бо воситаи барномаҳои компютерӣ, қайди автоматии давомоти донишҷӯён дар журнали электронӣ, системаи автоматии идораи таълим ва санҷиши донишҷӯён ва баҳогузории омӯзгорон ба сатҳи азхудкунии дарсҳо аз тарафи донишҷӯён сохта ба истифода дода шудааст. Аз тарафи якчанд корманди ин марказ - омӯзгорони ҷавон чароғак дар назди мактаб (светофор по требованию) сохта шуда, дар кӯчаи марказии ш. Исфара насб гардидаву ба истифода дода шудааст.

Барои пешравӣ ва самаранокии сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ аз тарафи омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот комплекси барномаҳои «Системаи идоракунии донишгоҳ» таҳия гардидааст, ки аксарияти фаъолияти кормандон ва маъмурияти донишгоҳ автоматикунонӣ шудааст.

Дар 2 соли охир аз тарафи устодон ва донишҷӯён дастгоҳҳои таҷрибавии амалкунандаи хокнармкунаки (плуги) механикӣ, модели истеҳсоли барқ (барқтавлидкунандаҳо) аз ҳисоби соиши чархҳои автомобилҳо, тобаи офтобӣ барои пухтани гаҷи сохтмонӣ ва хӯрок, дудпазӣ ва ғайраҳо таия гардидаанд.

Дар болои дарёи Исфара нерӯгоҳи таҷрибавии обии барқ бунёд гардидааст. Иқтидори ин нерӯгоҳ вобаста аз миқдори оби дарёи Исфара аз 25 то 200 квт-ро ташкил медиҳад, ки ин иқтидор талаботи филиал ва литсейи рақами 5-ро ба ғайр аз се моҳи зимистон, бо барқ пурра қонеъ менамояд.

Олимон ва кормандони филиал ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба 5 навъи маҳсулоти ивазшавандаи аз хориҷ воридшаванда лоиҳаҳои Бизнес-нақшаи истеҳсолотӣ пешниҳод намудаанд:

1. Рушди истеҳсоли пойафзол.

2. Истеҳсоли нони гандумӣ - ҷуворимаккагӣ.

3. Ташкили корхонаи хурди истеҳсоли фосфоритикони Исфара.

4. Истеҳсоли СО2 экстрактҳо.

5. Истеҳсоли йогурт.

Аз тарафи устодони филиал як нахустпатенти Маркази патенту иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда ва барои гирифтани 4 патенти Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардидаанд.

Соли хониши гузашта 6 дастури таълимию методӣ ва бадеии омӯзгорон бо забони тоҷикӣ нашр гардидааст. Дар давоми ду соли таҳсили охир беш аз 80 мақолаи илмии омӯзгорон дар маҷаллаҳои илмии донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар нашр шудааст, ки аз он 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷи наздик мебошад.

Дар филиал зиёда аз 10 мутахассиси ҷавон фаъолияти илмӣ ва таълимӣ мебаранд ва қариб 15 нафар омӯзгор унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ буда, 3 нафар омӯзгор дар аспирантураи ғоибона корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мегузаронанд.

 

Китобхона

Китобхонаи анъанавӣ дорои 20500 китоби дарсӣ, илмию методӣ ва бадеӣ буда, дар филиал нашрияи даврии «Навиди донишгоҳ» (моҳвора) ба табъ мерасад. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар донишгоҳ соли 2016 китобхонаи электронӣ ташкил гардид ва дар он зиёда аз 15 компютер бо истифодаи технологияи Thin-Client ташкил ва ба кор омода шудааст. Дар айни ҳол дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 номгӯйи мавод оид ба барномасозӣ, забонҳо, нақшакашӣ, математика, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, педагогика, химия, фанҳои гуманитарӣ ва техникӣ, китобҳои дарсӣ мавҷуд аст. 

 

Ба ҷои хулоса

Тараққиёти илму техника дар замони муосир барои пурсамар ва муддати тӯлонӣ истифода намудани таҷҳизоти муосир дониши чуқури техникиро талаб менамояд. Дар давраи истиқлолият дар миқёси ҷумҳурӣ даҳҳо корхонаҳои саноатии нав, ба монанди корхонаи коркарди сабзавот, меваи хушк, истеҳсоли маводи сохтмон ва боз бисёр самтҳои дигари хоҷагии халқ ба кор шуруъ намудаанд. Аз ин рӯ, талабот ба мутахассисони бо техникаи замони муосир ошно рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Ихтисосҳое, ки дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара омӯхта мешаванд, пурра ба талаботи корхонаҳои мазкур ҷавобгӯянд ва мутахассисони касбӣ - муҳандисии ин даргоҳ метавонанд дар дилхоҳ корхонаву заводҳо чун мутахассисони хуб ба кор ҷалб карда шаванд.

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара яке аз беҳтарин муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ буда, бо тарбияи кадрҳои баландихтисос дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзада дорад ва ҳар нафаре, ки ба ин муассиса қабул мешавад, ҳатман чун мутахассиси хуб ба воя расида, ба халқу Ватан хизмат хоҳад кард. Рамзи ФДТТИ дар ММТ 401 мебошад.

 

«ФАРАЖ»

Шанбе, 05 Январ 2019 15:46

ДТМИК: Интихоби дуруст

Дар боби фаъолияти донишкадае, ки мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосири соҳавӣ тайёр мекунад

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб яке аз донишкадаҳои муосир ба ҳисоб рафта, ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосири соҳавӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шумор меравад. Муассисаи мазкур нахустин маротиба 25-уми октябри соли 2003 ҳамчун филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, 13-уми марти соли 2015 ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб табдил дода шудааст. Айни замон дар донишкадаи мазкур 43 нафар устодони баландихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо 8 нафарро докторони илм, 20 нафарро дотсентон ва 15 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд. Айни замон н.и.ф., дотсент Ниёзӣ Акбар Меҳридил директори ДТМИК мебошад.

 

Факултетҳо

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб тибқи Иҷозатнома бо нишонаи АУ таҳти №0002272 аз 5-уми майи соли 2017, №2876 ва Шаҳодатномаи дар бораи акредитатсияи давлатӣ бо нишонии ИА0000645 аз 04.10.2017, №378 Донишкада ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар айни замон дар панҷ факултет - «Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ», “Факултети муштараки тоҷикӣ - россиягӣ”, «Муҳандисӣ - энергетикӣ», «Муҳандисӣ - технологӣ», «Тайёрии заминавӣ ва таҳсилоти фосилавӣ» ва 11 кафедраҳо фаъолият намуда, аз рӯи 34 ихтисоси зинаи бакалавриат ва аз рӯи 10 ихтисоси зинаи магистратура мутахассис тайёр менамояд. Тибқи Иҷозатномаи мазкур қабули 1000 нафар донишҷӯ аз рӯи зинаи бакалавр ва 100 нафар аз рӯи зинаи магистратура ба нақша гирифта шудааст.

 

Рӯйхати ихтисосҳо

Факултети «Иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ»

1-25010410  - Менеҷменти молиявӣ

1-25010805  - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат

1-400101 - Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

1-40010202 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

1-890101 - Саёҳат ва меҳмондорӣ

 

Факултети «Муштараки тоҷикӣ-россиягӣ»

1-260102 - Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

1-250104 - Молия ва қарз

1-26020109 - Идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

1-48020102 - Биотехнология

1-48020103 - Технологияи чарб, равғани эфир ва маҳсулоти атриётию косметикӣ

1-54010105 - Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ)

1-360101 - Технологияи мошинсозӣ

1-49010201 - Технологияи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ

1-49010202 - Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ

1-74030302 - Технологияи коркарди маҳсулоти моҳӣ

1-50020102 - Технологияи маҳсулоти чарчинвории чармӣ

1-700501 - Банақшагирӣ, барпо кардан, истифодабарии қубурҳои газу нефт ва махзанҳои газу нефт

 

Факултети «Муҳандисӣ - энергетикӣ»

1-74060501 - Таъмини энергетикии кишоварзӣ (аз рӯи самтҳо)

1-70020101 - Технология ва ташкили саноати сохтмонӣ

1-400102 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар энергетика)

1-44010303 - Ташкил ва бехатарии ҳаракат дар роҳ

1-520120101 - Технология ва таҷҳизоти маҳсулоти заргарӣ

1-1901010202 - Дизайни дохили бино

 

Факултети «Муҳандисӣ - технологӣ»

1-08011101 - Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук

1-19010105 - Дизайн (костюм ва газвор)

1-1901010501 - Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

1-49010102 - Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизои бо роҳи махсус хушконидашуда

1-500101 - Теххнологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд

1-50010101 - Ресидани нахи табиӣ

1-50010104 - Технологияи матоъҳо

1-50010105 - Технологияи трикотаж

1-500102 - Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-740206 - Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

1-50010201 - Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

 

Факултети «Тайёрии заминавӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»

1-250104 - Молия ва қарз

1-1901010202 - Дизайни дохили бино

1-400102 - Технология ва низоми иттилоотӣ (дар энергетика)

1-48020102 - Технологияи тартиби доруворӣ, ферментҳо ва витаминҳо

1-49010102 - Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизои бо роҳи махсус хушконидашуда

Дар маҷмуъ, дар соли таҳсили 2018-2019 аз рӯи ихтисосҳои номбурда 2462 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

 

Лоиҳаҳо ва шартномаҳо бо донишгоҳҳои хориҷӣ

Аз соли 2006 то инҷониб иштироки донишкада дар дарёфти грантҳои ташкилотҳои байналхалқии соҳаи маориф хело назаррас буда, бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо то алъон барномаҳои Темпус - «Ҷорӣ кардани раванди Болониявӣ», «Персеус», «Сибелес» ва «Марко-21» ба таври самарабахш амалӣ гардида истодаанд ва 20 нафар устодону донишҷӯён дар ин барномаҳо аз ҷумла дар Донишгоҳи технологияи химиявӣ ва металлургии Булғористон, Донишгоҳи Упсалаи Шветсия, Донишгоҳи байналмилалии Қонун ва тиҷорати Литва, Донишгоҳи Масарики Ҷумҳурии Чехия, Донишгоҳи Гётингени Олмон ширкат меварзанд.

Донишкада аз соли 2009 то ҳозир бо донишгоҳҳои зиёди хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки мутобиқи он донишҷӯёни тоҷик дар 21 донишгоҳи бузурги Федератсияи Россия таҳсил карда истодаанд. Намунаи беҳтарини онҳо Академияи давлатии кишоварзии Иваново ба номи академик Д. К. Беляев, Академияи давлатии кишоварзии Кострома, Академияи давлатии нассоҷии Иваново, Донишгоҳи давлатии технологии Кострома, Донишгоҳи давлатии индустриалии Москва, Донишгоҳи давлатии кишоварзии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии технология ва идораи Москва, Академияи давлатии ширию кишоварзии Вологдаи ФР, Донишгоҳи Федеролии Қафқози Шимолии ФР, Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, механика ва оптикаи Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии технологии Поволже, Донишгоҳи давлатии техникии Брянски ФР, Донишгоҳи давлатии техникӣ-ҳавонавардии Рибинск ба номи П. А. Соловев, Донишгоҳи давлатии кишоварзии Приморе, Академияи давлатии кишоварзии Ярославли ФР, Донишгоҳи давлатии техникии Нижний Новгород, Академияи давлатии кишоварзии Перм ба номи Д. Н. Прянишникова, Академияи давлатии тиббии Осетияи Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Пятигорски ФР мебошанд. Тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ зиёда аз 900 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии номбурда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ғайр аз ин, олимони донишкада 3 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотиро таҳия карда, аз экспертизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд ва маблағгузории онҳо аз 01.01.2019 оғоз меёбад. Аз ҷумла:

- Лоиҳаи илмӣ - тадқиқотии «Таҳқиқи проблемаҳои тағйир додани илмҳои ҷомеашиносӣ дар муассисаҳои олии касбии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (тадқиқоти сотсиологӣ)» - роҳбари лоиҳа н.и.ф., дотсент Садулоев М. Маблағи лоиҳа 575 ҳазор сомонӣ. Муҳлати амал 01.01.2018 - 01.01.2020.

- лоиҳаи илмӣ - тадқиқотии «Таҳияи технологияи истеҳсоли пектин аз каду барои саноати хӯрокворӣ ва тандурустӣ» - роҳбари лоиҳа н.и.б, дотсент Ҷамшедов Ҷ. Маблағи пешбинишуда 850 ҳазор сомонӣ. Муҳлати амал аз 01.01.2019 то 01.01.2021 дар ташхиси экспертӣ қарор дорад.

- лоиҳаи илмӣ - тадқиқотии «Таҳқиқи хосиятҳои механикӣ-технологӣ ва таҳияи технологияи истеҳсоли маҳсулоти бебофт аз партовҳои пахта ва пашм» - роҳбари лоиҳа н.и.т, дотсент Шоев А. Н. Маблағи пешбинишуда 795366 сомонӣ. Муҳлати амал аз 01.01.2019 то декабри соли 2021 дар ташхиси экспертӣ қарор дорад.

- лоиҳаи илмӣ - тадқиқотии «Таҳқиқи проблемаҳои илмҳои гуманитарӣ тибқи даъвати бозори нав барои таҳсилоти технологӣ дар мактабҳои олии касбии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» - роҳбари лоиҳа н.и.п Иброҳимов Г. Маблағи пешбинишуда 676720 сомонӣ. Муҳлати амал аз 01.01.2019 то декабри соли 2021 дар ташхиси экспертӣ қарор дорад.

 

Парки технологӣ

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Парки инноватсионӣ - технологӣ ҳамчун воҳиди мустақил ва зерсохтори департаменти илм ва инноватсияи назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ ташкил дода шуда, Низомномаи он дар Шӯрои олимони донишкада тасдиқ гардидааст. Барои вусъат бахшидан ба кори парки инноватсионӣ-технологӣ роҳбарияти донишкада бо муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки теъдоди онҳо имрӯз зиёда аз 25 ададро ташкил медиҳанд.

Парки технологии донишкада дорои якчанд коргоҳи таълимию методие мебошад, ки на ҳамаи онҳоро дар донишкадаҳои дигар дучор омадан мумкин аст. Донишҷӯён дар рафти дарсҳои амалӣ бевосита дар “Коргоҳи таълимию методӣ-тренингии коркарди меваю сабзавот”, “Коргоҳи таълимию методӣ-тренингии истеҳсоли тушбера”, “Коргоҳи таълимию методӣ-тренингии маҳсулоти заргарӣ”, “Коргоҳи таълиимию методӣ-тренингии дӯзандагӣ”, “Коргоҳи таълиимию методӣ-тренингии бофандагӣ”, “Коргоҳи таълиимию методӣ-тренингии коркарди равғани зағер”, “Озмоишгоҳи микробиология ва биотехнология”, “Озмоишгоҳи маводи хӯрока”, “Коргоҳи таълимию методӣ - студия дизайн” кор мекунанд ва касбияти худро сайқал медиҳанд.

Дар парки технологӣ донишҷӯён барои омӯзиш ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворие низ машғуланд, ки қисме аз онҳо аз растаниҳои шифобахши куҳистони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷамъоварӣ карда шудааст. Аз ҷумла, нӯшобаи олу, нӯшобаи зардолу, шарбати зардолу, шарбати олуча, компоти олуча, нӯшобаи хуч, компот аз чукрӣ, гӯшти бузаки консервакунонидашуда ва ғайра. Дар донишкада инчунин соҳаи истеҳсоли тушбера фаъол аст, ки истеҳсолоташ вобаста ба дарсҳои таҷрибавии хонандагон буда, сехи тушберабарорӣ ҳар рӯз на камтар аз 50 кг тушбера истеҳсол мекунад.

Донишкада инчунин дорои маркази методӣ-тренингии “Технологияи заргарӣ”, маркази методӣ-тренингии “Мӯд ва зебоӣ”, маркази методӣ-тренингии коркарди равғани зағир (дар як ҳафта на камтар аз 35-40 литр равған истеҳсол мекунад) мебошад. Дар “Озмоишгоҳи биотехнология ва микробиология” зиёда аз 40 навъи растаниҳои шифобахши минтақаи Кӯлоб бо ёрии донишҷӯён ҷаъмоварӣ карда шудааст, ки барои таҷрибагузаронии донишҷӯёни соҳаи биотехнология ва дорусозӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин лаборатория ҳар рӯз донишҷӯён ба омӯхтани таркиби растаниҳои шифобахш машғул мешаванд. “Коргоҳи таълимию методӣ - студия дизайн” дорои ангораи нақшҳои чаканӣ, кундал, мениотура, адрасбофӣ мебошад, ки дар раванди таълим ва таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён аз он фаъолона истифода мебаранд.

Дар парки технологӣ инчунин лоиҳаи хурди инноватсионӣ роҷеъ ба гузаронидани курсҳои кӯтоҳмудат аз  рӯи мавзуи “Ботулизми меваю сабзавот ва консервакунонӣ” иҷро шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Навгонӣ дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази методӣ-тренингии мӯд ва зебоӣ дар баробари истеҳсоли куртаҳои замонавӣ, байрақи Тоҷикистон, матрасҳо, тоқиҳои занонаву мардона, куртаҳои чакан, ҷомаҳои зардӯзӣ истеҳсоли куртаҳои чакани бо парчамҳои давлатии якчанд давлат ба роҳ монда шуд, ки иқдоми нав аст ва бо сатҳу сифати худ дар кишвар такрорнашаванда аст. Меҳмонону сайёҳони хориҷӣ метавонанд аз чунин куртаҳои зебо, ки бо парчами Тоҷикистон ва кишварҳои дигар зиннат дода шудаанд, харидорӣ намоянд ва барои ёдгорӣ бо худ гиранд. Дар “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”  лоиҳаи инноватсионӣ таҳия ва ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис пешниҳод гардид. Устоди донишкада, н.и.ф., дотсент Садулоев М. дар озмуни ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ” ғолиб дониста шуда, бо Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

 

Маркази таълимӣ-омӯзишии «Ҷаҳони ман»

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз соли 2010 Маркази таълимӣ-омӯзишии «Ҷаҳони ман» амал мекунад, ки дар асоси меморандуми тарафайни Сафоратхонаи Амрико ва ДТМИК, «Гӯшаи амрикоӣ»-и сафоратхонаи Амрико таъсис дода шудааст. «Гӯшаи амрикоӣ» ҳамчун ташкилоти ҷамъитии марказӣ-омӯзишии таълимии «Ҷаҳони ман» дар адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, дар асоси оинномаи ин ташкилот суҳбатҳо ва вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, омӯзгорони донишкада ва дигар шахсони ҷомеа, барои омӯзиши забони англисӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳар сол бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА муаллимони забони англисӣ меоянд ва барои омӯзиши забони англисӣ ва «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» мусоидат менамояд.  

 

Китобхона

Дар китобхонаи донишкада 15200 номгӯи китобҳо мавҷуд аст, ки аз он миқдор 2000 номгӯи китобҳои таълимӣ, 9000 номгӯи китобҳои тахассусӣ вобаста ба ихтисосҳо, 1600 номгӯи дастурҳои методӣ, 400 номгӯи китобҳои сиёсӣ мебошанд. Адабиёти бадеӣ 2200 номгӯйро ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи номгӯи китобҳои дар боло нишондодашуда бо забони тоҷикӣ 5480 адад, бо забони русӣ 7416 адад, бо дигар забонҳо - англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва форсӣ 2304 адад мавҷуданд. Харидорӣ намудани китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълимӣ дар соли 2018-ум 198 адад ва таъминоти китобхона бо матбуоти даврӣ 27 номгӯйро ташкил медиҳад. Дар толори хониш 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар китобхонаи электронӣ бошад, 125 000 китоби электронӣ мавҷуданд.

 

Хобгоҳ

Дар хобгоҳи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар умум 120 нафар донишҷуён зиндагӣ мекунанд. Нархи миёнаи хобгоҳ барои 1 моҳ 50 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Донишҷӯёни ятими кулл бо хобгоҳи ройгон ва идрорпулии ҳармоҳа таъминанд ва инчунин дар ҳар чорабиниҳо ва як нимсола ба онҳо кӯмаки пулию молӣ кӯмак расонида мешавад.

 

Сатҳи ба кор таъминшавӣ

Таъмини хатмкунандагони тариқи шартномавии донишкада бо ҷойи кор бо роҳи озмун, ки аз ҷониби корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида мешаванд, сурат мегирад. Бояд қайд намуд, ки инчунин 28 нафар хатмкунандагон дар худи донишкада ба сифати омӯзгор, нозир, лаборант ё корманди ёрирасони таълимӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

 

Дурнамо

Якуми июли соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои нави маъмурию таълимӣ, озмоишгоҳи таълимию илмӣ ва хобгоҳи донишкада санги асос гузошта шуд, ки аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Иншоот аз бинои 9-ошёнаи истиқоматии 54-ҳуҷрадор барои омӯзгорон, хобгоҳ бо 600 кат, бинои донишгоҳ барои 3000 донишҷӯ ва инфрасохторҳои нав иборат хоҳад буд. Дар сурати ба истифода дода шудани бинои нав, донишкада ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз ҷиҳати қабули донишҷӯён доираи фаъолияташро бештар хоҳад кард.

ДТМИК ҳамчун мактаби заминавии татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. 

Қабул ба донишгоҳ ё донишкада - ин қадами муҳим дар ҳаёти ҳар як ҷавон дониста мешавад. Таҳсил дар донишкадае чун ДТМИК боиси ифтихор аст, зеро муассисаи мазкур беҳтарин мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосири соҳавиро тайёр мекунад, ки ҳаёт ва тақдири ояндаи ҳар шахсро ба куллӣ тағйир медиҳад ва ояндаи некро бо касби муосир таъмин мекунад. Бинобар ин, агар довталаб қарор диҳад, ки маълумоти олиро дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бигирад, пас ин, бешубҳа, интихоби дуруст мебошад. 

 

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

саҳ 5 аз 76

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.