.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минбари сардабир

Аз пахта то ОСБ

Сен 16, 2017
Диданд: 585

Дар ҳоле насли калонсол аз замони пахтачинии даврони Шӯравӣ бо ҳасрат ёд кардаву дар ёдгӯшаҳои ҷавонӣ ҳар пораи онро меҷӯяд, насли имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз «маршировка» ба гунаи дигар қисса мекунад.

Барои ҳар нафаре, ки даврони донишҷӯияш оғоз аз давраи Шӯравӣ то солҳои 1993-1994 гузаштааст, даврони пахтаю пахтачинӣ, кадушӯрбою «чесотка» чун як саҳифаи ширини ҷавониаш боқӣ мондааст. Дар ин саҳифаи умр қиссаҳои ошиқонаи пахтачинӣ ҳам буду талхии аввалин сигору сархушӣ аз аввалин қадаҳ ҳам, симои устодони раҳнамо берун аз синфхона ҳам буду «ишқномаҳои саҳроӣ» ҳам.
Бо вуҷуди он ки ин пахтачиниҳо аслан азобу машаққати зиёд дошт (махсусан барои онҳое, ки пахтаро аз саҳифаҳои нашрияву оинаи нилгун дидаанд), беморӣ дошту хӯроки серӣ не, аммо боре нашунидаам, ки ҷавонони он солҳо дар маҳфиле ҳарфи шиква аз он давра дошта бошанд.
Дар ин айём ҳар нафаре, ки бахташ баландӣ кардаву ба «Отряди студентони бинокор» (ОСБ) («Студенческие строительные отряди» (ССО)) рафтааст, натанҳо хотираҳои бештару ширинтар доштааст, балки шояд барои аввалин бор берун аз Тоҷикистонро дидаасту аз мактаби таърихии комсомол баҳравар шудааст. Заҳмат натанҳо дар замони пахтаю ангурчинӣ қадрдонӣ мешуд, балки барои баъзе аз фаъолон ин «аввалин зина барои сохтани зиндагии оянда», аввалин дарси ҷиддии идеологӣ ҳисоб мешуд.
Бо пош хӯрдани Шӯравӣ аввалан соли 1991 ОСБ барҳам хӯрд ва думболаи он солҳои 1993-1994 истифода аз заҳмати донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар саҳрои пахта чун «амали зараровар ба хоҷагиҳо» аз байн рафт. Ҳарчанд баъзе ҷумҳуриҳо ин мактаби тарбияи ҷавононро дар ин ё он шакл нигоҳ доштаанд, аммо ин талошҳо ҳамон ҳосилеро надоранд, ки замони Шӯравӣ доштанд.
Аз ин ҳама ёдгораҳои неки Шӯравӣ чизи каме ба мерос мондааст, ба ҷуз аз хотираҳои фаромӯшнашавандаи ҷавонӣ, ки то ҳанӯз дар ҳар маҳфиле аз забони шахсони ба синну сол калонтар шунидан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон аз ин ҳама раҳоварди умри ҷавонӣ фақат «маршировка» мондааст. Он ҳам дар шакли дағал, ки ба ғайр аз моҳҳои истироҳати донишҷӯён ҳамагӣ нӯҳ рӯзи дарсии эшонро дар бар мегирад. Шикояту норизоӣ аз дастандакорони чорабинӣ бошад, меафзояду меафзояд. Ин ҷой кадушӯрбо намедиҳанд ва мегӯянд, ки ҷуз пиёлаи обу себ донишҷӯ тамоми авқот гурусна аст. Ин аст, ки бо фаро расидани замони «маршировка» донишҷӯ мекӯшад то бигрезад аз ин масъулият:
Яке барои раҳоӣ аз он «тағо» мекобад, дигаре маълумотномаи ғафс дар бораи бемориаш мебарад, якеро бибиаш мемирад, дигаре ҳатман бояд фотиҳа шавад.
Баҳонаҳо дигар нашудаанд, - ҳамон баҳонаҳое, ки ҳанӯз замони пахтачинӣ ёфта буданд, аммо шояд ҳавас пир шудааст?…
Майдони пахтаю ангуру ОСБ ҷозибае доштанд, ки «маршировка» надошту надорад…
Ҳамин тавр не?
Хуршед Атовулло

Хонданд 585

Панҷакент

Сен 02, 2017
Диданд: 679

Бо фаро расидани насими гарми муносибат миёни кишварҳо, мардуми водии Зарафшон умедвори боз шудани шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд ҳастанд.

Хушбахтона, касе имрӯз аз вазъи роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки чандин сол дар сархати хабарҳо қарор дошт, шиква намекунад. Имрӯз ин роҳ шояд аз беҳтарин роҳҳои кишвар бошад ва мусофирон ба роҳат то зодгоҳ ё деҳаи худ мераванд. Ба болои ин, ниҳоят ба ин ноҳия нафаре раис таъин гардид, ки ба қавли мардуми ҳолдон, «аз оғӯши замин баромадааст». Раиси имрӯза Ислом Зиёзода аслан кишоварз аст ва солиёни зиёд ҳар ваҷаби ноҳияро қадам задааст. Аз оддитарин мушкили мардум хабар дорад, ҳар як мавзеъро ба хубӣ медонад. Ҳар як дастоварду иззату эҳтироми хешро аз баракати замин медонад ва то ҳоло фурсат ёфта, ба кишоварзӣ ҳам машғул мешавад. Шояд аз камтарин раисон аст, ки танқидро омили пешравӣ медонад. Боре ҳангоме дар «Фараж » маводи танқидӣ аз Панҷакент он шумора зиёд нашр шуда буд, шӯхиомез гуфтам:
- Хайр, ҳамин ду-се журналисти дигар мондааст дар шаҳр, ҳамонҳоро гӯем дигар маводи танқидӣ нанависанд…
Табассуме карду гуфт:
- Ҳарчӣ дар бораи Панҷакент менависанд, ҳатман мехонам. Агар чанд муддат касе маводи танқидӣ нанависад, ҳатто зиқ мешавам, ки чизе наменависанд. Набудани маводи танқидӣ далели он аст, ки пешравӣ нест, зеро маводи танқидӣ ҳам далели будани кор аст.
Вале, имрӯз дар Панҷакент, ки замоне чанд корхонаи саноатӣ ҳам буд, ба мисли заводи тамоку, заводи консерв ном мондаасту халос. Вазъи корхонаҳои саноатии шаҳр сахт ба вазъияти шаҳри Конибодом монанд аст. Дар ин шаҳр ҳам раисони собиқ ҳарчӣ буд, ба боди фано додаанд. Барои Ислом Зиёзода бошад, тақсимоти ғайриқонунии замин дар солҳои пеш ба мушкили азим бадал гардидааст. Ҳар дуюмин шикоят дар масъалаи замин аст, ки солҳои пеш ба вуҷуд омадаанд.
Дар тамоми шаҳр фақат як завод - заводи тилло фаъолият дорад, ки саҳмдори асосиаш чиниҳо ҳастанд ва як қисми мардони қобилияти корӣ дошта дар он ҷо фаъолият менамоянд.
Чанд сол муқаддам вақте ҳарф аз Панҷакент мерафт, баъзе аз он чун макони интиқоли маводи мухаддир ёд мекарданд, ки хушбахтона, вақтҳои охир ин доғ то ҷое шуста шудааст.
Дар ноҳия нашрияи ноҳиявӣ бо номи «Зарафшон» фаъолият дорад ва ҳамчунин телевизиони маҳаллӣ ҳам бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ аз навгониҳои ноҳия мегӯяд. Кӯшиши чанд нафари дигар, ки мехостанд шабакаи телевизионии нави маҳаллӣ созанд, бо сабабҳои номаълум самар наовардааст. Ҳол он ки, бо назардошти он, ки ин ноҳияи наздисарҳадӣ аст, бояд барои фаъолияти эшон мусоидат мекарданд.
Бо вуҷуди ин ҳама норасоиҳо то ба ҳоло «винои Панҷакент», «биринҷи Панҷакент» вирди забонҳо асту талабгорон онро бо душворӣ ҳам бошад, дастрас мекунанд.
Умед ҳаст, ки бо боз шудани дидбонгоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» миёни Самарқанду Панҷакент вазъи иқтисодии ноҳия беҳбуд меёбаду фарзанд ба дидори модар хоҳад расид.
Умед мекунем…

Хуршед АТОВУЛЛО,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе 

Хонданд 679

Копия ФутбОЛ

Июл 29, 2018
Диданд: 31
Копия ФутбОЛ

Русия замоне чемпиони ҷаҳон хоҳад шуд, ки Бразилия барандаи чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей шавад. (Пеле) Думболаи моҳи шарифи Рамазон, шабҳои бехобӣ, 

Хонданд 31

ФутбОЛ

Июл 29, 2018
Диданд: 22
ФутбОЛ

Русия замоне чемпиони ҷаҳон хоҳад шуд, ки Бразилия барандаи чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей шавад. (Пеле) Думболаи моҳи шарифи Рамазон, шабҳои бехобӣ, 

Хонданд 22
  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.