.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

admin

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Мақсади фестивал аз намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар иборат мебошад.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, даври аввали фестивал моҳҳои сентябру октябр дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, даври дуюм моҳи ноябр дар маркази вилоятҳо ва даври ҷамъбастӣ 24 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Озмун аз 14 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ, навозиши умумӣ, хониши бадеӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, суруди анъанавӣ ва ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруд ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон ва сюитаи овозию рақсӣ иборат аст.

Ба ғолибони даври сеюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» аз ҷониби Вазорати фарҳанг мукофотҳо пешбинӣ шудаанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро дубора барқарор кардааст. Дар соли хониши нав таътили якмоҳаи зимистона барҳам хӯрда, ҷои онро се таътили якҳафтаӣ гирифт. Ин ҳамон низомест, ки дар давраи шӯравӣ амал мекард.

Чанде пеш баъзе аз падару модарон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назарпурсӣ гузаронида, ба унвони Вазорати маориф ва илм номае ирсол карда буданд, ки таътили дарозмуддати зимистонӣа барҳам дода шуд,а ба ҷойи он таътилоти маъмулии пештара ҷорӣ карда шавад. Гуфта мешавад, ки ин дархост омӯхта шуда, тибқи низомномаи нави ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии Тоҷикистон таътили якмоҳаи зимистона барҳам дода шуда, ба ҷои он хонандагон баъди ҷамъбасти ҳар чоряки таҳсил, тирамоҳу зимистон ва баҳор якҳафтаӣ истироҳат хоҳанд кард.

Аз рӯи низомномаи нав, соли таҳсил 1-уми сентябр шурӯъ шуда, 7-уми июн ба анҷом мерасад ва баъди ин имтиҳонҳо оғоз меёбанд.

Қаблан соли хониш дар Тоҷикистон 1-уми сентябр сар шуда, 25-уми май занги охирин садо медод. Мақомоти маориф то 7-уми июн дароз шудани соли таҳсилро ба зиёд шудани соатҳои дарсии фанҳои дақиқ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҳамагонии кишвар рабт медиҳанд. Ин кор ба хотири ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани барномаи таълимии мактабҳои кишвар амалӣ шудааст.

Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як ҷинояти авбошиеро ошкор ва нафарони гумонбарро дастгир кардаанд, ки мехостанд бо роҳи ҷиноят муносибат ва додугирифти пулии як нафарро ба қавле «ҳал» кунанд.

Тибқи маълумоти тафтишотӣ шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддин Ҳукматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, барои рӯёнида гирифтани маблағҳои қарзияш, ки дар дасти шаҳрванд Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе будааст, бо охирин баҳсу мунозира кардааст.

Раҷабов Р.Б. барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз роҳи мусолиҳатомез кор нагирифта, рафиқони худро, ки гӯё дар ҷомеа барои рӯёнида додани маблағҳои қарзӣ, ё бо дигар роҳ ҳал намудани он нуфузи ҷиноӣ доранд, ҷалб намудааст.

27-уми июли соли ҷорӣ номбурда ба воситаи шаҳрванд Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, бо мақсади бо роҳи ҷиноят ҳал кардани муносибати молиявии зикргардида, ки намехост маблағи қарзияшро баргардонад, шаҳрванд Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанберо ба ин кор вобаста кардааст.

Дар навбати худ Давлатов Айём бо ҳамроҳии шаҳрванд Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва дигар ҳаммаслаконаш ба кӯчаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ Юсупов Ҳ.-ро даъват кардаанд. Онҳо ҳангоми гуфтугӯ бо ҳамдигар муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Ҳамзамон шаҳрванд Юсупов Ҳамоиддинро барои маблағи пулиашро пурсиданаш ва дар охир Раҷабов Р. ва дигаронро таҳқир намуданаш зери латукӯб қарор дода, бо корд ӯро захмӣ кардаанд.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ ҳамчунин, гуноҳи Юсупов Ҳ.-ро барои таҳқир намудани Раҷабов Р. муайян намуда, барои ҷуброни гуноҳаш маблағи пулие, ки бояд Раҷабов Р. ба ӯ ҳамон лаҳза медод онро аз дасти Юсупов Ҳ. гирифта, байни худашон тақсим мекардаанд.

Дар натиҷа кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ гумонбарони ин ҳодисаи ҷиноятиро муайян ва дастгир намуда, сабабу омилҳои ба ин ҷинояти вазнини хусусияти хавфноки ҷамъиятидошта даст задани онҳоро муайян намуданд.

Айни ҳол нисбати гумонбаршудагон Раҷабов Раҷабалӣ Бобоевич, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Возеҳ, Давлатов Айём Шарифович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Идиев Парвиз Қурбонович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшон, Гулов Дилшод Хуршедович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, деҳаи Деҳлоло, Юсупов Ҳамоидддин Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Зафар бо моддаи 237 қисми 2 ва 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршавадаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Илова бар ин чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни дигари ин гурӯҳи ҷиноятӣ идома дорад.

Суди вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳукми мудири пешин ва кормандони ятимхонаи рақами 1-ро дар шаҳри Марғелон эълон кард. Онҳо дар дуздии маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсии тарбиятгирандагон айбдор мешуданд. Муҳокимаи парвандаи онҳо 7-уми август ҷамъбаст шуд.

Камол Яқубов, мудири пешин ва муовиниаш Собирҷон Усмонов бо моддаҳои “Хунукназарӣ”, “Дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ”, “Маҷбурсозии занон ба исқоти ҳамл” айбдор ва ба муддати чор сол зиндонӣ шуданд. Ба ҷуз ин, суд ҳашт корманди дигари ятимхонаро аз 3 то 3,6 сол зиндонӣ кард.

Хабар дода мешавад, ки мураббиён ва парасторон тарбиятгирандагони аз 3 то 7-соларо доим латту кӯб мекардаанд.

“Ба ҷуз ин, дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки тарбиятгирандаи ноболиғ аз мураббӣ ҳомиладор шудааст. Дар натиҷа мураббӣ дар якҷоягӣ бо табиб тарбиятгирандаи ноболиғро маҷбур кардаанд, ки тифли батнашро исқот кунад”, - омадааст дар парванда.

Гуфта мешавад, ки роҳбарияти ятимхона дар ҳамоҳангӣ бо муҳосиб 167 миллион сӯми буҷаро аз худ кардаанд.

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.