.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Русия боз як модари тоҷикро аз фарзанд ҷудо кард

Нояб 26, 2018 Хонданд: 1319
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Русия боз як модари тоҷикро аз фарзанд ҷудо кард

Як модари 41-солаи сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як ҳафта боз сарсону саргардон аст ва аз мақомоти Тоҷикистон имдод металабад. Садбарг Нуралиева барои расидан ба фарзандон лаҳзаву дақиқашуморӣ мекунад ва аз Худо илтиҷо дорад нигаҳбонашон бошад, то ба онҳо зиёне нарасад.

Мақомоти Русия ин зани бечораро маҷбуран аз ду фарзанди ноболиғаш ҷудо кардаанд. Инак, як ҳафта зиёд рӯз мешавад, ки ӯ аз ду ҷигарбандон ҷудост. Модар дар Тоҷикистону кӯдакон дар Русия, дар ҳуҷраи иҷора танҳо. 

Номбурда дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, аз соли 2014 дар Русия муҳоҷир аст. Ӯ дар шаҳри Екатерингбурги вилояти Свердловск, дар як корхонаи нонпазӣ ба ҳайси фаррош кор мекард.

Бино ба гуфтаи Садбарг Нуралиева, ба ӯ рӯзи 17-уми ноябри соли равон, замоне, ки пас аз убури сарҳади давлати Қазоқистон, мехост дубора вориди қаламравӣ Русия шавад, кормандони гумрук иҷозаи вуруд надоданд. Кормандони гумруки Русия пас аз пурсупос, сабаби надодани иҷозатро доштани ҷарима дар ҳуҷҷатҳо гуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки хонум Нуралиева мегӯяд, ҳама шартҳои будубош дар Русияро бо қатъият риоя кардааст, сари ҳар се моҳ, қабл аз ба итмом расидани муҳлати будубош расмиётро иҷро карда, аз гумруки Қазоқистон мегузаштааст ва аз нав вориди Русия мешудааст.

- Шиносномаи хориҷиям ҳам нав аст, онро моҳи декабри соли гузашта гирифта будам. Ягон қонуншиканӣ накардаам, ки ҷарима шуда бошаму онро насупурда бошам. Ҷарима аз куҷо пайдо шуд, намедонам. Илова бар ин, писарам Алиҷон Нуралиев, ки алҳол 3,5 сола аст, дар Русия таваллуд шудааст. Ӯ ҳоло бо апаи 16-солааш дар ҳуҷраи иҷораам, дар шаҳри Екатерингбург, кӯчаи Главная 17, ҳуҷраи 60 танҳо монданд. Ман аз шавҳар ҷудо, ду фарзандро танҳо тарбия мекунам. Акнун, ки ман дар Тоҷикистонам, аз ҳоли онҳо ҳамсояамон гоҳ-гоҳ хабар мегирад. Телефонӣ аз аҳволашон мепурсам. Писарчаам бе ман хеле зиёд гиря дорад. Ӯро таскин медиҳам, ки дар ҷойи кор ҳастам ва ҳозир расида меравам. Имрӯз аллакай ҳафт рӯз мешавад, ки онҳо танҳоянд. Намедонам, чӣ кор кунам, ба куҷо муроҷиат кунам?, - ашк гулӯи модари бечораро мефишорад.

Садбарг Нуралиева дар идома арз кард, гумрукчиён ҳатто нагуфтанд, ки он чӣ гуна ҷарима асту чӣ қадар маблағ аст. «Ҳуҷҷатҳои кӯдаконамро бо қайди маҳалли зист ва шаҳодатномаи таваллуди писари хӯрдсоламро, ки аз Русия гирифтаам, пешниҳод кардам, вале қабул накарданд. Хеле гиряву зорӣ кардам. Гуфтам, ки модари танҳоям, фарзандонам танҳо тарбия мекунам, касе нест онҳоро дар набудани ман нигоҳбонӣ кунад, вале ҳеҷ таъсире накард. Ман маҷбур шудам аз Қазоқистон тариқи автобусу қатор ба Тоҷикистон расам».

Чунин амали гумрукчиёни рус ва кормандони мақомот дар Русия бори аввал нест. Дар гузашта ва феълан ҳам ҳолатҳое, ки мақомоти Русия шаҳрвандони тоҷикро беасос, ё бо доштани гуноҳи кӯчак - гузаштани муҳлати қайди будубош ва ё сари вақт насупурдани ҷаримаи БДА ба муҳлати тӯлонӣ «депортатсия» кардаанд, зиёд аст. Илова бар ин, мавридҳои аз модари тоҷик бо роҳи «қонунӣ» гирифтани тифлон ҳам вуҷуд дорад.  Қазияи ҷудо кардани тифли панҷмоҳаи тоҷик - Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли 2015, баъд аз боздошти модараш Заррина Юнусова бо иттиҳоми нақзи муқаррароти будубош, ки ахиран тифл даргузашт, яке аз чунин амалкардҳои нангини мақомоти Русия аст. Ин қазия вокуниши  ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ва ҳам Русия ба бор оварда буд.

Тағйироти охир Душанбе, 26 Ноябр 2018 09:50
Хонданд 1319
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.