.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Тоҷикистон аз Туркманистон хостори харидории газу бензин шудааст

Окт 30, 2018 Хонданд: 722
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Тоҷикистон аз Туркманистон хостори харидории газу бензин шудааст

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз кишвари Туркманистон газу бензин харидорӣ намояд. Бо иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон Тоҷикистон ин имкониятро метавонад ба даст орад.  Дар ин бора  саҳифаи интернетии “Туркманистон: асри тиллоӣ” хабар додааст.

Ҳангоми баргузории ҳаштумин ҷаласаи Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию бозоргонӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе, соҳибкорони кишвар хоҳишманди харидории маҳсулоти нефту гази туркман шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон мақсад дорад, ки қисман бензин, маводи сӯзишвории дизелӣ, маводи сӯзишворӣ барои чархболу ҳавопаймо, равған барои муҳарикҳои техникӣ, гази моеъ ва полипропиленро ба воситаи иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистонро ба даст орад.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои бозаргонӣ, саноатӣ, нақлиёт, қувваи барқ, экология, маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисодиёт баррасӣ карданд.

Ҳамчунон, Туркманистон низ хостааст, ки аз Тоҷикистон ноқилҳои алюмениро харидорӣ намояд. 

Дар хотимаи ҷаласа тарафҳо санадҳои лозимаро ба имзо расониданд ва дар назар аст, ки соли оянда ин ҷаласа дар Туркманистон баргузор мегардад.

Тағйироти охир Сешанбе, 30 Октябр 2018 16:56
Хонданд 722
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

1 Назар

  • Tojik Паём аз Tojik Чоршанбе, 31 Октябр 2018 08:20

    Ин хелг икдоми хубе хаст, дар оянда ягон рохеро пайдо кунем ки нефт аз зери замини худамон кашф кунем то ки нархашро арзонтар карда ба мардум сабуки орем.

    Кишвари мо аз оби нушоки бой аст ягон илоч карда ин оби равонро бо нефти кишвархои Араб иваз кунем.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.