.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Омӯзгор барои таҳқиру латтукӯби хонандагон аз мақом барканор шуд

Дек 04, 2018 Хонданд: 270
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки аз ӯ танҳо Р. М. ном бурда мешавад, барои таҳқир ва латукӯби хонандагон аз мақомаш барканор шудааст.

Пештар расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд, ки дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Бувайда омӯзгорон бо ҳар баҳона, аз ҷумла обуна шудан ба нашрияҳо, аз хонандагон пул талаб мекунанд. Ҳамчунин, бархе аз онҳо хонандагонро дашном дода, таҳқиру латукӯб мекардаанд.

Дар пайи санҷиши Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Ӯзбекистон маълум шудааст, раҳбари синфи 7 «в»-и мактаби мазкур Р. М. 16-уми ноябри соли 2018 зидди хонандагоне, ки пули обунаро наоварда буданд, кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст.

Дар натиҷа, бо фармони раҳбарияти Идораи маорифи вилояти Фарғона, Р. М. ва муовини мудир оид ба таълиму тарбия Х. А. аз мақом барканор шуданд. Мудири мактаб Р. А. ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.

«Вазорат ҳама гуна амалҳои хушунатомезро маҳкум карда, аз омӯзгорону волидон даъват мекунад, хештандор бошанд ва мушкилиҳоро бидуни зарбу шатта ҳал кунанд. Ҳамчунин аз масъулони мактабҳо талаб мешавад, ки бо ҳар баҳона ҷамъоварии ғайриқонунии пул аз волидону хонандаҳоро қатъ кунанд», - гуфтанд дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон.

Тағйироти охир Сешанбе, 04 Декабр 2018 12:43
Хонданд 270
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.