.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Кӯлоб: “Лимит”-и барқ аз байн меравад

Окт 19, 2018 Хонданд: 647
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Кӯлоб: “Лимит”-и барқ аз байн меравад

Аз 24–уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо реҷа додани нерӯи барқ пурра аз байн бардошта шуда, мардум бо қувваи барқи босифат таъмин хоҳанд шуд.  Дар ин бора Сармуҳандиси ҶСК  “Шабакаҳои Барқи Кӯлоб” Акрам Султонов  ба хабарнигори “Фараж” дар минтақа хабар дод.

“Сабаби маҳдудияти барқ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, таъмиру тармими зеристгоҳҳову хатҳои шиддати барқ аст, ки то охири моҳ пурра ба анҷом хоҳад расид. Аз рӯзи чоршанбеи 24-уми октябр ин маҳдудият пурра аз байн рафта мардум бо қувваи барқи босифат ва доимӣ таъмин хоҳанд шуд”, - гуфт манбаъ.

Бо вуҷуди оне, ки “Барқи тоҷик” вуҷуд доштани “лимит”-ро инкор мекунад,  ҳамакнун як моҳ мешавад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо реҷа додани нерӯи барқ ба аҳолӣ оғоз гардидаааст. Ин вазъ сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин ҳол аз идораи Шабакаҳои барқи Кӯлоб мегӯянд, ин як давраи кутоҳмуддат аст ва мардум набояд нигарон бошанд.

Тағйироти охир Ҷумъа, 19 Октябр 2018 11:26
Хонданд 647
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

3 Назар

  • Алишер Паём аз Алишер Чоршанбе, 24 Октябр 2018 09:43

    Чаро ин қадар дуруғ мегуед дар н восеъ як моҳ зиёд шуд қуваи барқро аз соати 08-субҳ то 17-бегоҳ ва аз соати 21-шаб то 05-субҳ қуваи барқ хомуш мешавад. Наход шабона ҳам таъми кунанд мардумро то кай фиреб медиҳанд боз ваъда доданд ки аз 24-октиябр қуваи барқро хомуш намекунад аммо боз ҳам дуруғ гуфтанд шарм доред

  • Точик Паём аз Точик Душанбе, 22 Октябр 2018 08:36

    Ин масъулини барки точик шарм намедоранд бо ин дуруг гуфтанашон, дар минтакахои н. рудаки хамсархади ш. душанбе зиёда аз як мох мешавад лимити барк чори аст. аз сахар соати 08 то соати 17:30 барк нест ва аз соати 23 то соати 05:30 баркро хомуш мекунанд беисофхо дар хамин хавои сард фикри кудакхо ва беморхоро намекунед кам аз кам шабона баркро хомуш накунед руз ку офтоби Илохи хаст фарзандон гарм мешаванд амо шаб бо нури махтоб хона гарм намешавад эи масъулини барки точик.
    Айб аст дар асри 21 хастем.

  • Бобоҷон Паём аз Бобоҷон Шанбе, 20 Октябр 2018 20:23

    Ин қадар таъмир мегӯянд аммо як трансформатори деҳаи Дашти-Қозӣ алакай дар муддати 10 рӯз 4 маротиба барқро бардошт карда натавониста мардумро бебарқ гузошт. Як маротиба ин трансформаторро ҳам таъмир мекарданд хуб мешуд

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.