.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минбари сардабир

ДАВоДАВ

Дек 15, 2018 Хонданд: 653
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
ДАВоДАВ

Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад ва машинае, ки ҳамагӣ се ҳазор доллар меистад, як хел аст.

(Стив Ҷобс, миллиардер)

Боре дар ағбаи Анзоб роҳро тарма басту чанд соат мунтазир шудем. Ҳар ронанда кӯшиш мекард, ки дар роҳи яхкарда як қадам аз дигаре пеш мегузарад. Бо ин талош барои дигар ронандагон монеа эҷод мекард ва дашному носазо мешунид. Вақте аз ағба гузаштем, ҳамин ронандае, ки аз ҳама бештар кӯшиши пеш гузаштан дошт, ҳамагӣ се-чор метр аз мо пеш буд…

… Як нафар шиносам, ки дар нотариуси давлатӣ кор мекунад, боре тааҷҷубомез пурсид:

- Намефаҳмам, ҳамин мардум куҷо шитоб мекунанд? Як нафаре, ки бояд ба мо муроҷиат кунад, даҳ шинос мекобад, то ҳуҷҷатҳояшро ақаллан ним соат пештар тайёр кунад…

… Дӯсте вақти хӯроки нисфирӯзӣ узрхоҳӣ кард:

- Мебахшед, бо Шумо рафта наметавонам. Хӯрокро дар сари мизи корӣ тановул мекунам. Кор бисёр… Вақте баргаштем, дидам, ки хӯроки дӯстам дар наздаш, даст нарасонида истодаасту болои сараш панҷ нафари корафтода ҳеҷ намегузоранд ба сӯйи он даст барад…

Вақте ҳангоми суҳбат бо нафаре ҳушманд ин масъаларо бардоштам, табассуме карду гуфт:

- Ин хислати мардуми шаҳр аст. Дар минтақаҳо, алалхусус дар деҳоти дурдаст, касе ба ҷое шитоб намекунад. Аммо, дар шаҳрҳои бузург қимати вақт дигар аст. Агар ҳафтае ғел зада, истироҳат кардӣ, аз дигарон як моҳ қафо мемонӣ. Бояд ба пеш ҳаракат кунӣ, бояд лаҳзае таваққуф накунӣ, бояд ба қафо нанигарӣ. Ту фурсати таҳлилу баррасию андешаи амали анҷомдода надорӣ. Аксари нависандаю шоирони мо ҳамон таҳлилеро ба риштаи тасвир мекашанд, ки ҳанӯз замони ҷавонию наврасӣ дар мағзи онҳо пухта расидааст. Беҳуда нагуфтаанд: «Шоир аз деҳ бархезаду шеър аз шаҳр».

Ҳамин ҳолат дар навбати нақлиёти мусофиркаш, дар навбати назди духтур, дар навбати назди муаллим, дар навбати назди раис… хуллас, дар ҳама ҷое, ки аз ду нафар бештар ҳастанд, дида мешавад. 

Мегӯед гуноҳи коғазу коғазбозии зиёд аст? Шояд… Вале ин шитобзадагӣ ончунон ба ҷомеа таъсир гузоштааст, ки мардум аз субҳи содиқ то намози шом фақат медаванд, дар ҳама ҷой шиносу ошно мекобанд, то ақаллан қадаме пештар аз дигарон гузоранд, қадаме тезтару пештар…

Аммо, агар дар ҷое шитобу шитобкорӣ омили тезтар анҷом додани коре бошад, дар ҷойи дигар сабаби фалокату садама ва ҳодисаи нохуш шуданаш мумкин аст. Дар нӯшидану хӯрдан, дар мошин рондану навбат истодан, дар духтарро ба шавҳар додану писарро хонадор кардан, дар посухи тилфони волидайну дар муносибат бо корманди идораи обу газу партобу корманди китобхонаю ҳатто прокуратураю суд…

Аммо, фақат дар як ҷой навбатро намебинам. Шитобу шитобзадагӣ ҳам нест. Он ҷое, ки хонаи охирати ҳама он ҷой аст. Дар қабристон. Ҳарчанд фарҷоми ҳама давидану шитоб кардан аст. Ё шояд дар ин хокдони хомӯш ҳам рӯзе барои навбат ҷанг мешавад?…

Хуршед Атовулло

Тағйироти охир Шанбе, 15 Декабр 2018 11:11
Хонданд 653
Баҳо диҳед
(3 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.