.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Убайдуллоев барои чӣ ба Санкт-Петербург меравад?

Нояб 20, 2018 Хонданд: 131
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Убайдуллоев барои чӣ ба Санкт-Петербург меравад?

28-уми ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентӣ тибқи даъват раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко,  президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Петр Рябухин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом медиҳад.

Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург то 1 декабри соли равон идома ёфта, тибқи барнома раиси Маҷлиси миллӣ дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи санкт-петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», инчунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат менамояд.

Дар доираи сафар суханронии раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» дар назар дошта шудааст.

Дар ин Конфронси сатҳи баланд, ки дар  Қароргоҳи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ - Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

Тағйироти охир Сешанбе, 20 Ноябр 2018 14:55
Хонданд 131
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.