.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Farhat

Дар дурдасттарин деҳаи Панҷакент - Фароб, ки аз маркази шаҳр дар 90  километр ҷойгир аст, худо накарда, нафаре бемор шаваду зарурати интиқоли ӯ ба беморхонаҳои шаҳр пеш ояд, наздикони мариз ба соҳибони нақлиёти шахсӣ рӯи ниёз меоранд. Он ҷо маркази саломатӣ ҳаст, вале на ҳама беморонро мешавад дар ин гӯшаи дурдаст ташхису табобат кард.

- Маркази саломатии деҳаи Фароб замоне дорои мошини ёрии таъҷилии тамғаи УАЗ буд. Ин ҷо таъкид ба тамғаи мошин ба ин хотир аст, ки дар роҳҳои душворгузар ва фарозу нишеби деҳаҳои куҳистон на ҳар мошин кор медиҳад. УАЗ-и шӯравӣ мошини ҳарҷогард буд,- мегӯяд собиқ сардухтури маркази саломатии деҳаи Фароб Алиҷон Усмонов.

Ҳоло бошад, на танҳо маркази саломатии деҳаи Фароб, балки аксари беморхонаҳои минтақавӣ, ки шумораашон ба 13 адад мерасад ва марказҳои саломатӣ, ки 40-то ҳастанд, нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва ё мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.

Дар беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Саразм ва шаҳраки Суғдиён воҳиди кории нуқтаи ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, вале мошини ёрии таъҷилӣ надоранд.

Тибқи маълумоти беморхонаи марказии шаҳр, ба маркази саломатии деҳаҳои дурдасти Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Ворӯ ва Моғиён соли 2018 мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст. Ин кӯмаки сохторҳои вилоятии соҳа дар соли 2018 мебошад.

Дар маҷмуъ, ҳоло ба беш аз 260 ҳазор нафар сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 34 воҳиди кории духтурон ва кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд, ки ин аз меъёри муқарраршудаи бо хидматрасонии ёрии таъҷилӣ фаро гирифтани аҳолӣ 22-то кам мебошад. Тибқи меъёрҳои соҳавӣ ба ҳар 10 ҳазор нафар бояд як бригадаи ёрии таъҷилӣ хидмат расонад. 

Дар пойгоҳи ёрии таъҷилии шаҳри Панҷакент 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ва 54 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад, ки онҳо асосан дар ҳудуди шаҳр ва деҳаҳои Чинор, Кабудсанг ва Нурафшон ба тақрибан 60 000 нафар сокинон кӯмаки тиббӣ мерасонанд. 

Тавре сарвари пойгоҳи ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Муҳаммадҷон Сафаров мегӯяд, ба муроҷиин 3 бригадаи умумитиббӣ, 29 нафар духтурони навбатдор, 12 нафар беҳёр, 4 нафар танзимгар, 5 нафар тозакорон ва 9 нафар ронандагон шабонарӯзӣ хизмат мерасонанд. Дар ҳудуде, ки пойгоҳ хизмат мерасонад, беш аз 60 ҳазор нафар сокин ҳастанд ва тибқи меъёр боз ба 2 мошини ёрии таъҷилӣ бо бригадаи табибон эҳтиёҷ доранд.

Тавре аз маълумоти пойгоҳи ёрии таъҷилии тибии беморхонаи марказии шаҳр бармеояд, қисмати бештари даъватҳо ба амрози дилу рагҳои хунгард, руҳӣ-неврологӣ, узвҳои нафаскашӣ равона гардидааст ва тӯли ду соли охир пойгоҳ ба 552 нафар сокинони деҳоти атрофи шаҳр низ хизмати тиббӣ расонидааст. Дар ин солҳо 3137 нафар аз тариқи пойгоҳи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Оё сокинони ҷамоатҳои деҳот низ аз чунин ёрии таъҷилии тиббӣ бархӯрдоранд? Дар сурате, ки ба 14 ҷамоати деҳот ҳамагӣ 4 мошини ёрии таъҷилӣ хизмат мерасонад, дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Тибқи меъёр, тавре зикр шуд, барои Панҷакент, ки наздик ба 300 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат доранд, на кам аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ва мутобиқи он бригадаҳои умумитиббӣ ва махсус лозим аст.

Таҳлили даъватҳо ба пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр собит мекунад ва онро сардухтури пойгоҳ М. Сафаров низ таъкид менамояд, ки ин ҷо ба мошини ёрии таъҷилии муҷаҳҳази замонавӣ, ки барои беморони дил, кӯдакон ва ёрии изтирорӣ (эҳёгарӣ) махсус гардонида шудааст, эҳтиёҷ доранд.

Маблағе ки дар соли 2018 барои таъмини фаъолияти пойгоҳи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳр ҷудо шудааст, ба як даъват мутаносибан баробари як сӯзандору ва ним литр сӯзишворӣ аст. Оё мешавад бо ин маблағ ҳатто ба як бемор хизмати тиббӣ расонид ё ба маҳали дурдасти атрофи шаҳр сафар кард? Яъне, баъзан аз бемор ё соҳибони бемор пул талаб кардани духтурони ёрии таъҷилӣ аз ҳамин таъминоти ночиз сарчашма мегирад ва ин таъкиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳуриро, ки ёрии аввалияи тиббиро дар мамлакат барои аҳолӣ комилан ройгон мегӯяд, зери суол мебарад.

Зиёда аз ин, дар тамоми шаҳр ҳоло коргоҳи истеҳсоли оксиген, ки барои беморон дар ҳолатҳои изтирорӣ зарур аст, мавҷуд нест ва ба ин сабаб 3 маҷмуъ асбоби оксигендиҳии пойгоҳи ёрии таъҷилии тиббии беморхонаи марказии шаҳр низ истифода намешавад.

Хулоса, касал нашавед ва коратон ба ёрии таъҷилӣ наафтад! Беҳтарин орзу дар соли нави 2019.

 

Хуршед ФОЗИЛОВ, МТЖТ

Гузориши навбатии мо аз муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, яъне аз донишкадае пешкаш мегардад, ки дар соли 2018 дар ҷадвали рейтинги муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон байни донишкадаҳо ҷои дуюмро ишғол намуда буд. Донишкадаи мазкур аз маъруфтарин муассисаҳои олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ машҳур аст.

Нахуст бояд инро қайд кард, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар тайёр кардани мутахассисони забондон саҳми арзанда дорад. Ин макони илму маърифат дар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд.

Донишкада 29-уми майи соли 1979 ҳамчун Донишкадаи давлатии омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан санаи 6-уми августи соли 1992 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва 29-уми апрели соли 2009 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шуд. Боиси зикри хос аст, ки соли равон аз таъсиси донишкадаи мазкур 40 сол сипарӣ мешавад. 

Дар ин даргоҳи муқаддас 233 нафар омӯзгори баландихтисос фаъолият мекунанд, ки аз ин 167 нафар корманди асосӣ (71%) ва 68 нафар ғайриштатӣ (22,0%) мебошанд. Аз ин теъдод 67 нафар дараҷа ва унвони илмӣ (41,0%) доранд, ки аз онҳо 8 нафар (12,0%) доктори илм, профессор, 47 нафар номзади илм, дотсент (70,0%) ва 12 нафар номзади илм, беунвон (18%) мебошанд. 

Айни замон ректори донишкада доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ҳамчун роҳбари таҷрибадору бунёдкор ва навҷӯ фаъолияти пурсамар ва пурвусъат дорад. Маҳз дар замони роҳбарии М. Раҷабзода намои ин боргоҳи илм куллан дигар шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, муҳассилин аз пайи омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҳастанд.

 

Факултетҳо

Дар донишкада 4 факултет: забонҳои романӣ-германӣ, забонҳои Шарқ, филологияи рус, филологияи тоҷик, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 10 кафедра амал мекунад. Донишкада таълимро аз рӯи 11 забон (русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, арабӣ, ҳиндӣ, форсӣ ва забони тоҷикӣ барои хориҷиён) ба роҳ мондааст, ки дар кишвар собиқа надорад. Ҳоло дар 4 факултети донишкада 3969 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 1122 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 2847 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.

 

Ихтисосҳо

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода донишҷӯён аз рӯйи 27 ихтисоси зерин таҳсил намуда, омӯзиши ихтисосҳо бо истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст:

1-020302 Забон ва адабиёти рус;

1-020304 Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ;

1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик;

1-210601 - 010601 Забон ва адабиёти хориҷӣ-арабӣ-англисӣ;

1-210504 Забон ва адабиёти хориҷӣ-форсӣ-англисӣ;

1-020307-03 Забони англисӣ. Технология (хизматрасонӣ);

1-210601-0202 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷумаи бадеӣ);

1-020307 Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ;

1-020307 Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ;

1-020307-02 Забони хитоӣ. Информатика;

1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони англисӣ);

1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ);

1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони куриёӣ);

1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони ҷопонӣ);

1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони русӣ);

1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитоӣ);

1-230103 Забону кишваршиносӣ (ҳиндӣ-англисӣ);

1-210501-03 Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;

1-260204 Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора;

1-010202-05 Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони англисӣ;

1-010202-05 Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ;

1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ;

1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (Забони англисӣ);

1-210601-0110 Таълими компютерии забонҳо;

1-230102-04 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ);

1-230102-02 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ);

1-230102-01 Таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқ-англисӣ-русӣ.

Бояд қайд кард, ки ҳамаи ихтисосҳои номбурда ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дар замони рушди илму техника ва тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагон имконият медиҳанд, ки соҳиби ҷойҳои кории муносиб гардида, ҳатто дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият намоянд. Аз ин ҷост, ки сол то сол теъдоди довталабон барои дохил шудан ба муассиса зиёд шуда истодааст. Ду соли охир тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишкадаи мазкур аввалин шуда, нақшаи қабули довталабонро иҷро намуд, ки ин далели гуфтаҳои болост.

 

Таҳсилоти фосилавӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити имрӯз раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Технологияи муосир махсусан барои забономӯзӣ омили ёрирасони хуб ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, дар донишкада соли дуюм аст, ки бо истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир низоми таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст меоянд. Аз рӯйи низоми мазкур айни ҳол 368 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҷараёни таълим бо маводи таълимию методӣ ва воситаҳои таълими фосилавӣ таъмин мебошад. 

 

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Дар донишкада шуъбаи мазкур аз рӯйи 5 ихтисос: забони чинӣ - тарҷумон; забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ - омӯзгор; забони олмонӣ - омӯзгор; забони англисӣ - омӯзгор; забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) фаъолият менамояд ва онҳое, ки пас аз хатми донишкада ҷодаи илмро мепазиранд, метавонанд аз хидмати шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии он ба таври васеъ истифода баранд. 

Дар давоми сол магистрантон дар асоси барномаҳои таълимӣ дар назди кафедраҳо ба таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба зинаи магистратура 34 нафар магистр дохил шуданд.

Докторантура аз рӯи ихтисоси PhD дар донишкада аз рӯи панҷ ихтисос амал мекунад:

6D011300 Забоншиносӣ;

6D020500 Забон ва адабиёти тоҷик;

6D011700 Назария ва методикаи забон ва адабиёти тоҷик;

6D011800 Забон ва адабиёти рус;

6D011900 Назария ва методикаи таълими ду забони хориҷӣ.

 

Шӯрои диссертатсионӣ

Дар донишкада ду Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки ҳадаф аз таъсиси шӯроҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар маърифатгоҳ мебошад.

Бо Фармони Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 16.12.2016, №1554/нк Шӯрои ҳимояи муштараки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.03 - Адабиёти мамолики хориҷ (адабиёти тоҷик) ва 10.02.22 - Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико ва бумиёни Австралиё таъсис ёфта, аз моҳи январи соли 2017 то ҳол корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. 

Илова ба ин, бо Фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2018, №9 Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D021300 - Забоншиносӣ дар заминаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба фаъолият шуруъ намуд.

 

Робитаҳои хориҷӣ

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷабҳа донишкада бо беш аз 45 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ, аз қабили Донишгоҳи давлатии Елетски ба номи И. А. Бунини Федератсияи Россия, Донишгоҳи лингвистикии Москва, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Максим Танкаи Ҷумҳурии Белорус, Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Минск, Иттиҳоди ҷаҳонии мактабҳои арабию исломӣ, Донишгоҳи Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи педагогии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Донишгоҳи Кангнам, Йонгини Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Кемчони Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи Сукубаи Ҷумҳурии Ҷопон, Донишгоҳи забонҳои Токиои Ҷопон, Донишгоҳи шарқшиносии ба номи Маҳмуд Қашгарии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, Донишгоҳи байналмилалии Ҷиҷанги Ҷумҳурии Мардумии Хитой ва ғайра созишнома ва қарордод ба имзо расонида, дар пешрафту инкишофи донишкада саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар донишкада бо мақсади беҳтар намудани сифати таълими забонҳои хориҷӣ ва ҷалби соҳибзабонон ба ин раванд 8 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Ҷопон, ИМА ва Ирландия фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, ҳамасола ҷиҳати иштирок дар конфронс, семинар ва аз такмили ихтисос гузаштан омӯзгорони донишкада ба ҷумҳуриҳои Шветсария, Мисри Араб, Ҷопон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия сафарбар мегарданд.

Дар зинаи магистратура, аспирантура ва доктор PhD бошад, 6 нафар дар мамолики Ҷопон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия таҳсили худро идома медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки дар донишкада ҳоло 352 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҷопон ва Чин таҳсил намуда истодаанд, ки ин гувоҳи маъруфияти донишкада на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ мебошад.

 

Китобхона

Хазинаи китобхонаи донишкада 87548 нусха китобро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 347878 нусха китоби таълимӣ, 32508 нусха китоби бадеӣ ва 7162 нусха китоби илмӣ - методӣ мебошад. Китобхона пайваста бо адабиёти зарурӣ ва тозанашр таъмин карда шуда, давоми соли 2018 ба фонди китобхона 1382 нусха китоб ворид гардидааст. Ҳамчунин, барои таҳсили босамари донишҷӯён дар донишкада китобхонаи дорои хазинаи бузурги электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар кӯмак хоҳанд расонд. Фонди китобхонаи электронии донишкада 20256 нусха китобҳои электрониро ташкил медиҳад. Инчунин, бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар китобхона намоиши китобҳо дар мавзуҳои гуногун баргузор мегардад.

 

Маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангӣ

Дар донишкада барои густариши донишҳои назариявӣ, малака ва истеъдоди толибилмон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокиву ҷаҳонбинии онҳо маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Гузаронидани чунин маҳфилҳо хеле муфид буда, яке аз василаҳои муассир барои такмили дониши муҳассилин маҳсуб меёбад. Дар донишкада 14 маҳфили илмӣ, аз ҷумла, «Фалсафа ва ҳаёт», “Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”, “Тарҷумон”, “Мутарҷим”, “Омӯзгори ҷавон”, “Сомониён”, “Сибавайҳӣ”, “Маҳфили мубоҳисавӣ”, “Забоншинос” ва “Равзана” дар назди кафедраҳо фаъолият менамоянд.

 

Хобгоҳ

Донишкада дорои хобгоҳ мебошад, ки аз 6 ошёна ва 636 ҳуҷра иборат аст. Донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳии дурдасти кишвар ба таълим фаро гирифта мешаванд, бо хобгоҳ таъмин мегарданд. Дар хобгоҳи донишкада 308 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, 178 нафар духтар ва 130 писар истиқомат мекунанд.

Дар суҳбат бо донишҷӯён маълум гашт, ки дар хобгоҳ ба онҳо ҳуҷраҳои хуб ҷудо шуда, онҳо аз шароити хобгоҳ қанотманданд. Хобгоҳ дорои ҷои муносиб барои тайёр кардани дарсҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои омӯзгорон мебошад. Дар ошёнаи якум барои мутолиаи донишҷӯён китобхона бо фарогирии алабиёти бадеӣ ва илмӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади рангин сохтани ҳаёти донишҷӯён дар хобгоҳ оид ба ҷашнҳои миллӣ чорабиниҳо баргузор мегарданд.

Ҳамзамон, дар хобгоҳ курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда, ятимони кул ва нимятимон ба таври ройгон хизмат мерасонад.

Лозим ба ёдоварист, ки айни замон дар донишкада 12 нафар ятими кул таҳсил менамоянд, ки ба онҳо мунтазам (ҳар моҳ) ба маблағи 210 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида мешавад. Ҳамчунин, дар арафаи ҷамъбасти соли 2018 аз ҷониби раёсати донишкада ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ба ҳар як нафар донишҷӯи ятими кул ва маъюб мукофотпулӣ тақдим гардидааст.

 

Парки технологӣ

Омӯзиш ва сайри мо дар донишкада нишон дод, ки дар муассиса Лингвапарк (Парки технологӣ) ба таври густурда фаъолият менамояд. Сохтори мазкур дар асоси иҷозатнома омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва форсӣ, курси кӯтоҳмуддати омӯзиши кор бо компютер, такмили ихтисоси муҳаққиқон бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ва таҷрибаомӯзии таълимӣ - илмиро роҳандозӣ кардааст. 

Донишкада дорои 6 синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 109 компютер барои донишҷӯён, 42 синфхонаи мултимедӣ ва 3 синфхонаи лингафонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Бо ташаббуси ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода донишкада қариб пурра ба низоми электронӣ ворид шуда, машғулиятҳо дар 42 синфхонаи мултимедӣ ба воситаи тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд.

Масъулин дар суҳбат бо мо қайд намуданд, ки “ҳолати автоматикунонӣ ва татбиқи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар донишкада барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат муосидат менамояд”. 

 

Ҷои намоён дар миёни донишкадаҳои дигар

Дар соли 2018 дар ҷадвали рейтинги муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишкадаҳо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷои дуюмро ишғол намудааст. Оре, сатҳи донишомӯзии донишҷӯён дар донишкада баланд буда, рейтинги баланди донишкадаро ҳифз мекунад. Раёсати таълим дар нимсолаи якуми дуюми соли таҳсили 2017-2018 барномаи нави корбариро (ALFA-XPress) роҳандозӣ намудааст. Таҳлилҳо аз натиҷабардории соли таҳсили 2017-2018 нишон медиҳанд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёни донишкада 87 дарсадро фаро мегирад.

Тибқи нишондоди маъмурияти донишкада, дар давраи ҳисоботӣ 36 донишҷӯи донишкада ба Россия, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, ИМА, Ҳиндустон, Қатар ва Ӯзбекистон барои идомаи таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд.  32 нафар донишҷӯ таҳсили худро дар макотиби олии Корияи Ҷанубӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура идома дода истодаанд, ки ин на танҳо обрӯи донишкада, балки нуфузи кишварро низ дар сатҳи байналмилалӣ боло мебарад. 

 

Конференсия бо 5 забон

Тибқи гузориши нашрияи донишкада - “Паёми донишҷӯ”, 30-юми октябри соли 2018 дар толори фарҳангии таълимгоҳ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар мавзуи “Унсурҳои муосири таълими забон ва адабиёти рус дар шароити  бисёрфарҳанги таълим” бо 5 забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва куриёӣ баргузор гардид. Бояд иқрор шуд, ки гузаронидани чунин конференсияҳо бо чанд забон бо ҷалби омӯзгорон ва машваратчиёни хориҷӣ дар донишкадаву донишкадаҳои дигар ба чашм намерасад ва назир надорад.

 

Озмунҳо

Донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои дохилӣ ва хориҷ аз кишвар ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Намунаи беҳтарини ин иштироки Нозим Мадимбоев, донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои Шарқ дар озмуни байналмилалии Наттоқи беҳтарин бо забони ҷопонӣ мебошад, ки 28-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Номбурда дар озмуни мазкур сазовори ҷои аввал гардида,  ду ҳафта ба Ҷумҳурии Ҷопон роҳхат гирифтааст. Бояд қайд кард, ки дар озмуни мазкур 19 нафар донишҷӯ аз 10 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида буданд.

Дуюми октябр дар боғи фарҳангию фароғатии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ лоиҳа - озмуни «Забон ҳастии миллат» бо иштироки васеи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии пойтахт баргузор гардид, ки дар он дастаи донишҷӯйдухтарони донишкада ҷои аввалро соҳиб шуданд.

Донишҷӯи соли 4-уми факултаи забонҳои Шарқ Сабоҳат Абдуллоева дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин овозхонии шеърҳои чинӣ”, ки бо иштироки васеи донишҷӯёни кишвар 28-уми ноябр дар маркази Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат намуда, дар байни 30 нафар иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи дуюм шуда, бо ифтихорнома ва туҳфа қадрдонӣ гардид.

Инчунин, ҳамасола дар шуъбаҳои забони куриёӣ ва ҷопонӣ озмунҳои гуногун (аз ҷумла «Забондони беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Иншои беҳтарин») баргузор гардида, ғолибони он барои таҳсил ва саёҳат ба донишгоҳу донишкаҳои Ҷумҳуриҳои Ҷопон ва Куриё сафарбар карда мешаванд.

 

Номварони соҳаи варзиш

Дар донишкада шумораи ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд, беш аз пеш меафзояд. Яке аз онҳо Дилшод Қурбонов, донишҷӯи соли дуюми факултаи забонҳои Шарқ аст, ки дар риштаи муҳорибаи ҷанги дастӣ машқ мекунад. Ӯ дар зиёда аз 50 сабқатҳои варзишӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Файзимоҳ Ҷалилова, донишҷӯи соли дуюми факултаи филологияи рус варзишгар дар риштаи футбол аст. Мавсуф дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст ва узви дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон аст. Дилрабо Абдулҳаева, донишҷӯи соли аввали факултаи филолгияи тоҷик варзишгар дар риштаи футбол буда, узви дастаи мунтахаби духтаронаи «Барқ»-и Норак мебошад.

 

Нашрияи «Паёми донишҷӯ»

Нашрияи «Паёми донишҷӯ» аз маъруфтарин нашрияҳои донишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар инъикоси муҳимтарин ва тозатарин рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар бо диплом қадрдонӣ карда шудааст. Ба нашрияи мазкур инчунин мутахассисони соҳа ва устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳои баланд додаанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, сармуҳаррири нашрия Бахтиёри Абдураҳим ғолиби озмуни «Олими ҷавони сол - 2018»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардидааст. 

 

Дурнамо

Боиси ифтихор аст, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳияи лоиҳаи бинои иловагии таълимӣ роҳандозӣ шудааст, ки сохтмони он моҳи январи соли 2017 оғоз ёфта, дар арафаи анҷомёбист. Бинои мазкур бо тарҳи зебову замонавӣ сохта мешавад. Бино дорои таҳхона буда, дар он 10 анбор барои молҳои хоҷагидорӣ, 4 ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои дарсӣ, таваққуфгоҳ барои 20 автомашина, ҳуҷра барои нигоҳбонон, ҳуҷра барои панҷараҳои барқии бино, ташнобҳо, 4 толори лексионӣ бо 200 ҷои нишаст, 5 толори лексионӣ бо 248 ҷои нишаст, 34 синфхона ҳар кадоме бо 24 ҷои нишаст, 30 ҳуҷраи корӣ барои кормандони раёсати донишкада, 5 ҳуҷраи ёрирасони хоҷагидорӣ барои факултаҳо, 5 ҳуҷра барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои донишҷуён иборат мебошад. 

Раёсати донишкада дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар рушди илму маориф ва ба наврасону ҷавонон омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия намудани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Барои ҳар нафаре, ки нияти дар сатҳи баланд омӯхтани забонро дорад ва мехоҳад чун забондони сатҳи олӣ ба воя расад ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ шавад, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи донишкада дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 204 мебошад.

 

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ

Шукрона Бобоева то замоне, ки аз сӯи шавҳараш Далер Ҳоҷимуродов - сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент ва падари фарзандонаш аз зарби  12 захми корд кушта шавад, 8 сол оиладорӣ кард. Ӯ ҳамагӣ арӯси дурӯза буд, ки латукӯби шавҳараш сар шуд ва ҳамин тавр, 8 сол азобу шиканҷаи ӯро тоқат карду ба касе аз волидонаш лаб во накард. Аммо бо чӣ сабаб мавриди азияту бадрафторӣ қарор гирифтанаш аз сӯи шавҳар маълум набуд. Далер ҳам ба ҷои он ки ягон айбашро бигӯяд, сари ҳар хашм, Шукронаро шиканҷа медод.

“Духтари мо аз қабили бероҳаву сабукпоён набуд, ки гӯяд, барояш хиёнат кард. Ё ин ки нисбати шавҳару хушдоман, ё дигар аъзои хонаводаи онҳо беэҳтиромӣ накардааст, ки аз ин шикоят шунида бошем. Ягон айбашро нагуфта, бесабаб ҳар вақти ба худаш хос латукӯб намуда, азият медодааст. Инро танҳо баъди он, ки Шукрона фарзандонашро гирифта, хона омад, бароям нақл кард”,- мегӯяд бо ашки қатору ҳасрату ғами зиёд Сайёра Зиёдуллоева, модари Шукрона. 

Моҳи марти соли 2011 Шукрона бо амри тақдир ба Далер шавҳар кард ва то моҳи апрели соли 2018 ҳудуди 8 сол бо ҳам оиладорӣ карда, онҳо соҳиби се фарзанд - Шаҳнавоз, Самир ва Сунер Ҳоҷимуродовҳо шуданд. Аз як оилаи кӯчак ба оилаи панҷнафара баробар шуданду бо ин вуҷуд ҳам латукӯби Далер поён намеёфт ва ҳамеша зери тарсу ҳароси шавҳар, Шукрона тарбияи фарзандонро дар хона бар уҳда дошт. Аммо вақте, ахиран Далер Шукронаро таҳдид ба худкушӣ карда, ба гулӯяш корд гузошта гуфтааст, ки “худатро дар оғили хона меовезӣ, ё бурда ба дарё мепартоӣ, вагарна ин корро худам анҷом медиҳам”, дигар тоқати Шукрона аз ин гуна оиладорӣ тоқ шуд ва фарзандонашро гирифта ба хонаи волидонаш рафт, то дар муҳити осуда фарзандонашро тарбия кунад.

Шукрона барои ҷудо шудан аз шавҳараш моҳи апрели соли 2018 ба Суди шаҳри Панҷакент ариза навишт. Суд ба далели доштани се кӯдаки хурдсол, моҳи май таъинот баровард ва барои ҷудошавии онҳо шаш моҳ, яъне то санаи 19-уми ноябри соли 2018 муҳлат муқаррар намуд. Дар зимн, Далерро барои мунтазам пардохтани алимент ба фарзандонаш муваззаф кард.

Аммо дар хонаи модар ҳам Шукрона осуда зиндагӣ карда натавонист, гӯё онҳо дар биёбони бекас зиндагӣ мекарда бошанд, гӯё дар ин деҳаи сернуфузи шаҳр касе шаттахӯрии Шукронаро намедид, гӯё дар Ёрӣ на ҷамоат буду на нозири минтақа. Ва ин бетарафии мардум Далерро шерак кард. Ва кор бо фоҷиа анҷом ёфт. 1-уми ноябри соли 2018 соати 15:30, баъд аз зуҳр, дар натиҷаи 12 захми корд ба сару рӯй ва аъзои баданаш расонидаи шавҳараш Шукрона кушта шуд.

Хабари рухдоди ин ҳодисаи нангин бисёриҳоро ба таассуф гузошту ҳайратзада кард. Аз ин хотир, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам барои ошкор кардани ҷузъиёти ин ҳодиса бетараф наистод ва ба деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент рафт, то ҷузъиёти бештарро аз забони шоҳидону огоҳони маҳалли ҳодиса бисанҷад, ки чаро ва чи тавр Далер Ҳоҷимуродов бародарарӯсаш Идрисхӯҷаро 7 захми корд ва  ҳамсараш Шукронаро 12 корд зад?

Ҳодисаи хунин дар Ёрӣ ё чи гуна Далер Шукронаро кушту Идрисхӯҷаро захмин кард?

Вақте мо аз Хуҷанд роҳ сӯи Панҷакент - Ёрӣ пеш мегирифтем, ронандаи таксӣ ва як мусофири он, ки тоза аз муҳоҷирати Русия омада, ҳамроҳ бо мо ба Панҷакент мерафт, бо ҳам дар ҳар мавзуъ суҳбат мекарданд. Маълум буд, ки он ҳарду рафиқи наздиканд. Суҳбати онҳо бахусус сари мавзуи муҳоҷират хеле давом кард. Қариб то ними роҳ мерасидему онҳо аз ин мавзуъ берун намебаромаданд. Ҳатто ронандаи таксӣ аз солҳои дар Маскав муҳоҷиршавиаш, ки ба гуфташ, нахуст аз як шӯяндаи қатории мошинҳо то ба мақоми бригадирӣ расиданаш дар як нуқтаи шӯстушӯи мошинҳо (мойка) қисса мекард. Барои мо ҳам шунидани чунин қиссаҳои зинда аз ҳаёти муҳоҷират аҷиб менамуд. Ҳамин суҳбат сари мавзуи муҳоҷират буд, ки ронанда аз ҳодисаи куштор дар деҳаи Ёрӣ гуфт. Онҳо бо афсӯсу надомат мегуфтанд, ки “дар муҳоҷират бо чӣ азоб кор кард, акнун ними умраш дар маҳбас сипарӣ хоҳад шуд”. Ин суханони онҳо зоҳиран ба Далер Ҳоҷимуродов тааллуқ дошт, ки баъди аз муҳоҷират баргаштан даст ба куштори ҳамсараш задааст.

Хабари рухдоди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар ҷамоати деҳоти Ёриро дафтари матбуоти РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тавассути Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба гузориш дод, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: “Муноқишаи оилавӣ дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент як оиларо мотамзада кард. Шаҳрванд Ҳоҷимуродов Далер Шодимуродович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Ёрӣ, санаи 1-уми ноябр тахмин соатҳои 15:30 дақиқа бо истифода аз корди хоҷагӣ ва расонидани 12 захми корд, ҳамсараш Бобоева Шукронаи 27-соларо ба ҳалокат расонида, бародари ҳамсараш Бобоев Идрисхӯҷа Қуддусович, соли таваллудаш 1990-ро 5 маротиба бо корд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, ҷои ҳодисаро тарк мекунад. Канораҷӯӣ аз ҷои ҳодиса қасди навбатии гумонбаршуда Далер Ҳоҷимуродов аст, ки мақсад дошт аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун равад. Фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии мақомоти милитсия нагузошт, ки шахси ба ҷомеа хавфнок ба ҳадафи худ бирасад ва ҳангоми убури сарҳад Ҳоҷимуродов дасгир карда шуд”.

Вале, назар ба нақли шоҳидон ва ҷабрдидаҳо, рӯзи 1-уми ноябри соли 2018 Далер Ҳоҷимуродов баъди чанд вақти дар муҳоҷират буданаш, барои дидани фарзандонаш ба хонаи волидони ҳамсараш меояд. Ин дидори хашмолудааш ба нохушӣ анҷомида, балки боиси куштори ҳамсараш Шукрона ва захмин шудани Идрисхӯҷа - тағои фарзандонаш аз дасти худи ӯ мегардад. 

Бино ба нақли шоҳидон, Далер нахуст ба хона даромада, фарзандонаш - Шаҳнавоз, Самир ва Сунерро мебинад. Вале ҳангоми баромадан аз хона бо Идрисхӯҷа хархаша карда, як мушт ба тахтапушти ӯ зада, курткаашро ба сараш мекашад. Рафиқи Далер, ки дар кӯча дар дохили мошин қарор дошт, овози доду войро шунида ба хона медарояд ва Далерро бо зӯрӣ аз хона берун мекашад. Ҳамин тавр, Далер ба мошин нишаста, ҳамроҳи рафиқаш меравад.

Аммо ӯ бо ин қонеъ намешавад, балки шиддати хашм ӯро водор мекунад, ки дубора ба хонаи модарарӯсаш биёяд, аммо аз ҳаракаташ маълум, ки ин бор на барои дидор, балки ба қасди куштор меояд. Куштори ҳамсар ва бародару модари вай. Вагарна, бо худ гирифтани корд барои рафтан ба хонаи модарарӯс барои чӣ лозим буд?

- Баъди даргузашти чанд лаҳза Далер ба мағозаи Абдуқуддус даромада, барои қасди куштор корде мехарад ва ба мошинаш нишаста, сӯи хонаи волидони ҳамсараш ҳаракат мекунад. Бо наздик шудан ба хонаи волидони ҳамсараш мебинад, ки дар сари кӯча Идрисхӯҷа истодааст, суръати нақлиётро баланд карда, ба самти муқобили ҳаракат мебарояду ӯро бо мошин зада меғалтонад. Аз мошин фаромада, бо корди дар даст доштааш 7 маротиба ба гардан ва шиками Идрисхӯҷа мезанад. Доду фарёди Идрисхӯҷаро хоҳараш Шукрона, ки дар боғчаи ҳавлии бародараш машғули кори рӯзмарраи деҳа буд, шунида, ба кӯча мебарояд ва мебинад, ки дар сари роҳ бародараш ба замин хобида, хун аз гарданаш фаввора мезанад ва назди ӯ Далер дар даст корд меистад. Шукрона чун медонист, ки шавҳараш қасди куштани ӯ, бародар ва модарашро дошт, “додарамро куштӣ” гӯён, фарёд зада, ба наҷоти бародараш мешитобад. Бо расидани Шукрона ба ҷои ҳодиса, Далер ба ӯ дарафтода, бо корде, ки аз захмҳои бадани Идрисхӯҷа хунолуд шуда буд, 12 маротиба ба сару рӯй, дасту пой ва аъзои бадани Шукрона мезанад. Вай интизор буд, ки дар зимн бо расидани модарарӯсаш Сайёра ба ӯ ҳам бо корди дар даст доштааш ҳамла мекунад, аммо Муқтадир - бародари хурдии Шукрона, садди роҳи ин ҳадафи разилона ва хашмини вай мегардад,- нақл мекунад ҳамсояи онҳо Бахтиёр.

- Муқтадир мебинад, ки Далер хоҳар ва бародарашро бо корд захмӣ кардааст, аз хуни бадани онҳо замин сурх шудааст, дарҳол сангеро гирифта ба сӯи ӯ ҳаво медиҳад. Санги ҳавододааш ба дасти Далер расида, аз зарби он корд ба замин меафтад. Баъди ин ҳолат Далер зуд ба мошин нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Ва ӯ ба қасди ниҳоии худ - куштори модарарӯсаш Сайёра намерасад,- чунин гуфтаанд шоҳидон ва онҳое, ки аз қазияи ҷанҷоли ин ду оила бохабаранд.

Ҳамсояҳое, ки ин ҳолати мудҳишро бо чашмони худ дидаанд, мегӯянд, ки хашму разолати Далер Ҳоҷимуродов ҳадду ҳудуд надошт. Вай дар зарфи 1 ё 2 дақиқа 19 захми корд зад ва хуни ду бегуноҳро ба замин рехт.

“Вақте Идрисхӯҷа ва Шукронаро ба мошинам бор карда, ба беморхонаи марказӣ мерасонидам, аз гардани Идрисхӯҷа ва аз бадани Шукрона хуни зиёд беист мерехт. Фишори резиши хуни гардани Идрисхӯҷа ба ҳадде буд, ки рӯймоли басташударо аз гарданаш кушода кард. Дохили мошин ва китфонам пури хун шуданд. Аммо ба ин аҳамият намедодам ва  мошинро босуръат мерондам, ки ҳарчи зудтар духтурон онҳоро аз марг наҷот диҳанд. Бо расидан ба беморхона духтурон ҳоли Идрисхӯҷаро дида, зуд ба шуъбаи эҳё дароварданд. Вале Шукронаро дида, гуфтанд, ки аллакай дар ҷои ҳодиса ҷон дода будааст”,- нақл намуд Худойбердӣ Расулов, ҳамсояи Идрисхӯҷа.

Баъди муроқибат ва ҷарроҳӣ духтурони беморхона Идрисхӯҷаро аз марг наҷот дода тавонистанд. Аммо ҷасади Шукронаро ба хона баргардонида, ба хок месупоранд. 

Огоҳону ҳамсояҳои хонаводаи Бобоевҳо мегӯянд, ки баъди аз ҳам ҷудо зиндагӣ кардан ҳам Далер ҳамроҳи модараш онҳоро ором намегузоштанд. Ба хонаи онҳо омада, ҷангу ҷанҷол бардошта, таҳдиди куштан мекарданд.

Як ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки “ду-се маротиба Далер ва модарашро дидааст, ки ба хонаи модари Шукрона омада, муноқиша кардаанд. Ҳатто модари Далер ба писараш амр медод, ки омада, инҳоро мекушӣ ва бачаҳоятро гирифта меравем”.

Ҳусейн Қориев, сокини дигари деҳаи Ёрӣ гуфт:

- Рухдоди ин ҳодиса далели барҷастаи вайрон будани тарбия дар хонавода аст. Агар писар тарбияи дуруст мегирифт ва ё агар падар дуруст насиҳат мекард, магар шавҳар хеста ҳамсари худ, модари фарзандонашро бо корд зада мекушад?,- савол гузошт ӯ ва нақлашро идома дод:

- Аз хонаи ман то ҷои ҳодиса тахмин 80 метр масофа аст. Аз назди дарвозаи хонаам медидам, ки як мошин аз дур бо чароғҳои фурӯзон меомад. Бо наздик шудан, он муқобили самти ҳаракат баромад ва Идрисхӯҷаро зада ғалтонд. Ба ин тараф шитофтам ва дидам, ки Идрисхӯҷаю Шукронаи хуну хоколуд болои замин хобидаанд. Ман рӯймоли сари як зани онҷо омадаро гирифта гардани Идрисхӯҷаро бастам. Дидам, ки Шукрона аллакай дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. То ба ҷои ҳодиса расиданам, ки 80 метр масофа дошт, дидам, ки Далер ду нафарро захмин кард, якеро кушту ба дигаре ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонд.

Бино ба гуфтаи полковники милитсия Саидбек Саидов, сардори шуъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ Далер Ҳоҷимуродов баъди содир кардани чунин амалаш роҳи гурезро пеш мегирад ва гузаргоҳи гумрукии Саразми шаҳри Панҷакентро паси сар карда, вориди шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мегардад. Гуруҳи фаврӣ - тафтишотии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо кӯмаки мақомоти қудратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Далер Ҳоҷимуродовро боздошт карда, ба шаҳри Панҷакент меоранд. 

Ҳоло нисбати ин ҳодиса тибқи моддаҳои 104 қисми 2 (куштор) ва 32-104 (сӯйиқасд ба куштор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши қазия идома меёбад ва Далер Ҳоҷимуродов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ана, чунин анҷом ёфт ҳодисаи даҳшатангез, ки ҳамаро ба таҳлука афтонда буд. Ҷавонзане аз зиндагӣ маҳрум шуд, додари беайбаш маслуқ гашт ва се кӯдак ятим монданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи инро пешгирӣ кардан мумкин буд, вале “туро газад, маро чӣ ғам” гуфтагӣ барин, дигарон бетараф монданд. 

 

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Аз 24 то 29-уми ноябри соли 2018 дар Хонаи синамои шаҳрамон - Душанбе рӯзҳои синамо-кинои Русия дар Тоҷикистон шуда буд. То имрӯз таассуротамро дар дил нигоҳ медоштам, ба ҷуз баъзе маҳфилу нишастҳои хурд бо дӯстону ҳамкасбон. Имрӯз тасмим гирифтам, ки андешаҳоямро рӯи қоғаз орам. Чаро не...? Аз оне, ки бо се - чор нафар менолию дарди дил мекунӣ, чӣ фоида...? Ҳарчанд, ба қавли баъзе дӯстон, аз навиштан ҳам ҳеҷ фоида нест, бо вуҷуд менависам. Агар имрӯз фоида наовард, фардо Худо хоҳад меорад. Банда бо умед аст. Ин дақиқ аст, ки фарзандони мо мисли мо нахоҳанд шуд...!

Аз панҷ филми барнома сетояшро муяссарам гашт бубинам. Чун ҳамеша дар ин маҳфили фарҳангӣ ҳам агар 20 дар сади аҳли фарҳангу адаб ва зиёиёни фақат Душанбешаҳр мебуданд, толор ҳеҷ гоҳ холӣ намемонд. Ҳамин ҳол қариб дар ҳама дигар маҳфилҳо - рӯзҳои синамои Афғонистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия (дафъаи гузашта), Эрон, дар Тоҷикистон, ҷашнвораи байналмилалии синамо “Дидор” дида мешуд. Мутасаддиёни Хонаи синамо барои аз шармандагӣ раҳо ёфтан толорро бо мактаббачагону донишҷӯён пур мекарданд. Одоби баъзе наврасу ҷавонони мо ба ҳама маълум...! Бахусус чанд рӯз пеш дар вақти намоиши филми хориҷии “Гандӣ” коргардони англис Richard Attenborough бо иштироки сафири Ҳиндустон рафтору гуфтори баъзе донишҷӯён хеле боиси шармандагӣ буд! Масъулони Хонаи синамо дигар чӣ кор ҳам кунанд...? Дар тамошои баъзе филмҳо ҳатто аз 10-15 нафар зиёд бинанда набуд. Баъзеи ин филмҳо, ки бори нахуст дар мо намоиш дода мешаванд (бахусус дар ҷашнвораи “Дидор”), дорои чандин ҷоизаҳои ҷашнвораҳои байналмилалӣ мебошанд. Ҳама вақт тамошои ин филмҳо ройгон буд. Баъзан ташрифи баъзе аз аҳли адабу фарҳанг, ҳунармандон ва зиёиён, бахусус замони ҷашнвораи “Дидор” дида мешуд. Баъдан маълум мешуд, ки аксари онҳо чи олудагие дар ин кор доштаанд ва хайр...!

Ман хеле шигифтзадаам аз масъалагузории баъзе ҳамватанон дар матбуот ва васоити ахбору интернет. Мисли он ки: - Театри имрӯзи тоҷик ниёз ба тамошо ва ё арзи ҳастӣ дорад ё не..., ё масъалагузории сатҳи синамо, телевизион, адабиёт... ва монанд ба инҳо. Вақте хуши тамошои беҳтарин филмҳои ҷаҳониро надоред, ки диданаш ройгон аст, пас ин масъалагузориҳо баҳри чист? Оё медонед, ки баъзе намоишҳои имрӯзи театри тоҷик, ки ҳоло хушбахтона рӯи саҳнаанд, дорои адади аз 1 то қариб 10 номгӯй беҳтарин диплому тандис ва ҷоизаҳои байналмилалӣ мебошанд?

Оё шумо медонед, ки баъзе намоишҳои театри тоҷикро намоиш гуфтан гуноҳ аст, ки бадбахтона кам нестанд?

Бадбахтӣ дар он ки ин намоишномаҳо бо намоишҳои дар боло зикршуда худро дар як қатор мебинанд ва шояд беҳтар ҳам донанд, чаро, ки онҳо имрӯз бештар рӯи саҳнаанд? Оё касе ва ё мутахассисе ҳаст, ки холисона фарқияти қиммати бадеӣ ва ҳунарии ин намоишҳоро дарку фаҳм кунад ва ё гуфта тавонад? Магар бадбахтии  асосӣ бетафовутии мову шумо нест...?! Сатҳу дараҷаи рушди адабиёт ва ҳунари театру синамо нахуст аз хонандаву бинандаи он сахт вобаста аст (ин сухани бузургон аст...). Агар наоеду таваҷҷуҳ надошта бошед, пас нолидан чист? Шояд ин амали шумо боис гашт, ки имрӯз дар театр обрӯю манзалати ҳунару ҳунарманди асил қариб намондааст. Касе фарқи “зарби оҳангару сӯзангар” намедонад ва ё донистан намехоҳад. Чаро ки таваҷҷуҳ ва вокуниш нест, ҳисси масъулият, талабот ва қиммати ҳунари асил, ҷавобгарӣ ва рисолат аз байн рафтааст. Ҳама паи унвону шуҳрат ва ё пур кардани ҷайби худанд, фарқ нест бо чи роҳ. Муҳим “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад...”! 

Бо чанд нафари хеле ками аҳли фаҳму дард магар метавон коре кард...?

Акнун меоям сари масъалае, ки боиси хома гирифтани банда шуд. Се филме, ки дидам: “Спитак” дар коргардонии Александ Котт, “Ситораҳо” дар коргардонии Александ Новиков - Янгинов ва “Чи гуна Витка Чеснок, Леха Штирро ба хонаи маъюбон бурд” дар коргардонии Александр Хант буд. Ташаккур ба масъулини ин маҳфил барои интихоби чунин филмҳо. Ҳамаи ин филмҳо ва коргардонҳо аз кишвари Русия ва русанд. Филми “Спитак” бо ҳамкории Фонди рушди синамои Арманистон рӯи навор омадааст. Филм аслан фоҷиа - заминларзаи ваҳшатноки соли 1988-ро қисса мекунад, ки шаҳри Спитакро бо 15000 ҳазор қурбонӣ қариб пурра аз байн бурда буд. 80% забони филм арманӣ бо зернависи русӣ аст. Асабӣ нашавед ҳамватанони азиз, арманиҳо метавонанд дар филме, ки коргардон ва дигар имкониятҳо бештар аз ҷониби Русия буд, ба забони модариашон ҳарф зананд. Вақте воқеоти филм замони шӯравӣ гузаштааст, мумкин нест, ки арманиҳо забони русиро надонанд. Ман бовар дорам, ки имрӯз ҳам онҳо аз мову шумо хубтару беҳтар забони русиро баладанд, бе афзудани мактабу боғчаҳои русӣ, балки баръакс...!!!

Филми дигар “Ситораҳо” дар коргардонии Александ Новиков - Янгинов буд. Ин филм пурра аз Русия буд. Муҳтавои филм, муаллими забони русӣ, ки миллаташ руси шаҳрванди кишвари Ӯзбекистон аст, барои ёфтани маблағи муолиҷаи духтари бемораш ба пойтахти Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Сюжаи асосии филм мушкилоти муҳоҷират аст. Аҷибаш дар он ки дар ин филми русӣ ҳам забони ӯзбекӣ хеле фаровон истифода шудааст. Қаҳрамони асосии филм, ки ҳунарпешаи машҳури синамои Русия Юрий Сухоруков иҷро мекунад ва инчунин Игор Гаспарян чунон бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, ки фикр мекуни ӯзбеки тозаанд. Қаҳрамони Сухоруков, ки миллаташ рус аст, ҳатто дар Маскав ҳам бо ӯзбекҳои муҳоҷир ӯзбекӣ ҳарф мезанад. Ӯ ба миллату забони давлате, ки шаҳрванди он аст, арҷ мегузорад. Ман аминам, ки агар руҳияи миллатпарварию арҷгузорӣ ба забони давлатию модарии фарҳангиёну ҳунармандони ӯзбекистонӣ намебуд, ин амал ҳеҷ гоҳ рух намедод.

Акнун ҳамин масъаларо дар муқоиса бо филмҳои замони истиқлолият таҳияшудаи мо бубинед. Дар филмҳои мо тамоми деҳаи тоҷик ба як русу забони ӯ мутобиқ мешаванд. Ва ё арӯси замонавиамон забони модарӣ-тоҷикиро намедонад. Модарони мо аз ҳиссу нанги миллӣ ва забонӣ дуранд, фақат гапҳои соддаю хандадор мезананд...! Яъне, замонавӣ ки шудӣ, бояд забони модарӣ-тоҷикиатро надонӣ...! Аҷибаш дар он ки чунин филмҳо ба мардуми тоҷик дар умум бештар писанд аст. Шигифтзада аз сиёсати шӯравиам, чи гуна тавонист тӯли 70-80 сол моро ин гуна иваз кунад. Чанд рӯз пеш дар нақлиёти хатгарди №13 марде, ки дар сурат бисёр ба миллати рус шабоҳат дошт, аз курсии нишасташ рост шуд. Ҷавони пулчини нақлиёт бо русӣ - Шумо мефароед (Вы выходите)?- гуфт. Мард бо забони буррои тоҷикӣ гуфт, ки дар истгоҳи оянда мефарояд, маълум буд, ки тоҷик аст. Аммо як лаҳза пас аз курсии пеш духтарҷавони тоҷике аз ҷой боло шуда, бо забони русӣ он мардро ба ҷои худ нишастан даъват кард. Мард боз шунавою бурро бо тоҷикӣ гуфт, ки ҳозир мефарояд. Ҳамон замон китфи ҷавоне, ки тоҷик буд, ба мард бархӯрд ва ҷавон бо русӣ аз мард бахшиш пурсид. Аҷабо...! Касе на медид ва на мешунид...! Чанде пеш, ки дар кадом мақолаам ҳам дарҷ шуда буд, дар бозори “Корвон” зани ҷавоне бо савдогари чинӣ бо имову ишора ва русии хеле бад ҳарф мезад ва чинӣ ҳам бо забони шикаставу бади тоҷикӣ ҷавоб мегуфт. Ба ҷавонзан муроҷиат кардам, ки чинӣ бо ту тоҷикӣ ҳарф мезанаду русиро намедонад, чаро тоҷикӣ гап намезанӣ? Ҷавонзан ба ман рӯ оварда мегӯяд, ки русӣ беҳтар аст. Анқариб ҳамин ҳолату вазъиятро аҳли фарҳанги ҷомеа дорост. Як ба наворгирии филму намоишсозиҳои театрӣ ва ё рақсу маъракаҳои оммавӣ-фарҳангӣ сар занед. Бисёре аз мардумиҳоямон ҳанӯз ҳам баландгӯяк, ки ба даст гирифтанд, нохудогоҳ ба русигӯӣ мегузаранд. Ёдам ҳаст, чанд сол пеш тамрини маъракаи таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ - давлатиро қариб ки пурра бо русӣ мебурданд. Акнун андеша кунед, ки руҳияи ғуломиву манқуртӣ чи гуна бояд бошад...? Аслан амалан худи мо тоҷикон бо чунин руҳия намегузорем, ки дигар миллатҳо бо забони давлатии мо ҳарф зананд ва ё тоҷикиро ёд гиранду ба он арҷ гузоранд. Ин аст, ки мо бо ҳама миллатҳо, ҳатто сагу гурбаамон нохудогоҳ нахуст русӣ ҳарф мезанем. Шуморе аз ҷавонони мо, ҳатто баъзеашон бо ғуруру истеҳзо мегуфтанд, ки ҷавонони ӯзбекистонӣ русиро намедонанд ва дар баъзе маҳфилҳои фарҳангию коргузориҳо онҳо ба ҳайси тарҷумон буданд. Ҳатто се - чор сол пеш фарҳангие баъди сафари Ӯзбекистон бо исрор мегуфт, ки ояндаи ин кишвар шояд нестӣ бошад, чунки забони русиро қариб ки фаромӯш кардаанд. Ва ё ёдам ҳаст, ки баъди иваз кардани ҳуруф дар кишвари Ӯзбекистон кам набуданд фарҳангиёни мо, ки бо исрор мегуфтанд, ки ин иштибоҳи ин миллату давлат хоҳад буд. Ҳарчанд баъди намоишгоҳи илмиву текникӣ ва ҳунарӣ-фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ақидаи бисёриҳо иваз шуд, вале бо руҳияи ғуломиву манқуртӣ метавон инро диду дарк кард...?! Метавон дид, ки нисфи бозори кишвари моро моли содиротии Ӯзбекистон гирифтааст? Ва ё фақат дастоварди дастаи муштзанони (бокси) ин кишвар, ки дар ҳайати даставӣ дар олимпиадаи гузашта ғолиб - чемпион шуда буданд, аз тамоми дастовардҳои варзиши олимпии мо бештар аст. Бадбахтона ин заҳри қотил дар мағзу вуҷуди бештари фарҳангиёни мо ҷо шудааст, вагарна мардуми оддӣ ба ин ҳол гирифтор намебуданд. Ҳоло ҳам бештар фарзандони онҳо майл ба русӣ доранд. Аминам фазои фарҳангию худшиносии миллӣ 95% вобаста ба руҳияи фарҳангиёну зиёиёни миллат аст, новобаста ба сиёсату иҷтимоиёт! Ҳатто баъзан мебинӣ, ки ҳисси дар Маскав хондани баъзе фарҳангиёнамон аз ҳисси ватандориашон болотар аст. Ман акнун фаҳмидам, ки аз рӯи яке аз гузоришҳо чаро русҳо аз ҳама бештар мо тоҷиконро бад медидаанд. Касе, ки худро намешиносаду ба қадри худ намерасад, на Худо дӯст медораду на бандааш! Тӯли 15 рӯзи охири соли 2018 бо барномаи ба истилоҳ солинавӣ дар чанд мактабу боғчаҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи он сафари ҳунарӣ доштем. 90% бачаҳои тоҷик шеърҳои русӣ мехонданд. Барои онҳо ифтихору обрӯ ба забони русӣ шеъру суруд хондан буд. Ин қадар боғчаю мактабҳои русӣ зиёд доштаем. Дар аксари онҳо ҳатто як русзабон нест. Аҷибаш дар он, ки шароити онҳо нисбат ба мактабу боғчаи тоҷикӣ хеле беҳтар аст. Ҳама чиз ба забони русӣ. Фақат муоширати баду дӯғу пӯписа ва дашному суханони қабеҳ тоҷикӣ буд. Мо аз ҳоло фарзандони худро тарбия ба он мекунем, ки забони модарӣ-тоҷикӣ фақат барои дашному сухани бад аст. Нохудогоҳ ин дар зеҳни кӯдак ҷо мегирад ва то абад мемонад. Яъне мо аз фарзандони бегуноҳи худ ғуломаку манқуртчаҳо месозем, то ки дар оянда мислу монанди мо бузург шаванд...!!!

Абдумумин ШАРИФӢ, ҳунарпешаи театр

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 79

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.