.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Лента

Cарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу бо истиқбол аз таъйини замони интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Тел Авив ба Қудс, аз президенти Амрико Доналд Трамп даъват кард, дар маросими кушоиши сафоратхона дар Қудси ишғолӣ ширкат кунад.

Сухангӯи котиби давлатии Амрико Хезер Науэрт дар баёнияе эълом кард, 14 майи 2018 сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Байтулмуқаддаст интиқол меёбад.

Аз сӯи дигар чор манба дар Кохи Сафед эълом карданд, Шелдон Аделсон, миллиардери яҳудӣ-амрикоӣ пешниҳод кардааст, ҳазинаи сохти сафорати ҷадиди Амрикоро, ки давлати Амрико қасд дорад онро дар Қудс бисозад, таъмин кунад.

Аделсон аз бузургтарин кумаккунандагон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико ва Ситоди таблиғоти интихоботи Доналд Трамп башумор меояд.

Ӯ ҳамчунин яке аз наздиктарин ашхос ба Бинямин Натаняҳу ба шумор меояд ва моликияти рӯзномаи «Israel Hayom», ки пурфуруштарин рӯзнома дар Исроил аст, дар ихтиёр дорад.

Сарвати Аделсон ҳудуди 40 миллиард доллар гуфта мешавад, ки аз клубҳо ва бошгоҳҳои шабона, меҳмонхонаҳо ва дигар дороии вай таъмин мешавад.

Хонданд 376

22-юми феврал дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси ширкати тоҷикистонии «Ғаюр» маркази бузурги савдо кушода шуд.

Дар кушодашавии он сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Имом Содиқ Ашӯрбойзода, шахсони масъули вазоратхонаҳои Ӯзбекистон ва намояндаҳои савдои он ширкат доштанд.

Ҳоло фақат маҳсулоти сохтмонии ширкати «Ғаюр» рафҳои ин маркази бузургро оро медиҳанд, аммо дар назар аст, ки дар ояндаи наздик маҳсулоти ширкатҳои дигари тоҷикистонӣ низ ба ин ҷо ҷалб карда мешаванд.

Ширкати «Ғаюр» яке аз бузургтарин ширкатҳое мебошад, ки солҳои охир истеҳсоли сементи аълосифатро на танҳо дар миқёси Тоҷикистон, балки дар бозорҳои чанд мамлакати Осиёи Марказӣ, аз қабили Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба роҳ мондааст. Ширкати «Ғаюр» дар баробари истеҳсоли семент, истеҳсоли гипсокартон, армстронг, маҳлули сафедкунанда, халтаҳои полипропиленӣ ва маҳсулоти дигари бетониро низ коркард менамояд.

Ширкати ватании «Ғаюр» дар Тоҷикистон корхонаҳои зиёди истеҳсолиро аз қабили ташкилотҳои ҷамъиятии тарзи кушодаи «Хуаксин Ғаюр Семент», «Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент», «Хуаджиан Ғаюр Индастриал», «Ғаюр Саноат», «Ғаюр Пекидж», «Ғаюр 1» ва «Ғаюр Трейдинг» ба роҳ мондааст, ки айни замон барои рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми зиёд доранд.

Намояндаи «Ғаюр» иттилоъ дод, ки ширкати «Ғаюр» тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон низ намояндагиҳои худро боз намояд ва бо ин роҳ дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошад. Инчунин дар рӯзҳои наздик бо ибтикори «Ғаюр» истеҳсоли зиёда аз 120 намуди ранг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

Бибиҷон Ашӯрова

Хонданд 754

Дар Душанбе қуръакашии чемпионати футболи Точикистон дар мависими 2018 баргузор гардид.

Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин мавсим дар чемпионат 8 даста - «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), КМВА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунанд. Чемпионати дар се марҳала баргузор мешавад ва ҳар даста 21 вохӯрӣ мегузаронад. Дастаи ҷойи охир Лигаи олиро тарк мекунад, дастаи ҷойи 7-ум бо дастаи ҷойи дуюми Лигаи якум бозии гузариш анҷом медиҳад.

Мувофиқи қуръакашӣ чор даври аввали чемпионат ин дастаҳо бо ҳам вомехуранд:

Даври 1

«Панҷшер» – «Куктош»

КМВА «Помир» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 2

«Куктош» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Панҷшер» – КМВА «Помир»

Даври 3

КМВА «Помир» – «Куктош»

«Хатлон» – «Панҷшер»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 4

«Куктош» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

КМВА «Помир» – «Хатлон»

Мавсими 27-уми чемпионати футболи Тоҷикистон дар соли 2018-ум 10-уми март оғоз мегардад.

Манучеҳр Ниёзов

Хонданд 854

Прокурори генералии Узбекистон Рашид Қодиров, ки аз мансаб барканор гардида буд, ҳабс карда шуд.

Расонахои узбекӣ аз ин барканорӣ хабар дода навиштанд, ки алҳол ин иттилоъ аз ҷониби мақомоти расмӣ на инкор шудаасту на тасдиқ гардидааст. Собиқ прокурори генералӣ 22-юми феврал ба ҳабс гирифта шудааст ва аз ҷониби муфаттишон пурсида мешавад, навиштааст «Озодлик» бо истинод аз иттилои як манбаъ аз прокуратураи генералии Узбекистон.

Гуфта мешавад, ки ду зердасти Рашид Қодиров ҳам, ки дар прокуратураи генералӣ бо ӯ кор мекардаанд, боздошт шудаанд. Қодировро бо гунҳои «аз худ кардани амволи давлатӣ ба миқдори зиёд ва шустушӯи пул тариқи бонкҳои хориҷӣ» айбдор кардаанд.

Рашид Қодиров моҳи апрели соли 2015 вобаста ба тафтиши парвандаи Гулнора Каримова, духтари перзиденти собиқи Узбекистон, ки аз соли 2014 дар ҳабси хонагӣ қарор дорал, аз вазифа барканор шуд. Ӯро дар ин вазифа Ихтиёр Абдуллоев, ки то ин дам мушовири давлатии презиеднти ҷумҳурӣ буд, иваз кардааст.

Хонданд 576
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.