.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минбари сардабир

бАРЗу

Окт 07, 2017 Хонданд: 659
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

…Фол аз Девони Ҳофиз чун кушудам ин саҳар,
«Сина моломоли дард» омад далели ҳоли мо...

(Абдуҷаббори Суруш)

Ёдам нест маротибаи охир кай театр рафта будам. Хато накунам, се намоишномаи шодравон Фаррухи Қосим- «Юсуфи гумгашта», «Фоҷиаи Исфандиёр», «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. То ба ҳол толорҳои хомӯш, аммо.моломоли тамошобин пеши назарам аст. Ҳамчунин дар ёдгӯшаҳои хотирам зинда мешавад сӯҳбатҳои тӯлонӣ бо устодони шодравон Фаррухи Қосим ва Муҳаммадзамони Солеҳ. Муҳаммадзамоне, ки асари ҷовидониаш «Ишқи актёри пир» ба дӯсташ Фаррух бахшида шуда ва то ҳол чунин тасвиру шеваи дилангези баёнро дар ягон асари дигари тоҷикӣ нахондаам. Баъди он ки театри Фаррух ломакон гаштаву макон меҷуст ва Фаррухи нотакрор баъди ба саҳна гузоштани як намоишнома дар яке аз кишварҳои ҳамсоя мариз гашт, театр барои ман, асолаташро гум кард, мурд. Аз ин калима ким - чӣ хел эҳсоси газандае дар дили ман пайдо мешуд. Ҳамон тавре ки баъди марги тадриҷии Субҳони Сайид суруди тоҷикӣ маро мегазад, диламро ба дард меорад…
Ногаҳон дубора ситорае дурахшид бо исми Барзу. Ҷигарбанди ду ҳунарманди соҳибистеъдоди тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова. Беҳуда намегӯянд «аз гул гул рӯяд…» Ҷавоне бо шару шӯри ҷавонӣ, бо рӯҳи зиндагихоҳ, бо иродаи қавӣ бо истеъдоди нотакрор…
Беҳуда намегӯянд:
Ҳар шаб ситорае зи само меканаду боз,
Ин осмони ғамзада ғарқи ситораҳост.
Барзу ба ҳар даргоҳе мерафт ва ҳатто барои лаҳзае, барои соате, барои моҳе, барои соле буд бо худ рӯҳи зиндагихоҳеро меовард, нав мегуфт, нав меҷуст, дар қафасу панҷара намеғунҷиду намеғунҷад.
Ёдам ҳаст, замоне рӯй ба журналистика овард. Дардномаҳояшро дар «Имрӯз нюс» менавишт. Масъули вақти нашрия Раҷаби Мирзо боре хоҳиш кард то атрофи як навиштаи ӯ фикри худро гӯям, аниқтараш, посухе ба он гӯям. Навиштам. Намедонам ба касе писанд омад ё на, аммо ин оғози шиносоии ман бо ин марди Худо буд.
Барзу тавре интизор мерафт ҳатто дар «қафаси фарҳангӣ» нағунҷид. Рафт. Ва тоза ба тоза бо намоишномаҳояш аввал дар Бишкек ва инак дар Алмато соҳибқадру болонишину моҳи анҷуманҳо ва ғолиби аксар ҷашнвораҳо шуду мешавад.
Аммо… намоишномаҳои ӯро мебинаму намедонам чаро, намоишномаҳои Фаррухи Қосим ёдам меояд: Фаррух замоне «Юсуфи гумгашта» - ро ба саҳна гузошт, ки миллати тоҷик дар андешаи ба чоҳ афтонидани бародари дигарндеш афтида буд, вақте «Фоҷиаи Исфандиёр» - ро ба саҳна гузошт, ки падар ба писар теғ мекашиду бародар ба бародар, вақте «Лайлӣ ва Маҷнун» - ро ба саҳна гузошт, ки Маҷнуне он сӯи соҳили Панҷ буду Лайлие ин сӯйи соҳил… Дигаронро намедонам, аммо ман чунин хулосаю бардошт доштам.
Имрӯз ҳам Барзу ончиро мегӯяд, ки дар Тоҷикистон мегузарад. Ҳамон ҷанги наслҳо, ҳамон тарсҳову ранҷҳои абадӣ…
Барзу аз Тоҷикистон мегӯяд ва бояд инро дар Тоҷикистон гӯяд. Миллатро аз ҷигарбандаш ҷудо накунед, барои Барзу имкони кор диҳед, театри Барзу, мактаби Барзуро ба Ватан оред!
Агар не, рӯзе Миллат моро нахоҳад бахшид!
Хуршед АТОВУЛЛО 

Тағйироти охир Шанбе, 07 Октябр 2017 10:25
Хонданд 659
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.