.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Гузаргоҳ шуд гулзори Душанбе

Нояб 20, 2018 Хонданд: 178
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Гузаргоҳ шуд гулзори Душанбе

Зери пой кардани гулҳои зебои садбарг дар маҳалли бозори «Султони Кабир» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби бархе аз роҳгузарон дар ҳолест, ки дар масофаи на дуртар аз 20 қадам, аз ду тарафи истгоҳ гузаргоҳҳои замонавӣ барои пиёдагардон мавҷуд аст.

Маданияти бархе аз шаҳрвандони «бофарҳанги» мо то андозае паст аст, ки гузаштан аз ҷойҳои муқарраргардидаро барои худ зарур намедонанд. Ҳарчанд нафарони зиёд гузаштани ашхоси бефаросатро аз миёни гулзори зебои бо заҳмат бунёдгардида бинанд ҳам, аҳамият намедиҳанд. Гӯё ин макон гулзор нею гузаргоҳ бошад. Барои бархе аз мардуми «бофарҳанг», ки маданияти шаҳрнишиниро то ҳанӯз наомӯхтаанд, одат шудааст, аз ҷое, ки бо девори баланд ё панҷара маҳкам нашудааст, гузаранд. Садамаҳои нохуши нақлиётӣ ҳам маҳз бо «шарофати» чунин роҳгузарон ба вуқуъ мепайвандад, ки бештари вақт бо марги эшон меанҷомад.

Ҳукумати шаҳр ҳам зурур шуморидааст, барои бехатарии шаҳрвандон як қисмати роҳҳои наздики бозорҳо ва маконҳои серодами шаҳри Душанберо бо панҷара маҳкам кунад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пеши роҳи баъзе аз роҳгузарони чобукро на панҷара гирифта метавонаду на девори баланд.

Рӯзе, ки ҳолати зери по шудани ин гулзори зеборо акс мегирифтем, роҳгузарон беибо аз ин макон гузар мекарданд. Касеро аз он ки ин макон гузаргоҳ нею гулзор аст, парвое набуд. Бештари роҳгузарон ба суоли банда, ки «Чаро аз гузаргоҳи махсус барои роҳгузарон муқараргардида роҳро убур намекунед?», бепарвоёна «дер мешавад», ё «гузаргоҳҳо аз истгоҳ дуранд» ҷавоб мегардонданд. Тавонистем танҳо ба як нафар ҷавони аробакаши бозори «Султони Кабир» фаҳмонем ва нишон диҳем, ки ин макон на гузаргоҳ, балки гулзор аст. Ӯ ҳам тавонист моро дарк ва самташро дигар кунад.

Шамсулло Фозилов

Тағйироти охир Сешанбе, 20 Ноябр 2018 12:45
Хонданд 178
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.