.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минбари сардабир

симКАРта

Авг 25, 2018
Хонданд: 883
симКАРта

Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз серистеъмолтарин вожаҳо буд.

Хадамоти алоқа эълон кард, ки оғоз аз якуми сентябр харидани симкартаи нав ва аз нав бақайдгирии рақами тилфонҳои мобилӣ, 250 сомонӣ хоҳад шуд. Ин тасмим дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯре барангехт ва ҳар нафаре фаҳмидаю нафаҳмида, борони хашму ғазаби худро рӯи саҳифаҳо кориданд. Нафаре аз Хадамоти алоқа ҳозир нашуд то муфассалу сода ин тасмимро шарҳ диҳад ва мардуми ба шӯр омадаро ором кунад. Бигӯяд, ки агар рақами фаъоли Шумо ба номи Шумо аст, аз як ширкат то ду симкарта метавонед дошта бошед,  ҷойи изтиробе нест, метавонед роҳат онро истифода кунед.

 Якбора аз даҳ- бист сомонӣ ба 250 сомонӣ баланд шудани нархи дилхоҳ хидматрасонӣ, табиист шаҳрвандонро дар ҳама гӯшаи дунё ба шӯр меорад. Гуфта шуд, ки ин тасмим ба хотири амният гирифта шудааст то рақами тилфони ҳама ба номи худаш бошаду пайдо карданаш осонтар шавад. Зеро то ба ин дам ба номи баъзе то бист-сӣ рақам сабт шудаву миқдори муштариёни ширкатҳои мобилӣ беш аз 4 (чор) миллион шуморида мешуд. Шояд баъди аз байн рафтани рақамҳои ғайрифаъол дар ин амал танзиме сурат гирад.

Ширкатҳои мобилӣ аввалин бор дар мавриди ин тасмими Хадамоти алоқа эътирозе накарданд, чунки ин нархгузорӣ ба манфиати онҳо ҳам ҳаст: Акнун ба ҷойи 10-15 сомонӣ онҳо метавонанд бо фурӯхтани як симкарта маблағи даҳ симкартаро ба даст оранд.

Вале сӯҳбати мо сари дигар масъала аст: 

Дар дилхоҳ кишвар нарху наво, рақобати носолимро Хадамоти махсус наззора мекунад. Мо ҳам хадамоте бо номи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дорем. Пас, чаро онҳо хомӯшанд? Баъзе таҳлилгарон набудани ин Хадамотро фойида ба буҷаи кишвар меҳисобанд. Масалан, журналист Азизи Нақибзод дар саҳифаи Фесбукиаш бо муроҷиат ба раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур менависад:

«Шумо замоне маъруф шудед, ки фармон баровардед: 'Аз хар як муштарии ширкатҳои мобилӣ симкортпулӣ СИТОНИДА шавад'. Ва чандин сол аст, миллионҳо тоҷик ҳар моҳ 80 дирам ба ҳисоби хадамоти Шумо маҷбур мепардозанд.

Холо ниҳоде, ки роҳбарӣ мекунед, тасмим гирифтааст, ки нархи як симкортро 250 сомонӣ кунад. Чӣ кунем, кисмати шӯри мо пардохтан ва аз Шумо ситонидан будааст. Аммо мехоҳам, ки ба Шумо як идея пешниҳод кунам. Идеяе, ки метавонад хазинаи давлатро ғанитар намояд. 

Чун сухани Шумо дар ҳукумат бештар аз миллион шахрванди оддӣ 'вазн' дорад, аз ҳукумат тақозо кунед, ки Хадамоти зидди инҳисориро барҳам диҳад. 

Як ҳафта пеш билети ҳавопаймо аз Душанбе то Маскав беш аз сад дар сад боло рафт, як моҳ пеш монополистон нархи сӯзишвориро то 40 дарсад боло бурданд, ҳоло ниҳоди Шумо як симкортро 250 сомонӣ муайян мекунад, вале садое аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ намебарояд. 

Пас ин хадамот ба чи дарде мехӯрад?

Барҳам додани ин ниҳод сабаби сарфаи зиёди буҷҷа мешавад. Шояд маблағи сарфашуда ба эҳтиёҷоти беҳудуди Хадамоти алоқа зарур шавад?».

Ман ҷонибдори ин идеяи Азизи Нақибзодам.

 Шумо чӣ хонандагони гиромӣ? 

Хуршед Атовулло

Хонданд 883

занакГАП

Июл 30, 2018
Хонданд: 380
занакГАП

Ҳама аз дард менолад, вале ҳар кас ба таври худ,

Шикасти шишаи ҳар дил, садои дигаре дорад.

Хонданд 380

пУФФак

Март 10, 2018
Хонданд: 399

Нодида гирифтани матбуоти касбӣ, алалхусус мустақил, аз ҷониби Ҳукумат ва идеологҳои он ба ин оварда расонд, ки “боди фейкӣ” курсиву қасри дилхоҳ мансабдорро ба коми туфони гумномӣ метавонад партояд.
Вақте Қонуни нави матбуот баррасӣ мешуд, мо як гуруҳ намояндагони матбуоти чопӣ эътироз карда будем, ки Интернет ҳам чун воситаи ахбор эътироф шавад ва табиист, ҷавобгарӣ ҳам мисли мо дошта бошад. Он замон мо натавонистем ин андешаамонро собит кунем ва Интернет воситаи ахбор эътироф нашуд.
Ба ҳодисоти имрӯз нигариста, меандешам, ки хуб шуд андешаи мо нагузашт!
Тӯли ин қадар солҳо мансабдору чиновник дар симои мо фақат душманро дид ва ҳатто як мансабдори баландпоя рӯирост изхор кард, ки:
- То зиндаам, намегузорам ВАО чун Ҳукумати чорум эътироф шавад!
Ва тавонист. Ба миллионҳо сомонӣ расонидани даъвои онҳое, ки ВАО-и мустақилро шикастанӣ буданд, латукӯби чанд “журналист-гарданшах”, ҳушдори ду - се соҳиби матбааи хусусӣ, ки нашрияҳои “гапнодаро”-ро нашр мекарданд, кифоя буд, то журналистикаи касбӣ мирад.
Кӯшиши дигаре кардем барои ақаллан бо маълумоти саҳеҳ таъмин кардани ҳодисоти таъриху ҳодисоти рӯз: Хостем дар Тоҷикистон чун тамоми дунё детективи хусусӣ фаъол шавад. Ҷонибдорон дар парлумон ҳам пайдо кардем. Аммо, ба яқин, аз тарси он ки воқеоти асл дастраси мардум мешавад, ё ба андешаи он ки “тағодоракон”-и давлатӣ дар баробари детективҳои касбӣ тоб намеоранд, ин пешниҳод фаромӯш шуд.
«Афсонаи кӯмак» ба расонаҳои мустақил, ки чанд сол боз дар долонҳо мечархад, аз аввал маълум буд, ки ба феҳрасти “афсонаҳои халқи тоҷик” ворид мешавад ва танҳо як кӯшиши пайравӣ ба САҲА буду бас! Сардабирони ботаҷриба ку ба ин афсона аз аввал бовар накарданд, бадбахтӣ ин буд, ки раҳбарияти ИЖТ қариб ба он бовар карда, ҳатто коғазҳоеро ҳам сиёҳ карда фиристоданд.
Бадбахтӣ ин буд, ки боре нашудаасту ба фикрам дар солҳои наздик намешавад, роҳбаре, мансабдоре, масъуле думболи ислоҳи камбуди нишондодашуда гардад. Баракс, ӯ ҳамеша думболи пайдо кардани фармоишгар мемонаду рисолати хешро фақат дар ҳифзи курсиаш мебинад.
Сиёсатмадори бузурге баъди шунидани шикояти як мансабдор аз расонаҳои мустақил, гуфта буд:
- Дӯстам, пуфаки шикояти мардумро пуф кардан лозим нест, балки оҳиста-оҳиста суст кардан лозим, то накафад...
Аммо, чун ҳамеша ҷои салла калла оварданду сахт пуфффффффф карданд ва пуфффак кафид!
Дигар Шумо медонеду баҳри беканори “фейк”, ки гоҳе аз Австралия пайдо мешаваду гоҳ аз Британия. Бовар кунед, агар ҳатто сад ҳазор шикорчии Бег Сабурро киро кунед, ки бефоида аст:
Дигар ҳар қадами Шумо, ҳар ҷумлаи Шумо, ҳар дуздии Шумо, ҳар хешованди Шумо, ҳар тиҷорати Шумо зери пурбини “фейкӣ” аст.
Дилам ба Шумо месӯзад, ҳарчанд дили шумо ба ҳоли журналистикаи касбӣ насӯхта буд!
Ид муборак, ҳамқалам ва ҳамалам!
Хуршед АТОВУЛЛО

Хонданд 399

«ЗАбонҷаНГ»

Март 03, 2018
Хонданд: 763

Посухи вазири маориф Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ ба суоли журналисти русзабон ҳангомаеро барангехт, ки шояд ғайб задани Низомхон Ҷӯраеви машҳур ё хабари бозгашти Бозор Собир ба Ватан ба миён наоварда буд.

Вазири маорифро шахсан намешиносам. Ягон фарзандам дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил намекунад. Мактаби зодгоҳамро бо вуҷуди он ки куҳна аст, нияти таъмиру бозсозӣ надорам, чунки медонам, вақташ расад, мекунанд. Мактабҳое ҳастанд, ки ҳоли зортар доранд. Ин ҳушдор барои онҳое аст, ки шояд мепиндоранд ба хотири кадом ғаразе пуштибонӣ аз мавқеи вазир кардам.
Аммо, дар баҳсе, ки рух доду русидонҳо санги маломат ба сари вазир заданд, ҷонибдори мавқеи вазир ҳастам. Ҳазорон мисол меорам, ки онҳое Пушкину Толстою Достоевскийро ба забони асл хондаанд, дар ҳарф задан, шикаста сухан мекунанд ва ба қавле «аксент» доранд.
Ин баҳонае барои санг задан ба вазир буда наметавонад. Аммо, кадом гуруҳе, ки шояд манфиатдор буданд, аз он фоҷиа сохтанду навори зебое ҳам сохтанд, ки аз тилфон ба тилфон мерафту меравад.
«Гуноҳ»-и вазир ҳамон эҳтироми забони «бародари калонӣ» буд, ки дар хуну пӯсти мо ҷой шудааст. Ҳоло ҳам, ҳатто дар ҷаласа бо ширкати танҳо рӯзноманигорон, агар нафаре русӣ ҳарфе зад, ҳама зӯр зада, ба русӣ сухан мекунанд. Намедонам, ҳамон тарс аз «бародари калонӣ» дар вуҷудашон мондааст ё ба хотири нишон додани он аст, ки русиро онҳо ҳам медонанд.
Аз ин баҳс метавон фақат як бардошт кард:
- Ин бояд як занги бедорие барои ҳама бошад, ки дар идома ба «русидонҳои безабон»-е, ки намоишкорона бо русӣ суҳбат мекунанд ё воқеан забони тоҷикиро намедонанд, ТОҶИКӢ суҳбат кунанд. Шояд баъди ду-се бор русӣ савол додану тоҷикӣ посух гирифтан, онҳо ниҳоят забони давлатии кишвареро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, омӯзанд. Ҳарчанд ба ин шубҳа дорам. Аламовар он аст, ки касе намегӯяд:
- Оне дар Тоҷикистон мезияд ва забони давлатии ин мамлакат тоҷикӣ аст, бояд тоҷикиро донад!
Даъвои он ки вазир рисолаашро ба русӣ навиштааст ва бояд русиро бе сакта ҳарф занад, даъвои хандаовар аст, зеро ӯ рисола навиштааст, на дарси талаффузи ҳиҷою русӣ бехато ҳарф заданро омӯхтааст.
Ӯ доктори илми фалсафа аст, на доктори филологияи рус!
Хоҳиш, фарқ гузоред, зеро «захми табар мераваду захми сухан не» ва ғараз ҷустану тухми иғво коштан сари касеро ба осмон нарасонидаасту намерасонад!
Боқӣ, Шумо донед! Вассалом!

Хуршед АТОВУЛЛО

Хонданд 763
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.