Рӯзи 2-юми декабр ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО, ки вазифаи ҷониаш талаби риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аст, доир мешавад.

Дар ду соле, ки ман раҳбари ин созмони журналистӣ будам, бо чӣ баҳсҳое дучор нашудам. Аз шикояти ҳамкасб аз болои ҳамкасб сар карда, то сӯйистифода кардан аз номи «журналист» ва ё ному насаби ин ё он сармуҳаррир, аз шиква барои нашр накардани посух то ба дуздида, аз номи хеш нашр кардани ин ё он мавод.
Вале, инак, мӯҳлати раисии ман ҳам ба поён расиду акнун метавонам чанд мисолеро аз ин рӯзгор пешкаши шумо гардонам, ки фикр мекунам лоиқ ба шунидану донистан аст.
Боре дар як ҷаласа шикояте садо дод, ки гӯиё рӯзноманигоре аз раиси хоҷагии деҳқоние як тонна картошка пурсидааст. Баъди шунидани шикоят мо аз пайи таҳқиқи масъала шудем. Рӯзноманигор сабти сӯҳбаташро бо раиси хоҷагии деҳқонӣ рӯйи миз гузошт.
«Раис:- Дина як журналисти дигар омада буд. Сад кило картошка гирифту рафт. Ту ҳам саволҳои ҳархела надеҳу сад кило картошка гиру рав.
Журналист:- Суоли ман сари картошка нест. Барои чӣ худ аз худ заминҳои обии хоҷагӣ дар як сол ба замини ғайрикишоварзӣ бадал шудаву баъдтар чун замини наздиҳавлигӣ тақсим шуданд? Ту бо ин далелҳо бо як тонна картошка ҳам аз қонун гурехта наметавонӣ!».
Дар як ҷаласаи дигар бо ширкати судяҳои шаҳру вилоятҳои кишвар чун сухан дар бораи вайрон шудани меъёрҳои ахлоқи журналистӣ рафт, ба калимаи «говсуд» часпиданд. Ба қавли судяҳо, ин таҳқири системаи судӣ ва судяҳо будааст. Як судяи ботаҷрибатар ҳамаро ба мусолиҳа даъват карда, ҷониби журналистон гуфт:
— Ба фикрам, шумо ҳукмҳоеро мегӯед, ки ба назари шумо аз ҳад зиёд беадолатона аст. Ҳамин тавр не?
Журналистон ин андешаро дастгирӣ карда, аз ҳукми журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдрас шуданд, ки барои чорсад сомонӣ ба муддати беш аз даҳ сол ҳукми зиндон гирифтааст.
Ҳамин гуна ҳолат айни замон дар баҳси судии миёни ширкати «Диёри Хуҷанд» аз як сӯ ва шаҳрванд Яқубов Лутфуллою Ҳукумати шаҳри Хуҷанд идома дорад. Гап сари он аст, ширкати мазкур на имкони молӣ дорад, ки дар ҳудуди баҳсии қитъаи замин хона созад, на мегузорад, ки дар маркази вилоят ҷое обод шавад. Ҷониби Ҳукумати шаҳр тамоми ҳуҷҷатҳои қонуниро дорад, аммо дар суди шаҳрӣ ва вилоятӣ баъзе судяҳои «бовиҷдон» гӯшакӣ карда, мегӯянд: «Ҳақиқату қонун ҷониби Шумо аст, вале ҷониби ширкат «одами зӯр» дорад. Беҳуда миёни хешро нашиканед!».
Аммо, сад дареғ, ки дар ин давра аз чаҳорчӯби ахлоқ берун рафтани истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар шуду камтар не. Кор ба ҷое расид, ки дигар ҳатто аз нигоштани пайки хуше дар «Фейсбук» метарсӣ. Ҳатман дар посухи он кадоме туро ба чоплусӣ айбдор мекунад ва ҳатман лагандбардор меномад. Аз ҷониби дигар, агар камбуди ҷиддиеро зикр кардӣ, ҳатман тамғаи «ҷосусӣ» ва «душмани миллат» мезананд. Ба қавли элак, ки:
— Ин сӯ равам мезанӣ, он сӯ равам, мезанӣ!
Гуноҳи ман чист, ки, ҳар сӯ равам, мезанӣ?

Хуршед АТОВУЛЛО

Добавить комментарий