.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе қасди амали террористӣ нашудааст

Нояб 14, 2018 Хонданд: 226
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Ба пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе қасди амали террористӣ нашудааст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман маълум кардааст, ки ҳеҷ гуна қасде барои анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Дилшод Абдулалимов бо хабаргузории «АП» гуфтааст, ки хабари боздошти гурӯҳе аз исломгароёнро, ки қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе доштаанд, асос надорад. «Ин як хабари дурӯғ аст ва мо касеро боздошт накардаем», - гуфтааст ӯ.

Расонаҳо аз боздошти як гурӯҳи 12-нафарӣ, ки қасди инфиҷори пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар ҷануби Душанберо доштанд, хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти пойгоҳи 201-и Русия эълом кардаанд, фаъолияти ин пойгоҳ тибқи ҳолати маъмулӣ ҷараён дорад ва онҳо аз ҳар гуна тарҳе барои ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳ бехабаранд.

Тағйироти охир Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 09:04
Хонданд 226
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.