.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Муроҷиатномаи Маркази исмоилияи Душанбе ба сокинони ВМКБ

Окт 23, 2018 Хонданд: 3779
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Муроҷиатномаи Маркази исмоилияи Душанбе ба сокинони ВМКБ

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва маъмурияти Маркази исмоилияи Душанбе ба сокинони Вилояти Мухьори Куҳистони Бадахшон вобаста ба ҳаводиси охири Хоруғ муроҷиатнома қабул кардааст, ки матни онро вебгоҳи Кумитаи дини Тоҷикистон нашр кард:

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии  исмоилӣ ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати инсондӯстонаву эътимоди баланди Роҳбари давлат ба ҳама ҷараёнҳои динию мазҳабӣ ба роҳ монда, ибтикороти созандагии онро пайваста пӯштибонӣ мекунад. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравони тариқати исмоилӣ дар Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки ба дидори Раҳбари руҳонии  худ Волоҳазрат Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оғохони IV расанд. Эътиқоду эътимоди ин ду шахсияти бузурги таърихӣ ба мо, мардуми тоҷики исмоилмазҳаб, имкон дод, ки дар муддати 27 соли соҳибистиқлолӣ зодгоҳи худ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз он рӯзҳои шум ва фоҷиабори солҳои 90-ум оҳиста-оҳиста барорем ва ба ин рӯзҳои нек расонем.

Роҳбарияти Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо амиқан дарк мекунад, ки расидан ба сулҳу салоҳ ва суботи комил кори осон набуд ва итминони комил дорад, ки рушди Бадахшони азиз мадди назари ҳаррӯзаи Президенти кишвар қарор дошта, дар ҳамбастагии том дар асоси арзишҳои аслии зиндагӣ, таъмини сулҳу субот, риояи волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ мо хеле зуд ба ҳадафҳои аслӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, боз ҳам зебо шудани минтақаи азизамон хоҳем расид.

Ҳамчунон, ҳидоятҳои Шоҳ Карим Ал-Ҳусайни Оғохони IV-ро ҳар як исмоилии баору номус дар ҳар иқдоми созандааш бояд дар хотир дошта бошад. Аз ҷумла, ҳидояти таърихии Волоҳазрат барои муридонаш дар хусуси он, ки  «шумо дар ҳар ҳудуде, ки зиндагӣ доред, аз қонуну қоидаҳои он кишвар қотеона риоя ва пуштибонӣ намоед” бояд дар андеша, қалб ва амали ҳаррӯзаи ҳар як фарзанди руҳонӣ бошад.

Ҳукумати кишвар бо кулли агентиҳои Оғохон дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда, бо Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва Маркази Исмоилияи Душанбе  ҳамкориҳои ҳамешагӣ, зич ва  арзишмандро ба роҳ монда, тарафайн аз беҳтарин таҷрибаҳои созандагӣ дар сохтани як ҷомеаи худтаъмину муттамаддини муосир истифода мекунанд. Ба мақоми роҳбарии як вилояти мухтор таъйин гардидани дастпарвари Хазинаи Оғохон худ нишонаи баланди эътимод ва дастгирии Ҳукумати кишвар ва махсусан, Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Ҳамчунон,  чунин иқдом ишора ба он аст, ки ҳалли бисёр мушкилиҳо, масъалаи рушди вилоят ва расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар дар ин минтақа ба дӯши фарзандони ҳамин сарзамин вогузор гардида, тақдири имрӯзу оянда ба дасти мову Шумо дода шудааст. Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо барои чунин иқдом ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон  сипоси самимӣ арз намуда, бо ҷиддияти том изҳор медорад, ки  таъйин ва боварии  Сарвари давлат аз ҷониби сокинони Вилоят ҳамаҷониба пӯштибонӣ карда шавад.

Мо ҳамеша, ҳам дар доираи салоҳият, ҳам дар доираи қонун ва ҳам дар чаҳорчӯбаи суннатҳои мазҳабӣ бар зидди зӯроварӣ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва бенизомӣ баромад мекардем ва чунин шаклгирии ҷомеаро қатъиян маҳкум мекунем. Мо аз ҳар гуна иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини сулҳу субот, волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят нигаронида шудаанд, ҳаматарафа тарафдорӣ мекунем. Бинобар ин, мо аз тамоми бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват менамоем, ки баҳри амалӣ гардидани барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, таъмини сулҳу субот ва некӯаҳволии мардум, талаботи қонунии Ҳукумати вилоят барои халъи силоҳ аз дасти афроди алоҳида ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки омили асосии нооромии ҷомеа мебошанд, ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд.

Муроҷиати мо махсус ба ҷавонони боору номусе, ки қисмати Вилоят ва тақдири Ватан барояшон арзиши аввалиндараҷа дорад, ин аст:

- ба фориғболӣ аз ояндаи худ ва кишвар дода нашавед, то аз роҳи рост мунҳариф  ва дар заҳмати ҳаёт ғӯтавар нагардед!

- аз пайравӣ ба чанд тане, ки ба ҷуз аз фарҳанги силоҳ ва хушунат фарҳанги дигареро намеписанданд, даст кашед!

- ба ҳар гуна иғво ва дасисаи гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадасту қочоқчӣ, ки танҳо барои амалишавии ҳадафҳои шахсиашон талош доранд, дода нашавед! 

- барои таҳкими волоияти қонун ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа кӯшиш кунед!

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва  Маркази Исмоилияи Душанбе бо тамоми масъулият аз мардум даъват ба ҷо меорад, ки дар ҳамбастагӣ, ҳамгироӣ, муташаккилӣ, даст ба даст, масъулияти баланди шаҳрвандӣ фарзандони саҳван роҳашонро гумкардаро аз кору кирдори бад пас гардонда, дар фикру зикри ҳаёти осоишта ва созанда бошанд.

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо боварии комил дорад, ки дастгирии ҳамаҷониба аз иқдомоти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ дар самти таъмини ҳаёти осоишта ва бидуни хатари мардум, ин дар маҷмуъ,  пуштибонӣ аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар кишвар ва бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Бо назардошти Қарори Пешвои миллат оид ба таҷлили солгарди навбатии истиқлолияти Тоҷикистони азиз дар маркази Вилоят шаҳри Хоруғ, сентябри соли 2019, ҳама қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар фикри корҳои ободонию созандагӣ бошанд ва ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки Бадахшон макони оромию осоиштагӣ, минтақаи суботи Тоҷикистон, ҷойи зиндагии мардуми дар ҳақиқат фарҳангӣ, баорӯ номус ва дорои сатҳи баланди маданияти шаҳрвандӣ мебошад.

Бори дигар аз тамоми маскунони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳиш мекунем, то бо арҷгузорӣ аз арзишҳои инсонӣ, бо эҳтиром ба таърихи пурифтихори хеш  ва хосса, бо иҷрои Паёмҳои Пешвои Миллат ва пайравии Ҳидоятҳои Имоми Вақт осӯдагӣ, сулҳ, оромӣ ва волоияти қонунро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин намоянд.

Мудирияти Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ. ш. Душанбе, 22.10.2018.

Тағйироти охир Сешанбе, 23 Октябр 2018 16:13
Хонданд 3779
Баҳо диҳед
(2 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.