Якуми март дар Тоҷикистон бояд интихоботи парлумонӣ сурат гирад. Аммо аз хомӯшии ҳизбҳои сиёсӣ чунин бармеояд, ки он чун пешина орому сокит ва бе рақобати чашмгир доир хоҳад гардид.

Ягона тағйироти ҳисшаванда ба интихоботи имсолаи парлумонӣ ширкати фаъолонаи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо сарварии Раҳматилло Зойиров аст. Сотсиал-демократҳо ин маротиба ҷиддӣ ба тарғиби номзадҳои хеш рӯй оварданд ва вақти барояшон аз расонаҳои давлатӣ ҷудошударо ҳам самаранок истифода бурданд.

Аз номзадҳои пешниҳодкардаи Ҳизби халқӣ-демократӣ бошад, чунин бармеояд, ки дар ин ҳизб мехоҳанд бештар ба ҷавонон майдон диҳанд ва истеъдоду малакаи онҳоро ба намоиш гузоранд. Ҳизби коммунист ва сотсиалист қариб чеҳраи тоза ва ҷавон надоранд ва аслан бо “гвардияи куҳна” ба майдон мебароянд. Ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ бошанд, заминаи ҷалби бештари кишоварзон ва мардуми деҳотро доранд, аммо суоли кушода ин аст, ки ин мардум то кадом сатҳ ба сиёсату ба ҳизбҳо таваҷҷуҳ доранд.

Дигар ҳеҷ… Бо вуҷуди он ки шабакаҳои давлатии Тоҷикистон шабу рӯз аз интихобот мегӯянду мардумро ба иштироки фаъолона даъват менамоянд, аммо иштироки васеи шаҳрвандонро интизор набояд гардид. Сабаб фақат дар муҳоҷират будани як қисми аҳолӣ нест, балки то ҷое тарғиби камранги ҳизбҳои сиёсӣ ва чеҳраҳоеро, ки ба муборизаи ҷиддӣ дар ҳавзаҳо омода нестанд, метавон шуморид.

Аммо, мардум бояд тақдири худро ба дасти хеш муайян кунад. Ба қавли Аллома Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ҳама ба интихобот, то он чун ХОБ нагузарад!

1 бинависед

  1. Худо он миллатеро «сарваре» дод,

    Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

    Ба он миллат сару коре надорад,

    Ки деҳқонаш барои дигарон «шишт».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here