.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Пули маоши омӯзгорон ба дастаи футбол гузаронида шудааст

Нояб 19, 2018 Хонданд: 316
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Пули маоши омӯзгорон ба дастаи футбол гузаронида шудааст

Дар вилояти Ҷизахи Ӯзбекистон барои беҳтар кардани вазъи моливу техникии дастаи футболи “Суғдиёна” аз омӯзгорон беш аз 272 миллион сӯм (ҳудуди 33 ҳазор доллар) ҷамъоварӣ карданд.

Тавре Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Ӯзбекистон муайян кардааст, раиси вилояти Ҷизах рӯзи 2-юми ноябр қарори “Беҳсозии вазъи моливу техникии дастаи футболи “Суғдиёна”-ро имзо кардааст ва 3-4 ноябр дар асоси он ҳашари хайриявии умумимардумиеро баргузор карда, музди меҳнати якрӯзаи кормандони идораву муассисаҳоро ба таври ихтиёрӣ ба ҳисоби бошгоҳ гузаронидаанд.

“Дастури раиси вилоят хилофи қарори № 349-и Девони вазирони Ӯзбекистон дар бораи чораҳои иловагӣ барои маҳви меҳнати иҷборӣ дар кишвар аз 10-уми майи соли 2018 аст”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати маорифи Ӯзбекистон.

Ба огаҳии манбаъ, пуле, ки иҷборан ва ғайриқонунӣ ба ҳисоби дастаи футбол гузаронида шуд, ба соҳибонаш баргардонида мешавад.

Тағйироти охир Душанбе, 19 Ноябр 2018 09:36
Хонданд 316
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.