.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

«Авалон» мусофиркашро чапа кард

Нояб 20, 2018 Хонданд: 210
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
«Авалон» мусофиркашро чапа кард

Дар садамаи нақлиётии 3 рӯз қабл дар маҳаллаи маъруф ба «Профсоюз», ки бо чапа шудани нақлиёти мусофиркаши хатсайри 48 анҷомид, ронандаи автомашинаи «Тайота Авалон» мутаҳҳам дониста шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти ВКД ба «Фараж» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, садама нимарӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 17-уми ноябр, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Сафия» бо айби ронандаи автомашинаи «Тайота Авалон», рақами қайди давлатияш 83-77 СР 01,сокини кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе Холматов Шомиддин рух додааст. Ронандаи "Авалон" бо суръати баланд хостааст роҳро убур намояд ва ба мусофиркаш бархӯрдааст.

ВКД гуфт, зимни садама дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ду мусофир қарор доштааст, ки хушбахтона, ҷароҳат набардоштаанд. «Таҳқиқи садама идома дорад».

Ин ниҳод ҳамчунин, хабари фирори ронандаи «Авалон»-ро аз ҷои ҳодиса рад мекунад, вале шоҳидони садама дар суҳбат бо хабарнигори «Фараж» гуфтанд, пас аз он ки роҳгузарон мусофирбари чапашударо рост карданд, ронандаи «Авалон» ба ронандаи «Старекс» чизе гуфту омадани кормандони ГАИ-ро интизор нашуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зад.

Тағйироти охир Сешанбе, 20 Ноябр 2018 14:08
Хонданд 210
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.