.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Ёрии IFC ба соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Нояб 20, 2018 Хонданд: 78
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ёрии IFC ба соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон (БҚИТ) бо ёрии машваратии  IFC, узви гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ воситаҳои навро барои арзёбии хавфҳои соҳаи кишоварзӣ оғоз мекунад. Гуфта мешавад, ин ташаббус давоми дастгирии васеи ташкилот дар рушд ва таҳкими мавқеи ширкат дар бозори кишвар мебошад.

Бо ин мақсад ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе чорабинии васеъ бо иштироки директори генералии Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон Манучеҳр Абдусамадзода, роҳбари  Барномаи умумичаҳонии  IFC-Бонки Ҷаҳони оид ба молия, рақобатпазирӣ  ва навоварӣ дар Аврупо ва Осиеи Марказӣ Ролф Берн ва доираи васеи коршиносони соҳа, роҳбарони корхонаҳои кишоварзӣ, кишоварзон ва хабарнигорон  ширкат намуданд.

Гуфта шуд, созишнома оиди расонидани  ёрии машваратӣ моҳи маи соли ҷорӣ ба имзо расидааст. Дар доираи ин созишнома БҚИТ дар якчоягӣ бо IFC нишондиҳандаҳои таҳлилиеро ҷорӣ мекунад, ки дар асоси маълумоти агрономӣ ва намунаҳои коршиносӣ таҳрезӣ гардидааст.  Он барои баҳодиҳии дақиқи хавфҳо дар асоси скоринги қарзгирандаҳои соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Ин нишондиҳандаҳо ба намунаи  ҳисоботи қарзӣ барои мизоҷони БҚИТ аз қабили корхонаҳои кишоварзӣ илова карда мешаванд. Ҳамчунин, коршиносон «Раҳнамо ва дастурамал барои истифодабарандагони модули рақамӣ» ва омӯзиши якрӯзаи омӯзгорон оид ба ҳамгироӣ ва истифодаи нишондиҳандаҳои нави таҳлилиро таҳия намудаанд.

Дар назар дошта шудааст, ки ҷорӣ кардани нишондиҳандаҳои таҳлилӣ самаранокии таҳлили қарзии қарзгирони хоҷагии қишлоқро ривоҷ медиҳад. Ин агар аз як ҷиҳат, дастрасии  муассисаҳои кишоварзиро  ба маблағгузорӣ беҳтар гардонад, аз ҷиҳати дигар, ба болоравии сифати баҳодиҳии хавфҳои қарзӣ мусоидат мекунад ва хароҷоти бо он алокаманди амалиётиро ихтисор менамояд.

Тавре ки  Директори генералии Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон Манучехр Абдусамадзода гуфт, «Эҳтиёҷоти бозори муосир ва соҳаи молиявии ҷумхуриро  ба назар гирифта, навсозии CLARA давои мушкилот дар хулоса баровардани  сохторхои молиявӣ нисбати ин ё он қарздиҳии кишоварзӣ  мешавад. Ҳоло бозор ба воситаи зикршуда эхтиёҷ дорад ва мо боварӣ дорем, ки он на танҳо хатарҳои дар бозори қарздиҳӣ бударо то ба ҳадди ақал  мерасонад, балки мӯҳлати таҳлили коршиносони мутахассисро низ кам мекунад».

Барои ҳисобу китоби нишондиҳандаҳои таҳлилӣ системаи коршиносии CLARA  (Cash-flowlinkedAgricultureRiskAssessmenttool), ки  хавфҳои қарздиҳиро барои қарзгирандагони кишоварзӣ бо ёрии тарҳрезии дақиқи ҷараёнҳои молиявии хоҷагӣ дуруст баҳо дода метавонад, истифода бурда мешавад.

- Ин шарикӣ як қисми талошҳои IFC нисбати беҳтар гардонидани дастрасӣ ба қарзҳо барои бизнеси хурд аст. Он махсусан барои фермерҳои тамоми миқёси тамоми кишвар аҳамият дорад»,-гуфт, роҳбари  Барномаи умумичаҳонии  IFC-Бонки Ҷаҳони оид ба молия, рақобатпазирию навоварӣ дар Аврупо ва Осиеи Марказӣ Ролф Бернд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, «Бо ёрии воситаи навсозона Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон қобил аст ба сохторҳои молиявӣ кӯмак расонад, то онҳо хатарҳои қарздиҳиро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар баҳо дода, ба баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба молия мусоидат намоянд. Ин раванд метавонад маҳсулнокию самаранокиро чӣ дар миқёси корхонаву муассисаҳо ва чӣ дар миқёси тамоми хоҷагии қишлоқ боло бардорад».

Тағйироти охир Сешанбе, 20 Ноябр 2018 16:38
Хонданд 78
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.