.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Сайёфи Мизроб ва Бахтиёри Ҳамдам ба Раёсати Шӯрои ВАО пайвастанд

Дек 08, 2018 Хонданд: 225
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Сайёфи Мизроб ва Бахтиёри Ҳамдам ба Раёсати Шӯрои ВАО пайвастанд

Дирӯз, 7-уми декабр, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Шератон” Ҷаласаи солонаи Шӯрои васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар ин ҷаласа вакилон аз 60 ташкилоти журналистиву нашрияҳои кишвар, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Вазорати фарҳанги ҶТ иштирок доштанд. Ҷаласаро раиси Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова оғоз намуд. Инчунин, дар ҷаласа Лилиана Зирович - раиси кулли Шӯрои ВАО-и ҷумҳуриҳои Босния ва Ҳерцеговина дар мавзуи “Таҷрибаи худтанзимнамоии ВАО дар Босния ва Ҳерцеговина ва фаъолияти шабакаи ягонаи Шӯроҳои ВАО дар Аврупо” баромад намуд. 

Дар ҷаласа ҳуқуқшиноси Шӯрои ВАО Суҳроб Пулотов дар мавзуи “Риояи меъёрҳои ахлоқӣ - кафили таъмини амнияти фаъолияти журналистӣ”, олимони ҷавон Хушдил Раҳимҷонов ва Умед Назаров дар мавзуи “ Риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар журналистикаи тоҷик” ибрози андеша намуданд. Инчунин, Дабири кулли Шӯрои ВАО Зеваршоҳ Муҳаммад дар мавзӯи “Таъсири фанновариҳои ҷадид ба расонаҳо“ баромад намуд. 

Дар ҷаласа ҳамзамон ҳисоботи солонаи раиси Шӯрои ВАО ва ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Шӯро шунида шуд. 

Дар анҷом, тариқи овоздиҳии пӯшида Сайёфи Мизроб ва Бахтиёри Ҳамдам ба Раёсати Шӯрои ВАО пайвастанд ва Шаҳло Акобирова барои як соли дигар раиси Шӯро интихоб гардид.

Миҷгона Эшонова,

Зарнигор Асоева

Тағйироти охир Шанбе, 08 Декабр 2018 12:14
Хонданд 225
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.