.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Байни Душанбеву Остона хатсайри ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад

Нояб 14, 2018 Хонданд: 84
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Байни Душанбеву Остона хатсайри ҳавоӣ роҳандозӣ мешавад

Дар хабар аст, ки пас аз як моҳи дигар парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон дар вебгоҳи худ эълон кардааст, ки қарор аст, аз рӯзи 14-уми декабри 2018 нахустин хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Остона ва Душанбе анҷом шавад.

Барномарезиҳо барои роҳандозии парвози мустақими ҳавоӣ миёни Остона ва Душанбе бо мусоидати ширкати ҳавопаймоии "Скат"-и Қазоқистон ва дар чорчуби фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ–тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон сурат гирифтааст.

Парвозҳо дар масири Душанбе-Остона ҳафтае ду бор дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа доир шуда, қимати билет барои ҳар мусофир 124 доллар хоҳад буд.

Пеш аз ин, парвози миён ду пойтахт аз тариқи шаҳри Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон, тавассути ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Остона Эйр» анҷом мешуд.

Тағйироти охир Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 08:57
Хонданд 84
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.