.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Кушониён: 1170 нафар бо кор таъмин шудаанд

Соли 2018  ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён беш аз  1 ҳазору 1678 нафар корҷӯ муроҷиат кардаанд, ки ба 1526  нафари онҳо мақоми бекор дода шудааст, ки дар ин байни занон 40 дарсадро ташкил медиҳанд.

Сардори Раёати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён Иброҳим Абдулоев зимни тасдиқи ин хабар гуфт, соли 2018 муроҷиати шахсони бекор ба шуъба зиёд шудааст. Ба гуфти ӯ дар ин давра ба шуъба  беш аз 1 ҳазору 678 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо беш аз 1176 нафр бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Манбаъ афзуд, ки барои таъмини бекорон бо ҷойи кор  ва ба шуғл фаро гирифтани бекорон 14 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар ноҳия баргузор гашт, ки тариқи баргузории ин ярмаркаҳо 125 нафар бо ҷойи кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Ба гуфти ӯ, инчунин дар соли 2018-ум 315 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати омзуишӣ аз руйи ихтисосҳои адрасбофӣ, кор бо компютер, қуроқдӯзӣ қанодӣ, бофандагӣ, забономӯзӣ, қолибофӣ ҷалб карда шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд.

Иброҳим Абдулоев афзуд, ки ҳукумати ноҳияи Кушониён барои бештар таъмин намудани сокинони бекор бо ҷойи кор ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ноҳия нақшаву чорабиниҳо тартиб додааст.

Раҳмоналӣ  Додархӯҷаев

Хонданд 181
Боздиди беш аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Хатлон

Дар соли 2018, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд,  теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Хатлон зиёд гардидааст.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар соли 2018 зиёда аз 7 ҳазор сайёҳи хориҷӣ  аз мавзеъҳои таърихиву сайҳии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан кардаанд.

Таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар мавзеи таърихии Чилучорчашма, Чилдухтарон, Хоҷамашҳад, Хоҷадурбод, Аҷинатеппа, Хулбук, Тахти Сангин, Хоҷамуъмин ва дигар мавзеъҳо ба худ ҷалб кардаанд.

Хонданд 98

Дар вилояти Хатлон 69 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бунёд ва 955 нафар ба ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтиии вилояти Хатлон хабар доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят боз бунёди 232 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд.  Баъди бунёди корхонаҳо садҳо сокини бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.

Инчунин, гуфта шуд, дар маҷмӯъ, дар давоми се соли оянда дар вилоят бунёди 6 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки аллакай 1 ҳазору 163 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Хонданд 83
Бохтар: Мушкили тамбашавии нақлиёт бартараф хоҳад шуд

Солҳои охир аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар зиёд гардида, боиси афзоиши тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ гардидааст. Масъулин ба хотири бартарафсозии тамбашвӣ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ роҳҳои дохили шаҳрро васеъ мекунанд, ки ин дар бехатарии ҳаракати нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Бо дастгирии мақомоти маҳалӣ ва ҶДММ «Фароз» барои ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ кардани роҳҳои марказии шаҳр зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо ҷалби мутахасссисони варзидаи маҳаллӣ ва истифода аз техникаи махсуси роҳдорӣ васеъ кардани чорроҳа идома дорад. Масъулин ин иқдомро саривақтӣ ва муҳим ҳисобида, яке аз роҳҳои асосии пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар дохили шаҳр арзёбӣ мекунанд.

Масъулин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшида, ҳадафи асосиро таъмини зиндагии шоита ба сокинон ва ободиву зебогии шаҳр мегуянд. Давоми солҳои охир бештар аз 30 километр роҳҳои дохили шаҳр таҷдид гардиданд, ки ин дар бехатарии ҳаракат дар роҳ нақши муассир гузошт. Мувофиқи нақшаи корӣ марҳила ба марҳила роҳҳо бозсозӣ гардида, ҷавобгӯи талаботи замон карда мешаванд. Ба иттилои масъулини идораи роҳсозии шаҳр чунин иқдомҳо бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузор минбад низ идома дода мешаванд.

Ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бунёди 368  иншооти таъиноти гуногун дар нақша аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда бо маром идома дошта, барҳрабардорӣ дар се соли оянда марҳила ба марҳила сурат мегирад.                                                                              

Бо вусъати корҳои созандагӣ ва сохтани иншооти гуногун агар симои шаҳр тағйиир намояд, дар ин баробар сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, шароити зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Хонданд 220

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.