.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Духтари 13-сола дар шабнишинии писари мансабдор

Нояб 27, 2018 Хонданд: 1658
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Духтари 13-сола дар шабнишинии писари мансабдор

Як хонандаи 13-сола дар ҳавлии ҳукумати ноҳияи Хоҷаободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар ҳолати вазнин пайдо шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, духтар аз ошёнаи сеюми бино худро ба поён афкандааст. Гуфта мешавад, 23-юми ноябр дар ин бино бо ширкати писари яке аз мансабдорони давлатӣ шабнишинӣ мегузаштааст.

«Се мард хонандагони синфи 7-ро ба бино бурданд ва онҷо шабнишинӣ барпо карданд. Яке аз ин духтарон худро аз табақаи сеюм ба поён андохтааст. Духтар урён буд. Ӯро дар бемористон бистарӣ карданд», - гуфтааст як шоҳид.

«Димоғаш шикаста ва чанд ҷароҳати дигар дорад. Ин духтар табобати тӯлониро пушти сар хоҳад кард», - гуфтаанд дар беморхона.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Хоҷаобод ҳодисаро муфассал нақл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мардони ҷавон бо се духтари ноболиғ шабнишинӣ барпо карданд. “Посбони бино садои баланди мусиқиро шунида ба назди ҷавонон мебарояд. Духтар ӯро дида, худро аз равзана ба поён партофтааст”, - гуфтааст корманди ҳукумат.

Тағйироти охир Сешанбе, 27 Ноябр 2018 14:09
Хонданд 1658
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.