.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Интернет дар Бадахшон масдуд шудааст

Нояб 16, 2018 Хонданд: 462
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Интернет дар Бадахшон масдуд шудааст

Бино ба гузориши расонаҳо иртиботи интернетӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Бадахшон қатъ шуда ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ низ дар ин маврид тавзеҳ намедиҳанд. Сокинони ин манотиқ гуфтаанд, ки дигар наметавонанд бо бастагони хеш дар хориҷ аз вилояти Бадахшон аз тариқи паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамос бигиранд.

Онон мегӯянд, ки пас аз баргузории таҷаммӯи эътирозии сокинони шаҳри Хоруғ дар рӯзи 7 ноябр суръати интернет коҳиш ёфта ва чанд рӯзе аст, ки ба таври комил қатъ шудааст.

Бо ин ҳол, ширкати фароҳамгари хадамоти интернетии Tcell, ки масъулияти таъмини иртиботи интернетӣ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дорад, ба тозагӣ дар шабакаи Фейсбук ба дархости сокинони ин минтақа барои тавзеҳ додан дар бораи далели қатъи интернет навиштааст: “Интернет дар вилояти Бадахшон ба далоиле, ки ба мо вобаста нест, қатъ гардида ва аз ин бобат аз муштариён маъзарат мехоҳем. Умедворем, ки ба наздикӣ иртиботи интернетӣ дубора барқарор гардад”.

Тағйироти охир Ҷумъа, 16 Ноябр 2018 11:51
Хонданд 462
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • Мамадназар Паём аз Мамадназар Ҷумъа, 16 Ноябр 2018 14:11

    “Интернет дар вилояти Бадахшон ба далоиле, ки ба мо вобаста нест, қатъ гардида ва аз ин бобат аз муштариён маъзарат мехоҳем. Умедворем, ки ба наздикӣ иртиботи интернетӣ дубора барқарор гардад”. Гуноҳи ҳамма кас куса ба гардан гирад.Гунаҳгорон беғам вале халқи бечора дар азоб. На ИМО на ишора волидан бо фарзандони бурунмарзи дар тамос шуда натавониста истодаанд.То ба кай?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.