.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Хабари-рӯз

Шумо дар Хабари-рӯз

Таҷлили 71-умин солгарди Истиқлолияти Покистон дар Душанбе

Авг 14, 2018 Хонданд: 755
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе 71-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар таҷлил карда шуд.

Дар оғоз, маросим бо тилловати пора аз китоби муқаддаси Қуръон шуруъ гардида, тамоми иштирокчиён бо даъвати сафири Покистон дар Тоҷиикстон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар маросими парчамбардорӣ ширкат варзиданд.

Дар ин маросим шаҳрвандони покистонии муқими Тоҷикистон, кормандони сафорат ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Тариқ Иқбол Сумро гуфт, ки рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса дар худи Покистон ва берун аз он таҷлил карда мешавад.

- Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Покистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо бахту саодат ва иқболу хушрӯзгориро таманно дорам, - изҳор дошт сафир.

Сипас, аз ҷониби масъули сафорат пайғоми президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Мамнун Ҳусайн ва сарвазири ин кишвар ҷаноби Имрон Хон қироат карда шуд.

Дар анҷом бахшида ба ин санаи таърихӣ кулчақанд аз ҷониби сафир Тариқ Иқбол Сумро ва ҳамсари ӯ бурида шуд, то ҳозирин тавонанд даҳон ширин кунанд ва зиндагиашон низ саршор аз ширину гувороӣ бошад.

Рухсораи Илҳом

Тағйироти охир Сешанбе, 14 Август 2018 16:45
Хонданд 755
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

2 Назар

  • Аббос зайнолӣ Паём аз Аббос зайнолӣ Душанбе, 03 Сентябр 2018 02:30

    Лутфан рузномаи торих 18 январи соли 2017 ро бароям беферестид.
    Аз ирон

  • Бобои Кабуд Паём аз Бобои Кабуд Панҷшанбе, 16 Август 2018 10:37

    Имронхон то ба ҳол сарвазири Покистан интихоб нашудааст. Чаро хабари хато нашр мекунед? Бале, ҳизби вай дар интихобот ғалаба кард ва интизор меравад, ки то чанд рӯзи дигар вай нахуствазир шавад. Вале дар лаҳзаҳои нашри ин хабар, вай нахустазир набуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.