.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Кушодашавии “Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ”

Сен 06, 2018 Хонданд: 252
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Шоми 5-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи боғи таҷдидшудаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ки қаблан "Дӯстии халқҳо" ном дошт, иштирок кард.

Масоҳати умумии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Инчунин, дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд карда шудааст.

Дар боғи фароғат низ маҷмӯи тамошобинон «Симурғ», ки дорои 15 адад чархофалакҳо мебошанд, кушода шуд. Ҳамчунин реллердром, майдони яхи сунъӣ ва ғайра вуҷуд дорад.

Барои таъмини бехатарӣ, 60 адад камераи назоратӣ дар боғ насб карда шудаанд. Дар таваққуфгоҳ барои 250 мошин ҷой пешбинӣ шудааст. Амфитеатри боғ дорои 1,5 ҳазор ҷойи нишаст аст. 

Тағйироти охир Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 18:11
Хонданд 252
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.