.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Роғун - роҳи нав барои муносибатҳои кишварҳои ОМ

Дек 04, 2018 Хонданд: 203
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Роғун - роҳи нав барои муносибатҳои кишварҳои ОМ

Ба гуфтаи коршиносони минтақавии Осиёи Марказӣ нерӯгоҳи Роғун усули наве барои ба роҳ мондани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Ин нуктаро муовини директори Институти Осиёи Марказӣ оид ба тадқиқоти стратегӣ Фарҳод Одинаев, дар вохурии минтақавии коршиноон, ки доир ба гидроэнергетика дар шаҳри Душанбе баргузор гирдид, зикр намуд. Вохӯрии мазкур дар доираи Мактаби таҳлилгарии CABAR.asia, ки дар он таҳлилгарони ҷавон ва журналистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб гардиданд, доир шуд. 

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, иродаи сиёсӣ буд, ки нерӯгоҳи Роғун дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Вале, ӯ чунин мешуморад, ки барои пурра ба истифода додани  чархаҳои нерӯгоҳи Роғун танҳо иродаи сиёсӣ кофӣ буда наметавонад.  

Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки сохмони нерӯгоҳи Роғун барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон ёрӣ мерасонад ва он барои 150 сол кор хоҳад кард.

- Қарор аст, ки нерӯгоҳи Роғун барои 150 сол бояд кор кунад. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон кӯмакрасон аст. Ва воқеан ҳам дар Тоҷикистон буҳрони энергетикӣ буд ва солҳои 2007, 2008 ва 2009 хеле зимистони сард буд, ки ин буҳрони энергетикӣ, ё ин ки норасоии газро кишварҳои   Осиёи Марказӣ низ таҷриба карда буданд, - қайд кард коршнос.

Ёдовар мешавем, ки чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр мавриди истифода қарор гирифт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, чархаи дуюми нерӯгоҳ соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.

Тағйироти охир Сешанбе, 04 Декабр 2018 09:38
Хонданд 203
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.