.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Таъкиди вазир аз ройгон будани ёрии аввалини тиббӣ

Дек 27, 2018 Хонданд: 2129
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Таъкиди вазир аз ройгон будани ёрии аввалини тиббӣ

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Насим Олимзода бори дигар ба табибони тоҷик таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ ройгон аст ва инро бояд онҳо дар ёд дошта бошанд. 

Ин нуқтаро ӯ дирӯз пас аз паёми президент Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷаласаи корӣ изҳор кард.

Дар ҷаласаи мазкур он нуктаҳое, ки доир ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар паём баён шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои ташвишовар, ки вақтҳои охир боиси вокунишҳои зиёд ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гардидааст, расонидани кӯмаки ёрии фаврии тиббӣ ба беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Вазир Насим Олимзода оид ба ин масъала аз вазъи мавҷудаи беморхонаҳо, таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои эҳёи шаҳри Душанбе ва вилояту минтақаҳо сухан ронда, ба муовинони худ ва сардорони шӯъбаҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки дар ин самт корро пурзӯр намоянд. Ӯ аз хусуси ҷой доштани ҳолатҳои саривақт кӯмаки фаврӣ нарасонидани табибон ба беморон, махсусан шабонгоҳон, изҳорӣ нигаронӣ намуд.

Олимзода Насим иброз дошт, ки кӯмаки фаврии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуну қарорҳои мавҷуда ройгон буд ва ройгон мемонад ва инро бояд табибон дарк карда, аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбати давлату Ҳукумати кишвар набояд ба миён оваранд. Гуфта шуд, вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қутиҳои ёрии аввалияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд.

- Мо дастурҳои мушаххасро оид ба ёрии фаврии тиббӣ дар ҷаласае, ки ба наздикӣ дар Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки “Шифобахш” гузашта буд, ба роҳбарони муассисаҳои тиббии кишвар дода будем, вале бори дигар пас аз паёми Пешвои миллат ба ин масъала назорати ҷиддӣ медиҳем, - изҳор дошт ӯ.

Ҳамин тавр, вазир дар ҳошияи гуфтаҳои хеш ба масъулон супориш дод, ки рӯзи 27-уми декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3-юми январ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор карда шавад.

Нури Саид

Тағйироти охир Панҷшанбе, 27 Декабр 2018 16:47
Хонданд 2129
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.