.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Рақамҳои қайди давлатии мошинҳо чоррақама мемонанд, ё серақама мешаванд?

Янв 09, 2019 Хонданд: 230
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Рақамҳои қайди давлатии мошинҳо чоррақама мемонанд, ё серақама мешаванд?

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи беэътибор шудани рақамҳои қайди давлатии чоррақамаро беасос хонд, аммо ҷорӣ шудани рақамҳои қайди давлатии серақамро инкор ҳам накард.

Дар эъломияи ин ниҳод шуфта мешавад, ки инобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт», «Намуд ва андозаи асосӣ», ва «Талаботи техникӣ»-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди «1А» (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода мешавад. Рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд.

Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.

Тағйироти охир Чоршанбе, 09 Январ 2019 10:13
Хонданд 230
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

1 Назар

  • Мамадназар Паём аз Мамадназар Чоршанбе, 09 Январ 2019 12:03

    Бале Ракамҳо се рақама ва баъд сесад рақама мешаванд роҳи осони пул стони

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.